Главная / Ҷамъият / Стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ СБҲМ

Стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ СБҲМ

ҶСК «Содиротбонк» дар ҷавоб ба мактуби Бонки миллии Тоҷикистон таҳти рақами 02.3-24761/14566 аз 19-уми октябри соли 2018 оид ба ҷорӣ намудани Стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ «СБҲМ 9 – воситаҳои молиявӣ» (МСФО)  чунин иттилоъ медиҳад.

ҶСК «Содиротбонк» бо ширкати аудитории «Гранд Торнтон» ҷиҳати гузариш ба СБҲМ-9 шартнома баста дар мавриди ҷорӣ намудани он чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

СБҲМ

Дар ин раванд саволҳое ба миён омадаанд, ки ҷиҳати равшанӣ додан ба ин масъалаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бамаврид мебошад.

Чихеле ки маълум аст, стандартҳои байналмилалии ҳисобдории молиявӣ аз талаботҳои аснодҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши бонкдорӣ фарқияти назаррас доранд ва бахусус дар самти ташаккули фонди пӯшонидани талафотҳои имконпазир аз рӯи қарзҳо. Ба ин васила тибқи дастурамалҳои №176 ва 215-и Бонки миллии Тоҷикистон ташаккули ФПТИҚ ба роҳ монда мешавад, вале тибқи талаботҳои СБҲМ 9 дар танзими ҳаҷми ФПТИҚ назар ба дастурамалҳои зикршуда як зумра тазодҳо мавҷуданд.

Бо дарназардошти омилҳои дар боло зикршуда эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати мутобиқгардонии бахшҳои СБҲМ 9 ва хусусан дар танзими ФПТИҚ, мусоидат намоед.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …