Главная / Гуногун / Саволу ҷавобҳо ба тоҷикӣ

Саволу ҷавобҳо ба тоҷикӣ

181.Ба кор кабулкуни чи гуна барасмият дароварда мешавад?

  1. A) Бо қарори коллективи меҳнатӣ, бо қарори суд; B) бо қарори Иттифоқи касаба, бо розигии коллективи меҳнат; C) бо фармони маъмурият, воқеан ба кор роҳ додан; D) бо фармон ё амри маъмурият; E)   бо амри маъмурият, қарори иттифоқи касаба;

182.Намудҳои ба кори дигар гузарониданро ҷудо намоед.

  1. A) доимӣ, муваққатӣ; B) доимӣ, муваққатӣ, мавсими; C) муваққатӣ, мавсимӣ; D) доимӣ, мавсимӣ, ва иваз намудани коргари дар кор хозир набуда; E) доимӣ, воқеӣ;

183.Кадом шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси коркунон бекор карда мешавад?

  1. A) Мӯҳлатнок ва бо кормандони хоҷагӣ басташуда;B) ба мӯхлати номуайян басташуда, мӯҳлатнок ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ё вайрон намудани қонунгузории меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ва дигар сабабҳои узрнок; C) муваққатӣ ва мавсимӣ; D) ба мӯҳлати номуайян басташуда, даъват ва ё дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ; E) бо ноболиғон басташуда ва мӯҳлатнок;
  2. Навъхои вақти кориро нишон дихед.
  3. A) Мӯътадил, нопурра; B) мӯътадил, кӯтоҳ, нопурра; C) мӯътадил, изофа, нопурра; D) нопурра, пурра, изофа; E) ба меъёргирифташуда ва кӯтоҳ;

185.Давомнокии муътадили вақти корро ишора намоед.

  1. A) 42 соат дар як ҳафта ва 6 соат дар як рӯз; B) 41 соат дар як ҳафта ва 9 соат дар як рӯз; C) 36 соат дар як ҳафта ва 7 соат дар як рӯз; D) 41 соат дар ҳафтаи 6 рӯзаи корӣ, 42соат дар ҳафтаи5 рӯзаи корӣ; E) 40 соат дар як ҳафта;

186.Давомнокии кӯтоҳи вақти корро чудо намоед.

  1. A) аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок, ноболиғони аз 15 то 18 сола ва 24 соат барои ноболиғони аз 14 то 15 сола; B) 35 соат дар як ҳафта; C) То 36 соат дар як ҳафта ва мувофиқан 6 соат дарякрӯз; D) 40 соат дар як ҳафта ва 5 соат дар як рӯз E) Аз 24 то 41 соат дар як ҳафта;
  2. Изофакорӣ чист?
  3. A) Коре мебошад, ки бо амр ва ё вазифаи маъмурият ба амал бароварда шуда, аз давомияти вақти кории мӯътадил берун мебарояд; B) коре, ки бо амри маъмурият дар ҳолатҳои фавқуллода супориш дода мешавад; C) коре, ки бо супориши маъмурият ва розигии коркун иҷро карда мешавад; D) коре, ки бо розигии иттифоқи касаба иҷро карда мешавад; E) кори зиёда аз вақти корӣ;

188.Давомнокии изофакорӣ чи кадар аст?

  1. A) 4 соат дар давоми ду рӯз пайдарпай ва120 соат дар давоми як сол; B) то 120 соат дар давоми як моҳ; C) то 10 соат дар ду рӯз пай дар пай; D) то 12 соат дар давоми як ҳафтаи корӣ; E)   дар давоми ду рӯз пайдарпай 2 cоат дар корхои зарарнок, 4 соат дар дигар корхо ва на бештар аз 120 соат дар давоми як сол;

189.Кадом коркунонро ба изофакорӣ ҷалб намудан манъ аст?

  1. A) Ноболиғони то 16 сола, занони ҳомила, нафақахӯрон; B) Ноболиғони то 18 сола, занони ҳомиладор, маъюбон, шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар мактабҳои умумӣ ё касбии техникӣ мехонанд дар рӯзҳои дарсиашон; C) нафақахӯрон, маъюбон, коркуноне, ки дар мактабҳои олӣ тахсил менамоянд; D) занони ҳомила вакӯдакони ширхор доранд; E)   ноболиғони то синни14 сола, занони ҳомила, маъюбон, нафақахӯрон;

190.Намудхои вақти дамгирӣ кадомҳоянд?

  1. A) Танаффус дар вақти кор, танаффуси байни бастҳои корӣ, рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ рухсатиҳои таҳсил ва иҷтимоӣ; B) рухсатии ҳарсола, рӯзи наврӯз, рӯзи ид; C) танаффус дар вақти кор, рӯзҳои ид, рухсатии иловагӣ; D) рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатиҳои ҳарсола; E) танаффус дар давоми кор, байни бастҳои меҳнатӣ, рухсатиҳои асосӣ ва иловагӣ;

Мӯҳлати рухсатии ҳарсолаи ноболиғонро муайян намоед.

  1. A) То 45 -рӯз; B) То 25 -рӯз; C) на камтар аз 30 рузи тақвимӣ; D) то 24 -рӯз; E) то 60 –рӯз;

192.

Дар кадом фасли сол ба ноболиғон рухсатӣ дода мешавад?

  1. A) Дар фасли тобистон ё дигар мавсими барояшон мувофиқ; B) дар вактхои бекори; C) дар моҳи март; D) дар моҳи ноябр; E) дар тамоми фасли сол;

193.

Ба кадом тартиб рухсатии меҳнатӣ дода мешавад?

  1. A) Бо фармони маъмурият; B) бо розигии коркун пас аз гузаштани 11 моҳи корӣ; C) дар асоси рӯйхатҳои пешбинишуда ва розигии иттифоқи касаба; D) дар соли аввали кор пас аз 11 моҳи корӣ, ва дар солҳои минбаъда аз рӯи рӯйхат (график)-и рухсатиҳо; E) бо розигии иттифоқи касаба дар давоми соли корӣ;

194.Низоми асосии музди корро номбар кунед?

  1. A) Маоши мансабӣ, вақтбайъ; B) мукофотӣ, ҳавасмандкунӣ, корбайъ; C) вақтбайъ, корбайъ, ҳавасмандкунӣ; D) корбайъ, маоши мансабӣ; E) вақтбайъ, корбайъ;

195.Усулҳои таъмини интизоми меҳнат кадомҳоянд?

  1. A) Боваркунонӣ, маҷбуркунонӣ; B) ҳавасмандкунӣ, боваркунонӣ; C) боваркунонӣ, раҳматнома, инъом, огоҳӣ; D) огоҳӣ, огоҳии қатъӣ, тухфаи пуркиммат; E) раҳматнома, боваркунонӣ, инъом;

196.Навъҳои ҷавобгарии интизомӣ кадомҳоянд?

  1. A) Умумӣ, аз рӯи қонун; B) махсус, аз рӯи барнома; C) умумӣ, махсус; D) умумӣ, аз рӯи Оиннома; E) аз рӯи қонун, умумӣ;

197.Намудҳои ҷавобгарии моддии кормандонро нишон дихед.

  1. A) Шартномавӣ; B) маҳдуд, пурра; C) шартномавӣ, ғайришартномавӣ; D) маҳдуд, омехта, пурра; E) Пурра, маҳдуд, махсус;

198.Намудҳои баҳсҳои меҳнатӣ.

  1. A) Коллективӣ, инфиродӣ (индивидуалӣ), хусусӣ; B) Корпартоӣ, коршиканӣ, инфиродӣ; C) инфиродӣ, коллективӣ, якҷоя; D) хусусӣ, омехта, коллективӣ; E) инфиродӣ, коллективӣ;

199.Аз синни чандсолагӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан мумкин аст?

  1. A) Аз синни 25 солагӣ; B) аз синни 16 солагӣ; C) аз синни 20 солагӣ; D) аз синни 18 солагӣ; E)   аз вақти баникоҳдароӣ;

201.Қиёфаҳои (типҳои) таърихии давлатро номбар кунед.

  1. A) Ғуломдорӣ, феодалӣ, демократӣ, дунявӣ; B) ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ, сотсиалистӣ; C) феодалӣ, капиталистӣ, сотсиалистӣ, ҳуқуқбунёд; D) сотсиалистӣ, федеративӣ, ягона, капиталистӣ; E) капиталистӣ, ҳуқуқбунёд, федеративӣ, сотсиалистӣ;

202.Нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёдро нишон дихед.

  1. A) Волоияти қонун, ҳимояи манфиатҳои меҳнаткашон; B) волоияти қонун, тақсимоти ҳокимияти давлати ба хокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ; C) ягонагии ҳуқуқ ва ӯҳдадории шаҳрвандон.пурзӯршавии ҳокимияти мутамарказ; D) мақомоти якуминдараҷаи қонун ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳокимияти ягона; E) волоияти қонун, инкишоф ва кафолати ҳуқуқваозодиҳои шаҳрвандон, тақсимоти ҳокимият ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ;

203.Қобилияти амалкунии пурра  аз чандсолагӣ ба вуҷуд меояд?

  1. A) аз 16 солагӣ; B) аз 17 солагӣ; C) аз 18 солагӣ; D) 18 ва хангоми ба никохдарои аз лахзаи акди никох; E) аз 14 солагӣ;

204.

Кадоме аз ин ҳуқуқҳо ба хуқуқҳои иқтисодию  иҷтимоии шаҳрвандон дохил мешавад?

  1. A) ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазири манзил; B) ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, таъминоти моддӣ, ҳуқуқ ба истифодаи комёбиҳои маданию фарҳангӣ, ҳуқуқ ба моликиятӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ; C) ҳуқуқ ба истифодаи комёбихои маданию фар-хангӣ, ҳуқуқба зиндагӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил; D) ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи шикоят кардан; E) ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ батаҳсил, ҳуқуқбадахлнопазириишахсият, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ;

205.

Сарқонуни ҳоло амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул карда шуд?

  1. A) 7 ноябри соли 1937; B) 6 ноябри соли 1978; C) 6 ноябри соли 1994; D) 28 июни соли 1997; E) 26 сентябри соли 1999;

206.

Чораҳои ҷазои интизомиро номбар кунед.

  1. A) Огоҳӣ, танбеҳ, аз кор озод намудан, аз озодӣ маҳрум намудан; B) огоҳӣ, танбеҳ, танбеҳи сахт, ба кори муздаш кам ё ба вазифаи паст ба муддати то 3 моҳ гузаронидан, аз кор озод намудан; C) танбеҳ, огоҳӣ, ба кори дигар гузаронидан, аз кор озод намудан; D) аз мукофот маҳрум намудан, ба кори муздаш кам гузаронидан, ҷарима; E) сарзаниш, танбеҳ, аз кор озод намудан;

207.

Синни никоҳӣ барои мардон ва занон аз чандсолагӣ муқарар шудааст?

  1. A) 16 солагӣ; B)17 солагӣ; C) 18 солагӣ; D) 19 солагӣ; E) 17- 18 солагӣ;

208.

Дар Точикистон кадом шаклхои моликият мавчуд аст?

  1. A) Моликияти хусусӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ; B) моликияти шаҳрвандон, давлатӣ, коммуналӣ; C) моликияти шахсӣ, кооперативӣ-колхозӣ, моликияти давлатӣ; D) моликияти хоҷагии деҳқонӣ, иҷоравӣ, давлатӣ, коллективӣ; E) моликияти хусусӣ, коллективӣ, давлатӣ;

209.

Дар Тоҷикистон чанд маротиба Конститутсия кабул карда шудааст?

  1. A) 2 маротиба; B) 3 маротиба; C) 4 маротиба; D) 5 маротиба; E) 6 маротиба;

210.

Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандонро нишон диҳед.

  1. A) ҳуқуқи шикояткунӣ аз болои шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, озодии сухан; B) хуқуқи иштирок дар муҳокима ва қабули қонуну қарорҳо, озодии виҷдон ва ақида, озодии сухан ва матбуот; C) ҳуқуқи шикоят, дахлнопазирии манзил, озодии сухан ва нашр; D) хуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба истироҳат ва таҳсил, озодии матбуот ва роҳпаймоӣ; E) ҳуқуқи муттаҳид шудан, ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатӣ, озодии сухан, нашр, озодии ширкат дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаӣмоии осоишта, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ва ғ;

211.

Давлатҳо аз ҷиҳати шакли сохт чӣ гуна мешаванд?

  1. A) Унитарӣ, федеративӣ, конфедеративӣ; B) ғуломдорӣ, федеративӣ, сотсиалистӣ, конфедеративӣ; C) унитарӣ, омехта, федеративӣ, сотсиалистӣ; D) феодалӣ, федеративӣ, конфедеративӣ; E) унитарӣ, конфедеративӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд;

212.

Асосҳои соҳибшавӣ ба шаҳрвандӣ кадомҳоянд?

  1. A) Қабул шудан ба шахрвандӣ, баромадан аз он, таваллуд; B) таваллуд, аз шахрвандии дигар давлат баромадан, гурезаи сиёсӣ эътироф карда шудан; C) барқарор намудан ба шахрвандӣ, бешахрвандӣ будан, соҳиб шудан ба шахрвандӣ; D) таваллуд, қабул шудан ба шахрвандӣ, аз рӯи асосхое, ки шартномаҳои байналхалқи пешбинӣ менамоянд; E) таваллуд, бешаҳрвандӣ, шаҳрвандии дигар давлатро қабул кардан;

213.

Санаи соҳибихтиёр гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намоед.

  1. A) 25 ноябри соли 1925; B) 10 ноябри соли 1931; C) 24 августи соли 1990; D) 9 сентябри соли 1991; E) 6 ноябри соли 1994;

214.

Шартномаҳои меҳнатӣ дар кадом шакл баста мешаванд?

  1. A) Даҳонӣ, хаттӣ, ба мӯҳлати 3 сол; B) мавсимӣ, ичрои корхои махсус; C) даҳонӣ, хаттӣ; D) мавсимӣ, дар асоси шартнома; E) бемӯҳлат ва мӯҳлатнок -5 сол;

Ақди никоҳ дар кадом мақомотҳо бекор карда мешавад?

  1. A) Суд, прокуратура, адвокатура; B) Чамоат, суд; C) Прокуратура; D) Суд, САҲШ; E) Прокуратура, САҲШ ва суд;

217.

Қобилияти меҳнатии шаҳрвандон аз синни чандсолагӣ оғоз меёбад?

  1. A) 14; B) 15; C) аз 15 солагӣ ва дар мавридҳои истисноӣ аз 14 солагӣ; D) 16; E) 17;

218.

Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон дихед.

  1. A) Давлат, низоми иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо; B) низоми маданӣ ва иқтисодӣ; C) дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон, соҳибихтиёрии давлат ва халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибори олии ҳуқуқии Конститутсия, гуногуншаклии моликият; D) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, давлат, ҳизбҳо; E) низоми иқтисодӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳизбҳо;

219.

Соҳаҳои асосии ҳуқуқро номбар кунед.

  1. A) Прокуратура, ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, судӣ; B) ҳуқуқи маъмурӣ, гражданӣ, экологӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, меҳнатӣ, молиявӣ; C) ҳуқуқи кишоварзӣ, экологӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, савдои дохилӣ, банкӣ; D) хуқуқи бонкӣ, колхозӣ, судӣ, гражданӣ, савдои беруна; E) хуқуқи давлатӣ, судӣ, кишоварзӣ, меҳнатӣ, молиявӣ;

220.

Шартҳои бастани ақди никоҳро номбар кунед.

  1. A) Розигии падару модар, ба синни никоҳӣ расидан, розигии зану мард; B) ба синни никоҳӣ расидан, розигии тарафҳо, розигии органҳои CАҲШ; C) розигии тарафаӣн, ба синни никоҳӣ расидан; D) розигии органи CАҲШ, падару модарон, ба синни никохӣ расидан; E) розигии зану мард, набудани монеаҳои ақди никоҳ, ба синни никоҳӣ расидан;

221.

Намудҳои ҷавобгарии хукукиро нишон дихед.

  1. A) Моддӣ, гражданӣ, маънавӣ, хоҷагӣ, интизомӣ; B) гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, интизомӣ; C) ахлоқӣ, моддӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ, судӣ; D) чиноятӣ, экологӣ, ахлоқӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ; E) моддӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ, маъмурӣ;

222.

Самтҳои фаъолияти давлатро қайд намоед.

  1. A) дохилӣ, муҳофизати моликият ва қонуният; B) берунӣ, муҳофизати мамлакат аз ҳуҷуми беруна; C) хоҷагӣ-ташкилӣ, маданию тарбиявӣ; D) муҳофизати моликият, дохилӣ, берунӣ, хоҷагӣ-ташкилӣ; E) дохилӣ ва берунӣ;

224.

Шаклҳои ҳуқуқ кадомҳоянд?

  1. A) Меъёрҳои ҳуқуқӣ, одат, амсоли судӣ; B) шартномаҳо, дастурамал, қонун; C) Конститутсия, қонунҳо, фармонҳо; D) хуқуқ, одат, ӯҳдадориҳо; E) фармонҳо, одат, ӯҳдадориҳо;

225.

Давомияти вақти кории ноболиғон дар як ҳафта чанд соат аст?

  1. A) барои ноболиғони 14-15 сола 24 соат ва аз синни 15 то 18 сола 35 соат дар як ҳафта; B) барои ноболиғони 15-16 сола 36 соат ва аз синни 16 то 18 сола 41 соат; C) 41-42 соат; D) 24 соат; E) 26 соат;

226.

Қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ чист?

  1. A) Қобилияти меҳнат кардан; B) қобилияти шартнома бастан; C) қобилияти ӯҳдадориҳои гражданӣ доштан; D) қобилияти соҳиби ҳуқуқҳои гражданӣ донистан; E) қобилияти соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ будан;

227.

Маҳдудшавии қобилияти амалкунии шаҳрвандонро нишон дихед.

  1. A) Дар ҳолати ҳабс намудани шахс барои содир намудани ҷиноят; B) шахсоне, ки фаъолияти меҳнатии хешро қатъ намудаанд; C) ҳангоми ба нафақабароӣ ва суистеъмоли машруботи спиртӣ ва маводи наркотикӣ; D) ҳангоми суистеъмоли машруботи спиртӣ ва маводи наркотикӣ, ки ба канда кардани ақди никоҳ меоварад; E) ҳангоми суистеъмоли машруботи спиртӣ, маводи наркотикӣ ва таксикомания оилаи худро ба вазъияти душвори моддӣ гузоштан;

228.

Кӣ қобилияти амалкунии шаҳрвандонро маҳдуд менамояд?

  1. A) Волидайни (падару модари) фарзандон; B) махдуд намудан мумкин нест; C) прокурор ва милиса; D) прокурор, суд ва милиса; E) танҳо суд;

229.

Ғайри қобили амал эътироф намудани шахс мумкин аст?

  1. A) ҳа, агар бемории тӯлонӣ дошта бошад; B) агар қобилияти меҳнатӣ ва фикрии худро гум карда бошад; C) дар натиҷаи сустақлӣ ё касалии рӯхӣ аҳмияти ҳaракатҳои худро нафаҳмад ва ба он роҳбарӣ карда натавонад; D) дар натичаи майзадагӣ ва нашъамандӣ ё таксикомания худ ва оилаи худро ба вазъияти душворӣ молӣ гузорад; E) не, бе ҳеҷ ваҷҳ қобилияти амалкунии шахсро маҳдуд намудан мумкин нест;

230.

Кадом ваколатҳои соҳибмулк бегонашаванда аст?

  1. A) Ҳуқуқи соҳибӣ кардан, истифода бурдан ва нигоҳ доштан; B) ҳуқуқи сохибӣ кардан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардан; C) ҳуқуқи сохибӣ кардан, ихтиёрдори намудан, истифода бурдан ва нигох доштан; D) танҳо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудан; E) ҳуқуқи соҳибӣ намудан ва истифода бурдан;

231.

Намудҳои вақти дамгириро номбар намоед?

  1. A) Вақти дар кор хозир нашудан; B) вақти умуман ба кор нарафтан, рӯзҳои ид; C) вақте, ки коргар ба саёҳат меравад; D) давомияти вақте, ки меҳнаткаш ба рухсатии меҳнатӣ меравад; E) рӯзҳои истироҳат, рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои ид, танафусҳо дар давоми рӯзи корӣ;

232.

Шаклҳои демократия?

  1. A) Халқӣ, давлатӣ, ҷамоавӣ; B) мустақим ва демократӣ; C) бевосита (мустақиман) ва бавосита; D) парламент ва президентӣ; E) намояндагӣ, интихобӣ ва ғаӣримустақим;

234.

Вақти корӣ чист?

  1. A) давомияти рӯзи кориро меноманд, ки коргар дар корхона мебошад; B) давомияти вақте, ки меҳнаткаш дар ҷои кории худ мебошад; C) давомияти вақте, ки коргар ё хизматчӣ функсияи меҳнатии худро иҷро менамояд; D) давомияти вақте, ки коргар дар як ҳафта ба кор меояд; E) давомияти вақте, ки коргар ё хизматчӣ аз хона ба кор меравад;

235.

Навъҳои ба кори дигар гузаштанро номбар кунед.

  1. A) Доимӣ; B) доимӣ ва муваққатӣ; C) муваққатӣ; D) мавсимӣ; E) дар натиҷаи бекористӣ;

236.

Кори зиёда аз вақти корӣ чист?

  1. A) зиёда аз 36 соат; B) зиёда аз 41 соат; C) кори зиёда аз вақти мӯътадили корӣ, ки бо амри маъмурият иҷро карда мешавад; D) зиёда аз 31 соат; E) зиёда аз 24 соат;

237.

Адолати судиро кадом мақомот ба амал мебарорад?

  1. A) вазорати адлия; B) суд ва прокуратура; C) суд; D) вазорати амнияти миллӣ, суд;
  2. E) адвокатура, прокуратура, суд;

238.

Вазифаҳoи конститутсионии мақомоти судӣ аз чӣ иборат аст?

  1. A) Аз ҷазо додани гунахкорон; B) аз ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон; C) аз ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои давлат; D) аз ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон; E) аз ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳо ва қонунияту адолат;

239.

Cудяҳо дар иҷрои вазифаҳои худ ба кӣ итоат мекунанд?

  1. A) Ба раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олӣ ва Президенти ҶТ; B) ба Президент ва раиси суди Олии ҶТ; C) ба Президент ва раисони судҳои болоӣ; D) танҳо ба қонун; E)   ба қонун, Президенти ҶТва раисони судҳои болоӣ;

240.

Сохтор ва вазифаҳои мақомоти судиро ба ғайр аз Конститутсия боз кадом санадҳои ҳуқуқӣ мукаррар намудаанд?

  1. A) Қонун «Дар бораи сохтори судҳо» аз 28 декабри соли 1993; B) Қонун «Дар бораи сохтори судҳо» аз 28 декабри соли 1993 ва Фармонҳои Президент; C) Қонуни конститиутсионӣ «Дар бораи судҳо» аз 6 августи соли 2001 ва дигар қонунҳо; D) Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо» аз 10 августи соли 2001 ва Қарорхои Маҷлиси Олӣ ва Президенти ҶТ; E) ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …