Главная / Биология / Саволҳо аз фани ботаника

Саволҳо аз фани ботаника

  1. МУАЙЯН КАРДАНИ РАСТАНИҲО

Барои муайян намудани ном ва мавқеи таснифотии онҳо китоби махсусе ҳаст, ки онро “Муайянкунандаи растаниҳо” меноманд. Барои муайян кардани растанӣ аломатҳои хоси сохти берунии растанӣ ва истилоҳҳои ба онҳо далхдорро нағз донистан лозим аст.

Аз рӯи факту (далелу) рақамхои муайянкунандаи дар китоб дарҷгардида аввал оила, баъд авлод ва намуди растаниро муайян кунед. Ҳар як фасли аломатҳои хоси ба оила, авлод, намуд мансуббуда ду тараф (ё ҷиҳат) дорад ё аз ду қисм иборат аст: теза ва антитеза. Ҳар кадом рақами маҷмӯи аломатҳои хоси узвҳои растаниро дарбаргиранда агар ба вазъи аломатҳо мувофиқат кунад, ба нишондоди рақами теза нигоҳ карда, аз рӯи он муайянкуниро давом додан лозим аст.

Агар нишонаҳои (аломатҳои) дар теза омада ба аломатҳои растании номаълум мувофиқ наафтад, он гоҳ ба рақами дар поён омада ё антитеза нигоҳ карда, муайянкуниро аз рӯи рақамҳои нишондодаи он давом диҳед.

Аз рӯи навишгаҷоти болоӣ амал карда, растании дар даст доштаатонро бо истифодаи китоби “Муайянкунандаи растаниҳо”, муайян кунед.

Барои ин сохти гулро аз назар гузаронед ва дақиқ омӯзед. Тавсифи онро ба тавсифи теза муқоиса кунед; агар аломатҳои растанӣ ба теза мувофиқат накунанд, онро бо антитеза муоина намоед. Барои ин ба фасли дигар назар кунед ва аломатҳои хоси узвҳоро бо тавсифи китоб муқоиса кунед ва ғайраҳо. Чунин пайдарҳамии муайян кардани ҳар кадом хели растаниро нависед. Дар охир номгӯи растаниҳои муайянкардаатонро тартиб диҳед. Номи оила, авлод ва хели растаниҳои муайянкардаатонро дар хотир нигоҳ доред.

СОХТИ ТАНАМЕВАИ ЗАНБӮРУҒҲОИ ТЕЛПАКЧАДОР

  1. Танамеваи ягон занбӯруғи телпакчадори дар маҳалли зистатон мерӯидагиро аз назар гузаронед. Ба ин мақсад;метавонед аз муляжи тайёр истифода баред. Аломатҳои хоси онҳоро муайян кунед.
  2. Ба хусусиятҳои сохти қисми гюёиии телпакчаи занбӯруғҳои гуногун шинос шавед. Аз рӯи сохт ва аломатҳои хосашон онҳоро ба ду гурӯҳ: лавҳагӣ ва найчагӣ ҷудо кунед.
  3. Бо ёрии муаллим ва аз рӯи расми занбӯруғҳои дар китоби дарсӣ инъикосшуда, занбӯруғҳои маҳалли зистатонро ба гурӯҳҳои занбӯруғҳои хӯрданибоб ва заҳрнок ҷудо кунед. Ва ба чораҳои эҳтиётӣ қатъиян риоя кунед ва аз занбӯруғҳои заҳрнок барҳазар бошед.

ОМУЗИШИ ПУПАНАКЗАНБУРУҒИ МАҒОР

  1. Аз пӯпанакзанбӯруғи мағори дар болои нон пайдошуда бо сӯзани махсус як бандчаи риштаҳои онро гирифта, дар болои шишачаи ашёгузор гузошта, микропрепарат тайёр кунед.
  2. Микропрепаратро бо пурбиии хурд ва калони микроскоп бубинед. Риштаҳои шохаронда, спорангия ва спораҳоро нишон диҳед.
  3. Расми сохти занбӯруғи мағорро кашед ва қисмхои асосии онро номбар кунед.
  4. МУОИНАИ КОЛЛЕКСИЯИ ГУЛСАНГҲО

(таҷриба оид ба исботи он, ки гулсанг аз занбӯруғ ва обсабз ташаккул ёфтааст)

  1. Бо истифодаи коллексия ба гуногуншаклии гулсангҳо шинос шавед. Аломатхои монаид ва фарқноки онҳоро нишон диҳед.
  2. Аз пояи гулсанги бутташакл ба таври кӯндалангӣ буриши тунук тайёр кунед. Онро ба болои шишачаи ашёгузор гузош- та, бо чакрарез як қатра об чаконда, бо шишапардача пӯшонед. Сипас, бо пурбини хурд ва калони микроскоп бубинед. Ва аз кадом организмҳо таркиб ёфтани гулсангро муайян кунед.
  3. Натиҷаи таҷрибаи гузарондаатонро ботаҳаммулона таҳлил карда, хулоса бароред.
  4. Дар дафтаратон шаклҳои гуногуни гулсангро нақшбандӣ кунед. Сохти буриши кӯндаланги онро аз рӯи нишондоди микроскоп дар дафтаратон тасвир кунед.

Дигар саволхо

ТАҶРИБАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ

СОХТИ ОБСАБЗҲОИ РИШТАМОНАНДИ БИСЁРҲУҶАЙРА

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …