Главная / Илм / Савсан

Савсан

savsan_00-660x330Савсан — ин растанӣ намудҳои гуногун дорад: гулаш сафед, бунафш ва зард, ки ба ҳама маълум аст — даштӣ (кӯҳӣ) ва бӯстонӣ мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи аввал гарм ва дар тариву хушӣ муътадил аст. Ба қавли баъзеҳо мизоҷи сафеди бӯстониаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст ва баъзеҳо дар севум гуфтаанд, аммо мизоҷи кӯҳии он назар ба бӯстониаш гармтар ва хушктар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он бемориҳои шуш, дардҳои гуногуии сипурз, ҷигар ва бачадонро шифо мебахшад; барои бавосир ва ханозер дору мешавад, беҷо ва бисёр равон шудани ҳайзро манъ мекунад, захмҳоро ба ҳам меоварад ва римашонро ҳам нест мегардонад. Вале ин гиёҳро ҳангоми истеъмолаш ба дарун бо асал, ки афзункунандаи қуввати он аст, бояд биёшоманд.

Решаи инро кӯфта, бо асал хамир сохта бимоланд, доғи сафеди пӯст ва песро ба муддати шаш моҳ дафъ мекунад; қӯтури решгашта ва решҳои тарро шифо мебахшад. Инро бо сирко ё бо барги банг (кирмрезонак) ва орди гандум хамир карда гузошта баыданд, варамҳои гарми хояро таҳлил ва сӯхтагии оби гармро даво мебошад, инчунин бо орди ҷав хамир карда бардавом гузошта банданд, низ ҳамин таъсирро дорад.

Бо оби ҳар як қисми ин растани руйро бишуянд, доғи кунчидакро дафъ мекунад. Як микдор оби решаи савсан, панҷяки вазни он сирко ва асал гирифта, дар зарфи мис то ғафс гаштанаш биҷӯшонанд, ин бисёр поккунандаи доғҳо ва бидуни дард хушккунанда мебошад, ба ҷароҳати атрофи мушакҳо гузошта банданд, шифо мебахшад.

savsan_Равғани савсани бунафшро ба қадри 25 грамм биёшоманд ва аз рӯ низ бимоланд, барои иловуси сафровӣ, ки варами дарди рӯдаҳои борик аз зиёд гаштани сафро мебошад, бемориҳои бачадон, афтодани бача аз шиками занони ҳомила, дарди рӯдаҳо ва дардҳои дигари асабонӣ дармон мешавад.

Агар 50 грамм решаи савсанро дар 3 литр об 20 дақиқа ҷӯшонида, ҳар рӯз аз он об 100 грамм бинӯшанд, низ бемориҳои номбурдаро даво мешавад.

Ин равғанро бардавом бимоланд ва 38 грамм аз он биёшоманд, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро ба воситаи исҳол аз бадан дафъ мекунад, бар зидди заҳрҳои банги сиёҳ ва кашнизи кӯҳии девонакунанда, инчунин занбӯруғи заҳрнок тарёқ мебошад. Ин равғанро бимоланд, асабҳо ва сахтиҳоро мулоим мекунад ва бачадони берунбаромадаро ба ҷояш мебарад.

Тарзи тайёр кардами равғани савсан чунин аст. Решаи хушки савсани бунафшро як миқдор гирифта (аз тараш ду баробар), дар ҳован мекӯбанд. Баъд дар ҳашт баробар вазни он оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, сонӣ хуб мемоланду дар зарфи сирандуд (эмалированный) то чоряки об мондан меҷӯшонанд ва аз матоъи бофташ зич мегузаронанду обашро мегиранд. Ин оби софро дар зарфи покиза рехта, аз болояш ду баробари он равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим то тамоман бухор шуда рафтани об меҷӯшонанд. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Аломати батамом бухор гаштани об аз ҷӯшиш мондани равған аст. Ҳамин равған равғани савсан ҳисоб меёбад.

Агар тухми савсанро бихӯранд, зарари газидани ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад. Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, инчунин ин обро дар гӯш чаконанд, дарди онро сокин мегардонад. Латтаеро дар ин об тар карда ба ҷоҳои дигари аъзо, ки дард мекарда бошад, гузошта банданд, низ шифо мебахшад.

Он обро, ки дар он решаи савсан ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, зеҳнро тез мекунад; зиқ-ун-нафас ва нафаси ростаро, ки бемораш хобида ё дароз кащида нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад; дардҳои ҳалқум, шахшӯлӣ ва сахтии сипурзро дафъ мекунад. Агар ин обро бо шахдоб (асалоб) бинӯшанд, зардобро аз бадан хориҷ месозад, истисқоро шифо мебахшад, хичакро аз рутубатҳои часпак пок мекунад ва ташнагиро таскин медиҳад.

Решаи инро бихоянд, бӯйи арақро, ки нӯшида бошанд, аз даҳан нест мекунад. Баргашро кӯфта гузошта банданд, бар зидди газидани ҷонварони заҳрнок даво мебошад ва аз оби гарм сӯхтагиро ҳамон дам ба ибро меоварад.

Равғанеро, ки аз решаи ин тайёр карда шуда бошад, дар гӯш нимгарм чаконанд, дарди гӯшро сиҳат мебахшад. Решаи хушкӣ онро маҳин кӯфта бипошанд, нохунаки чашм ва гӯшти зоиди дар пилкҳои чашм пайдошударо дафъ мекунад.

savsan_0000-300x225Решаашро дар равғани гули сурх ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Ва агар ин равғанро бихӯранд, бемориҳои бачадонро сиҳат мекунад. Ин решаро бо сирко дар зарфи мис ҷӯшонида бимоланд, захмҳои кӯҳна ва ҷароҳатҳоро шифо мебахшад.

Гулашро бибӯянд, дил ва майнаро қувват мебахшад, хушҳолӣ меоварад, бодҳои майнаро пароканда месозад, дар ин бобат аз заъфарон қавитар аст. Инак, барои иллати беҳушшавӣ беҳтар аз заъфарон аст.

Шароби савсан барои газидагии ҳамаи ҷонварони заҳрнок даво мешавад. Синфе аз савсан, ки дар соя ҳам мерӯяд ва гулаш зарди майдатар аст, решааш ба андозаи ғафсии ангушт мебошад, хушбӯй, бо каме талхӣ дар таъм, ки ин аз савсанҳои сафед ва кабуд қавитар мебошад, вале заифтар аз савсани кӯҳист. Мизоҷи гулаш гармтар аз ҳамаи қисмҳои дигари он мебошад.

Решаи инро бихоянд ё онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Барг ва гулашро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро сиҳат мегардонад. Барг ё решаи онро пухта, бо шароб хамир сохта гузошта банданд, варамҳои балғамиро таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои напазандаро, ки тоҷикон кӯряра меноманд, шифо мебахшад, мепазонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …