Главная / Биология / Сангпушт: намудҳои онон

Сангпушт: намудҳои онон

Сангпуштҳо аз ҷиҳати сохти бадан ба қатори хазандаҳои сустҳаракаткунанда дохил мешаванд. Аксарияти сангпуштҳо аз боло сипари барҷаста ва аз поён сипарки паҳни шоҳини пулакчагӣ доранд. Вазифаи сипар он аст, ки баданро аз шароити номусоиди беруна, аз зарбу лат ва аз душман муҳофизат мекунад.

Сипари тахтапушт бо сутунмӯҳраю қабурғаҳои бадан васл шудааст. Ҳангоми оромӣ, хӯрокхӯрӣ, роҳравӣ аз даруни зиреҳ сару пойҳои кӯтоҳ ва думаш берун мебарояд. Баъзе паррандаҳое ҳастанд, ки сангпуштро аз пояш дошта баланд парвоз карда аз он ҷо мепартоянд, пас аз сахт афтидан сипар мешиканад, баъд гӯшти он хӯроки паррандаҳои дарранда мешавад. Намояндаи Сангпуштҳо ҳаёти обӣ ва хам хушкӣ мегузаронанд. Сангпуштҳо обӣ, баҳрӣ, ботлоқӣ, хушкигард, биёбонӣ, даштӣ (алафӣ) мешаванд. Азбаски Сангпуштҳо сипари муҳофизатӣ доранд, дар давоми 190- 200 миллион сол қариб бетағйир мондаанд.

Сангпушти точики

Сангпуштҳо бо пойҳои кӯтоҳашон оҳиста роҳ гашта, бадани вазнинашонро дар рӯйи замин базӯр кашола мекунанд. Панҷаҳои васею чанголҳои тезашон барои ғоркобӣ хизмат мекунанд. Ҳамин ки тобистон растаниҳои дашту биёбонҳо хушк мешаванд, Сангпуштҳо хӯроки сабз ёфта натавониста, ба хоби тобистона мераванд, ки ин баъзан то боронҳои аввали тирамоҳ ё баҳор давом мекунад. Дар тирамоҳ боз Сангпуштҳо бедор шуда, фаъол мешаванд. Бо cap шудани хунукӣ ин ҳайвон ба хоби зимистонӣ меравад, ки он то баҳори оянда давом мекунад. Дар биёбонҳои Туркманистону теппаҳои Тоҷикистон, ки тирамоҳ, наботот тамоман хушк мешавад, аз хоби тобистона сангпуштҳо бефосила ба хоби зимистона мегузаранд. Дар чунин маврид ин сангпуштҳо 8-9 моҳ мсхобанд.

Сангпушти модина дар фасли баҳор 5-6 тухми калон мегузорад, ки рӯйпӯши сафеди оҳакӣ дошта, аз моддаи сафедаю зардӣ бой аст. Баъд аз 2-4 мох аз тухм сангпуштча мебарояд, ки 5 см дарозӣ дорад. Одамон тухми сангпуштро мехӯранд, ки аз мазаи тухми мурғ фарқе надорад. Аз тухми баъзе сангпуштҳои тропикӣ равғани чароғ ё хурданӣ мегиранд, ки он аз ҷиҳати таъм ба равғани зайтун монанд аст. Дар устухонбандии Сангпуштҳо қисми устухони кос, гардан, тана ва дум ҷудо аст, ки онро дар морҳо намебинем. Мӯҳраҳои гардани сангпушт ҳаракатноканд.

Дандонҳои сангпушт якхелаи пластинкашакланд, ки бо онҳо хӯрокашро  маҷақ карда, канда мехӯрад. Сангпупггҳои дар киштзор буда, қисмҳои сабзи растаниро хӯрда, зарар мерасонанд.

Сангпушти калонги гигант

Дар сангпуштҳо шуш ҳамчун узви нафаскашӣ нағз инкишоф ёфтааст. Аз сабаби он, ки сипарашон дар вақти нафасгирӣ фишурдаю барҷаста намешавад, ҳаворо гӯё фурӯ мебаранд. Сабаби васеъ нашудани қафаси сина сипари сахти онҳо мсбошад. Сангпуштҳо аз рӯйи тасниф ба қаторҳои гарданпинҳон, баҳрӣ, гарданкаҷ, нармпӯст ҷудо мсшаванд.

Зерқатори сангпушгҳои гарданпинҳон. Ин Сангпуштҳо гарданашонро ба зери сипаркосаашон пинҳон карда метавонанд. Намояндаи онҳо дар хушкӣ ва об зиндагӣ мекунанд Аксарияти Сангпуштҳо ба ин қатор дохил мешаванд. Намояндаи он сангпуштҳои даштии осиёмиёнагӣ, кавказӣ, сангпушти калон ва ботлоқӣ мебошанд. Сангпуштҳои даштию биёбоние низ ҳастанд, ки гӯшташон хӯрданибоб аст, худи онҳо асосан майса ва баъзан ҳашаротро хам мехуранд. Сангпушгҳоӣ ботлоқӣ азимҷусса буда то 200 кг вазн доранд. Сангпушти осиёмиёнагӣ дар дашту водиҳои Тоҷикистон вомехӯрад, ки вай растанихӯр буда, ба зироатҳои кипггшуда зарар мерасонад. Агар дар як гектар замин 20-30 сангпушти даштӣ зиндагӣ кунад, ва метавонад ба чарогоҳ ё киштзор зарари калон расонад. Сангпушт дар 3 моҳи зиндагии ҳаракатнокаш фарбеҳ мешавад ва ҷуфт шуда, тухм мегузорад. Ин сангпушт дар шароити Тоҷикистон аз ибтидои моҳи апрел ба ҷуфтшавӣ cap мекунад. Моҳи май ба ғорчаҳояш 3-5 тухм мегузорад ва моҳи август аз тухмҳо сангпуштчаҳо мебароянд. Мардуми маҳаллии Осиёи Миёна, аз ҷумлатоҷикон гӯшти сангпуштро макрӯҳ (ҳаром) шуморида, аз хӯрдани гӯшти болаззати он ҳазар мскунанд, хол он ки гӯшти сангпушт ба таъми гӯшти мурғ монанд аст.

Зерқатори Сангпуштҳон барӣ. Ин Сангпуштҳо дар обҳои гарми уқёнуси Ором ва дар баҳри Япон зиндагӣ мекунанд. Дар байни панҷаҳои пояшон парда доранд, ки дар об нағз шино мекунанд. Дар баъзеашон пой ба белча табдил ёфтаасг. Дар баъзе сангпуштҳои баҳрӣ сигшркосаашон барҳам хӯрда, баданашон луч аст. Сангпуштҳои обӣ дарранда буда, моҳӣ, қурбоққа за ҳашароту кирмакҳои обиро мехӯранд. Намояндаи онҳо каретта, бисса, Сангпуштҳои обҳои шӯр мебошанд.

Сангпушти обҳои шӯр калонҷусса буда, то 500 кг вазн дорад. Сангпуштҳои баҳриро бо асбобҳои махсус шикор карда, аз гӯшти болаззаташон консерва тайёр мекунанд. Аз зиреҳи баъзе сангпуиггҳои баҳрӣ, ки ранги зебо доранд, шона, хокистардон ва дигар чизҳои ороишӣ мссозанд. Дар обҳои тропикии уқёнусхои Ҳинду Ором ва Атлантика сангпуштҳои калонтарини дунё зиндагӣ мекунанд, ки дермахолис ном дошта, то 600 кг вазн доранд ва дарозии сипарашон то 2 м. мешавад. Соли 1936 чунин сангпупггро аз обҳои ҳудуди Шарқи Дур (аз гулӯгоҳи Ринда) дошта буданд.

Намуди дигари сангпушти обиеро, ки кареттаи оддӣ ном дорад, соли 1940 аз наздикии Владивосток (аз гулӯгохи Петри Бузург) дошта, ба боги ҳайвоноти Москва оварда буданд.

Зеркатори Сангпуштҳои гарданкаҷ. Ин сангпуштҳо гарданашонро ба даруни сипарашон фурӯ кашидаю пинҳон карда наметавонанд. Онҳо дар обҳои ширини Америкаи Ҷанубӣ, Австралия, Африка зиндагӣ мекунанд. Яке аз онҳо сангпушти моргардан аст.

Зерқатори Сангпуштҳои нармпуст. Ингуна сангпуштҳо аз болои сипаркоса пӯст доранд. Онҳоро дар қитъаҳои Африка. Осиё, Америкаи Шимолӣ вохӯрдан мумкин аст. Дар қисми пеши танаи онҳо хартум мавҷуд аст. Намояндааш трионикси хитоӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ҳамаи Сангпуштҳо дар хушкӣ афзоиш мекунанд. Сангпуштҳои хушкигарди азимҷусса, ки дар ҷазираҳои Галапагос (уқёнуси Ором), Америкаи Ҷанубӣ, дар баъзе ҷазираҳои уқёнуси Ҳинд вомехӯрданд, то 200 кг вазн дошта, диаметри баданашон 1.5 м хаҷм дорад. Одамон бештар сангпуштҳои азимҷуссаро шикор мекунанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …