Главная / Гуногун / Саволҳои тестӣ аз фанни Ҳуқуқ

Саволҳои тестӣ аз фанни Ҳуқуқ

Ин саволҳои санҷишӣ-тестӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳ дахл дорад

Ҳайати Суди Конститутсионӣ аз чанд нафар иборат мебошад? 

A) 11 нафар;  В)   9 нафар;   C) 6 нафар;  D) 4 нафар;  Е) 7 нафар;

Барои чи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳо тақсим мешавад?

A) барои он ки ба ҳама имконият дода шавад то ки иродаи худро ба воситаи ягон шохаи ҳакимият ифода карда тавонад;  В) барои ҳукмронии як синф аз болои синфи дигар;  C) барои он ки яке аз онҳо ҳакимияти давлатиро сӯиистеъмол накунад;  D) Барои он ки ҳама дар амали намудани ҳокимият бояд иштирок намояд;  Е)   барои он ки вазифаҳо хубтар тақсим карда шавад;

Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон диҳед.

A) сарвазир, вазири адлия, раисони кумитаҳои давлатӣ; В) Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ;  C) сарвазир, Раиси Маҷлиси Олӣ, раиси вилоят;  D)  сарвазир, вазирон ва раисони ноҳия, шаҳр;  Е)   сарвазир ва муовинони он;

Кадоме аз ин сабабҳо боиси бавуҷудоии давлати Рим гардид ?

A) муттаҳидшавии синфҳо;  В)вайроншавии сохти авлодӣ, пайдоиши моликияти хусусӣ ва синфҳо;  C) Дар натиҷаи забтнамоии қабилаҳои олмонӣ;  D) дар натиҷаи муборизаи байни патритсийҳо ва плебейҳо;  Е)   муттаҳидшавии сохти авлодӣ барои ноилшави ба мақсадҳои умумӣ;

Функсияҳои давлатро ишора намоед  

A) самти фаъолияти давлат, ки сиёсати сулхҷӯёнаро ба амал мебарорад; В) функсияи берунӣ;  C)  самти фаъолияти давлат, ки барои амалӣ гардонидани вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ равона шудааст;  D) функсияи дохилӣ ва берунӣ, ки давлат муқарар намудааст;  Е)   функсияи дохилӣ;

Кадом шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси коркунон бекор карда мешавад?

A) бо ноболиғон басташуда ва мӯҳлатнок;   В)  муваққатӣ ва мавсимӣ;  C) ба мӯхлати номуайян басташуда, мӯҳлатнок ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ё вайрон намудани қонунгузории меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ва дигар сабабҳои узрнок;  D) Мӯҳлатнок ва бо кормандони хоҷагӣ басташуда; Е) ба мӯҳлати номуайян басташуда, даъват ва ё дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ;

Шаҳрвандон аз синни чандсолагӣ ҳуқуқи интихоб карданро доранд?

A) 16; В)  18;  C)   17;  D) 17;  Е)19;

Мақомоти намояндагӣ ва иҷрояро дар воҳидҳои маъмурию марказӣ, ки сарварӣ мекунад?

A) Сарвазир;  В) Раиси Маҷлиси Олӣ;  C) Ҷамоат;  D) Президент;  Е)   раис;

Кадоме аз ин ҷавобҳо дуруст аст? Давлат ин:

A) маҳсули ҷамъияти синфист;  В) Созиши шоҳон, султонҳо, хонҳо, президентҳо аст;  C) созиши авлодҳо аст;  D)  маҳсули муборизаҳои авлодӣ аст;  Е)  маҳсули синфӣ аст;

Изофакорӣ чист?

A) Коре мебошад, ки бо амр ва ё вазифаи маъмурият ба амал бароварда шуда, аз давомияти вақти кории мӯътадил берун мебарояд; В)  коре, ки бо супориши маъмурият ва розигии коркун иҷро карда мешавад;  C)   кори зиёда аз вақти корӣ;   D) коре, ки бо амри маъмурият дар ҳолатҳои фавқуллода супориш дода мешавад;  Е) коре, ки бо розигии иттифоқи касаба иҷро карда мешавад;

Агар Президент бо қонуни қабулкардаи Маҷлиси Олӣ ризо набошад дар муддати чанд рӯз қонунро ба вай бармегардонад?

A) 25 рӯз; В)   15 рӯз;   C)  5 рӯз;  D) 20 рӯз;  Е) 10 рӯз;

Аломатҳои соҳибкориро номбар кунед?

A) озодии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳавасмандии иқтисодӣ, таваккали хоҷагӣ ва ҷавобгарии молумулкӣ, аз номи худ баромад намудан;   В) ташаббуснокӣ, ба қайд гирифтан, истифодаи қувваи корӣ, кироя, шартнома бастан;  C) Озодии фаъолияти соҳибкорӣ, даромади шахсӣ гирифтан, аз номи худ баромад намудан;  D) ҳавасмандии иқтисодӣ, таваккалии тиҷоратӣ, молумулк доштан;  Е)  шахси ҳуқуқӣ будан, таваккал кардан, дар муомилоти гражданӣ иштирок намудан, корхона доштан;

Мӯҳлати рухсатии ҳарсолаи ноболиғонро муайян намоед.

A) то 24 -рӯз; В) То 45 -рӯз;  C) То 25 -рӯз;  D)  на камтар аз 30 рузи тақвимӣ;  Е)   то 60 –рӯз;

Прокурори генералии Тоҷикистон дар назди кӣ масъул мебошад?

A) Раиси Маҷлиси Олӣ; В)   Раиси Маҷлиси Олӣ ва Раиси суди Конститутсионӣ;   C) Президент ва Вазорати дохилӣ;  D) Маҷлиси Олӣ;  Е)  Маҷлиси Миллӣ ва Президент;

Кадом сабабҳо боиси пайдошавии синфҳо гардид?

A) қодир набудани одамон дар назди офатҳои табиӣ;  В)   тақсимоти ҷамъиятии меҳнат;   C) бадастоварии сарват дар натиҷаи муҳорибаҳои ҳарбӣ;  D) Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва бавуҷудоии моликияти хусусӣ;  Е)  муттаҳидшавии авлодҳо;

Масъалаҳои муҳимтарини ҷамъияти ибтидоиро кадом мақомот идора менамуд?

A) сардорони қабилаҳо ва доҳиёни ҳарбӣ; В) мақомоти худидораи ҷамъиятӣ;  C) Мақомоти худидораи давлатӣ;  D)  маҷлиси умумиавлодон;  Е)   маҷлиси умумии аъзоёни қабилаҳо;

Ҷумҳурӣ аз монархия бо кадом сифатҳояш фарқ мекунад ?

A) ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онро сарвари давлат таъин менамояд;  В) ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо ба мӯҳлати номуайян интихоб карда мешаванд;  C) Ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо ба мӯҳлати муайян интихоб карда мешаванд;  D)  ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо ба мӯҳлати муайян таъин карда мешаванд;  Е) ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоте амали карда мешавад, ки онҳо бо халқ робита надоранд;

Қобилияти амалкунӣ чист?

A) қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардани ҳуқуқҳои гражданӣ ва барои худ ба вуҷуд овардани ӯҳдадориҳои гражданиро меноманд;  В) Қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардани уҳдадорӣ ва вазифаҳои гражданиро меноманд;  C)   қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардани молумулк ва ӯҳдадориҳои гражданиро меноманд;   D) қобилияти бо ҳаракатхои худ ба даст даровардани моликият ва дигар ҳуқуқҳои молумулкиро меноманд;  Е) қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст даровардан уқуқ ва озодиҳои гражданиро меноманд;

Таърихи қабули конститусияхои Тоҷикистонро муайян намоед?

A) 1924, 1929, 1931, 1937, 1992; В)   1929, 1931, 1937, 1978, 1994;   C)1994, 1999;  D) 1922, 1929, 1936, 1977, 1993;  Е)  1930, 1937, 1954, 1977, 1994;

Раъйпурсии умумихалқӣ барои дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун бо тарафдории чанд ҳиссаи вакилони мардумӣ баргузор мегардад?

A) Аз се як ҳисса; В) Аз чор як ҳисса;  C) Аз панҷ се ҳисса;  D)  51 фоиз;  Е)   Аз се ду ҳисса;

Дар кадом шаклҳо хоҷагии деҳқонӣ ташкил дода шуданаш мумкин аст?

A) дар шакли ширкат ва ассотсиатсия хоҷагӣ;  В) дар шакли инфиродӣ, оилавӣ ва ширкат;  C)  дар шакли субъекти мустақили хоҷагидорӣ , ки ба моликияти умуми асос ёфтааст;  D) Дар шакли коллективӣ, инфиродӣ ва хоҷагӣ;  Е) дар шакли ҷамъи аъзои оила, ки замин доранд;

Монархия чи гуна шакли давлатдорӣ аст?

A) давлатдориест, ки ҳокимияти иҷроия ва монархро халқ интихоб менамояд;   В) Давлатдориест, ки сарвари ҳокимияти иҷроияро халқ интихоб менамояд;   C) давлатдориест, ки сарвари ҳокимияти иҷроияро монарх (шоҳ, султон, амир, губернатор ва ғ.) таъин менамояд;  D) давлатдориест, ки ҳокимияти олӣ ба ихтиёри намояндагони халқ вогузор шудааст;  Е)   давлатдориест, ки ҳокимияти олӣ қисман ё пурра дар ихтиёри сарвари давлат аст;

Дар кадом ҳолатҳо алимент рӯёнида мешавад?

A) ҳангоми мавҷуд будани эҳтиёҷоти моддӣ;  В) Рӯй гардонидани волидайн аз иштирок дар тарбияи фарзанд, аз ҳуқуқи волидайнӣ маҳрум гаштан, бо қарори суд ҳангоми талоқ;  C) қарори суд дар бораи додани алимент, бо қарори Вазорати адлия;  D) ҳангоми талоқ, аз озоди маҳрум намудани волидон;  Е)   ба корҳои ислоҳкунӣ шартан ҷалб намудани волидайн, бо қарори суд ҳангоми талоқ;

Шаклҳои идоракунии давлатро муайян созед.

A) давлати мусолиҳаи миллӣ; В)  ҷумҳурии президентӣ ва парлумонӣ;  C) парламентӣ ва монархия;  D) Давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд;  Е)   ҷумҳурӣ ва монархия;

Нишонаҳои давлатро муайян намоед.

A) ҳокимияти оммавӣ, мавҷудияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия , суд; В) Ҳокимияти оммавӣ, мавҷудияти ҳудуд ва тақсимоти аҳолӣ дар ҳудуд, соҳибихтиёрӣ ва ғункунии андоз;  C)   мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия , суд ва гирифтани андоз ва соҳибихтиёрӣ;    D) ҳокимияти оммавӣ, мавҷудияти ҳудуд, қувваҳои мусаллаҳ, суд ва прокуратура;  Е)  ҳокимияти оммавӣ, мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия , суд ва гирифтани андоз;

Кадоме аз ин воқеъиятҳо асоси қатъгардии шаҳрвандиро тақозо менамояд?

A) никоҳ бастан, гум кардан; В)  баромадан, дохил шудан;  C)   баромадан, маҳрум шудан;   D) баромадан, таваллуд шудан;  Е) баромадан, аз дастдиҳӣ, маҳрум шудан;

Қонунҳои Тоҷикистон барои имзо ба кӣ пешниҳод мешавад?

A) ба Маҷлиси Олӣ;   В)  ба Раиси Маҷлиси Олӣ;  C) ба Прокурор;  D) Ба Раёсати Маҷлисӣ Олӣ;  Е) ба Президент;

Намудҳои аҳдҳоро номбар кунед?

A) хаттӣ, даҳонӣ, рамзӣ, берамз ва ғ;  В) Яктарафа, ду ва бисёртарафа, хаттӣ, даҳонӣ, музднок ва бемузд;  C) яктарафа, бисёртарафа, музднок ва ғайра;  D) яктарафа, хаттӣ, даҳонӣ, муздор ва бемузд;  Е)   яктарафа, рамзӣ, музднок, реалӣ ва ғ.;

Аз синни чандсолагӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан мумкин аст?

A) аз синни 18 солагӣ; В)   аз вақти баникоҳдароӣ;   C) аз синни 16 солагӣ;   D) Аз синни 25 солагӣ;  Е)  аз синни 20 солагӣ;

Мафҳуми прогулро ҳаллу фасл созед?

A) як моҳ ба кор набаромадан; В)  аз кор худсарона баромада рафтан;  C) бо сабаби беморӣ ба кор наомадан;  D) 3 соат дар давоми рӯз дар кор набудан;  Е)   ба кор 3 рӯз наомадан;

Қобилияти ҳуқуқдорӣ кадом вақт барҳам мехӯрад?

A) аз лаҳзаи вафот; В) ҳангоми бастани аҳди никоҳ;  C)  пас аз лаҳзаи ба синни 60 солагӣ расидан;  D) аз лаҳзаи ҳабси пешакӣ;  Е)   ҳангоми нафақа таин намудан;

Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатро номбар кунед?

A) Конститусия ҶТ., кодекси меҳнатииҶТ.аз15.05.1997, қонунҳо, фармонҳои Президент, қарорҳои ҳукумат ва ғ.;   В) Фармонҳои Президенти ҷумҳур ва санадҳои ҳукумати ҶТ;  C)  Конститусия, қонун, қарор, фармон, оинномаи колхоз;  D) Конститусияи ҶТ., қонун,фармонҳои Президенти ЧТ;  Е) карори ҳукумати маҳаллӣ, шартномаи коллективӣ, шартномаи меҳнатӣ;

Усулҳои таъмини интизоми меҳнат кадомҳоянд?

A) боваркунонӣ, раҳматнома, инъом, огоҳӣ;  В) Боваркунонӣ, маҷбуркунонӣ;  C) огоҳӣ, огоҳии қатъӣ, тухфаи пуркиммат;  D) ҳавасмандкунӣ, боваркунонӣ;  Е)   раҳматнома, боваркунонӣ, инъом;

Молу мулки умумии ҳамсаронро нишон дихед.

A) молу мулке, ки зану шавҳар то бастани никоҳ доштанд, чизҳои истифодабарии умумӣ ва шахсӣ; В) Молу мулке, ки пеш аз никоҳ аз они ҳар кадоме аз ҳамсарон буд,  молу мулке, ки онҳо дар давраи никоҳ ба даст овардаанд;  C)  молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ба даст овардаанд, тӯҳфаи қимматбаҳо;  D) Молу мулке, ки пеш аз никоҳ аз они ҳар кадоме аз ҳамсарон буд, чизҳои истифодабарии шахсӣ;  Е)   молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ба даст овардаанд;

Кадом мақомот ҳуқуқи қабул намудани қонунро дорад?

A) Раиси вилоят; В) ҳукумат;  C) Президент;  D)  Маҷлиси Олӣ;  Е)   Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

Давомнокии муътадили вақти корро ишора намоед.

A) 42 соат дар як ҳафта ва 6 соат дар як рӯз; В) 41 соат дар як ҳафта ва 9 соат дар як рӯз;  C)   40 соат дар як ҳафта;   D)  36 соат дар як ҳафта ва 7 соат дар як рӯз;  Е) 41 соат дар ҳафтаи 6 рӯзаи корӣ, 42соат дар ҳафтаи5 рӯзаи корӣ;

Шакли классикии бавуҷудоии давлатро муайян созед:

A) давлати Олмониён;  В) давлати Римиҳо;  C)   давлати Афина, Олмон, Рим;   D) Давлати Сомониён;  Е) давлати Бохтариён;

Ки тарафҳои шартномаи меҳнатӣ шуда метавонад?

A) Коллективи меҳнатӣ ва маъмурият; В)   коргар ва хизматчӣ, корхона, муаcсиса ва ташкилот;  C) коргар ва иттифоқи касаба;  D)  коргари кироя ва хизматчӣ;  Е) соҳибкор ва давлат;

Дар кадом ҳолатҳо муваққатан ба кори дигар гузаронидани коргар иҷозат дода мешавад?

A) зарурати истеҳсолӣ, бекормонӣ; В)  татбиқи ҷазои интизомӣ, аз озодӣ маҳрум намудан;  C) Вазъияти фавқулода, бекормонӣ;  D) Бекормонӣ, татбиқи ҷазои ҷиноятӣ, интизоми ва зарурияти истеҳсолӣ;  Е)   зарурияти истеҳсолӣ ва офати табиӣ;

Кадоме аз ин функсияҳо ба функсияи берунии давлат шомил мешавад?

A) Таҳкими сулҳ, мубориза барои сулҳу осоиш; В)  ҳифзи сарҳадот ва истиқлолияти давлат;  C)   таҳкими сулҳ ва равобит;  D) ин давоми сиёсати дохилии давлат барои ҳамкории сиёсӣ;  Е) додугирифти иктисодӣ ва фарҳангӣ;

Шаклҳои давлатдории ҷумхуриявиро муайян созед.

A) ҷумҳуриҳои федеративӣ (иттифоқӣ)ва унитарӣ;  В) Ҷумҳурии иттифоқӣ;  C) ҷумхурии федеративӣ;  D)  ҷумҳурии унитарӣ;  Е) ҷумҳурии парлумонӣ ва президентӣ;

Салоҳиятҳои ҳукумати ҷумҳуриро кадом санадҳо муқаррар менамоянд?

A) Конститутсия ва Дастури Ҳукумат;  В) Конститутсия, фармонҳои Президенти ҶТ, қарорҳои Ҳукумат ва дастури он;  C)   Конститутсия ва қонуни конститутсионӣ дар бораи ҳукумати ҶТ;  D) Конститутсия ва Фармонҳои Президенти ҶТ;  Е) Фармонҳои Президенти ҶТ ва дигар санадҳои Маҷлиси Олӣ;

Бо талаботи кадом мақомот фарзандхонӣ қатъ мегардад.

A) бо талаби САҲШ, қарори Вазорати адлия;  В) бо талаби волидайн, прокурор;  C) Бо талаби волидайн, мақомоти васигӣ ва парасторӣ, прокурор;  D) бо талаби мақомоти васигӣ ва парасторӣ, прокурор;  Е)   бо талаби прокурор, суд, САҲШ;

Аҳд чист?

A) ҳамагуна ҳаракате, ки бо қонунгузории ҷорӣ иҷозат дода шуда аст; В)  ҳаракати шаҳрвандон ва ташкилотҳоро меноманд, ки барои ба вуҷуд омадан, тағир ёфтан ва ё қатъ шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо равона карда шудаанд;  C) ҳаракати шаҳрвандон, ки бо меъёрҳои ҳуқуқӣ иҷозат дода шудааст;  D) ҳаракати шаҳрвандон ва ташкилотҳоро меноманд, ки барои ба вуҷуд омадан, аз байн бурдан, ё тағйир додани ҳуқуқи моликиятӣ равона карда шуда аст;  Е)   ҳаракате, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағир ёфтан ва ё қатъ  гардидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ гардидаанд;

Мафҳуми шаҳрвандиро муайян созед

A) Мансубияти шахсро ба ин ё он давлат меноманд; В) баробарҳуқуқии шахс ва давлат;  C) Алоқамандии давлат ва шахс;  D)  дар ҳудуди давлат таваллуд шудан;  Е)   масъулияти шахс дар назди давлат;

То cjkb 2005 дар Чумҳурӣ чанд Президент интихоб шудааст?

A) 5;   В) 2;  C)   3;  D) 4;  Е) 1;

Қобилияти амалкунии шахси вокеъӣ аз кадом вақт ба вуҷуд меояд?

A) аз синни 20 солагӣ; В) Аз синни 18 солагӣ, ҳангоми ба никоҳ даромадан аз синни 17 солагӣ;  C)   ҳангоми ба ақди никоҳ дохил шудан;    D) аз синни 16 солагӣ;  Е)  аз синни 14 солагӣ;

Конфедератсия чи гуна давлат аст?

A) Давлати иттифоқӣ; В) идтиҳоди давлатҳои муштарак;  C) иттиҳоди ҳарбию сиёсии давлатҳои ҷудогона;  D)  воҳидҳои марзию маъмурии давлатҳои гуногун;  Е)   идтиҳоди ҳарбию сиёсии ҳамаи давлатҳо;

Аз синни чандсолагӣ шаҳрвандон кӯдаконро ба фарзандӣ қабул карда метавонанд?

A) 21 солагӣ;  В) 20 солагӣ;  C) агар оиладор шуда бошанд;  D) 19 солагӣ;  Е)   агар ба балоғат расида бошанд;

Ҷавобгарии хуқуқӣ гуфта чиро меноманд?

A) тадбиқи чораҳои давлатӣ барои шаҳрвандон;   В)   иҷро кардани ӯҳдадориҳои аз ҷониби ҳуқуқвайронкунандагон дар таҳти маҷбурияти давлатӣ;  C) маҷбуркунии давлатӣ ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ;  D) маҷбуркунии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифа;  Е) иҷро кардани ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар зери назорати давлат;

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …