Главная / Биология / Сарахсҳ: Сохт, ҳаёт ва аҳамият

Сарахсҳ: Сохт, ҳаёт ва аҳамият

Сарахсҳо ба гурӯҳи растаниҳои қадимтарин дохил мешаванд. Онҳо дар рӯи Замин васеъ паҳн гардидаанд. Даҳ ҳазор хели онҳо маълум аст. Дар шароитҳои гуногуни зист, дар биёбон ва ботлоқзорҳо, кӯлҳо, майдонҳои кишти шолӣ, обҳои нисбатан шӯр, дар ҷойҳои сернаму сояи дарахтони бешазор сукунат доранд.

Сарахсҳо дар минтақаҳои кӯҳсор, дар ҷойҳои сернаму соя, тарқиши сангҳои серрутубат, соҳили дарё, канори чашмасорҳо месабзанд. Миқдори аз ҳама зиёд ва гуногунхели сарахсҳоро дар бешаҳои намноки тро- пикӣ дидан мумкин аст. Дар ин ҷо сарахсҳо нафақат дар рӯи замин, зери ҷангал, инчунин дар шоху танаи дарахтон низ васеъ паҳн гардидаанд.

saraxsАндозаи сарахсҳо аз якчанд миллиметр то 25 метр мерасад. Онҳо растаниҳои бисёрсолаи алафианд. Сарахсҳои дарахтшакл ниҳоят кам буда, онҳо бештар дар Осиёи тропикӣ, манотиқи марказии Австралия ва Америкаи Ҷанубӣ вомехӯранд.

Дар Тоҷикистон гуногунхелии сарахсҳо начандон бисёр буда, онҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ бештар вомехӯранд.

Сарахсҳо барг, поя ва реша доранд. Онҳо бо доштани реша аз ушнаҳо фарқ мекунанд. Аксарияти сарахсҳо решапоя доранд. Дар решапояи онҳо решаҳои иловагӣ ва баргҳои думчадароз месабзанд. Дар барги сабзи сарахсҳо дар раванди фотосинтез аз моддаҳои ғай- риорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мешаванд. Инчунин дар он ҷо спораҳо низ ҳосил мешаванд.

Тобистон дар зери лаъличаи барги сарахс доначаҳои бӯрранг пай- до мешаванд. Дар доначаҳо тӯдаи халтачаҳое, ки дар онҳо спораҳо пухта мерасанд, ҷойгир шудаанд. Халтачаҳои спорадорро фақат бо микроскоп дидан мумкин аст.

Халтачаҳо баъди пухтани спораҳо кушода шуда, спораҳо ба берун мерезанд ва шамол онҳоро паҳн мекунад. Спораҳо ба ҷои мусоид афтода, ба монанди ушнаҳо ба сабзиш шурӯъ мекунанд. Вале аз спораи сабзидаистодаи сарахс аввал паҳнаки майда (баргчаи)-и сабз инкишоф меёбад, ки қутраш (диаметраш) якчанд миллиметр аст. Паҳнаки сабз навниҳоли сарахс ба ҳисоб рафта, вай бо ёрии ризоидҳо ба замин дохил шуда, мустақилона нашъунамо мекунад.

Дар пушти навниҳоли сарахс ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина -ан- теридия бо нутфа ва занона — архегония бо ҳуҷайратухм ташаккул меёбанд. Ҳангоми пурра тайёр шудани нутфа девори антеридия кушода шуда, онҳо ба берун мебароянд. Ин ҳодиса одатан дар вақти боридани борон ё шабнами саҳарӣ рӯй медиҳад. Нутфаҳо дар об шино карда, то архегония (ҳуҷайраи ҷинсии занона) меоянд.

Баробари кушода шудани девори архегония яке аз нутфаҳо ба он ворид шуда, ҳуҷайратухми дар он бударо бордор мекунад. Аз ҳуҷайратухми бордоршуда зигота (ҷанин) инкишоф меёбад. Ҷанин аввал аз навнихоли сабз ғизо мегирад. Вай ба сабзиш шурӯъ карда, аз он гадриҷан реша, пояи хеле кӯтоҳ ва барги аввалин инкишоф меёбад. Ба туфайли решааш навниҳол ба хок реша ронда, ба ғизогирии мустақилона мегузарад. Ҳамин тавр, сарахси ҷавон нашъу- намо карда, ба сарахси ҳақиқӣ мубаддал мешавад.

  1. Сарахс чӣ гуна сохт дорад?
  2. Сарахсҳо дар куҷо мерӯянд?
  3. Спораҳо дар кадом узви сарахсҳо ташаккул меёбанд?
  4. Афзоиши сарахс чӣ тавр амалӣ мегардад?
  5. Паҳнаки сабз чӣ тавр пайдо мешавад?
  6. Ҷанин чӣ тавр инкишоф меёбад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …