Главная / Ҷамъият / Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №15-16, мод. 254; № 23-24, мод. 333; соли  2001, № 4, мод. 197, 203; соли 2002 № 4, қ.1, мод. 200; соли 2005, № 7, мод. 403; соли 2006, №11, мод. 470; соли 2008, №10, мод.801; соли 2009, № 3, мод. 94) 

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Қонун мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар намудани Сарҳади давлатӣ, хати гузариш ва ҳимояи он, инчунин ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

sarhadi-davlatii-jt

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Сарҳади давлатӣ) – хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазоӣ ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи. 2. Сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати сарҳадӣ ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принсипҳои байналмилалии эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:

сарҳади давлатиро ҳамчун хати муайянкунандаи ҳудуди фазоии қаламрави (хушкӣ, обҳо, қаъри замин, фазоӣ ҳавоии) аз ҷиҳати ҳуқуқӣ тақвиятгардидае, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии комил ва тамоми ҳуқуқҳо бархурдор мебошад, арзёбӣ менамояд;

дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хати Сарҳади давлатии худро, ки дар рӯзи эътибор пайдо карани ҳамин Қонун санадҳои амалкунандаи байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо – собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад;

ҳангоми муқаррар намудан ва тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, муқаррар ва ба роҳ мондани муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя дар сарҳад, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тадбирҳои мутобиқ ба мақсадҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти байналмилалӣ, манфиатҳои ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсоя, принсипҳои ҳаллу фасли осоиштаи бидуни зурӣ масъалаҳои сарҳадиро анҷом медиҳад;

дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқарраркунии низомии Сарҳади давлатӣ ва фаъолияти оид ба ҳимоя ва муҳофизати онро бо давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоҳанг месозад.

 

Моддаи 3. Ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатӣ

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сарҳадӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, гумрукӣ, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофиқи тартиби муқарраргардида корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд.

Тадбирҳои оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ мутобиқи статуси Сарҳади давлатӣ, ки санадҳои  ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси принсипҳои эътирофнамудаи умум ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлатро дар Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ (минтақаи сарҳадӣ, қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои дигари сарҳадӣ, гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, инчунин қаламрави ноҳия ва шаҳрҳои маъмурии назди Сарҳади давлатӣ, минтақаи сарҳадӣ, соҳилҳои дарё, кӯлҳо ва дигар обанборҳо) таъмин менамояд ва аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти иҷроияи мутобиқи ваколатҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

Муҳофизати Сарҳади давлатӣ, қисми таркибии ҳимояи Сарҳади давлатӣ буда, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар фазои ҳаво бошад – аз ҷониби Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  анҷом дода мешавад.

Муҳофизати Сарҳади давлатӣ бо мақсади роҳ надодан ба ғайриқонунй тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, таъмини риоя гардидани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхоси воқеӣ ва юридикӣ анҷом дода мешавад. Тадбирҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳамин Қонун ҳамчун тадбирҳои сарҳадӣ арзёбӣ мегарданд.

Тадбирҳои сарҳадӣ ба системаи тадбирҳои амният, ки дар доираи сиёсати ягонаи давлатии таъмини амният андешида шуда, ба таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат мутобиқ мешаванд, дохил мегарданд.

 

Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилилие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2

МУҚАРРАР НАМУДАН ВА ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ВА АЛОМАТГУЗОРИИ ОН

 

Моддаи 5. Муқаррар намудан ва тағйир додани Сарҳади давлатӣ

Хати Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.

Аснод дар бораи тағйир додан ва аниқ кардани хати Сарҳади давлатӣ дар маҳал, ки ба тариқи тафтиши Сарҳади давлатӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешаванд.

Хати Сарҳади давлатӣ, агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин муқаррар карда мешавад:

а) дар хушкӣ – аз рӯи нуқтаҳои махсус, хатҳои релеф ё нишонаҳои доимии аниқ дидашаванда;

б) дар дарёҳои киштигард – аз миёнаи маъбари асосӣ ё талвеги дарё, дар дарёҳои ғайрикиштигард ва дарёчаҳо – аз миёни онҳо ё аз миёнаи шоҳоби асосии дарё; дар кӯлҳо ва дигар обанборҳо – аз хати баробар, миёна, рост ё хати дигаре, ки баромадгоҳи Сарҳади давлатиро бо кӯлҳо ё дигар обанборҳо мепайвандад.

Сарҳади давлатие, ки аз дарё, дарёча, кӯл ё дигар обанборҳо мегузарад, чи ҳангоми тағйирёбии суроби соҳилҳои онҳо ё сатҳи об ва чи ҳангоми ба ин ё он тараф майл кардани маҷрои дарё ва дарёча тағйир намеёбад;

в) дар обанбори гидроузелҳо ва дигар обанборҳои сунъӣ – мутобиқи хати Сарҳади давлатӣ, ки то зери об мондани он мегузашт;

г) дар кӯлҳою сарбандҳо ва иншооти дигар, ки аз болои дарё, дарёча, кӯл ва дигар обанборҳо мегузаранд, – аз миёнаи ин иншооот ё мувофиқи мехвари технологии онҳо, сарфи назар аз гузаштани Сарҳади давлатӣ аз об.

 

Моддаи 6. Аломатгузории Сарҳади давлатӣ

Сарҳади давлатӣ дар маҳал бо аломатҳои аниқ дидашавандаи, сарҳадӣ ифода карда мешавад.

Шакл, андозаҳо, тасвир ва тартиби гузоштани аломатҳои сарҳадӣ бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 3

НИЗОМИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 7. Нигаҳдорӣ ва муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ

Низоми Сарҳади давлатӣ мутобиқи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад ва қоидаҳои зеринро дар бар мегирад:

нигаҳдории Сарҳади давлатӣ;

аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт;

ба воситаи Сарҳади давлатӣ интиқол додани борҳо, молҳо ва ҳайвонот;

аз Сарҳади давлатӣ гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот;

пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

якҷоя бо давлатҳои хориҷӣ ҳаллу фасл кардани ҳодисаҳое, ки бо вайрон намудани қоидаҳои мазкур вобастаанд.

Бо назардошти манфиатҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд муқаррар макардани баъзе қоидаҳои низоми Сарҳади давлатӣ мумкин аст ва имкон дорад, ки хусусиятхои қоидаҳои муқарраршаванда соддатар карда шавад.

 

Моддаи 8. Нигаҳдории Сарҳади давлатӣ

Бо қоидаҳои нигаҳдории Сарҳади давлатӣ тартиби гузоштан, ҳифз ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани аломатҳои сарҳадӣ ва муоинаи санҷиши онҳо; ҷиҳозонидан ва нигоҳ доштани пайроҳаҳои сарҳади, якҷоя бо давлатҳои ҳамҳудуд тафтиш кардани хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар маҳал танзим карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои тафтиши якҷоя гузариши Сарҳади давлатӣ, ки тағйирдиҳии онро дар бар намегиранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Бо мақсади ба таври зарурӣ нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Қӯшунҳои сарҳадӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи замине, ки бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ ё қад-қади соҳилҳои қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади мегузарад, мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешавад.

 

Моддаи 9. Аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт

Аз Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба воситаи роҳҳои оҳан  ва мошингарди байналмилалӣ ё ба воситаи дигар ҷойҳое, ки бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Бо ҳамин аснод вақти убур аз Сарҳади давлатӣ муайян шуда метавонад, тартиби ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ  то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс муқаррар карда мешавад; дар айни замон фаровардани одамон, молҳо, борҳо, ҳайвонот ва ба воситаҳои нақлиёт шинондан ё бор кардани онҳо мумкин нест.

Нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ маънии қаламраверо дар ҳудуди вокзал, истгоҳҳои роҳи оҳан, автомобил, ҳамчунин бандари дарёӣ, майдони ҳавоӣ, аэродромӣ барои алоқаҳои байналмилалӣ (парвозҳои байналмилалӣ) кушода, ҳамчунин ҷои дигари махсус ҷиҳозонидашуда, ки дар он ҷой назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, дар мавриди зарурат дигар навъҳои назорат бурда ва аз Сарҳади давлатӣ ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот гузаронда мешавад, доранд.

Ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки бо мувофиқаи ҳокимияти давлатҳои ҳамҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари аз Сарҳади давлатӣ гузаштани хизматчиёни ҳарбии ин Қӯшунҳо ва дигар ашхосро ҳангоми иҷрои вазифаи онҳо оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ истифода баранд.

Киштиҳои дарёии ғайринизомӣ ва низомӣ Сарҳади давлатиро аз дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо мутобиқи ҳамин Қонун ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд.

Киштиронӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо убури Сарҳади давлатӣ бе дохил шудан ба бандарҳои (рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд тавассути аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд танзим мегардад.

Ба киштиҳои ғайринизомӣ ҳангоми ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва пас гаштан ба Сарҳади давлатӣ ба киштиҳои низомии хориҷӣ ҳангоми шинои осоишта дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои сарҳадӣ бе ворид шудан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ кард мешаванд:

а) даромадан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилалӣ ва даромадани киштиҳои хориҷӣ кушода нашудаанд;

б) баромадан аз бандарҳое (аз рейдҳое), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилалӣ кушода нашудаанд;

в) даромадан ба минтақаҳое, ки шино дар онҳо манъ аст ва дар ин бобат барои маълумоти ҳама хабар дода шудааст;

г) таваққуф кардан, фаровардани (шинондани) одамон, холӣ (бор) кардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳое, ки барои чунин корҳо муқаррар нашудаанд ё дар ҷойҳое, ки муқаррар шудаанд, аммо барои анҷоми чунин корҳо иҷозати дахлдор мавҷуд набошад, ба об сар додани воситаҳои шинокунанда, ба ҳаво сар додани таҷҳизоти парвозкунанда ва ба борт гирифтани онҳо, шикор кардан, анҷом додани фаъолияти таҳқиқотӣ ва дигар фаъолият;

д) дигар амалҳое, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

Киштиҳои хориҷии ғайринизомӣ ва низомӣ ҳангоми шино кардан ва қарор доштан дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки қоидаҳои алоқаи радиоӣ, киштиронӣ, бандарӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ ва дигар қоидаҳоеро, ки қонунгузорӣ ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, риоя намоянд.

Ҳавопаймоҳо Сарҳади давлатиро аз хати махсус ҷудокардашудаи парвоз бо риояи қоидаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд ва маълумоти аэронавигатсионие, ки дар аснод нашр мешаванд, убур мекунанд. Убури Сарҳади давлатӣ берун аз хатҳои ҳавоии ҷудокардашуда, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми ёздаҳуми ҳамин модда зикр шудаанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Барои ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз аз Сарҳади давлатӣ нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс, ҳамчунин ҳангоми парвози транзитӣ ба воситаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ карда мешаванд;

а) нишастан дар майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилалӣ кушода нашудаанд;

б) парвоз аз майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилалии кушода нашудаанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона ҳангоми иҷрои парвозҳои махсуси байналмилалӣ парвози ҳавопаймоҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баъди парвоз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳавоӣ ва аэродромҳои барои парвозҳои байналмилалӣ кушодабуда нишастани онҳо танҳо бо иҷозати Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудааст, сурат гирифта метавонад;

в) парвоз карда даромадан ба минтақаҳои барои парвоз манъшуда, ки дар бораи онҳо барои маълумоти умум хабар дода шудааст;

г) дигар амалҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

Ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо хоҳиши давлатҳои хориҷӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  убури  Сарҳади давлатӣ аз қитъаҳои ҷудогонаи он муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад ва дар ин бобат ҳокимияти давлатҳои манфиатдор огоҳонида мешаванд.

Ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаҳои бузург, фалокат ё офатҳои табиӣ ба миён омадаанд, ҷузъу томҳои (нерӯҳои) рафъи садамаю наҷотдиҳӣ, рафъи садамаю барқароркунӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо бо тартибе, ки аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, аз Сарҳади давлатӣ убур мекунанд.

Ноилоҷ аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос, воситаҳои нақлиёт ва воситаи хушкӣ, даромадани киштиҳои дарёии хориҷии чи ғайринизомӣ ва чи низомӣ ба қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, маҷбуран ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз карда даромадани ҳавопаймоҳо, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда: фалокат, садама, офати табиӣ, ки ба бехатарии киштиҳо таҳдид менамояд, кашидани киштиҳои вайроншуда, расонидани одамони наҷотдода шуда, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аъзои экипаж ва мусофирон, ҳамчунин бо дигар сабабҳои ноилоҷ рӯй додаанд, вайрон кардани қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ намебошанд.

Капитани киштӣ, командири киштии ҳарбии дарёӣ, командири ҳавопаймо дар ҳолати убури ноилоҷи Сарҳади давлатӣ ё ноилоҷ вайрон намудани тартиби қарор доштан дар обҳо ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин Қонун муайян карда шудааст, вазифадор аст, ки дар ин бобат ба маъмурияти бандари наздиктарини дарёии Тоҷикистон, майдони ҳавоӣ, аэродром бетаъхир хабар диҳад ва минбаъд мувофиқи дастурҳои онҳо ё дастурҳои капитани киштии дарёӣ ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ёрӣ ё муайян кардани сабабҳои ҳодисаи рӯйдода омадааст, амал намояд.

 

Моддаи 10. Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот

Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Гузаронидани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ

Гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ ба воситаи нуқтаҳои муқарраршудаи гузариш аз Сарҳади давлатӣ сурат мегирад ва аз эътирофи қонунӣ будани убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхос ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷозати убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиётие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешаванд, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани борҳо, молҳо ва ҳайвонот иборат аст.

Мавҷуд будани асноди ҳақиқие, ки ҳуқуқи ворид шудани ашхосро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудани онҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, аснод барои воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот ҷиҳати ба воситаи Сарҳади давлатӣ иҷозат додани убури ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот асос мебошанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст, инчунин шахсоне, ки нисбати онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани хориҷшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардидааст, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида намешаванд.

Тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мумкин аст тартиби соддатари убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатӣ ҳамҳудуд дар мавриди муайян намудани санадҳое, ки ба хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муқаррар карда шавад. Нуқтаҳои убури соддакардашуда бо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳодоти вазоратҳо ва идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Назорат ва иҷозати гузаронидани борҳо, асъор, арзишҳо ва амволи дигаре, ки ба ашхоси бо тартиби соддакардашуда ҳаракткунанда тааллуқ доранд, берун аз ҷойҳое, ки мақомоти гумрук қарор додан, аз ҷониби намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

Иҷозат додан ба ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва  ҳайвонот барои убури Сарҳади давлатӣ аз назорати сарҳадӣ (тафтиши санадҳое, ки ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муоинаи воситаҳои нақлиёт бо мақсади ошкор намудани вайронкунандагони қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ) ва дар мавриди зарурат ҳамчунин назорати гумрукӣ, санитарӣ, карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар намудҳои назорат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, иборат аст.

Моҳият, воситаҳо ва усулҳои назорат, тартиби истифодаи онҳо дар асоси ҳамин Қонун бо асноди меъёрии мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти гумрук ва дар мавриди таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва наботот – ҳамчунин бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти манфиатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

Убури Сарҳади давлатӣ ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки аз майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳои барои парвозҳои байналмилалӣ пӯшида параози махсуи байналмилалиро анҷом медиҳанд, ҳамчунин ҳавоипаймоҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда ноилоҷ, фуруд меоянд, аз ҷониби ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти амният якҷоя бо маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ё фармондеҳии қисмҳои авиатсионии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва баъдан дар ин бобат Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.

 

Моддаи 12. Ситонидани боҷ барои барасмиятдарории сарҳадӣ (хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 21.11.06 № 209)

 

Моддаи 13. Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳадӣ давлатӣ

Гузаргоҳҳо дар Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқа кунонида шудааст, бо назардошти манфиатҳои давлатҳои ҳамҳудуд ташкил карда мешаванд.

Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳади давлатӣ баъди сохтмон, таҷҳизонидан ва аз тарафи вазорат ва идораи манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода қабул шудани биноҳо, утоқҳо ва иншоотҳо аз рӯи лоиҳаҳое, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамчуним мақомоти гумрук ва дигар мақомоти дар назорати гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ширкаткунанда мувофиқа кунонида шудаанд, анҷом дода мешавад. Ҳангоми таҳияи ин лоиҳаҳо бояд биною иншоотҳое, ки барои ташкили назорати сарҳадӣ ва назорати дигар заруранд, пешбинӣ карда шаванд. Сохтмон ва таҷҳизонидани иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, барои таъмини фаъолияти мақомоти назорати сарҳадӣ ва дигар навъи назорат, мақомоти корҳои дохилӣ, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар анҷом додани назорати риояи низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, дар ҳолати зарурӣ ба таври ройгон иморатҳои хизматӣ, иншоот, таҷҳизоти заруриро диҳанд.

 

Моддаи 14. Анҷом додани фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ

Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва фаъолияти дигари вобаста ба убури Сарҳади давлатӣ ва ба тариқи дигар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷӣ дахолаткунанда, ки ашхоси юридикӣ ва воқеии Тоҷикистон ва хориҷӣ, аз ҷумла якҷоя, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, набояд:

ба саломатии аҳолӣ, бехатарии экологӣ ва ғайраи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷии ба он ҳамҳудуд зиён расонад ё дорои таҳдиди расонидани чунин зиён бошад;

ба нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ халал расонад.

Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарордоди дигар бо давлатҳои хориҷӣ, бо риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ ва огоҳонидани Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷой, вақти убури Сарҳади давлатӣ ва иҷрои корҳо, шумораи иштироккунандагон, киштиҳои шикорӣ ва киштиҳои дигар воситаҳои нақлиёт ва ғайра, механизмҳои истифодашаванда анҷом дода мешавад.

 

 

Моддаи 141. Муваққатан қатъ намудани робита тавассути Сарҳади давлатӣ дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунанда

Дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи махсусан хавфнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути Сарҳади давлатӣ дар минтақаҳои муайян мумкин аст бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ карда шавад, ё ин ки барои одамон, ҳайвонот, бор, тухмӣ, маводи кӯчатшаванда ва дигар маҳсулоти растанипарвариву чорводорие, ки аз Сарҳади давлатӣ мегузаранд ё интиқол дода мешаванд, карантин муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 15. Ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ

Тартиби ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, ба салоҳияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистани онҳоро санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳамин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёии низоми ва ғайринизомӣ, дигар воситаҳои нақлиётие, ки ҳангоми убури Сарҳади давлатӣ бо қоидаҳои ҳамин Қонун муқарраршударо вайрон мекунанд, вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ дониста мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаияте, ки статуси ашхоси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ё муваққатан истиқоматдоштаро надоранд ва аз қаламрави давлати хориҷӣ Сарҳади давлатиро убур кардаанд, ҳангоми дар амалҳои онҳо мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят ё қонуншикании маъмурӣ ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

Дар ҳолатҳое, ки нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё истеҳсолот оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ асос набошад ва онҳо мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифдани панноҳгоҳи сиёсӣ надошта бошанд, Қӯшунҳои сарҳадӣ онҳоро ба таври расмӣ ба мақомоти давлате, ки аз қаламрави он Сарҳади давлатиро убур кардаанд, месупоранд. Агар супоридани вайронкунандагони сарҳад ба мақомоти давлати хориҷӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ нашуда бошад, Қӯшунҳои сарҳадӣ онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои муайяннамудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ берун мекунанд. Дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ берун карда шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият мақомоти давлате, ки ба (воситаи) қаламрави он онҳо берун карда мешаванд, агар ин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шуда бошад, огоҳонида мешаванд. Он вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанду нисбати онҳо қарори берун кардан қабул шудааст, низ бо ҳамин тартиб аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи дар хориҷа буданашон ҳуҷҷатҳои ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдиҳандаи худро гум кардаанду ба гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ расидаанд, дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ то вақте ки мақомоти салоҳиятдор шахсияти онҳоро муқаррар менамоянд, нигоҳ дошта мешаванд, вале на бештар аз 30 шабонарӯз. Тартиб ва шароити дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ будани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ҳалли масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, танзими моҷароҳои сарҳадӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои муайяни Сарҳади давлатӣ намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссарҳои сарҳадӣ, ашхоси ваколатдор ва муовинони онҳо)-ро таъмин мекунад.

Намояндагони сарҳадӣ  фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин Қонун, дигар қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналмилалии Чумкурии Тоҷикистон, Низомномаи намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, амалӣ менамоянд.

Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ, Сарҳади давлатиро убур намоянд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

Моҷароҳои сарҳадии вобаста бо амали ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва киштиҳои ҳарбии дарёии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ, дигар объектҳои ҳарбӣ ё хизматчиёни ҳарбӣ (ба истиснои объектҳо ё хизматчиёи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар сурати дахл надоштан ба манфиатҳо пешгири намудани фаъолияти хатарноки ҳарбӣ) аз ҷониби намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо ширкати намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Масъалаҳо ва моҷароҳое, ки аз ҷониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.

 

БОБИ 4

Низоми сарҳадӣ

 

Моддаи 17. Минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳад

Бо мақсади таъмини шароити зарурӣ дар Сарҳади давлатӣ барои ҳифзи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳад муқаррар карда мешаванд.

Минтақаи сарҳадӣ, чун қоида, дар ҳудуди қаламрави шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳае, ки аз хати Сарҳади давлатӣ дар масофаи то 25 километр қарор дорад, муқаррар карда мешавад. Ба таркиби минтақаи сарҳадӣ, дар ҷое, ки он муқаррар карда мешавад, ҳамчунин обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо ва ҷазираҳои дар он обҳо ҷойгиршуда дохил карда мешаванд.

Хатти сарҳадӣ қисми таркибии минтақаи сарҳадӣ мебошад ва бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои хушкии он ё қад-қади соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар хати арзаш то ду километр муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 18. Моҳияти низоми сарҳадӣ ва муқаррар намудани он

Низоми сарҳадӣ аз қоидаҳои зерин иборат аст:

дохил шудан (гузаштан), будубоши муваққатӣ, ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаи сарҳадӣ;

бурдани фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳадӣ;

         – баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои хурдандоза; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

шикор кардан, машғул шудан бо фаъолияти таҳқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ.

Муқаррар намудани дигар қоидаҳои низоми сарҳадӣ мумкин мест. Ҳама гуна маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон танҳо дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Дар даромадгоҳҳои минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад аломатҳои сарҳадӣ гузошта мешаванд.

Бо назардошти хусусияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамҳудуд дар қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатӣ муқаррар накардани хати сарҳад мумкин аст.

Муайянкунии ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад гузоштани аломатҳои огоҳкунанда бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

Моҳияти мушаххас, ҳудуди фазоӣ ва замонии амали бо ҳамин Қонун пешбинишудаи қоидаҳои низоми сарҳадӣ, доираи ашхосе, ки ба онҳо ин ё он қоидаи зикршуда нисбат надорад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва бояд нашр карда шаванд.

 

Моддаи 19. Дохил шудан (гузаштан) ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад

Ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, бе рухсати Вазорати корҳои хориҷӣ ва  мақомоти корҳои дохилӣ манъ мебошад, агар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Дохил шудани (гузаштани) ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба хати сарҳад мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад. Ҷойҳои даромадан (гузаштан), хати сайр, давомнокӣ ва дигар шароити будубоши ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар хати сарҳад аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар карда мешаванд.

Барои ба хати сарҳад дохил шудан, будубоши муваққатӣ, истиқомат ва иҷрои корҳо дар хати сарҳад Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷозат медиҳанд. Дар мавриди зарурат, онҳо метавонанд барои ба хати сарҳад дохил шудан ва иҷрои корҳо маҳдудиятҳои муваққатии иловагӣ ҷорӣ намоянд.

 

Моддаи 20. Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад

Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва дигар фаъолияти вобаста бо истифодаи замин, ҷангал, қаъри замин, обҳо, гузаронидани чорабиниҳои оммавии чамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд. Корҳо ва чорабиниҳои мушаххас бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ гузаронида мешаванд.

Иҷозат барои гузаронидани корҳо ва чорабаниҳо, ғайр аз масъалаҳои пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун, муайян намудани ҷой, вақти гузаронидан, шумораи ширкаткунандагон ва ашхоси масъули гузаронидани онҳоро дар бар мегирад. Барои гузаронидани корҳо ва чорабиниҳои мунтазам ҷойҳои доимӣ муқаррар кардан мумкин  аст.

 

Моддаи 21. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар назди Сарҳади давлатӣ

Бо мақсади роҳ надодан ба гузаштани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи Сарҳади давлатӣ, нигоҳ доштан ва чарондани чорворо дар хати маҳал (хати карантин) қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушӣ манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.

Хати карантин, арзи он, тартиби ихотагирии он, низоми ветеринариро дар он Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар хати сарҳад ҳамчунин бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун сурат мегирад.

 

Моддаи 22. Баҳисогирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи  Тоҷикистон

Киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи худгард ва ғайрихудгарди Тоҷикистон, ки дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ истифода мешаванд, бояд ба таври хатмӣ дар бандар, дарёбанд, истгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои ҷойгиршавии онҳо ба ҳисоб гирифта ва нигоҳ дошта шаванд. Аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ тартиби баромадани ин киштиҳо аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва  баргаштани онҳо муқаррар гардида, вақти баромадан, дар об қарор доштан, дур шудан аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва соҳилҳо маҳдуд карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 23. Шикоркунӣ,  анҷом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ

Шикоркунӣ, анҷом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд ва бо тартиби тибқи талаботи модаҳои 9, 20, 22 ҳамин Қонун муқарраргардида, анҷом дода мешавад.

Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 5

НИЗОМ  ДАР  ГУЗАРГОҲИ  САРҲАДИ  ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 24. Мазмуни низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва муқаррар намудани он

Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз қоидаҳои дохил шудан ба ин гузаргоҳҳо, будубош ва баромадан аз онҳо барои ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардан ба гузаргоҳҳо, қарор доштан ва баровардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз онҳо иборат аст, ки танҳо ба манфиати фароҳамсозии шароити зарурӣ ҷиҳати пешбурди назорати сарҳади, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат муқаррар карда мешавад.

Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар мешавад.

Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори майдони ҳавоӣ, аэродром, бандари дарё, дарёбанд, вокзалу истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобил, роҳбари дигар корхонаи нақлиётӣ бо назардошти шароити маҳаллӣ амре (дастурамале) мебарорад, ки он бо ашхоси дахлдори мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти назорати мувофиқа кунонида шуда, низоми ин гузаргоҳи Сарҳади давлатиро муқаррар менамояд.

Низом дар он гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, ки берун аз объектҳои нақлиётии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда ҷиҳозонида шуданд, аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи қисми дуюми ҳамин модда бо мувофиқаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоте, ки аз ин гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ убур кардани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонотро мазорат мекунанд, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 25. Тартиби дохил (хориҷ) шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ

Дохил шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт ба гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва хориҷ шудан аз онҳо, ҳамчунин даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳои махсус ба ин мақсад ҷудокардашуда мувофиқи рухсатномаҳое, ки аз тарафи маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳану автомобилҳо ва дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дода мешаванд, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 26. Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ қарор доштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт

Ҷойҳо ва мӯҳлати дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таваққуф кардани воситаҳои нақлиётие, ки ба хориҷа мераванд, аз ҷониби маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобилҳо, дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук муайян карда мешаванд.

Ба воситаҳои нақлиёт наздик шудани ашхос ва роҳ додани ашхос ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хориҷа мераванд, дар вақти тафтиши сарҳадӣ, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат маҳдуд ва дар мавриди зарурат манъ карда мешавад. Ба воситаҳои нақлиёт шинондани мусофирон ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ва фаровардани онҳо ҳангоми расидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бор кардани (фаровардани) бағоҷ, почта ва борҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумруку Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ашхоси мансабдори ташкилоту корхонаҳои нақлиётӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки мувофиқи талаби намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ширкати кормандони мақомоти гумрук дар сурати зарурат ҷиҳати муоина вагонҳо, автомобилхо, трюмҳо ва дигар ҷойҳои воситаҳои нақлиётро, ки сурғуч (мӯҳр) карда шудаанд ва борҳои дар онҳо кашонидашавандаро кушоянд.

Воситаҳои нақлиётӣ ба хориҷа раванда барои берун рафтан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил шудан ба қаламриви Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тағйири чои таваққуф танҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук ба ҳаракат оғоз мекунанд.

Дар гузаргоҳҳои Сарҳадӣ давлатӣ қарор доштани шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои эътиборнок надоранд, бо тартиби пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 15 ҳамин Қонун танзим мегардад.

 

Моддаи 27. Ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадан ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомӣ ва низомӣ

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомӣ ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои воридшавии чунин киштиҳо кушодаанд, даромада метавонанд. Қоидаҳои даромадан ва қарор доштан дар ин бандарҳо, дарёбандхо иҷрои амалиёти боркашонӣ ва муософиркаш, алоқаи киштиҳо бо соҳил, ба соҳил фаромадани аъзои экипаж ва мусофирон, ба киштӣ даромадани ашхосе, ки аъзои экипаж нестанд ва дигар қоидаҳои вобаста ба даромадани киштиҳои хориҷӣ ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштан дар онҳоро ҳамин Қонун, асноди дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки ба тарафи бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, ба мақомоти бандар ё дарёбанди таъинот вақти омадани худро хабар медиҳанд.

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки тартиби иҷозат ё огоҳкуниро барои воридшавии киштиҳои Тоҷикистон ба бандарҳои худ муайян кардаанд, ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани иҷозати мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон мувофиқи принсипи ризоияти тарафайн дохил мешаванд.

Киштиҳои дарёии хориҷии низомӣ, агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, мувофиқи иҷозати пешакии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд. Тартиби ворид шудан ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии низомиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 28. Қоидаҳои иловагии низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ

Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ минтақаҳо ва биноҳое, ки дар он бевосита назорати сарҳадӣ, гумрукӣ ва назорати дигар анҷом дода мешавад, муайян карда мешаванд. Дар ин ҷойҳо маҳдудиятҳои иловагии низом, ки дар доираи қоидаҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 24, 25, 26 ва 27 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, ҷорӣ мегарданд.

 

БОБИ 6

ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТ ДАР СОХАИ ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 29. Ваколатҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

қонунҳоро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат қабул менамояд;

аҳдномаҳои байналмилалиро оид ба тақсимоти ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аҳдномаҳоро оид ба гузаришш хати Сарҳади давлатӣ ба тасвиб мерасонад ва аз эътибор соқит менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

фаъолияти мувофиқашудаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

музокирот доир менамояд ва аҳдномаҳои байналмилалиро доир ба масъалаҳои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба имзо мерасонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

тадбирҳои оид ба таъмини ҳимояи Сарҳади давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд;

иҷрои ҳамин Қонунро аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Мақомоти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар таъмини ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамояд.

 

Моддаи 30. Ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-муҳофизати Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, инчунин дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

-Қӯшунҳои сарҳадӣ ва фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд, дар ташаккул ва амалӣ гардонидани сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

-самтҳои афзалиятноки фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муайян менмояд, консепсияи муҳофизати Сарҳади давлатӣ ва барномаҳои мақсадноки комплексии такмили фаъолияти онҳо, инчунин механизми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва роҳҳои дигари дар амал ҷорӣ намудани ин барномаҳоро таҳия менамояд;

-фаъолияти мақомоти давлатиро, ки дар Сарҳади давлатӣ ҳама гуна назорати риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низомро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонанд, ҳамоҳанг месозад;

-якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоиро оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

-дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахл доранд, иштирок менамояд;

-дар делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсияи Сарҳади давлатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми Сарҳади давлатиро муқаррар мекунанд, иштирок менамояд;

-дар бораи таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ иттилоот ба даст оварда, пас аз таҳлил онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ба вазорату идораҳои дахлдор маълумот ирсол медорад;

-фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативию ҷустуҷӯиро ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ анҷом медиҳад;

-ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо идораҳои сарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, робита барқарор менамояд;

-дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мубориза бар зидди қочоқ тадбирҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозад;

-ҳамкориро бо мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотҳои хориҷӣ ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонад; 

-дар таъмини амнияти чорабиниҳои оммавӣ, ки хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ доранд ва дар Сарҳади давлатӣ ё ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамояд.

Ваколатҳои дигари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 31. Ваколатҳои мақомоти соҳавии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар асоси қарорҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, мустаҳкамии сарҳадҳо, манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;

-доир ба бастани санадҳои ҳуқуқуқии байналмилалӣ оид ба муқаррар намудан ва мустаҳкамкунии Сарҳади давлатӣ, муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ гуфтушунид мегузаронад, назорати умумии иҷрои ин санадҳоро анҷом медиҳад;

-дар доираи салоҳияти худ самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи амалигардонии сиёсати сарҳадӣ ба амал мебарорад;

-дар доираи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият медарорад;

-дар муқаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сарҳади давлатӣ иштирок мекунад, дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои дар Сарҳади давлатӣ рӯйдодаро, ки аз ҷониби намояндагони сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл нашудаанд, ҳал менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

  1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ҳимояи Сарҳади давлатиро дар фазои ҳавоӣ таъмин мекунад ва масъули иҷрои ин вазифа мебошад;

ҳимояи Мусаллаҳонаи Сарҳади давлатӣ ва ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби муайяннамудаи ҳамин Қонун, дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низомии Сарҳади давлатиро ҳаллу фасл мекунад;

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мавриди таъминот бо захира, таъминоти разведкавӣ ва дигар таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниидоравӣ кӯмак мерасонад.

  1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар гузаронидани чорабиниҳои доир ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ, муборизаи зидди фаъолияти пинхонкорӣ ба воситаи он, кофтукови шахсоне, ки низоми Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, муайян намудан ва тафтиши ҳолатҳои қонуншикании шаҳрвандоне, ки бо тартиби маъмурӣ ё ҷиноятӣ-мурофиавӣ дастгир шудаанд, кӯмак мерасонад;

Қӯшунҳои сарҳадиро аз ҳолати тартиботи ҳуқуқи дар ноҳияҳои наздисарҳадии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳои ғайриқонунии ошкоршуда, ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки нисбати Сарҳади давлатӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ Қӯшунҳои ғайриқонунӣ доранд, хабардор месозад;

иштироки Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун таъмин менамояд;

бо пешниоди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба минтақахои алоҳидаи маҳал ё объектҳои назди Сарҳади давлатӣ роҳ додани шаҳрвандонро ҳангоми ҷустуҷӯӣ вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, рафъи ҳуҷуми Мусаллаҳона ё ба таври оммавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шаҳрвандони давлати ҳамҳудуд муваққатан маҳдуд ё манъ менамояд;

ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавии дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;

ҳангоми дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ рӯй додани ҳолати фавқулодда, ҷорӣ намудани низоми вазъи фавқулодда тартиботи ҳуқуқиро таъмин менамояд;

дар тарбияи ҳуқуқии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар Сарҳади давлатӣ ва гузаргоҳҳои он якҷоя бо Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд.

  1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯро бо мақсади ошкору пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои бо кочоқи маводи нашъаовар вобаста бударо дар ноҳияҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар қаламрави давлатҳои ҳамсарҳад ба амал мебарорад;

– дар доираи ваколатҳои худ оиди ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъаовар чора мебинад.

  1. Мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Сарҳади давлатӣ назорати гумрукӣ, санитарию карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар намудҳои назоратро амалӣ менамоянд;

дар бобати ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, экологӣ ва дигар манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар Сарҳади давлатӣ чорабиниҳо ташкил мекунанд ва мегузаронанд;

дар доираи салоҳияти худ асноди меъёрие нашр мекунанд, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси юридикӣ ва воқеӣ хатмист;

аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон риоя шудани талаботи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияташон дохил мешаванд, назорат мекунанд;

дар мавридҳои зарурӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мақомоти назорати (нуқтаҳо) таъсис медиҳанд ва кори онҳоро ташкил менамоянд, мутобиқи талаботи қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун воситаҳо ва усулҳои назоратро муқаррар мекунанд;

бо ҳамдигар ҳамкории мутақобила мекунанд ва ба Қӯшунҳоои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ кӯмак мерасонанд;

бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.

 

Моддаи 32. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои назди сарҳадӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ:

барои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба Қӯшунҳо ва мақомоти қонун ваколатдор карда шароит муҳайё мекунанд, бо ин мақсадҳо дар доираи салоҳияти худ ва мутобиқи талаботи ҳамин Қонун асноди меъёрӣ қабул менамоянд;

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ қитъаҳои замин ҷудо мекунанд, ба истифодаи замин ва дар ин қитъаҳо риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист назорат мекунанд;

Қӯшунҳои сарҳадиро оид ба масъалаҳои марбут ба вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор месозанд;

барои ширкати ихтиёрии шаҳрвандон дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ шароит муҳайё мекунанд;

дар қаламравхои худ аз тарафи тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон риоя шудани иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Сарҳади давлатӣ назорат мекунанд.

 

БОБИ 7

ҲОЛАТҲОИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ, ҚӮШУНҲОИ МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ  МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН, ДИГАР ҚӮШУНҲО ВА СОХТОРҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 33. Ваколатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ муҳофизат мекунанд, ҳамчунин гузариш аз Сарҳади давлатиро таъмин менамоянд. Бо ин мақсадхо онҳо вазифадоранд:

тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағйир додани убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;

ҳуҷуми Мусаллаҳонаро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои Мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд;

вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд; аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ диҳанд;

иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таъмин намоянд;

риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хислати иҷозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;

фаъолияти қӯшунӣ, разведкавӣ, оперативию қӯшунӣ, низомӣ гузарондан ва ҳарбию техникиро анҷом диҳанд;

пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ кунанд ва қарорҳои аз рӯи онҳо қабулшударо иҷро намоянд;

аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқ баранд;

пешгирии қонуншиканиҳоеро, ки мубориза бар зидди онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешавад, ба роҳ монанд;

дар фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намоянд;

дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд;

назорати муҳоҷиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ намоянд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ҳуқуқҳои зерин доранд:

1) дар заминҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти зарурии инженерию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд;

2) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар минтақаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он ҷой озодона рафту омад кунаанд; аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар хати сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади нарядҳои сарҳадӣ, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеаҳо талаб намоянд; киштиҳои дарёии ғайринизомӣ ва дигар воситаҳои нақлиётро мушоиат ва дар онҳо нарядҳои сарҳадиро ҷой кунанд; бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зарурии ашхос, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётро тафтиш намоянд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо тафтиш (муоина) кунанд;

3) тавассути нарядҳои сарҳадӣ ашхосеро, ки нисбати онҳо асос барои гумони вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, нигоҳ доранд ва тафтиш намоянд, чунин ашхосро ба қароргоҳи ҷузъу том, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ё ҷойҳои дигар барои муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд; тавассути қаиқҳои сарҳадӣ нигоҳ доштан, муоина кардан ва дастгир намудани киштиҳои ғайринизомиеро, ки низомҳои мазкурро вайрон карданд ва бурдани онҳоро ба бандар, дарёбанд ё истгоҳи наздиктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ анҷом диҳанд. Ҳангоми муоина кардан ва бурдани киштӣ радиостансияи он набояд кор кунад. Дар хусуси ҳар як ҳолати муоина ва дастгир намудани киштӣ протокол тартиб дода мешавад. Асноди киштиронӣ ва боркашонии аз капитан гирифташуда ба протокол замима мегарданд;

4) ашхосеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба муддати то се соат ба таври маъмурӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян кардни ҳолатҳои қонуншиканӣ –  то се шабонарӯз ва дар ин хусус дар муддати бисту чор соат аз лаҳзаи дастгир кардан ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд ё бо иҷозати прокурор ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз, агар сардҳадшиканон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надошта бошанд, боздоранд; тафтиши инфиродии шахсияти дастгиршудагон, ҳамчунин тафтиш ва дар мавриди зарурат гирифтани ашёи ҳамроҳи онҳо буда, ашёе, ки онҳо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд ва ҳуҷҷати онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ датгир кардан, тафтиши инфиродии шахси дастгиршуда, тафтиш ва гирифтани ашёи ҳамроҳи у буда протокол тартиб дода мешавад;

5) бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаиятеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонунӣ убур кардаанд ва дар мавриди онҳо мувофиқи асосҳои пешбининамудаи қисми чоруми моддаи 15 ҳамин Қонун, қарор дар бораи ба мақомоти давлатӣ ҳамҳудуд супоридани онҳо ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани онҳо қабул шудааст ва ё қарор дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маъмурӣ берун кардани онҳо қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалнома зарур боздоранд;

6) ашхосеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсус барои ин мақсадҳо ҷиҳозонидашудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ашхосеро, ки бо тартиби ҷиноятӣ-мурофивӣ дар содир намудани ҷинояти гумонбар шудаанд ва гумонбаршудагонеро, ки нисбати онҳо ба сифати чораи эҳтиётӣ дар ҳабс нигоҳ доштан истифода шудааст – дар ҳабсхонаҳои  нигоҳдории муваққатӣ ё дар биноҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки махсус бо мақсади нигоҳ доштани ашхоси ба таври маъмурӣ дастгиршуда ҷиҳозонида шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ чунин ашхосро дар ҳабсхонаҳои тафтишотӣ, ҳабсхонаҳои нигоҳдории муваққатӣ ва дигар биноҳои махсус ҷиҳозонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ доранд;

7) ашхосро ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ даъват намоянд ва аз онҳо дар бораи ҳолатҳои барояшон маълумбудаи убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё дигар вайронкунии низоми Сарҳадӣ давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ баёнот гиранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ гирифтани баёнот доир ба ҳолатҳои чунин сарҳадшиканиҳо метавонад дар ҷойҳои дигар анҷом дода шавад. Дар сурати ба даъват ҳозир нашудан, чунин ашхосро ба таври маҷбурӣ овардан мумкин аст;

8) дар ҳуҷҷатҳое, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузоранд ва дар ҳолати зарурӣ ин гуна ҳуҷҷатҳоро муваққатан гиранд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои беэътиборро мусодира намоянд; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

9) қочоқи аз тариқи Сарҳади давлатӣ интиқолдодашаванда ва дигар молҳо, борҳо ва воситаҳои нақлиётии ғайриқонунӣ интиқолдодашавандаро, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави назди сарҳадӣ ошкор намудаанд, ба мақомоти гумрук супоранд, дар сурати мавҷуд набудани мақомоти гумрук онҳоро боздоранд, маводи нашъаоварро бошад, ба ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари   назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон супоранд;

10) ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи дарёиро муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд, онҳоро вазифадор созанд, ки дар ҳамон ҷо қарор дошта бошанд ё ин нуқтаҳоро бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯю амалиёти сарҳадӣ, амалҳои дигари кофтуковӣ ҳамчунин ҳаракатҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ, тарк намоянд;

11) ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ бо огоҳонидани мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои манфиатдор гузаронидани корҳои гуногунро, ба истиснои корҳои дорои аҳамияти мудофиавӣ ва корҳои вобаста бо рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ё бемориҳои махсусан хатарноки сирояткунанда, муваққатан маҳдуд намоянд;

12) дар ҳар вақти шабонарӯз ба манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва ба биноҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ба ғайр аз онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд, дар оянд ва онҳоро ҳангоми таъқиби ашхосе, ки нисбати онҳо асоси кофӣ барои гумони вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, муоина намоянд. Агар дохил шудан ба манзили истиқоматӣ бе ризоияти ашхоси дар онҳо муким сурат гирифта бошад, дар ин хусус дар давоми 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад;

13) бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқаро бемамониат истифода баранд ва ҳангоми зада гардонидани ҳуҷум ба қаламрви Ҷумҳурии Тоҷикистон, монеъ шудан ба убури ғайриқонунии оммавии Сарҳади давлатӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, интиқоли ашхосе, ки ба қонуншиканӣ гумонбар шудаанд – воситаҳои нақлиётиеро, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тааллуқ доранд ва дар ҳолатҳои зарури воситаҳои нақлиётии ба шаҳрвандон тааллуқдоштаро истифода намоянд ва бо талаби соҳибони онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун хароҷот ё зиёни расонидашударо ҷуброн кунанд. Воситаҳои алоқа ва нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ тааллуқ доранд ва воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус аз ин қоида истсино мебошанд;

14) аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маълумотеро дархост карда беподош гиранд, ки барои иҷрои вазифаҳои ба души Қӯшунҳои сарҳадӣ гузоштаи қонун зарур аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун тартиби дигари ба даст  овардани маълумотро муқаррар намудааст;

15) барои иҷрои назорати нигоҳдории низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ бақайдгирии ашхос, баҳисобгирии маълумот ва оморро пеш баранд ва ба ин мақсад низоми иттилоотиро ба тартибе, ки бо қонун мухолифат надошта бошад, истифода баранд;

16) ба мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод доир ба бартараф намудани сабабҳои ва шароити ба содир намудани қонуншиканиҳо мусоидаткунанда, ки таҳқиқӣ ё пешбарии парвандаҳо аз рӯи онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохиланд, пешкаш намоянд;

17) шаҳрвандонро ба таври ихтиёрӣ дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар шаклҳои дигар ба ҳалли вазифаҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳудуди қаламрави назди сарҳадӣ ҷалб намояд, инчунин шаҳрвандонеро, ки дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ саҳми арзанда гузштаанд ҳавасманд созанд;

18) силоҳ, техникаи ҷангӣ, воситаҳои махсус, қувваи ҷисмонӣ ва сагҳои хизматиро бо тартиб ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун истифода баранд;

19) дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба киштиҳои дарёии ғайринизомӣ, ба ғайр аз ин:

агар байрақи киштӣ барароварда нашуда бошад, пешниҳод намоянд, ки масъулони он байрақро нишон диҳанд;

бозпурсии капитан (соҳиб, команда)-и киштиро доир ба мақсадҳои ворид шудани киштӣ ба ин обҳо анҷом диҳанд;

агар киштӣ байрақи худро набардорад, ба ишораҳои пурсиш ҷавоб надиҳад, ба талаб доир ба тағйири самти ҳаракат итоат накунад ё принсипҳои ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии аз тарафи умум эътирофшударо вайрон намояд, киштиро боздоранд ва онро тафтиш кунанд. Дар натиҷаи тафтиши киштӣ ба он метавонад иҷозат дода шавад, ки шинонкуниро (қарор доштан) дар обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муқарраргардида давом диҳад ё пешниҳод карда шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд ё ки он метавонад мутобиқи талаботи ҳамин Қонун боздошта шавад;

ашхосеро, ки ҷиноят содир кардаанд ва бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аз киштӣ фароранд ва дастгир намоянд, ин ашхосро агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоранд;

киштиеро, ки дар обҳои қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои наздисарҳадӣ қоидаҳои шинокунӣ (қарор доштан) вайрон кардааст, пеш аз ба қаламрави кишвари худ ё давлати сеюм ворид гардидани ин киштӣ, пас аз додани ишораи басарӣ ё бонги ововӣ истодан аз масофае, ки киштӣ ин ишора ё бонгро дида ё шунида тавонад, таъқиб кунад ва боздоранд;

Ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ метавонанд аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд, истифода баранд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба киштиро ва ҳавопаймоҳои (чархболҳои) Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқи ба таври ройгон:

истифода бурдани фазои обӣ ва ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандарҳо, дарёбандҳо, майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо (майдончаҳои нишсат) дар қаламрави Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубият ва таъиноти онҳо;

гирифтани маълумоти киштиронӣ, метеорологӣ, гидрографӣ ва дигар маълумот;

таъмин намудани парвоз ва киштиронӣ, дода мешавад.

Ҳуқуқҳои дигарро ба Қӯшунҳои сарҳадӣ танҳо қонун дода метавонад.

Аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ истифода шудани ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда барои иҷрои вазифаҳое, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор накардааст, мумкин нест.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ба иҷрои дигар вазифаҳо, ба истиснои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокатҳо, ҷалб карда намешаванд.

 

Моддаи 34. Ваколатҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо мақсади ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар фазои ҳавоӣ:

риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатиро аз ҷониби киштиҳои ҳавоӣ назорат мекунан;

пеши роҳи парвози ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонунӣ убур кардаанд ё тартиби истифодаи фазоӣ ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд, мегиранд ва барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шинондани онҳо чораҳо меандешанд;

ба ҳавопаймоҳое, ки Сарҳади давлатиро дар натиҷаи ҳолатҳои форс-мажорӣ ё амалҳои беғаразонаи экипажи онҳо ғайриқонунӣ гузаштаанд, кӯмак расонида, самти ҳаракати онҳоро барқарор ва онҳоро барои фаромадан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун рафтан аз ҳудуди фазоӣ ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ мекунанд.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки:

ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонунӣ ё ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ воситаҳои дар ихтиёр доштаашонро барои шинохтани ҳавопаймоҳо истифода баранд;

дар ҳолатҳои зарурӣ барои муайян кардани вазъият дар фазои ҳавоӣ ва андешидани тадбирҳо оид бапешгирӣ ё қатъи убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ аз фазои ҳавоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳо ва воситаҳои дигари навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;

ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё убури ғайриқонунии он дар минтақаҳои алоҳидаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳоро пурра манъ кунанд ё маҳдуд созанд;

аъзои экипажи ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонуни убур кардаанд, баъди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омадани онҳо ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷойҳои дигар ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои убури ғайриқонунӣ ва ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоридани онҳо, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, даъват намоянд;

техникаи ҳарбӣ ва силоҳро мутобиқи ҳамин Қонун ба кор баранд.

 

Моддаи 35. Иштироки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳо ва сохторҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои ҷудогона дар хушкӣ, соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ оид ба манъ намудани убури ғайриқонунии сарҳад дар маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои ҳарбӣ, гарнизонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшуноҳилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои даромадан (убури) ашхос ва воситаҳои нақлиётии бегона пушидаанд, ба зиммаи фармондеҳии объектҳои ҳарбӣ ва гарнизонҳои мазкур гузошта мешавад. Ин гуна қитъаҳо аз ҷониби фармондеҳони (сардорони) Қӯшунҳои  сарҳадӣ, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ якҷоя муайян ва бо асноди дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазоарти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қӯшунҳои сарҳадӣ барои иштирок дар ҷустуҷӯҳо ва амалиёти сарҳадӣ бо тартибе, ки дар қарорҳои муштараки вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, қувва ва восита ҷудо менамоянд.

Дигар намуди ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои  дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 36. Амали якҷоя дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон:

ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд;

дар доираи ваколатҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда фаъолияти мақомоти давлатиро, ки барои нигоҳ доштани низоми Сарҳади давлатӣ намудҳои гуногуни назоратро амалӣ менамоянд, ба ин фаъолиятҳо дахолат накарда, ҳамоҳанг месозанд;

амали якҷояи қувваҳои худ ва мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо, (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои чамъиятиеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд ё ба манфиати Сарҳади давлатӣ фаъолият менамоянд, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ташкил мекунанд. Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амрҳое мебароранд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо тартибе, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд, бо мақомоти дахлдор ва Қӯшунҳои давлатҳои хориҷӣ амали якҷояро анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 37. Истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ анҷом дода, ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми Мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани қӯшиши рабуда, ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиётии бемусофир, силоҳ ва техникаи ҷангиро истифода мебаранд.

Силоҳ ва техникаи ҷангиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст; бар зидди ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёйӣва воситаҳои нақлиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии  сарҳадшиканй ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имконнадорад: барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад, барои озод кардани гаравгонон; барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхосе, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад; барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо.

Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҷангӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.

Силоҳ ва техникаи ҷангӣ ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми Мусаллаҳона, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи ногаҳонӣ ё Мусаллаҳона бо хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҷангӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳом нақлиёт, муқобилияти Мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани ашхоси дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад.

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳақ доранд барои безарар сохтани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд.

Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҷангӣ ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми Мусаллаҳона аз тарафи онҳо муқобилияти Мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳе, ки ба ҳаёт таҳдид мекунад; ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд; ба муқобили ашхосе, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омил бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад, манъ аст.

Хизматчиёни ҳарбии навъҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҷалб карда мешаванд, силоҳ ва техникаи ҷангиро мутобиқи талаботи ҳамин модда ба кор бурда метавонанд.

 

Моддаи 38. Истифодаи воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаҳои дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ, модаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рушноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор мебаранд.

 

БОБИ   8

ШИРКАТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАИ МАҲАЛЛӢ, КОРХОНАҲО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси мансабдори онҳо:

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки намудҳои гуногуни назоратро дар Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд, кӯмак мерасонанд, дастурҳои қонунии онҳоро иҷро менамоянд, маълумоти барои фаъолияти онҳо заруриро пешниҳод мекунанд;

барои иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлалӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ шароит фароҳам меоранд.

 

Моддаи 40. Иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Шаҳрвандон дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дружинаҳои ихтиёрӣ, ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар дигар шаклҳо дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар асоси ихтиёрӣ иштирок менамоянд.

Тартиби ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҷалб намудани шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

БОБИ  9

ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ВА ШАҲРВАНДОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ИШТИРОК МЕКУНАНД

 

Моддаи 41. Ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо

Ба хизматчиёни ҳарбие, ки бевосита дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, статуси хизматчиёни ҳарбии иҷрокунандаи вазифаҳои махсус, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар намудааст, дода мешавад. Онҳо намояндаи ҳокимият буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талабҳои қонунии онҳо бояд ҳатман аз ҷониби шаҳрвандон ва ашхоси мансабдор иҷро карда шаванд. Ҳеч кас, ба ғайр аз ашхосе, ки аз тарафи қонун махсус ваколатдор шудаанд, ҳақ надорад ба фаъолияти онҳо даҳолат намояд.

Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ, сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатӣ, номус ва шараф, амволи хизматчии ҳарбӣ ё аъзои оилаи ӯ боиси, ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 42. Ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо

Барои амалҳои ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо бо сабаби расонидани кӯмак Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ боиси ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 43. Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд

Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандонеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

 

Моддаи 44. Муқаррар намудани кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд

Барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Чикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидора дар доираи ваколатҳояшон онҳо ба ғайр аз кафолатҳо ва ҷубронҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда муқаррар намудани дигар кафолатҳо ва ҷубронҳо мумкин аст.

 

БОБИ 10

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҲАМИН ҚОНУН

 

Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар Сарҳади давлатӣ

Ашхосе, ки дар вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гуннаҳгоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

 

Моддаи 46. Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонрр «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ, дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд.

 

БОБИ  11

ТАЪМИНотимолиявӣ ва моддию техникии ҲИМОЯИ САРҲАДӢ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 47. Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 48. Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз фондҳои давлатии замин, моддию техникӣ ва фондҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Меъёрҳо ва тартиби таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 1 августи соли 1997

№481

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №15-16, мод.255)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯзи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
  2. То баста шудани аҳномаҳо дар бораи гузариши Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд – ҷумҳуриҳои Иттифоқии собиқ ИҶШС, ба сарҳад бо ин давлатҳо статуси Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ:

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ таклифҳо пешниҳод кунад:

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои мақомот ба он тобеъро бо Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

 

 

Муовини якуми Раиси Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            А. ДОСТИЕВ

ш. Душанбе  1 августи соли 1997

№ 482

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …