Главная / Гуногун / “Шӯриши сипоҳиён” ва тағйири идораи мустамликавии Ҳиндустон

“Шӯриши сипоҳиён” ва тағйири идораи мустамликавии Ҳиндустон

Солҳои 1857 – 1859 дар Ҳиндустон ба муқобили мустамликадорони англис шӯриши калоне ба амал омад, ки он бо номи “Шӯриши сипоҳиён” машҳур аст. Ҳарчанд дар ин шӯриш асосан аскарони англисии баромадашон аз Ҳиндустон ширкат варзиданд, вале он дар байни халқи ин мустамликаи Британия хамовозии калон пайдо намуд. Англисҳо тавассути аскарони ҳиндустонӣ ба муқобили халқи ин мамлакат мубориза мебурданд ва инчунин онҳоро дар забт намудани мустамликаҳои нав истифода мекарданд. Ба маъмурияти мустамликадории англис муяссар гардид, ки бо мушкилии зиёд шӯриши сипоҳиёнро пахш кунад. Сиёсати пештараи мустамликадории англис дар Ҳиндустон баъди ин шӯриш дер давом карда наметавонист, зеро он ҳуқукҳои халқҳои Ҳиндустонро ҳаматарафа поймол менамуд.

46-1

Шуриши халқии солҳои 1857 – 1859 англисҳоро маҷбур кард, ки ба системам мустамликадории худ баъзе тағйирот дохил намоянд. 2 августи соли 1858 парламенти Англия дар бораи идораи Ҳиндустон қонуни махсус қабул кард, ки мувофиқи он, идораи ин давлат аз ширката Ост-Индия ба ихтиёри шоҳи Англия гузашт. Моликияти ширкат аз ҳукумати Англия шуд. Соҳибони саҳмияҳои ширкати Ост-Индия аз ҳисоби андоздиҳандагони ҳиндӣ ҷуброн карда шуданд. Оид ба Ҳиндустон вазорати алоҳида ташкил дода шуд, ки дар назди он бо ваколатҳои маслиҳатӣ аз ҷумлаи мансабдорони мустамликавӣ Шӯрои Ҳиндустон таьсис ёфт. Генерал-губернатори англисӣ унвони ноиби шоҳи Англияро гирифт.

Таҷрибаи талхи шуриши халқиро ба назар гирифта, солҳои 1860-1861 англисҳо дар Ҳиндустон артиши мустамликавиро аз нав сохтанд. Дар он шумораи ҳайати чузъу томҳои англисиро нисбат ба ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сипоҳиён зиёдтар карданд. Дар кори аз ҳисоби халқҳои маҳаллӣ ташкил кардани дастаҳои алоҳидаи артиш онҳо принсипи бо ҳамдигар муқобил гузоштани гурӯҳҳои этникӣ, кастаҳо ва дину мазҳабро истифода бурданд. Дар баробари ин бо мақсади дар байни халқи маҳаллӣ такягоҳ пайдо намудан имконият фароҳам оварда шуд, ки ашрофзодагони маҳаллӣ дар вазифаҳои афсарҳои артиши мустамликавӣ хизмат кунанд.

Англисҳо аз сиёсати радкунии табақаҳои болоии феодалии Ҳиндустон даст кашида, ба онҳо ҳуқуқҳои муайян доданд. Масалан, князҳо хуқуқ пайдо намуданд, ки меросхӯри худро пешакӣ эълон кунанд. Он аъзои табақаи болоие, ки ҳангоми шуриши сипоҳиён англисҳоро дастгирӣ карда буданд, аз тарафи мустамликадорон заминҳои зиёд тӯҳфа гирифтанд. Тавре ки мебинем, иттифоқи феодалҳои ҳиндӣ бо режими мустамликавӣ дар хиёнат ба манфиатҳои миллии Ҳиндустон асос ёфта буд. Назорат аз болои фаъолияти князиҳои тобеъ тавассути “департаменти асссӣ”-и назди ноиби шоҳ ва намояндагони дар пойтахтҳои князиҳобудаи ӯ ба амал бароварда мешуд. Ба ин амалдорон ҷузъу томҳои артиши англисию ҳиндӣ такягоҳи боэътимод буданд.

Интихоби роҳи бастани иттифоқ бо князҳо ва заминдорони феодали қисми таркибии васеъ ва мустаҳкам кардани базаи иҷтимоии режими мустамликавӣ буд. Бо ҳамин мақсад соли 1861 дар назди ноиби шоҳ ва губернаторҳои музофотҳо шӯроҳои қонунгузори салоҳияти маслиҳатдошта ташкил карда шуданд. Ҳайати онҳо аз намояндагони табақаҳои дорои Ҳиндустони Британияи Кабир иборат буд. Мусгамдикадорон системаи додгоҳи Ҳиндустонро низ аз нав сохта, онро ба системаи додгоҳи англисӣ як қадар наздик кунонданд.

Тағйирот дар идораи мустамликавии мамлакат ҳам ба мустаҳкам кардани дастгоҳи давдатии идораи Ҳиндустон ва ҳам барои ташкил намудани такягоҳи мустаҳками иҷтимоии режими мустамликавӣ равона карда шуда буд. Дар нимаи дуюми асри XIX ташаккули дастгоҳи давдатии идораи Ҳиндустон асосан ба охир расид.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. …