Главная / Гуногун / САРРАЁСАТИ КОНСУЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ

САРРАЁСАТИ КОНСУЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ

Раёсати консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои-меъёрии ҳуқуқии зерин раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд: 

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» аз 1 феврали соли 1996, № 230;
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004, №19;
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», аз 20 июли соли 2006, №226;
  4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ вашахсони бешавҳрвандӣ» аз 27 феврали соли 2009, № 122;
  5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои мавҷуда» аз 2 ноябри соли 2007,№546.

Бинои консулгари: Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, кӯчаи Пушкина 34

Сарраёсати консулии Вазорати корхои хоричиРаводидҳо ба навъҳои зерин тақсим шуда, вобаста ба мақсади вуруд ва будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои зерини шаҳрвандони хориҷӣ дода мешаванд:

а) дипломатӣ (Д) – ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ, кормандони мақомоти сиёсати хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ, кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки статуси дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нозироне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаи шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд.

б) хизматӣ (Х) – ба аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, кормандони техникӣ-маъмурӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ, хизматчиёни консулӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонии муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки бо худ почтаи дипломатӣ доранду, шиносномаи дипломатӣ надоранд, консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хизматӣ бо супориши вазорату идораҳои давлати хориҷӣ, новобаста аз навъи шиносномаҳояшон ва инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

в) сармоягузорӣ (С) – ба роҳбарони ширкату корхонаҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, ки бо мақсади корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд ва онҳое, ки ба таври воқеӣ дар сармоягузории иқтисодиёти Тоҷикистон иштирок менамоянд, намояндагони зинаи роҳбарикунандаи ширкату корхонаҳои бузург, ки дар бозори Тоҷикистон кор мекунанд ё нақшаи реалии рушди лоиҳаҳои сармоягузориро доранд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

г) корӣ (К) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои корӣ (иштирок дар гуфтушунидҳои корӣ, маҷлисҳо, симпозиумҳо, форумҳо, конференсияҳо, тендерҳо, бастани қарордодҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯзиши бозори тоҷик, иштирок дар музоядаҳо, намоишгоҳу ярмаркаҳо, хизматрасонии машваратӣ ва аудитӣ вағ.) ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд;

д) меҳнатӣ (М) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнат, аз он ҷумла, дар асоси шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ташриф оварданианд ва аъзои оилаи шахсони номбурда;

е) туристӣ (Т), аз ҷумла гурӯҳӣ – ба шаҳрванди хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист ташриф меоранд ё ба гурӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади туристӣ бо ташкили гурӯҳ (на камтар аз 5 нафар ва на зиёда аз 50 нафар) ташриф меоранд.

ж) таҳсилии академӣ (О-1) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда;

з) таҳсилӣ (О-2) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил, таҷрибаомӯзии таҳсилӣ, коромӯзӣ, бо мақсади дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ, курсҳои муваққатӣ оид ба омӯзиши забон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

и) хусусӣ (ХС) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба меҳмонии хешовандону шиносон, истироҳат, муолиҷа ва дигар мақсадҳои характери шахсӣ дошта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд;

к) минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – сармоягузорҳо, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро ба амал мебароранд;

л) нақлиётӣ (Н) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боркашонии байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд;

м) барои истиқомати доимӣ (ИД) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, то гирифтани иҷозати иқомати доимӣ;

н) экипажи киштии ҳавоӣ (Л) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – ҳавонавардон, штурманҳо, пешхизматони киштии ҳавоӣ, муҳандисҳо ва дигар аъзои экипажи киштии ҳавоӣ;

о) воситаҳои ахбори омма (Ж) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – мухбирон, наворбардорон, рӯзноманигорон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

п) ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ХШ) – ба шаҳрванди хориҷӣ, ки ҳамсари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инчунин ба фарзандони онҳо аз никоҳи якҷоя ва пештара, писархонддухтархондшудагони шахсони номбурда;

р) варзишгарон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ (ВХ) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, машқҳои амалӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва тайёрӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданианд ва ё шудаанд;

с) табширӣ (ТД) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҳисоби кормандони ташкилотҳои динӣ, ки фаъолияти хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда истодаанд ё карданианд;

т) башардӯстона (Б) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади овардан ё ҳамроҳӣ намудани борҳои кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд;

у) тиҷоратӣ (ТИ) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ машғуланд;
Таҳти маҳфуми аъзои оила тибқи Қоидаҳои мазкур фаҳмида мешаванд: ҳамсар, фарзандон, писархондшудагондухтархондшудагони шаҳрванди хориҷӣ.
Ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани раводид пешниҳод менамояд ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мӯҳлати додани раводид

Барои гирифтани раводид ба мақомоти ваколатдори давлатӣҳуҷҷатҳои зерин дар асл ва як нусха пешниҳод карда мешаванд:

– шиносномаи ҳақиқии хориҷӣ (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ, шиносномаи Созмони Милали Муттаҳид, шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандӣ) ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро муайян мекунад ва ҷои махсус барои часпонидани стикерҳои раводид дошта бошад;

Шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод карда мешавад, набояд ҳақиқӣ буданаш ва мансубият ба соҳибаш шубҳанок бошад, қайд, навиштаҷот, огоҳӣ, тозакунӣ ва ислоҳкуниҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ тасдиқнашуда бошад, набояд варақҳои кандашуда ва чокшуда дошта бошад, бояд на камтар аз 2 варақи тозаро, ки барои раводид пешбинӣ шудааст, доро бошад, мӯҳлати эътибори он, чун қоида, набояд пештар аз 6 моҳ аз охири мӯҳлати амали раводид ба итмом расида бошад;

– анкетаи раводидии пуркардашуда дар шакли муқарраршудаи Замимаи 2 баҚарори мазкур бо сурати часпонидашуда, ки ба талаботи Замимаи 3 ба Қарори мазкур мувофиқ бошад (ба истиснои сарони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбари ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ).

Анкетаи раводид хоно аз даст бо ҳуруфоти чопӣ, ё ин ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба таври компютерӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ё забони давлати иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда шуда, аз ҷониби аризадиҳанда шахсан ба имзо расонида мешавад.

Дар ҳолати пур кардани анкета аз ҷониби шахси дигар, дар анкетаи раводид бо имзои шахси анкетаро пуркарда ва муносибати ӯба аризадиҳанда қайд карда мешавад.

Анкетаи кӯдакони ноболиғ аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо, ки ҳамроҳ сафар доранд, пур шуда, ба имзо расонида мешавад.

Дар ҳолати пур шудани анкетаи раводид аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ ё ғайриҳукуматӣ, ки статуси дипломатӣ надорад, дар хоначаи «сана ва имзо» (саволи 31) анкетаи раводид мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти дархосткунанда монда мешавад;

– расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ (дар ҳолати супоридани ҳуҷҷатҳо – барои баррасӣ ва баъди қабули қарори дахлдор дар бораи додани раводид – барои барасмиятдарорӣ);

– нусхаи раводиди аввалаи (қаблӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раводиди қаблӣ асос барои додани раводиди нав мешавад.

– дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани раводид ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ, бағайр аз навъҳое, ки дар зербандҳои «а,б,в,т» банди 2.1. ишора шудаанд, маълумотномаи тиббӣдар бораи ташхиси тиббӣба вируси масъунияти бадани одам (ВИЧСПИД) аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомати шаҳрванди хориҷӣ.

Ба ғайр аз хуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, вобаста ба навъи раводид аризадиҳанда бояд чунин ҳуҷҷатҳои иловагиро пешниҳод намояд:

а) барои гирифтани раводиди дипломатӣ – ёддошти мақомоти сиёсати хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ дар бораи додани раводиди дахлдор ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводидҳои дипломатиро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз ду сол медиҳанд;

б) барои гирифтани раводиди хизматӣ – ёддошти мақомоти сиёсати хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, мактубҳои дархостии мақомоти давлатии кишвари иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мактубҳои дархостии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ раводиди хизматиро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз ду сол дода метавонад. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди хизматиро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз як сол медиҳанд;

в) барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ зарур аст, ки ҳаҷми сармоя на камтар аз 500 000 доллари ШМА бошад, муроҷиатномаи ширкатҳои бузурги хориҷӣ ё Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тафтиши пешакӣ аз «Рӯйхат…». Раёсати консулии ВКХ ҶТ раводиди сармоягузориро ба мӯҳлати то се сол медиҳад. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди сармоягузориро ба мӯҳлати то ду сол, бо огоҳикунонии ВКХ ҶТ дар мӯҳлати 24 соат оид ба додани ин навъи раводид, медиҳанд.

г) барои гирифтани раводиди корӣ – дархости шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои тиҷоратии хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон. Навъи раводиди мазкур тағйир дода намешавад ва бояд қатъиян бо мақсади вуруди шаҳрванди хориҷӣ мутобиқ бошад. Дар ҳолати мувофиқ набудани мақсади вуруд ба навъи раводиди мазкур, будубоши минбаъдаи шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номатлуб мебошад.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди кориро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз як сол бо инобати тамдиди минбаъдаи он медиҳанд;

д) барои гирифтани раводиди меҳнатӣ – дархости ташкилоти даъваткунанда ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид, бо нишон додани мақсади вуруд ва мӯҳлати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқии ба иҷро расонидани корҳо (хизматрасонӣ).

Дар ҳолати дархости шахси воқеӣ оид ба додани раводиди меҳнатӣ ба шаҳрванди хориҷӣ иловатан огоҳиномаи мақомоти корҳои дохилии маҳалли ба иҷро расонидани корҳо (хизматрасонӣ) талаб карда мешавад.

Шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқии ба иҷро расонидани корҳо (хизматрасонӣ), ки бар хилофи талаботҳои қонунгузории гражданӣ ба расмият дароварда шудааст, ҷиҳати баррасӣқабул карда намешавад.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводидҳои меҳнатиро ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ медиҳанд. Тамдид намудани раводиди меҳнатӣ аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва дар асоси иҷозатнома барои фаъолияти меҳнатӣ, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва ба мӯҳлати амали иҷозатнома ба амал бароварда мешавад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

е) барои гирифтани раводиди туристӣ – дархости ташкилотҳои туристӣ дар бораи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд, хатсайри ҳаракат ва мӯҳлати иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои амалӣ намудани фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) доранд.

Дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони давлатҳое, ки дар Замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур омадаанд, дархости ширкати хориҷии туристӣ, ки дар давлати иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштааст ё ширкати туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ, бо нишон додани мақсади вуруд, хатсайри ҳаракат ва мӯҳлати иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

Дар ҳолати сафари фардии шаҳрванди хориҷии давлате, ки дар Замимаи 1 Қарори мазкур омадаанд, дархости ширкати туристӣ талаб карда намешавад. Дар ин ҳолат, шахси мансабдори консулӣ бояд оид ба мақсади туристии шаҳрванди хориҷӣ боварӣҳосил намояд. Ба сифати ҳуҷҷатҳое, ки мақсади туристии шаҳрванди хориҷиро тасдиқ менамоянд, роҳнамои туристӣ, хатсайри ҳаракат (нусхаи чиптаи ҳавопаймо ба ду тараф вағайраҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳо аз рӯи салоҳдиди Консул эътироф мешаванд.

Шаҳрванди хориҷӣ, ки раводиди туристӣ дорад, бояд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати дар раводид муайянгардида хуруҷ шавад. Раводиди туристӣба иваз намудан ба навъи дигари раводид воҷиб нест.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки дар банди 1.6. Қоидаҳои мазкур омадаанд, раводиди яккаратаи туристиро ба мӯҳлати на зиёда аз 45 рӯз медиҳанд. Дар ҳолати асоснокии дархост (пешниҳод кардани хатсайри ҳаракат), раводиди дукарата дода мешавад.

Раводиди туристӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории турист, офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда вағайраҳо) аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани раводид тамдид карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо раводиди туристӣ вуруд шудаанд, агар мӯҳлати будубоши онҳо зиёда аз 30 рӯз набошад, аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣҳамчун шаҳрванди хориҷӣ озод мебошанд;

ж) барои гирифтани раводиди таҳсилии академӣ – мактуб-дархости муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қайди давлатӣ доранд бо маълумот дар бораи донишҷӯ ва курси таҳсили ӯ, нусха аз фармони муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар бораи қабул шудани шаҳрванди хориҷӣ барои таҳсил дар таълимотгоҳ, аспирантура, докторантура, нусхаи билети донишҷӯ ва китобчаи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимоти олӣ ва қарордод дар бораи таҳсилот, инчунин дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсилкунандагони хориҷӣ, ки бо роҳи созишномаҳои байналмилалӣ вуруд мешаванд.

Дорандаи раводиди таҳсилии академӣҳуқуқи маш ғул шудан ба дигар фаъолият, ба ҷузъ фаъолияти таҳсилӣ ва илмӣ надорад.

Муассисаи таълимие, ки шаҳрванди хориҷиро бо мақсади таҳсил даъват намудааст, дар муддати 3 рӯзи корӣ аз рӯзи муайян намудани худсарона тарк намудани муассисаи таълимотии мазкур аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва ё бе сабабҳои узрнок ба муддати 3 рӯзи дарсӣ (ки ба 18 соати дарсӣ баробар аст) иштирок накардан дар дарсҳо ба ВКХ ҶТ ва мақомоти амнияти давлатии маҳалли қайди муассисаи таълимотӣ хабар медиҳад. Дар ин ҳолат, раводиди шаҳрванди хориҷӣ бекор карда шуда, худи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун карда мешавад.

Ғайр аз ин, муассисаи таълимие, ки шаҳрванди хориҷиро бо мақсади таҳсил давъват намудааст, бо мақсади ҳисоботи оморӣӯҳдадор аст, ки маълумотро дар бораи донишҷӯёни хориҷӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКХ ҶТ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ пас аз ба анҷом расидани соли хониш равон намояд.

Раводиди таҳсилии академӣ аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ба мӯҳлати амали шартномаи таҳсилотӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, вале на зиёда аз 1 сол барои ҳар як раводиди оянда дода мешавад;

з) барои гирифтани раводиди таҳсилӣ – дархости муассисаҳои таълимотӣ ва илмӣ дар бораи додани раводид бо ишора намудани мақсади вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аризаи довталаб дар бораи нияти дохил шудан ба муассисаи таълимотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости ташкилоти равонкунандаи донишҷӯи хориҷӣ ба коромӯзӣ, ба барномаҳои ивазкунӣ, таҷрибаомӯзии таҳсилӣ ва омӯзиши забон.

Раводиди таҳсилӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 9 моҳ дода мешавад. Раводиди таҳсилӣ воҷиб ба тамдид ва дигаргунсозӣ ба навъи дигари раводид нест. Дар ҳолати дохил шудани шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсили академӣ, «раводиди таҳсилӣ» бо тартиби мондани мӯҳри сирешимии «қатъ карда шудааст» бекор карда шуда, тибқи талаботи банди 5 Қоидаҳои мазкур «раводиди таҳсили академӣ» дода мешавад.

Дар ҳолати ба фаъолияти дигар, ба ҷузъ таҳсилот маш ғул шудани шаҳрванди хориҷӣ, мӯҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ бо раводиди таҳсилӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ бо дархости мақомоти амнияти давлатӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад. Дар ин ҳолат, раводиди шаҳрванди хориҷӣ бо тартиби мондани мӯҳри сирешимии «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, ӯ бошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун карда мешавад.

и) барои гирифтани раводиди хусусӣ – огоҳиномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳолати барои муолиҷа вуруд шудани шаҳрванди хориҷӣ, дархости муассисаи табобатӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, зарур мебошад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ (муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ, ки дар хориҷи кишвар истиқомати доимӣ дораду, дар никоҳи бақайдгирифташуда бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад вағ.) раводиди хусусӣ метавонад дар асоси аризаи шаҳрванд, бе талаби огоҳиномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати дафни (бемории вазнин) хешовандон ва шиносон бо қарори роҳбари намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар асоси барқияҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби духтур тасдиқ гардидааст, дода шавад.

Раводиди хусусӣ аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад.

Раводиди хусусӣ метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории шаҳрванди хориҷӣ, ҳодисаҳои нохуши табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда вағ) аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ба мӯхлате, ки барои хуруҷ шудан аз давлат зарур аст, инчунин дар ҳолати хуруҷ шуда натавонистани шаҳрванди хориҷие, ки бо мақсади муолиҷа ворид шудааст, ба мӯҳлате, ки барои муолиҷаи шаҳрванди хориҷӣ зарур аст, тамдид карда шавад.

к) раводид барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ – аз ҷониби Раёсати консулии ВКХ ҶТ ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси мактуб-дархости Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти меҳнатӣ, ба мӯҳлати амали иҷозати фаъолияти меҳнатӣ, мутобиқан бо тамдиди минбаъда дода мешавад. Раводиди нахустини навъи мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии номбурда ба мӯҳлати то 3 моҳ бе дархости иҷозати фаъолияти меҳнатӣ дода мешавад.

Аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, бюрои консулӣ дар фурудгоҳҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуб-дархости шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, ки нияти ба амал баровардани фаъолияти хешро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ доранд, ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ бо тамдиди минбаъда дар Раёсати консулии ВКХҶТ ё нуқтаи консулӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ дода мешавад.

Навъи мазкури раводид танҳо дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, амал менамояд ва бо тартиби содда дода мешавад.

Минтақаҳои истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ, ки ин навъи раводидро доранд, бо фармони муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Ҳангоми додани навъи мазкури раводид, аз ҷониби корманди масъули консулӣмӯҳри иловагӣ, бо ишораи ном ва қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузошта мешавад. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин навъи раводид тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруд шудаанд, барои расида рафтан ба қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ 48 соат мӯҳлат дода мешавад. Ҳангоми аз давлат хориҷ шудани шаҳрванди хориҷӣ тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна мӯҳлат дода мешавад. Мӯҳлати ҷудошуда аз рӯи мӯҳри санавӣ, ки аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ дар саҳифаи махсуси шиноснома дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳади давлатӣ гузошта мешавад, муайян карда мешавад. Ҳангоми хуруҷи шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷониби Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ замимаи махсус бо ишораи сана ва вақти хуруҷи шаҳрванди хориҷӣ дода мешавад, ки бояд ҳамеша дар дохили шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, дар давоми вақте, ки ӯ берун аз қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣқарор дорад, ҳамчун далели вақти тарк намудани минтақа, бошад.

Ҳангоми хуруҷи шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ бо мақсади хизматӣ (барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои давлатӣ) аз ҷониби Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба мӯҳлати на зиёда аз як ҳафта шаҳодатномаи сафари корӣ дода мешавад.

Шакли шаҳодатномаи сафари корӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми бе сабабҳои узрнок (ҳамчун сабаби узрнок ҳолатҳои форс-мажор – бемории ногаҳонии шаҳрванди хориҷӣ, фалокатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда вағ. эътироф карда мешаванд) вайрон намудани реҷаи мӯҳлатӣ, шаҳрванди хориҷӣ тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад;

л) барои гирифтани раводид ба ронандагони воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ – мактуб-дархости шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият оид ба додани раводид бо зикри мақсад ва мӯҳлате, ки барои амалӣ намудани ҳамлу нақл зарур аст, иҷозатнома (литсензия) барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, иҷозатномаи махсус барои борҳое, ки ҳаҷмашон аз андозаи муқарраргардида зиёд (дар ҳолати ҳамлу нақли чунин бор) ва нусхаи полиси су ғуртавии воситаи нақлиёт барои ҳолатҳои ба вуҷуд омадани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегардад, талаб карда мешавад.

Навъи мазкури раводид танҳо дар хатсайри муайян, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ муқаррар гаридааст ва то нуқтаи ниҳоӣ (терминал) амал менамояд ва бо тартиби содда дода мешавад.

Баромад аз хати муайян танҳо дар ҳолатҳои форс-мажор иҷозат дода мешавад (бемории ногаҳонии шаҳрванди хориҷӣ – ронанда, фалокатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда, нуқсонҳои ҷиддии воситаи нақлиёт). Будубоши шаҳрванди хориҷӣ –ронанда берун аз хати муайянғайриқонунӣҳисобида мешавад. Ҳангоми маротибаи аввал бе сабабҳои узрнок вайрон намудани реҷаи хати муайян, аз шаҳрванди хориҷӣ тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми такроран вайрон намудани реҷаи хати муайян, раводиди шаҳрванди хориҷӣ бо роҳи гузоштани мӯҳри сирешимии «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, ӯ бошад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди давлат берун карда мешавад.

Навъи мазкури раводид аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз мӯҳлати амали иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар нақлиёт додашуда, вале на зиёда аз 1 сол дода мешавад.

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар нақлиёт дар ҳолати боздошт ва бекор кардани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ӯҳдадор аст, ки дар муддати 3 рӯзи корӣ дар ин бора ба ВКХ ҶТ хабар диҳад.

м) раводид барои истиқомати доимӣ – аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб-дархости мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати ояндаи шаҳрванди хориҷӣ, ки қаблан бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, на зиёда за 6 моҳ дода мешавад.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди навъи мазкурро дар асоси ариза дар бораи додани раводид бо зикри маълумоти муфассал дар бораи шу ғли минбаъда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, будани шароит барои пардохти сафар ва будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то дарёфти кори муносиб, имконияти интиқоли нафақа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аризадиҳанда онро гирад ва огоҳиномаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ бо тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ҶТ медиҳанд;

н) барои гирифтани раводид ба аъзои экипажи киштии ҳавоӣ – нусхаи шаҳодатномаи парвозии аъзои экипажи киштии ҳавоӣ, инчунин дархости хаттии ширкати ҳавопаймоӣ ё намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 1 сол бо тамдиди минбаъда дода мешавад. Аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба мӯҳлати то 3 моҳ бо тамдиди минбаъда дода мешавад.

о) раводид барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ – аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси нусхаи картаи аккредитатсионӣ, ки аз ҷониби раёсати иттилооти ВКХ ҶТ дода шудааст, ба мӯҳлати аккредитатсияи мухбири хориҷӣ.

Аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси ёддошти мақомоти сиёсати хориҷии давлати иқомати корманди воситаи ахбори омма ё мактуб-дархости намояндагии воситаи ахбори омма дар бораи додани раводид бо зикри мӯҳлат ва мақсади будубош, ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ бо инобати тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ҶТ дода мешавад.

п) раводид барои ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб-дархости мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати ояндаи шаҳрванди хориҷӣ, ки бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба мӯҳлати то 1 сол бо инобати тамдиди минбаъда дода мешавад.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди навъи мазкурро дар асоси аризаи ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид бо нишон додани маълумоти муфассал дар бораи шу ғли минбаъдаи ҳамсар – шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шаҳодатномаи никоҳ, ки бо тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегарад, то дарёфти кори муносиб мабла ғ доштан барои пардохти сафар ва будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ бо тамдиди минбаъда дар мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.

р) барои гирифтани раводиди варзишгарон ва ҳунармандон – ёддошти мақомоти сиёсати хориҷии давлати иқомати варзишгарон ва ҳунармандони хориҷӣ ё мактуб-дархости мақомоти давлатии кишвари будубоши варзишгар ва ё ҳунарманди хориҷӣ дар бораи додани раводид ва ё мактуб-дархости мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои варзиш ва фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, бо нишон додани мақсад ва мӯҳлати будубош ва намуди чорабинии фарҳангӣ ё варзишӣ.

Аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мӯҳлати на зиёда аз мӯҳлати гузаронидани чорабинӣ бо инобати мӯҳлати муайян барои вурудхуруҷ аз (ба) Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

с) раводиди табширӣ – аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб-дархости ташкилоти динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ ва фаъолият аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 1 сол бо инобати тамдид ба ҳамин мӯҳлат.

Аз ҷониби муассисҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси ёддошти мақомоти сиёсати хориҷии давлате, ки ташкилоти динӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, ҳамроҳ бо мактуб-дархости ташкилотҳои динӣ, ки нияти дар Тоҷикистон фаъолият намуданро доранд, ба мӯҳлати на зиёда аз 4 моҳ бо инобати тамдиди минбаъда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

т) раводиди гуманитарӣ (башардӯстона) – дар асоси ёддошти мақомоти сиёсати хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои интиқолдиҳандаи бори башардӯстона, новобаста аз шакли моликият, ё мактуб-дархости мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои марбут ба расонидани ёрии башардӯстона вобастабуда, ба мӯҳлати зарурии расонидани ёрии башардӯстона дода мешавад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ (тақсим намудани ёрии башардӯстона байни аҳолӣ, ташкилот, муассиса, назорат аз рӯи иҷроиши тақсимот вағайраҳо) раводид метавонад ба мӯҳлати зарурии иҷрои ин иқдом, вале на зиёда аз 6 моҳ дода шавад.

Раводиди гуманитарӣ метавонад ройгон бошад. Қарор дар бораи озод намудани шаҳрванди хориҷӣ аз пардохти хироҷи консулӣ аз ҷониби роҳбари муассисаи консулӣқабул карда мешавад;

у) раводиди тиҷоратӣ – аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси мактуб-дархости ташкилоти тиҷоратӣ, ки дар он шаҳрванди хориҷӣ фаъолияти тиҷоратӣ дорад, нусхаи маълумотнома аз мақомоти андоз аз маҳалли фаъолияти тиҷоратӣ дар бораи набудани қарзи пардохти андоз дар давраи маш ғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ ва нусхаи патент, агар соҳибкори инфиродӣ бошад, дода мешавад.

Ба маротибаи аввал навъи мазкури раводид аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ, бо инобати тамдиди минбаъда дар раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси нусхаи иҷозат барои фаъолияти меҳнатӣ (бағайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло нишондодашуда), ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, мутобиқан ба мӯҳлати амали иҷозат барои фаъолияти меҳнатӣ дода мешавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …