Главная / Гуногун / Саволҳои тестӣ аз фани география барои дохил шудан ба Донишгоҳ

Саволҳои тестӣ аз фани география барои дохил шудан ба Донишгоҳ

1.Кадом давлатҳои соҳибистиқлол ба гурӯҳи мамлакатҳои аъзои ИДМ дохил намешаванд?
A) Украина, Тоҷикистон, Молдова; B) Гурҷистон, Қирғизистон, Арманистон; C) Озорбойҷон, Белорусия, Қазоқистон; D) Туркманистон, Узбекистон, Руссия; E) Литва, Латвия, Эстония;

2.Бо кадом мамлакатҳои Осиё, ИДМ сарҳади хушкӣ дорад?
A) Малайзия, Индонезия, Сингапур, Камбоҷа; B) Ҳиндустон, Покистон, Непал, Бутан; C) Муғулистон, Хитой, Афғонистон, Ирон; D) Бангладеш, Мянма, Таиланд, Лаос; E) Филиппин, бруней, Шри-Ланка, Ироқ;

3.Бо кадом мамлакатҳои Аврупо, ИДМ сарҳади хушкӣ дорад?
A) Норвегия, Финландия, Польша, Румыния; B) Югославия, Юнон, Албания, Македония; C) Фаронса, Италия, Испания, Португалия; D) Швесия, Швейсария, Австрия, Белгия; E) Олмон, Голландия, Ирландия, Дания;

4.Кадом давлати ИДМ бо Руссия сарҳади дарозтарин дорад?
A) Украина; B) Гурҷистон; C) Узбекистон; D) Қазоқистон; E) Белоруссия;

5.Кадом давлатҳои ИДМ бо Руcсия ҳамсарҳад нестанд?
A) Украина Белорусия; B) Тоҷикистон, Турманистон, Арманистон; C) Гурҷистон, Озарбойҷон; D) Қазоқистон, Гурҷистон; E) Белорусия, Гурҷистон;

6.Кадом вилояти Федератсияи Руссия аз ҳудуди асосии ин давлат берун аст?
A) вил. Амур; B) респ.Адыгей; C) вил. Калининград; D) вил. Сахалин; E) вил. Камчатка;

7.Дар сарҳади кадом давлат, нуқтаи аз ҳама ҷанубтари Руссия ҷойгир шудааст?
A) Гурҷистон; B) Хитой; C) Қазоқистон; D) Озарбойҷон; E) Узбекистон;

8.Ҳудудҳоеро нишон диҳед, ки ба ҳайати Руссия баъд аз соли 1940 дохил шудаанд?
A) Нимҷазираи Кольск, Магадан, вил. Мурманск; B) ҷазираҳои Курил, вил.Калининград, респ.Тува; C) респ. Тува, Карелия, вил. Курск, вил. Амур; D) Кишварҳои Ставропол, Красноярск, Хабаровск; E) вил. Омск, Томск, респ. Коми;

9.Шумораи тахминии аҳолии Руссияро нишон диҳед?
A) 75 млн нафар; B) 120 млн нафар; C) 150 млн нафар; D) 260 млн нафар; E) 220 млн нафар;

10.Давраҳои бӯҳрони демографии Руссия дар нимаи аввали асри ХХ гузашта буд, нишон диҳед?
A) 1914-1922, 1933-1934, 1941-1945; B) 1905-1907, 1910-1913, 1930-1932; C) 1924-1926, 1937-1939, 1910-1912; D) 1948-1950, 1918-1922, 1915-1920; E) 1934-1940, 1948-1949, 1935-1937;

11.Дар ҳудуди ИДМ, ду ҷумҳуриеро нишон диҳед, ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ тахминан якхеланд?
A) Украина, Белоруссия; B) Молдова, Қирғизистон; C) Тоҷикистон, Қазоқистон; D) Озарбойҷон, ӯзбакистон; E) Гурҷистон, Арманистон;

12.Кадом аз ин давлати ИДМ бо Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад мебошад?
A) Қирғизистон; B) Узбекистон; C) Қазоқистон; D) Озарбойҷон; E) Тоҷикистон;

13.Кадоме аз ин давлатҳо ИДМ шумораи аҳолиашон нисбатан зиёд аст?
A) Узбекистон, Қазоқистон, Украина; B) Арманистон, Қазоқистон, Украина; C) Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина; D) Тоҷикистон, Туркманистон, Гурҷистон; E) Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон;

14.Кадом давлатҳои узви ИДМ зиччии миёнаи аҳолиашон нисбат аз Руссия камтар аст, нишон диҳед?
A) Украина; B) Белоруссия; C) Узбекистон; D) Қазоқистон; E) Арманистон;

15.Кадом ду нимҷазира зиччии баланди аҳолӣ доранд?
A) Қрим ва Апшерон; B) Ямал ва Таймир; C) Манқишлоқ ва Камчатка; D) Кольск ва Коряк; E) Камчатка ва Чукот;
16. Кадом аз ин ҷумҳуриҳои собиқ СССР сатҳи баланди урбанизатсия доранд?
A) Руссия ва Эстония; B) Тоҷикистон ва Гурҷистон; C) Украина ва Литва; D) Узбекистон ва Белоруссия; E) Туркманистон ва Арманистон;

17.Шаҳри калонтарин дар қисми Осиёии ИДМ кадом аст?
A) Новосибирск; B) Тошкент; C) Алма-Ато; D) Боку; E) Киев;

18.Кадом халқият дар ИДМ дар солҳои охир аз сабаби эммигратсия яку якбора кам шуд?
A) карелиягиҳо; B) тоторҳо; C) ингушҳо; D) яҳудиён; E) русҳо;

19.Дар кадом давлати ИДМ теъдоди коркунони хоҷагии қишлоқ нисбати саноат ва сохтмон бештар аст?
A) Украина; B) Белоруссия; C) Қазоқистон; D) Арманистон; E) Тоҷикистон;

20.Дар кадом ҷумҳурии ИДМ русҳо бештар зиндагӣ мекунанд?
A) Украина; B) Белоруссия; C) Тоҷикистон; D) Узбекистон; E) Қазоқистон;

21.Халқҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ дар миқёси ИДМ кадомҳоянд?
A) русҳо, тоҷикҳо, белоруссҳо, украинҳо; B) узбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо; C) абхазҳо, гурҷиҳо, қалмиқҳо, тоторҳо; D) қароқолпоқҳо, тувагиҳо, немесҳо; E) қалмиқҳо, қирғизҳо, қазоқҳо;

22.Кадом мамлакати ИДМ бештар якмиллата аст?
A) Руссия; B) Арманистон; C) Украина; D) Қазоқистон; E) Тоҷикистон;

23. Дар кадом мамлакати ИДМ қисми зиёди аҳолиаш ба гуруҳи забонҳое мансуб аст, ки ба он қисми зиёди аҳолии Осетияи Шимолӣ дохил мешаванд?
A) Гурҷистон; B) Озарбойҷон; C) Тоҷикистон; D) Қирғизистон; E) Қазоқистон;

24.Қисми зиёди аҳолии кадом мамлакатҳои ИДМ пайрави дини исломанд?
A) Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон; B) Гурҷистон, Арманистон; C) Украина, Белоруссия, Россия; D) Латвия, Литва, Эстония; E) Коми, Тува, Якутия, Корелия;

25. Аз кадом намудҳои захираҳои табиӣ, Россия дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол менамояд?
A) ҷангал, ангишт, маъдани оҳан, намаки калий, захираҳои гидроэнергетикӣ; B) нефт, гази табиӣ, фосфорит, сланетсои сӯзанда; C) маъдани мис, тилло, намаки ошӣ, торф; D) маъдани алюминий, руҳ, кадмий, висмут, намаксанг; E) захираҳои меҳнатӣ, захираи хок, энергияи мадду ҷазр;

26.Навъҳои захираҳои табиии тамомшаванда кадомҳоянд?
A) маъдани металлҳо, намак, ангишт, нефт, гази табиӣ; B) ҷангал, энергияи ядроӣ, энергияи офтоб; C) ҳаво, энергияи геотермалӣ, энергияи офтоб; D) об, захираи хок, олами набототу ҳайвонот; E) захираҳои меҳнатӣ, нурҳои офтоб, атом, бод;

27.Захираҳои табиии тамомнашаванда кадомҳоянд?
A) маъданҳои металлҳо, намак, замин, хок; B) энергияи ядроӣ, энергияи офтоб, ҳаво, энергияи геотермалӣ; C) нефт, гази табиӣ, сланетсҳои сӯзанда, ангиштсанг, торф; D) олами ҳайвонот, наботот, ҷангалзор; E) фосфорит, тилло, руҳ, кадмий, сурма;

28.Дар кадом минтақаҳои Россия сохтмони стансияҳои геотермалӣ бартарӣ дорад?
A) Шимолӣ; B) Поволже; C) Волговятка; D) Кафқози Шимолӣ; E) Сибири Шарқӣ;

29.Дар кадом ноҳияҳои Россия барои сохтмони электростансияҳои геотермалӣ имкониятҳо бештар аст?
A) вилояти Мурманск; B) вилояти Свердловск; C) вилояти Тошкент; D) вилояти Амур; E) вилояти Камчатка;

30. Кадом мамлакатҳои ИДМ ҳудуди бештарро ишғол кардаанд?
A) Молдова, Белоруссия, Гурҷистон; B) Украина, Қазоқистон, Туркманистон; C) Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғистон; D) Озорбойҷон, Арманистон, Қароқолпоқистон; E) Абхазия, Коми, Тува;

31.Дар кадом мамлакатҳои ИДМ минтақаҳои алафдор ва чарогоҳҳо қисми зиёди ҳудудашонро ташкил намудаанд?
A) Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон; B) Россия, Украина, Белоруссия; C) Тоҷикистон, Гурҷистон, Молдова; D) Арманистон, Россия, Узбекистон; E) Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон;

32.Дар кадом ҷумҳурии ИДМ конҳои калонтарини намаки ошӣ ҷойгиранд?
A) Молдова; B) Туркманистон; C) Гурҷистон; D) Тоҷикистон; E) Арманистон;

33. Соҳаҳои махсусгардонидашудаи саноати Тоҷикистон кадомҳоянд?
A) саноати сӯзишворӣ, қандистеҳсолкунӣ, либосдузӣ; B) истеҳсоли намак, пойафзол, пашмтозакунӣ; C) чарм, пӯст, равғанкашӣ, гӯшт; D) электроэнергетика, металлургияи ранга, химияи, сабук; E) мошинсозӣ, тракторбарорӣ, автомобил;

34. Соҳаҳои тахаcсусии растанипарварии Тоҷикистонро ёбед?
A) пахтакорӣ, меваҷот, лимӯ, ангурпарварӣ, сабзавот; B) гандум, ҷав, авес; C) зағир, кунҷут, макка; D) чойпарварӣ, чормағз, анор; E) тарбузу харбуза, пиёз, картошка, сабзӣ;

35. Кадом соҳаҳои тахассусии чорводории Тоҷикистонро медонед?
A) бузпарварӣ, мурғпарварӣ; B) асппарварӣ, говпарварӣ; C) гӯсфандпарварӣ, кирмакпарварӣ; D) моҳипарварӣ, занбурпарварӣ; E) хукпарварӣ, қутоспарварӣ;

36. Дар кадом шаҳри Тоҷикистон истгоҳи барқии атомӣ ҳаст?
A) ш.Душанбе; B) ш.Хӯҷанд; C) ш.Кулоб; D) ш.Чкаловск; E) дар ягон шаҳр нест;

38. Конҳои калонтарини маъдани миси Қазоқистон кадомҳоянд?
A) Қараганда, Ҷамбул, Темиртау; B) Балхаш, Коунрад, Ҷезқозғон; C) Алма-Ато, Остона, Текли; D) Аракс, Каспий, Байкал; E) Чортау, Абат, Назарайлоқ;

39. Кули Балхаш, Севан ва Искандаркул дар кадом давлатҳои ИДМ ҷойгиранд?
A) Узбекистон, Туркманистон, Эстония; B) Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон; C) Қирғизистон, Грузия, Озарбойҷон; D) Қарақалпоқ, Руссия, Молдавия; E) Украина, Белоруссия, Латвия;

40. Вилояти Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз кадом захираҳои табиии таҳшин бой аст?
A) торф; B) сланесҳои сӯзанда; C) ангишти коксшаванда; D) нефт; E) гази табиӣ;

41. Дар Чирчиқ, Навоӣ ва Фарғонаи Ҷумҳурии ӯзбекистон кадом намуди маҳсулоти саноати химия истеҳсол карда мешавад?
A) намаки ошӣ; B) намаки глауберӣ; C) нуриҳои азотӣ; D) фосфоритҳо; E) маводи синтетикӣ;

42. Аз ҷиҳати пахтакорӣ ва кирмакпарварӣ кадом ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ҷои якумро ишғол менамояд?
A) Қазоқистон; B) Туркманистон; C) ӯзбекистон; D) Қирғизистон; E) Тоҷикистон;

43. Саноати металлургияи сиёҳи сикли пурра дар кадом шаҳри Тоҷикистон амал мекунад?
A) Хӯҷанд; B) Чкаловск; C) Ҳисор; D) Қурғонтеппа; E) дар ягон шаҳр;

44. Муттаҳидшавии истеҳсолот, ки бо ҳам пайвастагии технологӣ доранд ва коркарди ашёи хом дар як корхона сурат мегирад, чист?
A) комбинатсия шуда; B) махсус гардонида шуда; C) кооператсия шуда; D) консентратсия шуда; E) балансӣ (мувозӣ) ;

45. Раванди тақсимоти ягонаи ҳудудии технологие, ки дар зинаи алоҳида ба вуҷуд меояд ва дар корхонаҳои гуногун амалӣ мегардад, чист?
A) махсусгардонишуда; B) кооператсияшуда; C) консентратсияшуда; D) комбинатсияшуда; E) танзимшаванда (сбалансирования);

46. Корхонаҳое, ки байни ҳамдигар робитаҳои истеҳсолӣ доранд ва дар истеҳсоли маҳсулоти тайёр иштирок мекунанд, чист?
A) кооперативонӣ; B) махсусгардонӣ; C) мувозинатшаванда (сбалансирования); D) консентратсиякунонӣ; E) комбинатсияшуда;

47. Муттаҳидшавии истеҳсолот дар як корхонаи бузург чист?
A) консентратсиякунонӣ; B) кооперативонӣ; C) махсусгардонӣ; D) комбинатсиякунонӣ; E) маҳсулоти тайёр;

48.Дар кадом давлатҳои ИДМ таъминот бо нефт аз ҳисоби истихроҷи худӣ амалӣ мегардад?
A) Туркманистон, Озарбайҷон, Қазоқистон; B) Украина, Белоруссия, ӯзбекистон; C) Молдова, Гурҷистон, Тоҷикистон; D) Арманистон, Эстония, Коми; E) Латвия, Литва, Қирғизистон;

49. Давлатеро нишон диҳед, ки дар ИДМ баъд аз Руссия, аз ҷиҳати ҳаҷми истихроҷи нефт ҷои 2-юмро ишғол менамояд?
A) Озарбойҷон; B) ӯзбекистон; C) Украина; D) Қазоқистон; E) Туркманистон;

50.Марказҳои нефткоркунӣ дар ӯзбекистон ва Туркманистон кадомҳоянд?
A) Туркманбошӣ (Красноводск), Фарғона; B) Тошкент, Ашхобод; C) Самарқанд, Бухоро; D) Навоӣ, Ташауз; E) Тирмиз, Марв;

51. Дар кадом давлатҳои ИДМ истихроҷи гази табиӣ амалӣ мегардад?
A) Украина, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон; B) Молдова, Белоруссия; C) Гурҷистон, Эстония; D) Латвия, Литва; E) Латвия, Эстония, Гурҷистон;

52. Кадом давлатҳои ИДМ талаботи худро бо гази табиӣ аз ҳисоби истихроҷи худ таъмин менамоянд?
A) Туркманистон, ӯзбекистон; B) Тоҷикистон, Қирғизистон; C) Украина, Белоруссия; D) Молдова, Гурҷистон; E) Озарбойҷон, Тоҷикистон;

53. Давлатеро нишон диҳед, ки дар ИДМ баъд аз Руссия оиди ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ ҷои 2-юмро ишғол менамояд?
A) Қазоқистон; B) Туркманистон; C) Украина; D) ӯзбекистон; E) Озарбойҷон;

54. Дар кадом давлати ИДМ ба ҳар як сар аҳолӣ, истихроҷи ҳаҷми бештари газ рост меояд?
A) Руссия; B) Украина; C) Озарбойҷон; D) ӯзбекистон; E) Туркманистон;

55. Самти дурусти газопроводи “Союз”-ро нишон диҳед?
A) Осиёи Марказӣ – Самара – Москва; B) Осиёи Марказӣ – Урал; C) Оренбург (Урал) – Украина – Аврупои Шарқӣ; D) Оренбург – Шарқи Дур; E) Уренгой – Ухта – Белоруссия – Аврупои Шарқӣ;

56. Самти дурусти газопроводи “Прогресс”-ро нишон диҳед?
A) Уренгой (Сибири Ғарбӣ) – Ухта (Шимол) – Белоруссия – Аврупо; B) Газли (ӯзбекистон) – Украина – Африқо; C) Туркманистон – Покистон – Ҳиндустон; D) Қазоқистон – Закавказия – Эстония; E) Уренгой – Тоҷикистон – Афғонистон;

57. Се давлати ИДМ-ро нишон диҳед, ки аз ҷиҳати истихроҷи ангишт пешсафанд?
A) Руссия, Қазоқистон, Украина; B) Тоҷикистон, Белоруссия, Гурҷистон; C) Узбекистон, Туркманистон, Эстония; D) Озарбойҷон, Молдова, Қирғизистон; E) Арманистон, Латвия, Литва;

58. Дар кадом давлати Осиёи Марказӣ, истихроҷи ангишт бо тарзи кушод сурат мегирад?
A) Тоҷикистон; B) Туркманистон; C) Қирғизистон; D) Узбекистон; E) Қазоқистон;

59. Намуди истгоҳи барқиеро нишон диҳед, ки дар ҷойҳое сохтан мумкин аст, ки агар камчинии сӯзишворӣ бошад, вале сохтани он дар ноҳияҳои сераҳолӣ хатарнок аст, зеро садама рух доданаш мумкин?
A) Оловӣ (гармидиҳӣ); B) Гидравликӣ; C) Геотермалӣ; D) Мадду ҷазрӣ; E) Атомӣ;

60. Омилҳоеро нишон диҳед, ки дар баробари ҷойгиркунонии истгоҳи энергетикии атомӣ аҳамияти калон доранд?
A) истеъмолӣ, илмӣ, экологӣ; B) ашёӣ, сӯзишворӣ, меҳнатӣ; C) шароитҳои табиӣ; D) нақлиётӣ, саноатӣ; E) захираҳои меҳнатӣ, шуғл ва хизматрасонӣ;

61. Кадоме аз инҳо истгоҳи барқии атомӣ мебошанд?
A) Смоленск, Балаковск; B) Нововоронежск, Ленинградск; C) Белоярск, Курск; D) Обнинск, Колск; E) ҳамаи инҳо;

62. Кадоме аз ин давлатҳои ИДМ, дар истгоҳҳои обии барқӣ миқдори бештари нерӯи барқ истеҳсол мекунанд?
A) Қирғизистон, Тоҷикистон; B) Қазоқистон, Белоруссия; C) Украина, Узбекистон; D) Молдова, Озарбойҷон; E) Арманистон, Гурҷистон;

63. Дар кадоме аз ин давлатҳо истгоҳи барқии атомӣ мавҷуд аст?
A) Украина; B) Қазоқистон; C) Арманистон, Литва; D) Тоҷикистон; E) Қирғизистон;

64. Давлатеро дар ИДМ нишон диҳед, ки дар он истгоҳҳои барқии геотермалӣ ва мадду ҷазрӣ сохта шудаанд?
A) Руссия; B) Украина; C) Тоҷикистон; D) Туркманистон; E) Гурҷистон;

65. Давлатеро дар ИДМ нишон диҳед, ки дар он истгоҳи барқии офтобӣ сохта шудааст?
A) Руссия; B) Украина; C) Гурҷистон; D) Арманистон; E) Туркманистон;

66. Кадоме аз давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар оянда энергияи офтобро самаранок истифода барад?
A) Тоҷикистон; B) Туркманистон; C) Узбекистон; D) Қирғизистон; E) ҳамаи онҳо;

67. Давлатҳоеро дар ИДМ нишон диҳед, ки дар онҳо истихроҷи маъдани оҳан сурат мегирад?
A) Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон; B) Белоруссия, Узбекистон; C) Тоҷикистон, Белоруссия; D) Молдова, Арманистон; E) Арманистон, Тоҷикистон;

68. Дар кадом аз давлатҳои ИДМ, маъдани оҳан ва ангишти коксдиҳанда истихроҷ мешаванд?
A) Қазоқистон, Украина; B) Арманистон, Озарбойҷон; C) Молдова, Белоруссия; D) Узбекистон, Гурҷистон; E) Тоҷикистон, Туркманистон;

69. Давлатеро дар Закавказия нишон диҳед, ки ягона комбинати металлургии сикли пурра дар ҳамин минтақа мавҷуд аст?
A) Гурҷистон; B) Арманистон; C) Озорбойҷон; D) Абхазия; E) Дар ҳамаи давлатҳо;

70. Давлатеро дар Осиёи Марказӣ нишон диҳед, ки ягона комбинати металлургии сикли пурра дар ҳамин минтақа мавҷуд аст?
A) Қазоқистон; B) Узбекистон; C) Тоҷикистон; D) Қирғизистон; E) Туркманистон;

71. Дар кадом давлатҳои ИДМ, якчанд марказҳои металлургияи сиёҳ мавҷуд аст?
A) Украина, Гурҷистон, Қазоқистон; B) Белоруссия, Узбекистон; C) Молдова, Туркманистон; D) Тоҷикистон, Арманистон; E) Қирғизистон, Озарбойҷон;
72. Омилеро нишон диҳед, ки дар ҷойгиркунонии корхонаи коркарди алюминий таъсири ҳалкунанда мебозад?
A) электроэнергетикӣ; B) ашёӣ; C) меҳнатӣ; D) нақлиётӣ; E) истеъмолӣ;

73. Корхонаи бузургтарини Руссия оид ба истеҳсоли автомобилҳои сабукрав дар кадом шаҳр ҷойгир аст?
A) Ижевск; B) Тольятти; C) Ульяновск; D) Запорожье; E) Москва;

74.Марказҳои тракторсозиро дар давлатҳои ИДМ нишон диҳед?
A) Харьков, Павлодар, Минск; B) Бишкек, Ереван; C) Запорожье, Кременчуг; D) Тбилиси, Душанбе; E) Ашхобод, Тошкент;

75. Номи соҳаи саноати химияро нишон диҳед, ки сулфур ва намак истихроҷ мекунад?
A) химияи кӯҳӣ; B) химияи асосӣ; C) химияи асосии синтези органикӣ; D) химияи полимерӣ; E) химияи истеҳсоли ашёҳои синтетикӣ;

76. Кадом омил дар ҷойгиркунонии корхонаи истеҳсоли нуриҳои каллийгӣ таъсир мерасонад?
A) ашёӣ; B) обӣ; C) меҳнатӣ; D) эелекроэнергетикӣ; E) нақлиётӣ;

77. Дар кадом давлати ИДМ истихроҷи зиёди намаки глауберӣ ба роҳ монда шудааст?
A) Белоруссия; B) Узбекистон; C) Қазоқистон; D) Туркманистон; E) Тоҷикистон;

78. Дар кадом давлати ИДМ тавлидоти зиёди фосфорит, вуҷуд дорад?
A) Узбекистон; B) Тоҷикистон; C) Қазоқистон; D) Озарбойҷон; E) Гурҷиктсон;

79. Дар Қазоқистон кадом намуди ашёи хоми химиявӣ истихроҷ мегардад?
A) фосфоритҳо, намаки ош; B) аппатит, намаки глауберӣ; C) намаки калий, сулфур; D) нефелин, алунит; E) ягон намуди ашёи хоми химиявӣ истихроҷ намегардад;

80. Давлатеро дар ИДМ нишон диҳед, ки аз ҷиҳати парвариши лаблабуи қанд ва истеҳсоли қанд пешсаф мебошад?
A) Руссия; B) Қазоқистон; C) Украина; D) Қирғизистон; E) Узбекистон;

81. Дар кадом давлатҳои ИДМ лаблабӯи қанд парвариш мекунанд?
A) Тоҷикистон, Молдова; B) Қирғизистон, Қазоқистон; C) Узбекистон, Туркманистон; D) Белоруссия, Украина; E) Дар ягон ҷо парвариш намешавад;

82. Дар кадом давлатҳои ИДМ, чой парвариш карда мешавад?
A) Қазоқистон, Арманистон; B) Узбекистон, Тоҷикистон; C) Туркманистон, Украина; D) Гурҷистон, Озарбойҷон; E) Белоруссия, Молдова;

83. Дарёҳоеро нишон диҳед, ки бо ноҳияҳои калони пахтакорӣ дар ИДМ алоқаманд аст?
A) Кура, Вахш, Панҷ, Амударё; B) Днестр, Иртыш; C) Обь, Тоболь, Урал; D) Лена, Ангара, Амур; E) Аракс, Ғунт, Яхсу;

84. Давлатеро дар ИДМ нишон диҳед, ки аз ҷиҳати пахтакорӣ пешсаф аст?
A) Тоҷикистон; B) Туркманистон; C) Озарбойҷон; D) Қазоқистон; E) Узбекистон;

85. Давлатеро дар ИДМ нишон диҳед, ки дар он ноҳияҳои калони чойпарварӣ ва боғдории субтропикӣ ривоҷ ёфтанд?
A) Украина; B) Қирғизистон; C) Қазоқистон; D) Гурҷистон; E) Арманистон;

86. Зироатҳои ғалладонагиеро нишон диҳед, ки он дар заминҳои лалмии Осиёи Марказӣ парвариш карда мешавад?
A) пахта, шолӣ; B) гандум, ҷав; C) зироатҳои полезӣ, чой; D) лаблабӯи қанд, найшакар; E) ҳеҷ чиз парвариш намешавад;

87 Дар кадом давлати ИДМ чорводорӣ бартарӣ дорад?
A) Қазоқистон, Қирғизистон; B) Узбекистон; C) Молдова; D) Белоруссия; E) ин хел давлат нест;

88. Гурӯҳҳое, ки ба соҳаи чорводорӣ мансубанд ва хоси давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, кадомҳоянд?
A) чорвои ширдеҳ, гӯсфандпарварӣ, хукпарварӣ; B) чорвои гӯштдеҳ, паррандапарварӣ, ғаллакорӣ; C) гӯсфандпарварӣ, кирмакпарварӣ, асппарварӣ; D) чорводорӣ, гавазнпарварӣ, занбӯрпарварӣ; E) чунин соҳаҳои чорводорӣ вуҷуд надорад;

89. Дар кадом давлатҳои ИДМ гӯсфандпарварии маҳинпашм ва ниммаҳинпашм нисбатан тараққӣ кардаанд?
A) Гурҷистон, Қирғизистон; B) Қазоқистон, Молдова; C) Узбекистон; D) Тоҷикистон; E) дар ягон давлат нест;

90. Дар кадом давлатҳои ИДМ қароқулпарварӣ нисбатан тараққӣ кардааст?
A) Гурҷистон, Арманистон; B) Руссия, Озарбойҷон; C) Узбакистон, Туркманистон; D) Қирғизистон, Тоҷикистон; E) дар ҳамаи давлатҳои ИДМ;

91. Ба кадом давлати ИДМ чунин соҳаҳои кишоварзӣ хос аст: пахтакорӣ, чойпарварӣ, парвариши мева, ангурпарварӣ, гӯсфандпарварӣ?
A) Озарбойҷон; B) Украина; C) Гурҷистон; D) Арманистон; E) Қазоқистон;

92. Давлатҳоеро дар ИДМ нишон диҳед, ки ба онҳо муҳимтарин намуди нақлиёти автомобилӣ, хос мебошад?
A) Қирғизистон, Тоҷикистон; B) Арманистон, Гурҷистон; C) Озарбойҷон, Қазоқистон; D) Туркманистон, Молдова; E) барои ҳамаи давлатҳои ИДМ;

93. Мамнӯъгоҳҳо ва қуруқҳо бо кадом мақсад ташкил карда шудаанд?
A) Тоза нигоҳ доштани ҳаво; B) Муҳофизати барқароркунии олами набототу ҳайвоноти нодир; C) Барои сайри туристҳо; D) Омӯзиши табиат; E) Гузаронидани мусобиқаи варзишӣ;

94. Кадоме аз ин кӯҳҳо ва қаторкӯҳҳо ба системаи кӯҳии Тён-Шон тааллуқ доранд?
A) Зарафшону Ҳазратишоҳ; B) Ҳисору Ванҷ; C) Қурамаю Муғултоғ; D) Ҷилонтоғу Сарикул; E) Олою-Қаротегин;

95. Кадоме аз ин қаторкӯҳҳо ба системаи кӯҳии Ҳисору Олой тааллуқ доранд?
A) Баботоғу Туркистон; B) Язғулому Шуғнон; C) Рӯшону Ишқошим; D) Сарикулу-Муғулитоғ; E) Қуромаю-Пасиолой;

96. Кадоме аз ин қаторкӯҳҳо ба системаи кӯҳии Помир тааллуқ доранд?
A) Боботоғу, Вахш; B) Қаратоғу-Териклимоғ; C) Туюнтоғу-Қурама; D) Язғулому Ишкошим; E) Рангону Оқтоғ;

97. Биёбони баландкӯҳи Помир дар кадом қисмати Тоҷикистон ҷойгир аст?
A) Ғарб; B) Шарқ; C) Ҷануб; D) Шимол; E) Шимолу Ғарб;

98. Қаторкӯҳи Боботоғ дар байни кадом ду давлат ҷойгир аст?
A) Қазоқистону Узбекистон; B) Узбекистону Қирғизистон; C) Туркманистону Қирғизистон; D) Қазоқистону Тоҷикистон; E) Тоҷикистону Узбекистон;

99. Обҳои минералӣ гуфта кадом обҳоро меноманд?
A) обҳои нушокӣ; B) обҳои шаффоф; C) обҳое, ки дар таркибашон намакҳо, минералҳо ва дигар элементҳои химиявии ҳалшуда доранд; D) обҳои дарёҳо; E) Обҳои равон;

100. Дарёи дарозтарини дохилии вилояти автономии Бадахшони Куҳӣ кадом аст?
A) Ғунд; B) Ванҷ; C) Язғулом; D) Бартанг; E) Музкӯл;

101. Кадом обанбори Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат калонтарин аст?
A) Фарҳод; B) Каттасой; C) Сарбанд; D) Селбур; E) Қайроқум;

102. Кадом обанбори Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳаҷми об калонтарин мебошад?
A) Бойғозӣ; B) Норак; C) Қайроқум; D) Сарбанд; E) Фарҳод;

103. Кадоме аз ин чашмаҳо обаш гарм аст?
A) Сиёма; B) Файзобод; C) Шоҳамбарӣ; D) Ходҷаобигарм; E) Чилучорчашма;

104. Дарозии роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Данғара – Кулоб чанд километр аст?
A) 50 км; B) 300 км; C) 700 км; D) 125 км; E) 100 км;

105. Роҳи автомобилии Мурғоб – Қулма Тоҷикистонро бо кадом давлат мепайвандад?
A) Ирон; B) Афғонистон; C) Хитой; D) Россия; E) Узбекистон;

106. Роҳи автомобилии Кӯлоб – Қалъаи Хумб кадом вилоятҳою ноҳияҳоро ба ҳам мепайвандад?
A) Суғду – Хатлон; B) Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ; C) Хатлону – вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ; D) Суғду вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ; E) Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Хатлон;

107. Туннели ағбаи Анзоб кадом вилоятҳо ва ноҳияҳоро ба ҳам мепайванданд?
A) Вилояти автаноми Бадахшони Кӯҳӣ-Хатлон; B) Хатлону-ноҳияҳои тобеи Хатлон; C) Суғду-ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; D) ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ; E) Хатлону-Суғд;

108. Дарёи Варзоб аз кадом қаторкӯҳ сар мешавад?
A) Қурама; B) Ишқошим; C) Ҳазратишоҳ; D) Боботоғ; E) Ҳисор;

109. Стансияи барқии обии Сангтӯда дар кадом дарё сохта мешавад?
A) Сирдарё; B) Амударё; C) Зарафшон; D) Вахш; E) Бартанг;

110. Маркази географии Тоҷикистон кадом ноҳия ҳисоб меёбад?
A) Ҳисор; B) Хуҷанд; C) Кулоб; D) Дарвоз; E) Помир;

111. Урбанизатсияи аҳолӣ чист?
A) Зиёдшавии аҳолӣ; B) Омӯзиши таркиби миллӣ; C) Муҳоҷирати аҳолӣ аз деҳот ба шаҳрҳо, тараққиёти шаҳрҳо; D) Ҳалли масъалаи бекорӣ; E) Омӯзиши халқҳои ҷаҳон;

112. Илми демография чиро меомӯзад?
A) Ҷойгиршавии аҳолиро; B) Масъалаи бекориро; C) Афзоиши аҳолиро; D) Масъалаҳои иҷтимоиро; E) Ҳамаи масъалаҳои дар пеш нишондодашударо;

113. Масофа аз Замин то Офтоб чанд млн км аст?
A) 147; B) 151; C) 173; D) 261; E) 118;

114. Масофа аз Замин то моҳ чанд ҳазор км аст?
A) 134,4; B) 122; C) 751; D) 384; E) 211;

115. Замин дар чанд вақт дар гирди меҳвараш як бор давр мезанад?
A) 22 с 11 дақиқа; B) 23 с 56 дақиқа; C) 20 с 4 дақиқа; D) 25 соат; E) 26 соат;

116. Замин дар гирди Офтоб дар чанд шабонарӯз як бор давр мезанад?
A) 210 шабонарӯз; B) 179 шабонарӯзу 9 соат; C) 365 шабонарӯзу 6 соат; D) 381 шабонарӯз; E) 371 шабонарӯз;

117. Кадом хат қутбро бо ҳам мепайвандад?
A) экватор; B) параллел; C) уфуқ; D) меридиан; E) релеф;

118. Кадом хат аз миёнаи Замин гузашта онро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад?
A) параллел; B) экватор; C) меридиан; D) уфуқ; E) релеф;

119. Қаторкӯҳи баландтарини ҷаҳон кадом аст?
A) Кордилер; B) Анд; C) Ҳиндукуш; D) Ҳимолой; E) Помир;

120. Баландии қуллаи Ҷамолунгма чанд метр аст?
A) 8848; B) 7411; C) 7316; D) 7221; E) 9011;

121. Қуллаи баландтарини кӯҳҳои Алп кадом аст?
A) Этна; B) Монблон; C) Гекла; D) Вазувий; E) Элбрус;

122. Қуллаи баландтарини кӯҳҳои Помир кадом аст?
A) Исмоили Сомонӣ; B) Ленин; C) Чогори; D) Федченко; E) Фортамбек;

123. Қуллаи баландтарини кӯҳҳои Кордилер кадом аст?
A) Орисаба; B) Котопахи; C) Аконкагуа; D) Мак-кинли; E) Гекла;

124. Дарёи Нил дар кадом материк ҷойгир аст?
A) Евроосиё; B) Америкаи шимолӣ; C) Америкаи Ҷанубӣ; D) Австралия; E) Африка;

125. Дарёи Нил ба кадом баҳр ҷорӣ мешавад?
A) Сурх; B) Эгей; C) Азов; D) Миёназамин; E) Сиёҳ;

126. Дарёи Нилро кӣ кашф кардааст?
A) Ливингстон; B) Миклухо-Маклаӣ; C) Амундсен; D) Скот; E) Лазерев;

127. Дарёи ифлостарини ҷаҳон кадом аст?
A) Янсзы; B) Волга; C) Нил; D) Амазонка; E) Миссисипи;

129. Сатҳи барҷастае, ки дорои қулла, теға ва баландӣ мебошад чист?
A) теппа; B) кӯҳ; C) ҳамворӣ; D) пастӣ; E) уфуқ;

130. Моҳҳои гармтарин дар Австралия кадомҳоянд?
A) июл-август; B) март-апрел; C) январ-феврал; D) октябр-ноябр; E) август-сентябр;

131. Моҳҳои хунуктарин дар Австралия кадомҳоянд?
A) июл-август; B) март-апрел; C) январ-феврал; D) октябр-ноябр; E) август-сентябр;

132. Сохти дохилии Замин аз чанд қабат иборат аст?
A) 1; B) 5; C) 3; D) 4; E) 8;

133. Қабати санги кураи Замин кадом аст?
A) Атмосфера; B) Биосфера; C) Литосфера; D) Ноосфера; E) Гидросфера;

134. Қабати поёнии Атмосфера кадом аст?
A) тропосфера; B) стротосфера; C) лизосфера; D) экзосфера; E) ноосфера;

135. Пардае, ки Заминро аз мавҷҳои зараррасони офтоб ҳифз мекунад кадом қабат аст?
A) азонӣ; B) уфуқ; C) диаграмма; D) литосфера; E) Атмосфера;

136. Бухоршавӣ дар кадом навъи иқлим зиёд аст?
A) Антарктикӣ; B) Мӯътадил; C) Арктикӣ; D) Тропикӣ; E) Экваторӣ;

137 Кӯҳҳои яхине, ки дар баҳру уқёнусҳо шино мекунанд, чӣ ном доранд?
A) айсберг; B) фён; C) бора; D) торнадо; E) смерч

138. Тамоми ноҳамвориҳои сатҳи Заминро чӣ меноманд?
A) фишор; B) релеф; C) иқлим; D) дарё; E) кӯҳ;

139. Сатҳи фарохе, ки аз 200 то 500 м баландӣ дорад чист?
A) кӯҳ; B) теппа; C) ҳамворӣ; D) баландӣ; E) вулкан;

140. Дарёи дарозтарини Руcсия кадом аст?
A) Амур; B) Енисей; C) Волга; D) Обь; E) Лена;

141. Дарёи ифлостарини Россия кадом аст?
A) Волга; B) Дон; C) Амур; D) Лена; E) Обь;

142. Шаршараи баландтарини ҷаҳон кадом аст?
A) Ливингстон; B) Ингуасу; C) Ниагара; D) Анхел; E) Виктория;

143. Шаршараи Анхел дар кадом давлат аст?
A) Куба; B) ШМА; C) Бразилия; D) Аргентина; E) Венесуэла;

144. Кадом материкро “Яхдони Замин” меноманд?
A) Австралия; B) Африка; C) Евроосиё; D) Америкаи шимолӣ; E) Антарктида;

145. Материки бе дарё кадом аст?
A) Австралия; B) Африка; C) Антарктида; D) Осиё; E) Европа;

146. Ҳарорати хунуктарин дар кадом материк мушоҳида мешавад?
A) Африка; B) Осиё; C) Америкаи Ҷанубӣ; D) Австралия; E) Антарктида;

147. Қисми ба назар намоёни маҳалро чӣ меноманд?
A) уфуқ; B) куҳ; C) ҳамворӣ; D) теппа; E) баландӣ;

148. Таконҳои зеризаминиро чӣ меноманд?
A) куҳ; B) вулкан; C) литосфера; D) нефт; E) зилзила;

149. Ченаки харита чист?
A) масштаб; B) арз; C) тӯл; D) меридиан; E) параллел;

150. Илми хариташиносӣ кадом аст?
A) петрография; B) топографӣ; C) география; D) картография; E) орфография;

151. Харитаҳое, ки як маҳаллро меомӯзанд кадомҳоянд?
A) топографӣ; B) сиёсӣ; C) иқлим; D) табиӣ; E) хок;

152. Тағйирёбии ҳарорати ҳаворо чӣ меноманд?
A) релеф; B) иқлим; C) уфуқ; D) боришот; E) фишор;

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …