Главная / Гуногун / Шӯришҳои ғуломон бо сардории Н. Тернер ва Ҷ. Браун

Шӯришҳои ғуломон бо сардории Н. Тернер ва Ҷ. Браун

Дар солҳои 30-юми асри XIX масъалаи ғуломдорӣ дар ҳаёти ҷамъиятии ИМА яке аз масъалаҳои ҷиддие гардид, ки ҳалли онро рафти тараққиёти ин мамлакат тақозо мекард.

tttt

Ғуломон дар ИМА борҳо шӯриш бардоштаанд. Яке аз шӯриши калонтарини ғуломон дар соли 1831 бо сардории ғулом Ната Тернер дар иёлати Вирчиния ба амал омадааст. Ғуломони шӯришбардошта бо досу табар мусаллаҳ шуда, ба плантаторҳо ҳамла мекарданд. Ҳукуматдорон бар зидди ки шӯришгарон сипоҳиён фиристоданд. Дар натиҷаи ҷанги нобаробар бо сарбозони ҳукуматӣ шӯришгарон шикаст хӯрданд. Ҳукуматдорони ИМА роҳбари шӯришчиён Н. Тернер ва боз 17 нафар шптирокчиёни дигари фаъоли шӯришро ба қатл расонданд.

Аз солҳои 30-юм cap карда ҳаракат барои озод кардани ғуломон дар ИМА хеле пурзӯр шуд. Ин ҳаракат бо номи “аболитсионизм” (“озодкунӣ”) машҳур шуд. Собиқ ғулом Ф. Дуглас, ки озодии худро харида буд ва У. Гаррисон арбобони машҳури ин ҳаракат буданд. Онҳо тамоми умр ҳаёти худро барои озод кардани ғуломон бахшидаанд. Гаррисон соли 1832 ҳатто “Ҷамъияти нави Ангия барои мубориза бар зидди ғуломдорӣ”-ро ташкил кард ва инчунин маҷаллаи “Либрейтер”-ро (“Озодкунанда”) чоп мекард. Он солҳо ҳазорон нафар муборизон монда нашуда кор мебурданд, то ки дар ИМА ғуломдорӣ барҳам дода шавад. Вале дар ин мамлакат муқобилоки барҳамдиҳии ғуломдорӣ низ кам набуданд. Ғуломон дигар орому хотирҷамъ наменишастанд. Онҳо ҳам ба мубориза бархостанд. Соли 1859 бо сардории Ҷон Браун шӯриши калони дигари ғуломон ба амал омад.

Ҷон Браун соли 1800 дар оилаи фермере, ки дар ҷанги истиқлолиятхоҳӣ ҳалок гардида буд, таваллуд шудааст. Ӯ чорводор буд. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ бо чашмони худ дида буд, ки ғуломдор чӣ тавр ғуломбачаеро то мурданаш зада буд.

Ҷон Браун, вақте ки ба воя расид, ба ҳаракати аболитсионистҳо дохил гардид. Бо ҳамроҳии писаронаш дар ҷанги мулкии дар Канзас баамаломада иштирок кардааст. Ҷон Браун борҳо зангиҳои гурезаро ба Шимол гуселонида, бо ҳамин роҳ онҳоро аз ғуломӣ озод кардааст.

Ҷон Браун дастаи начандон калонеро иборат аз 32 нафар ташкил кард. Дар ҳайати он се писараш ҳам буд. 17 октябри соли 1859 ин даста дар шаҳрчаи Харперс-Феррии иёлати Вирчиния ба анбори калони силоҳ ҳуҷум карда, онро бе хунрезӣ ишғол намуд. Ҷон Браун боварӣ дошт, ки шӯришро мардум дастгирӣ хоҳад кард. Вале хаёли ӯ рост набаромад. Дере нагузашта анборро лашкари ҳукуматӣ муҳосира кард. Ҳарчанд дастаи Браун алайҳи нерӯи давлатӣ муқобилияти сахт нишон дод, оқибат шикаст хӯрд. Қариб ҳамаи шӯришчиён ҳалок гардиданд. Брауни захмдори дар занбар хунолудхобидаро додгоҳ ба қатл (тариқи ба дор овехтан) ҳукм кард. Ҷ. Браун дар хатчаи пеш аз маргаш навишта буд: ”Ман, Ҷон Браун, акнун пурра боварӣ хосил кардам, ки танҳо хун қодир аст ҷинояти бузурги ин мамлакати пургуноҳро шӯяд. Ба хаёлам худро беҳуда тасалло медодам, ки гӯё ин корро бе хунрезии зиёдатӣ ҳам ба ҷо овардан мумкин аст”.

Шӯриши Ҷон Браун мардумро ба шӯриши нави зидди ғуломдорон тела медод. Аз қатли Ҷон Браун миллионҳо америкоиҳо, бахусус ғуломону ҳиндуҳо ва аболитсионистҳо ғамгин шуда, ашки мотам рехтанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …