Главная / Гуногун / Cаховати меҳтар Иброҳим пайғамбар

Cаховати меҳтар Иброҳим пайғамбар

Дар фазилати саховати меҳтар Иброҳим пайғамбар салотулЛоҳи ва саломуҳу алайҳи ва мулоими он

 Оварданд, ки Ҳақ таъоло дар саховат меҳтар Иброҳимро чунон ороста буд, ки ҳаргиз аз ғайри меҳмон таъом нахўрдӣ. То рўзе пеши дари эшон марде омад ва гуфт: «Ё Иброҳим гурусна омадам, маро таъом бидеҳ». Меҳтар Иброҳим назар ба рўи ў бикард ва бегонагӣ дид ва гуфт: «Ту бегона менамоӣ ва таъоми ман барои бегонагон нест».

Чун он мард аз забони меҳтар Иброҳим ин сухан бишунид, шикастадил баргашт. Ҳамон замон меҳтар Ҷабраил даррасид ва гуфт: «Ё Иброҳим, фармон мешавад, ҳафтодсол бошад, ки ин мардро ризқ медиҳам, вақте нагуфтам, ки бегонаӣ, туро ризқ нахоҳам дод, магар ту як вақт таъом медиҳӣ ва таъна мекунӣ, ки таъоми ман лоиқи ту нест?»

arab

Чун меҳтар Иброҳим ин фармон бо итоб шунид, бар ақиби он мард бидавид. Чун наздики вай шуд гуфт: «Эй мард, бозгард ва истода шав. Ҳар неъмате, ки талабӣ, бу ту бидиҳам». Меҳтар Иброҳим бисёр маъзарат кардан гирифт. Он мард инкор кард: «Ту ҳамин замон маро аз пеши худ ронда будӣ, ин замон аз баҳри чӣ мехоҳӣ ва чандин маъзарат аз баҳри чист?» Меҳтар Иброҳим гуфт: «Худои ман аз ҷиҳати ту итоб кард ва фармон дод, ки эй Иброҳим, чаро бандаи маро таъом надодӣ, мо вайро ҳафтод сол бошад, ки ризқ медиҳем ва нагуфтем, ки ту бегонаӣ, туро ризқ нахоҳем дод. Ту бандаи маро таъом надодӣ, дили ў ба ин сухан шикаста кардӣ».

Чун ин мард ин сухан аз забони Иброҳим шунид, чашм пуроб кард ва гуфт: «Эй Иброҳим, некў Худое ту дорӣ, аз кардаи ҳамчун Мане душман ҳамчунин дўстро итоб кард. Пас аз чунин раззоқе чанд бегона тавон монд. Калима бигў, то дар дини поки ту дароям». Меҳтар Иброҳим калима арз кард ва ў ба шарафи имон Мушарраф шуд.

Дигар, рўзе аз ҷамоати ҷуҳудон наздики меҳтар Иброҳим алайҳиссалом омаданд ва гуфтанд: «Ё Иброҳим, мо гурусна омадем, моро таъом бидеҳ».

Фармуд: «Бинишинед». Таъом талабид ва таъзими эшон бисёр кард. Эшон оғоз карданд: «Эй Иброҳим, мо бегонаем, чандин эҳсон дар ҳаққи мо аз куҷост?» Гуфт: «Ин карам аз ахлоқи Парвардигори худ омўхтаам, ки аз ту банда итоб шуда буд». Чун эшон аз таъом фориғ шуданд, меҳтар Иброҳим гуфт: «Неъмати Худои ман бихўред, як бор Худои маро саҷда __________кунед». Эшон шарманда шуданд. Гуфтанд: «Эй Иброҳим, аз баҳри хушии хотири ту Сар ба саҷда барем». Ҳама саҷда карданд. Меҳтар Иброҳим даст ба дуо бурд ва гуфт:

«Илоҳӣ ман эшонро ба саҷда овардам, ту низ хотири эшон ба шарафи имон мушарраф гардон». Ҳанўз даст аз дуо фурў наоварда буд, ки ишон сарҳои худ бардоштаанд ва гуфтанд: «Ё Иброҳим, рў сўи мо кун, ки қуфли дил боз шудааст. Акнун зуд калима бигў, то дар дини Худои таъоло дароем». Меҳтар Иброҳим калима арз кард, ҷумла ҷамоат хилъати имон пўшиданд.

Алғараз, чун ҳиммати меҳтар Иброҳим бар ин буд, ки ба ғайри меҳмон таъом нахўрдӣ, то як рўзи тамом бигузашт, ки меҳмон аз ҷое нарасид. Он рўз гурусна бимонд. Чун дигар рўз шуд, мунтазир шуд. Он рўз ҳам касс наёмад.

Рузи саввум шуд. Дар хотир гузаронд, ки Худойро ҳамчун ман банда бошад, ки се рўз таъом ба ғайри меҳмон нахўрад. Ҳамон соат меҳтар Ҷабраил салотуллоҳи ва саломуҳуалайҳи даррасид ва гуфт: «Ё Иброҳим, фармон мешавад, ки он чӣ дар хотири ту гузашт, аз илми мо холӣ нест. Акнун берун шав, то бандагони мо бубинӣ, ки дар роҳи мо чӣ гуна рўза доштаанд».

Меҳтар Иброҳим рух беруни шаҳр кард, то дар биёбоне расид. Савмаъе бидид ва дар он савмаъа банда дар Худойро ибодат мекунад, наздики вай расид, гуфт: «Ассалому алайк». Он рў ҷавоби салом дод ва гуфт: «Марҳабо, ки хуш омадӣ, ки мунтазири меҳмон будам». Он гаҳ даст ба сўи осмон бардошт: «Шукр мекунам мар Худойро, ки имрўз мўҳлати рўзаи мо охир расида буд, маро танҳо ифтор накунонид, то ин ки давлати меҳмон ҳам рўзӣ бигардонид». Меҳтар Иброҳим пурсид: «Эй бандаи Худо, маро бигўй, ки мўҳлат рўза чӣ бошад?» Гуфт: «Эй меҳмон, ман ба даргоҳи Худои таъоло назр кардам, ки баъди сӣ рўз рўза бикшоям. Имрўз сӣ рўз гузашт, ки давлати меҳмон ҳам рўзии ман гардонид, то ифтор бо ту кунам». Меҳтар Иброҳим чун ин сухан аз вай шунид, Дар хотир гузаронид: «Эй Иброҳим Худойро чунин бандагонанд, моҳ рўза медоранд, туро се рўз нагузашта буд, ки дар хотир гузарондӣ: ҳамчун ман Худойро банда бошад, ки се рўз ба ғайри меҳмон таъом нахўрад». Он гоҳ меҳтар Иброҳим пурсид, ки «Эй бандаи худо, маро яке нишон деҳ, аз ту ҳам касе дар зўҳд зиёда бошад?» Гуфт: «Оре, дар фалон кўҳ зоҳиде ҳаст, Худойро бандагӣ мекунад. Ў аз ман зиёда дар

зўҳду тақвост».

Чун ин меҳтар Иброҳим шунид, баъди ифтор рух ба сўи он кўҳ кард. Чун он ҷо бирасид, чӣ бидид, бандае аз бандагони Худо мустақими қибла нишаста ва ҳар ду чашм дар ҳавои дўст дошта. Меҳтар Иброҳим наздики вай расид, гуфт: «Ассалому алайк» Зоҳид ҷавоби салом гуфт. Ва гуфт: «Биё меҳмон ки, хуш омадӣ, ки ман мунтазири меҳмон Будам. Ва ҳар ду даст бардошту ҳамди Худойро бар забон ронд: «Шукр» мекунам, ҳазрати поки туро, ки тавфиқи рўза додаӣ ва мўҳлати савми мантамом кардӣ ва саъодати меҳмон рўзӣ гардонӣ, то ифтор бо меҳмон хоҳад шуд. Меҳтар Иброҳим пурсид: «Мўҳлати рўзаи ту чӣ бошад?» Гуфт: «Ба даргоҳи вай назр карда Будам. Чун шаст рўз ба охир расид, ки Худои таъоло туро ба ман расонид, то рўза бо ту ифтор кунам». Он гоҳ, ноне аз занбил кашид, меҳтар Иброҳим бихўрд. Чун фориғ шуданд, меҳтар Иброҳим гуфт: «Эй зоҳид, аз ту ҳеҷ касс дар зўҳд зиёда аст?» Гуфт: «Оре, дар фалон водӣ ғорест, ки зоҳиде дар ғор мар Худойро ибодат мекунад. Аз мартабаи ману ў чунон фарқ аст, ки аз замин то осмон».

Меҳтар Иброҳим чун ин бишунид, қасди дидани ў бикард. Чун он ҷо бирасид, мар ўро бидид, салом гуфт: Зоҳид ҷавоби салом гуфт. Баъд аз он гуфт: «Марҳабо, Бие, ки хуш омадӣ. Ман мунтазири қадами меҳмон будам». Филҳол даст бардошт. Ҳақро сано гуфтан оғоз кард. Илоҳӣ, ба карами худ ҳам тавфиқи мўҳлати рўзаба охир расонидӣ ва ба карами дигар он кардӣ, ки давлати меҳмон ҳам рўзӣ шуд. Меҳтар Иброҳим гуфт: «Ба даргоҳи Худои таъоло чӣ назр карда будӣ?» Гуфт: «Эй меҳмон, назр карда будам, ки чун навад рўз бигузарад, ог гоҳ рўза бикушоям. Имрўз охир расид.

Худованди таъоло туро ҳам расонид, ки бо ту ифтор шавад». Ҳам дар ин миён вақти ифтор омад, намози шом адо карданд. Баъди намоз ҳар ду тан ифтор карданд ва бинишастанд ва диданд, ки рамаи оҳувон пайдо шуданд. Зоҳид назар ба рама кард ва гуфт: «Як оҳу биёяд». Дар замон оҳу биёмад. Аз рама ҷудо шуда наздики зоҳид бирасид. Зоҳид гуфт: «Бисмил шав». Хун аз халқи ў ҷудо шуд.

Ҳамон ҷо оҳу биафтод ва зоҳид боз гуфт: «Бирён шав». Диданд оташе ба ғайри восита пайдо шуд, оҳуро бирён гардонид. Боз зоҳид гуфт: «Дар хон шав, пеши мо биё». Дарҳол хоне аз ҳаво пайдо шуд. Оҳу бирён шуд. Бар худ гирифт ва низдики зоҳид биомад ва он гоҳ зоҳид бигуфт, ки бихўр. Ҳар ду мехўрданд. Ва дар хотири Иброҳим гузашт: «Субҳоналлоҳ, Парвардигори маро чунин бандагонанд, ки навад ва аз оташи ба ғайри восита бирён гарданд, хоне аз ғоиб наздики ман биёварад».

Ва баъд аз он ки таъом хўрданд, фориғ шуданд, меҳтар Иброҳим гуфт:

«Эй бузургвор, чун ба даргоҳи Ҳақ таъоло машғул шавӣ, маро бо дуо ёд дорӣ». Зоҳ ид гуфт: «Эй меҳмон, муддати чиҳил сол бо-шад, ки дуои мо қабул намешавад». Меҳтар Иброҳим гуфт: «Чаро ҳамчунин мегўӣ? Ба гуфтани ту оҳуи биёбон бисмил шуд ва оташи ба ғайри восита пайдо шуд ва онро бирён кард ва хоне аз ғайб пайдо шуд, онро баргирифту назди ту овард ва касеро, ки ба даргоҳи Худо чунин обрў бошад, дуои ў чӣ гуна рад шавад?» Гуфт: «Эй меҳмон, ман бандам, он ки аз Парвардигори худ металабам, даст аз хоста боз намешавад, ки Ҳақ таъоло ба зудӣ дар домон бирасонадва баъзе дуое чунин мекунад.Чиҳил сол бошад,ки матлуб ҳосил намешавад». Меҳтар Иброҳим пурсид: «Он чӣ матлубест, ки аз ҳазрати Раҳмон мехоҳӣ?» Зоҳид гуфт: «Эй меҳмон, ман рўзе дар саҳро

мегузаштам. Дидам, чўпоне рамаи гўсфандон мечаронд. Аз вай пурсидам: «Ин рама аз они кист? Ў гуфт: «Аз они Пайғамбари Худост».

Ман гуфтам: «Ном чӣ дорад?» Ў гуфт: «Меҳтар Иброҳими Халилуллоҳ мегўянд». Чунон аз вай ин ном шунидам, ба худ гуфтам: «Субҳоналлоҳ, зиҳӣ бандаи некбахт, ки вайро Халилуллоҳ мехонанд. Аз он рўз боз шунидам, рўзу шаб дуо мекунам: «Эй Парвардигори ман, аз ҷаҳон набарӣ, то дидори пайғамбар рўзӣ нагардонӣ, бад-ин орзўи мулоқоти ў чиҳил сол баромадааст».

Чун Меҳтар Иброҳим ин сухан аз вай шунид, гуфт: «Эй зоҳид, хушӣ ва хуррамӣ маар туро бод, ки ин дуои ту қабул шуд. Меҳтар Иброҳим Халилуллоҳ манам». Аз ғояи шодӣ аз ҷои худ бархост ва Меҳтар Иброҳим ҳам низ бархоста шуд. Ҳар ду канор гирифтанд. Гуфтанд, аввал канор, ки дар ҷаҳон гирифтанд аз баҳри Худо Меҳтар Иброҳим ва он зоҳид буданд. Он гоҳ зоҳид гуфт: «Эй Пайғамбари Худо, замоне наздики ман қарор гир, то ду ракъат намози шукронаи мулоқоти ту ба ҷо орам. Худованди таъоло ба мақсуд расонид. Матлуби дигар ҳам нахоҳам». Зоҳид бархост, дугона ато кард ва сар ба саҷда ниҳод ва гуфт: «Илоҳо, баъд аз чиҳил сол ба карами худ мақсуд баровардӣ. Ин замон давлати мулоқоти орзўи ҳазрати поки

туст». Ин сухан бигуфт ва ҷон таслим кард.

Алғараз, сухан дар сахоыват доштам, то оварданд, ки Абдуллоҳи Муборак раҳматуллоҳи алайҳи иттифоқи ҳаҷ афтод ва равон шуд. Чун наздики дарё расид, дар ҷиҳоз савор шуд. Замоне бигузашт, аврате наздики Даҷла мурғе мурдор афтода буд, бидид, аз замин баргирифтва зери он ҷанда пўшида равон шуд. Назари Абдуллоҳ ба он аврат афтод, гуфт, биравам, то аз ҳоли аврат воқиф шавам, ки он мурғи мурдор, ки баргирифтааст, чӣ хоҳад кард. Пештар биёмад ва пурсид: «Эй аврат, бигў, ин мурғи мурдор, ки гирифтӣ, чӣ хоҳӣ кард?» аврат оғоз кард: «Эй пурсанда, ин мурдор мубоҳ гуфтаанд ва имрўз се сол шуд, ки фарзандони мо чизе нахўрдаанд ва ҳолати фарзандони ман душвор аст.» чун абдуллоҳ ин сухан бишунид, бар худ гуфт: «Дар ҳаҷ чӣ меравӣ, ки ҳаҷи ту дар ҳамин ҷост». Он чӣ дар роҳила буд он занро бидод ва худ дар Бағдод омад.

Чун ҳоҷиён баъди муддате аз ҳаҷ бозгаштанд. Абдуллоҳ гуфт: «Фардо дар Бағдод биёянд. Агар имсол дар ҳаҷ нарафтам, боре дасти ҳаҷкунандагон бигирам». Чун беруни Бағдод омад, дид чанд нафар ҳоҷӣ аз пещш меоянд ва мулоқот карданд ва гуфтанд: «Эй Абдуллоҳ, дар ҳаҷ як ҷо будем ва тамоми манзил якҷоя омадем. Имрўз чӣ буд, ки пеши мо дар Бағдод омадӣ».

Абдуллоҳ аз суханони ҳоҷиён дар фикрат шуд, ки ин сухан эшон рост мегўянд? Боз андеша кард. Магар дар зери ин ҳикмати илоҳӣ бошад? Ҳам дар ин фикрат ба хоб рафта, дар хобаш намуданд: «Эй Абдуллоҳ, дар фикрат чӣ мондаӣ, ҳоҷиён рост мегўянд. Чун аз ҷиҳати зани пир дар ҳаҷ нарафтӣ то ниёбати ту фариштаеро ҳам ба сурати ту фиристодем, то ҳаҷ кунад ва тамоми манзилҳои барои ҳоҷиён нузул кунад ва бо эшон бозгардад. Ҳаҷи касе, ки аввал қабул уфтод, ҳаҷи ту буд ва он қадар ҳоҷиён, ки имсол ҳаҷ кардаанд, баракати ҳаҷи ту буд. Ҳаҷи эшон ҳам қабул кардем, то бидонӣ мартабаи саховат дар ҳазрати мо чунин азамат дорад».

Дигар овардаанд, зане муслима наздики ҳамсояи ҷуҳуде рўзгор бо фарзандон вақти бевагӣ гузаронидӣ. То рўзе тамоми рўз гузашта, ки қути фарзандон аз ҷое ҳосил нашуд, ба фоқа гузашта, дуввум рўз низ аз ҷое нарасид ва фарзандони хурд дошт, чун моҳӣ бе оби зиндагӣ тапидан гирифтанд. Бар модар гуфтанд: «Эй модар, чӣ кунем, ки тоқати гуруснагӣ надорем.

Дар хонаи ин ҳамсояи ҷуҳуд бирав, шояд ки чизе ёрӣ кунад, то оташи гуруснагӣ фурў шавад». Ва модар чун ҳолати фарзандон душвор дид, пораи ҷанда дар бар кашид ва рух хонаи ҷуҳуд гирифт. Пеши дари хонаи ҷуҳуд омада истода шуд. Назари ҷуҳуд бар аврат уфтод, дар хотир гузаронид, ки ин аврат дар хонаи ман барои дўздӣ омадааст. Замоне камингоҳ фоқиф шуд, ки чӣ кунад. Чун аврат дид, ки ҷуҳуд бозпурс намекунад, бозгаштадар хона омад. Фарзандон давон омаданд ва гуфтанд: «Эй модар чизе овардӣ?» Гуфт: «Эй ҷигаргўшагони модар, хона рафта Будам, замоне истода Будам, ки он марди ҷуҳуд медид, аммо ҳеҷ ҷавоб надод. Дигар эй фарзандонам, манн муслим бошам, бо марди бегона чӣ гўям?». Фарзандон гуфтанд: «Эй модар, боз бирав, шояд чизе медиҳад». Баҳри тасаллии дили фарзандон зан дуввум бор ҳам бирафт. Чун пеши дари ҷуҳуд бирафт, боз назари он мради ҷуҳуд ба аврат уфтод, дар хотир таҳқиқ бикард, ки он аврат баҳри дуздӣ меояд. Камингоҳ воқифтар шуд. Чун аврат дид, ки ҷуҳуд чизе намедиҳад, хотиршикаста хароб бозгашт. Ҷуҳуд ақиби аврат дар хона расид. Ҷумла фарзандон бидавиданд ва наздики модар биёмаданд ва гуфтанд: «Эй модар, чизе биёвардӣ?» Гуфт: «Эй фарзандон, сабр ба даргоҳи Худои таъоло кунед, то дар он неъмати гуногун диҳад». Чун ҷуҳуд ин сухан бишунид, гуфт: «Аз баҳри дуздӣ наёмада буд». Ҷуҳуд аз паси аврат бозгашта дар хонаи худ омад. Зани худро гуфт: «Таъом мавҷуд кун». Зани ҷуҳуд бархост таъом пухт ва наздики шавҳар биовард. Он марди ҷуҳуд бархост, он таъом бар даст гирифт, , наздики аврат ва фарзандони ў биёмад. Бисёр маъзарат мекард ва мегуфт: «Ман аз ҳоли шумо воқиф набудам. Акнун ин таъом бихўред». Модар гуфт: «Эй фарзандон дар ҳаққи ин мард дуо кунед».

Модар ва фарзандон сар ба саҷда бурданд. Ҷуҳуд гуфт: «Калимаи тайиба арз кунанд ба шарафи имон Мушарраф гардам». Сар саҷда бардоштанд, калимаи тайиба арз карданд ва гуфтанд: «Бигў, Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ».

Чун ба саъодати имон Мушарраф шуд, аз эшон бозгашта дар хонаи худ омад. Назари зан бар мард уфтод, гуфт: «Эй мард, чанд сол шуд шавҳари манн ҳастӣ, чунин рўи ту ба нур мунаввар набуд ва надидам, ки имрўз толеъ шудааст». Гуфт: «Эй зан, имрўз хилъати имон дар бар пўшидам. Ин нури имон аст, ки дар рўи ман метобад». Зан гуфт: «Эй шавҳар, пас ман аз баҳри чӣ аз имон маҳрум монам. Бар ман калима арз кун то ман ҳам бад-ин саъодати иззат мушарраф гардам». Шавҳар гуфт: «Бигў, Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ». Зан низ калима арз кард, дарҳол ба шарафӣ

мусулмонӣ мушарраф шуд. Пас мўъминро бояд, ки саъодати саховат дар пеш

гирад, Илоҳӣ ҷамеъи мусулмононро саховат рўзӣ гардонӣ.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …