Главная / Ҷуғрофия / ШАБАКАИ ДАРАҶАДОР (ШАБАКАИ ГРАДУСИ) ВА УНСУРҲОИ ОН

ШАБАКАИ ДАРАҶАДОР (ШАБАКАИ ГРАДУСИ) ВА УНСУРҲОИ ОН

Агар ба рӯи харига ва глобус нигарем, дар он хатҳоеро мебинем, ки аз Шимол ба Ҷануб ва аз Ғарб ба Шарқ тул кашида, якдигарро буридаанд. Онҳоро дар сатҳи Замин барои муайян кардани координати (арз ва тӯли) объектҳои географӣ истифода мебаранд. Ба ин мақсад меридиани асосй (ки қутби Шимолӣ ва Ҷанубиро пайваст мекунад) ва хати истифоро дар харитаи нимкураҳо ва глобус бо дараҷаҳо ишора кардаанд.

qlobusДар натиҷа дар сатҳи харитаи нимкураҳо ва глобус шабака ҳосил шудааст, ки онро шабакаи дараҷадор ё ки географӣ меноманд. Он аз унсурҳои (қисмҳои) зерин иборат аст: қутбҳо, хати истиво, хатҳои мувозӣ ва меридианҳо. Ин унсурҳо ниҳоят заруранд. Дар заминаи онҳо харитаҳои географӣ тартиб дода мешаванд.

Қутбҳои географӣ. Ду нуқтаи канории кураи Заминро, ки аз онҳо меҳвари тасаввурии Замин мегузарад, қутбҳои географӣ меноманд. Онҳоро қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ мегӯянд. Дар ин ҷо тарафҳои уфуқдида намешаванд.

Хати истиво. Хати истиво Заминро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад: Нимкураи Шимолӣ ва Нимкураи Ҷанубӣ.

Хатҳои мувозӣ. Хатҳои мувозӣ сатҳи Заминро бо хати истиво ба таври мувозӣ бурида мегузаранд. Азбаски Замин курашакл аст, дарозии хатҳои мувозӣ аз хати истиво ба Шимол ва ба Ҷануб тағйир меёбад. Қимати дарозии хатҳои мувозӣ дар ду тарафи хати истиво ва назди кутбҳо як хел нест. Бинобар ин бузургии дарозии камонн 1° дар хатҳои мувозӣ як хел нестанд.

Меридианҳо. Меридиан аз калимаи лотинии “меридианус” гирифта шуда, маънои он нисфирӯзӣ мебошад. Барои он ки самти хати меридиан ба самти сояи кӯтохи нисфирӯзии ашёи амудӣ мувофиқ меояд. Аз ин ҷо меридианро ”хати нисфирӯзӣ” меноманд. Он Қутби Шимолиро бо Қугби Ҷанубӣ пайваст менамояд. Хати нисфирӯзиро аз ҳар як нуқтаи сатҳи Замин гузарондан мумкин аст. Аммо он хати нисфирӯзиеро, ки кураи Заминро ба нимкураҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ ҷудо менамояд, хати меридиани ибтидоӣ меноманд.

Бар хилофи хатҳои мувозӣ хатҳои нисфирӯзӣ як хел дарозӣ доранд. Дарозии хати нисфирӯзии кураи Замин тақрибан ба 40 009 километр баробар аст. Дар ин сурат дарозии ҳиссаи хати нисфирӯзӣ ба дарозии камони Г баробар аст, ки он ба ҳисоби миёна 111,1 километрро ташкил менамояд (40009:360=111,1 км). Донистани ин бузургй ба мо имконият медиҳад, ки масофаро дар глобус ва харитаи нимкурахо бо миқёс муайян намоем. Агар дарозии камони хати нисфирӯзӣ аз Қутби Шимолӣ то хати истиво ба 90° баробар бошад, масофаи камон 9999 километрро ташкил медиҳад (111.1×90=999,0 км).

Савол ва супоршп

  1. Шабакаи дараҷадор (ё географӣ ) аз кадом унсурҳо иборат аст?
  2. Барои чӣ хатҳои мувозӣ аз ҷиҳати дарозӣ бо ҳам баробар нестанд?
  3. Дар рӯи глобус хатҳои нисфирӯзӣ ва мувозӣ ба кадом самтҳо кашида шудаанд?
  4.  Бузургии 10 камони арз ба чанд километр баробар аст, ҳисоб кунед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …