Главная / Гуногун / Савдо дар асрҳои 16-18

Савдо дар асрҳои 16-18

Савдои дохилӣ ва берунӣ тараққӣ кард. Мисли асрҳои гузашта бо қабилаҳои кӯчманчии ҳамсоя ва давлатҳои Хиндустону Хитой алоқаҳои мӯътадили тиҷоратӣ давом мекард. Дар асри XVII тиҷорати байни Русия ва Осиси Миёна авҷ гирифт. Аз як мамлакат ба мамлакати дигар корвонҳои зиёде ҳаракат доштанд.

Дар ҳар навбат ба Бухоро ё шаҳри калони дигар садҳо, баъзан зиёда аз ҳазор уштурҳои пурбор ворид мешуданд. Роҳҳои корвонгузар даштҳои Қазоқистон дар қисмати шимол буд, ки ба шаҳрҳои соҳили Волга ва Сибир дар қисмати шимоли ғарбӣ ба Ҳоҷитархон (Асғархан) мебурд. Ба воситаи водии Фарғона корвонҳо ба сӯи Қошғар ва Синҷон ҳаракат мекарданд. Роҳи тиҷоратӣ бо Ҳиндустон аз Балх ва Кобул гузашта ба Пешовар, Банорас, вилояти Дакан ва дигар шаҳру вилоятҳои ин мулк мерафт.

savdo-19-vek

Аз Русия ба Осиёи Миёна пӯст, чарм, моҳут, намудҳои гуногуни асбобҳои рӯзгор (элак, сатил, сандуқ), молҳои заргарӣ (ҳалқа, мӯҳра, сӯзан, сӯзанак, ангуштпона мех меоварданд. Тоҷирони Осиёи Миёна ба Русия матоъҳои пахтагӣ, шоҳӣ, камонҳом бухорӣ, гилем, меваи хушк мебурданд.

Аз Хитой бештар шоҳивор, асбобҳои чинӣ, дорувор, чой, аз Ҳиндустон—сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо, дурр, дока, ресмон ва матоъҳои зардӯзӣ, рангубор, моддаҳои хушбӯй (атриёт) ба бозорҳои Осиёи Миёна ворид мешуданд. Як қисми онҳо аз Бухоро ба Русия ва дигар мамлакатҳои европоӣ бурда мешуд.

Аксар ҳокиму хонҳои мамлакатҳои номбурди барои ривоҷу равнақи савдои берунӣ чораҳо меандешиданд. Дар роҳҳои корвонгузар чоҳҳои об канда, корвонсаройҳо бино мекарданд ё худ аз молҳои тиҷоратӣ боҷро кам мекарданд. Аммо қабилаҳои бодиянишини роҳзан корвонро ғорат мекарданд.

Баробари ривоҷи муносибатҳои тиҷоратӣ робитаҳои дипломатӣ низ инкишоф меёфт. Баъзан тоҷирон вазифаи дилломатиро дар ӯҳда доштанд ва супориши султони худро адо менамуданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …