Главная / Гуногун / Саволҳои санҷишӣ барои ба кор даромадан ба Бонк

Саволҳои санҷишӣ барои ба кор даромадан ба Бонк

Талаботҳо ба саволҳои тестӣ:

  • Истифода аз воситаҳои ёрирасон, аз он ҷумла калкулятор манъ аст.
  • Овардани ҳар гуна маводҳои таълимию дастурӣ ва инчунин ҳамроҳ овардани ҷуҷҷатҳои тестӣ манъ аст.
  • Танҳо аз коғазҳои тестӣ истифода шавад.
  • Ҳангоми гуфтугў бо дигарон, ё бо нияти руйбардор намудан, шуморо аз имтиҳон берун карда мешавед.
  • Бо диққат ҳамаи саволҳоро хонед ва ҷавобҳои худро дар ҷойҳои ишорашудаи холӣ, посухи худро гузоред.
  • Ба саволҳо мухтасар ва бо ҳусни хатти хондашаванда нависед;
  • Барои ҳар як ҷавоби мусбӣ (дуруст) як холл дода мешвад;
  • Барои ба саволҳо ҷавоб додан 60 дақиқа дода мешавад !

НАМУНАИ САВОЛҲО:

1) Барои чӣ номзадии худро барои гузаштан ба Бонк пешбарӣ намудед?   Сабаби хоҳиши дар ихтисоси нав фаъолият намуданатонро дарҷ намоед.

2) Мисолҳоро ҳалл намоед:

  1. a) 8 + 11 – 3 – 5 + 5 + 2 / 3 –1 *4=
  2. c) 15 %-и адади 200-ро тањр намоем, чанд мешавад?

3). Мазмуни истилоҳи  «Дороиҳо» дар Бонк чист? (Активы).

4). Мазмуни истилоҳи  «Ўҳдадориҳо» дар Бонк чист? (Пассивы);

5). Фоида аз фоидаи соф чи фарқият дорад?

6). Сармояи Бонкро бо кадом роҳ зиёд кардан имконпазир аст?

7). Ба назари шумо дар Бонк кадом намуди камбудиҳо бештар вомехуранд ва роҳҳои ҳалли онро дар чӣ мебинед?

8). Хароҷотњои асосии Бонк кадомҳоянд ?

9). Даромадҳои асосии Бонк кадомҳоянд ?

10). Тахлил чист ва барои чӣ Бонк онро истифода мебарад? (Ҷавобро ба забони руссӣ нависед);

11). Шартҳои асосии қарздиҳиро номбар намоед.

12). Агар роҳбаратон ба шумо супориш надиҳаду назорат ҳам нанамояд пас фаъолияти худро чи тавр ба роҳ мемонед?

13). Дар ҳолатҳои лозима аз рељаи корӣ зиёдтар дар кор буданро то чи андоза амалӣ карда метавонед?

14). Кадом шароити корӣ ва ё кадом омилҳоро дар Ҷойи нави корӣ вохўрадан бароятон писанд нест ?

 

Ному насаб ва имзо ___________

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …