Главная / Маданият ва санъат / Савоб чист? Амали андак ва подоши зиёд!

Савоб чист? Амали андак ва подоши зиёд!

Имом Бағавӣ (paҳ) бо зикри санадаш ҳадисеро ривоят намудааст, ки: Расулуллоҳ (с) фармуд: Ҳар шахсе, ки баъд аз ҳар намозе сураи «Фотиҳа», «Ояту-л-Курсӣ» ва ду оят аз сураи «Оли Имрон»-ро бихонад, Худованд мефармояд: ҷояшро дар биҳишт ва ӯро дар Ҳазирату-л-қудс ҷой хоҳам дод ва рӯзона сад маротиба ба сӯяш ба назари раҳмат нигоҳ хоҳам кард ва ҳафтод ҳоҷати вайро бароварда хоҳам сохт ва аз ҳар ҳасуду душман ӯро паноҳ хоҳам дод ва ӯро бар онон ғолиб хоҳам намуд. Он сураҳову оятҳо ин аст:

Сураи «Фотиҳа»

Аузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ал-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин. Ар-Раҳмони-р-Раҳим. Молики явми-д-дин. Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин. Иҳдина-с-сирота-л-мустақима, сирота-л-лазина анамта алайҳим, ғайри-л-мағзуби алайҳим вала-з-золлин. (Омин).

Ояту-л-Курсӣ

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюм. Лo таъхузуҳу синату-в-ва ло навм, лаҳу мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз. Ман за-л-лазӣ яшфаъу индаҳу илло биизниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум, ва ло юҳитуна бишайъи-м-мин илмиҳи илло бимошоъ. Васиа курсийюҳу-с-самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуҳу ҳифзуҳумо ва Ҳува-л-Алийю-л-Азим.[1]

Шахсе, ки «Ояту-л-Курсӣ»-ро пас аз ҳар намоз бихонад, ӯро ғайр аз марг чизи дигаре аз дохили ҷаннат шудан монеъ нагардад.

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Шаҳидаллоҳу аннаҳу ло илоҳа илло Ҳува ва-л- малоикату ва улу-л-илми қоима-м-би-л-қисти, ло илоҳа илло Ҳува-л-Азизу-л-Ҳаким.[2]

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Қулиллоҳумма Молика-л-мулки туъти-л-мулка ман ташоу ва танзиъу-л-мулка ми-м-ман ташоу ва туъиззу ман ташоу ва тузиллу ман ташоу би ядика-л-хайру иннака ало кулли шайъин Қадир. Тулиҷу-л-лайла фӣ-н-наҳори ва талиҷу-н-наҳора фӣ-л-лайли ва тухриҷу-л-ҳайя мина-л-майити ва тухриҷу-л-майита мина-л-ҳайи ва тарзуқу ман ташоу би ғайри ҳисоб.[3]

Эҳсоноти бузург бар уммати исломи ба тавассути Ҳазрати Фотима (раз)

Ҳазрати Сувайид ибни Ғафала (paҳ) мефармояд: Як маротиба ба Ҳазрати Алӣ (раз) тангдастӣ воқеъ гардид, ба Ҳазрати Фотима (раз) фармуд:

  • Пеши Расулуллоҳ (с) бирав ва миқдоре чиз бихоҳ.

Чунончи Ҳазрати Фотима (раз) пеши Расулуллоҳ (с) рафт ва дар он вақт Умми Айман ҳам дар он ҷо ҳузур дошт. Вақте Ҳазрати Фотима (раз) дарро зад, Расулуллоҳ (с) ба Умми Айман (раз) гуфт:

  • Ин дар задани Фотима (раз) мебошад, маълум нест барои чӣ алъон ба ин ҷо омадааст? Қаблан дар ҳамчунин вақте намеомад.

Вақте Ҳазрати Фотима (раз) дохили хона гардид, арз намуд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), хӯроки фариштагон «Ло илоҳа иллаллоҳу, субҳоналлоҳи, ва-л-ҳамду лиллоҳ» гуфтан аст ва хуроки мо чӣ мебошад?

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Савганд ба он зоте, кӣ маро ба ҳақ фиристодааст, дар ҳеҷ маконе аз хонаҳои Муҳаммад (с) аз муддати сӣ рӯз аст, ки ҳеҷ оташе равшан нагардидааст. Дар назди мо чанд адад гусфанд оварда шудааст, агар мехоҳӣ, панҷ адад гусфандро ба ту медиҳам варна агар мехоҳӣ, ба ту ҳамон панҷ калимаеро хоҳам омӯзонид, ки Ҳазрати Ҷабраил ба ман омӯзонидааст.

Ҳазрати Фотима (раз) гуфт:

  • Ман гусфандро намехоҳам. Ҳамон калимотеро, ки Ҳазрати Ҷабраил ба ту омӯзонидааст, ба ман биёмӯзон.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Ин тавр бигӯ:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ё Аввалу-л-аввалина. Ва ё Охиру-л-охирина. Ва ё За-л-қуввати-л-матини. Ва роҳима-л-масокини. Ва ё Арҳама-р-роҳимина.

Пас Ҳазрати Фотима (раз) ба хонааш ташриф бурд. Ҳазрати Алӣ (раз) ҷӯё шуд, ки:

  • Чӣ шуд?

Фармуд:

  • Аз пеши ту ба хотири гирифтани дунё рафтам, аммо аз он ҷо охиратро овардаам.

. Ҳазрати Алӣ (раз) гуфт:

  • Бинобар имрӯз беҳтарин рӯзи ту мебошад.

[1] Сураи Бақара, ояти 255.

[2] Сураи Оли Имрон, ояти 18.

[3] Сураи Оли Имрон, оятҳои 26-27.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …