Главная / Гуногун / Cавганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cавганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хизмат менамоям».

Дар матни савганд самтҳои асосии фаъолияти Сарвари давлат зикр шудаанд. Ин вазифаҳоро ба гурўҳҳои зерин тасниф кардан мумкин аст: якум, вазифаҳое, ки ба ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар алоқаманданд. Дуюм, кафолату таъмини ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандон. Сеюм – ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва чаҳорум, вазифаҳое, ки аз хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон бармеоянд.

savgand

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рамзҳо мебошад, ки онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (30 июни соли 2006 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст) муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 1 Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст. Қисми чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён»-чаҳор қисми гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ-ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як», Шери болдор ва Шаддаи зарин иборат мебошад.

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгўшаи сурх, ки аз ёқути сурх сохта шудааст, ҷойгир буда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ба вазифа шурўъ намудан ва баъд аз савганд ёд кардан аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Дар маросими ба вазифа шурўъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ў афрохта мешавад.

Таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад, манъ аст. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани иҷрои ваколатҳои Президент дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, алоқа бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, парламент ва ғайра Президент аз хизмати гурўҳи мушовирони давлатӣ истифода мебарад. Вазъи ҳуқуқии мушовирони давлатӣ дар Низомнома дар бораи мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардидааст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

promex

Типографияи ПРОМЕХПО (PromExpo) дар шаҳри Душанбе

Типографияи ПРОМЕХПО (PromExpo) дар шаҳри Душанбе яке аз куҳантарин ташкилоти шахсии матбуотӣ ба ҳисоб рафта …