Главная / Гуногун / Эмомалӣ Раҳмон аз ш. Самарқанд/Ӯзбекистон боздид кард

Эмомалӣ Раҳмон аз ш. Самарқанд/Ӯзбекистон боздид кард

Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд.

29172571787_fee6d8aee8_z2

Тавре маълум аст, Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1428 сохта шуда, қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат буд.

Дар расадхонаи Улуғбек соли 1437 Қӯрғон — номгӯи осмони ситоразор тартиб дода шуда, дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамин ҷо дарозии соли ситоравӣ 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқа бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст.

Дар планетария дар тахтаи махсус номи Мирзо Улуғбек дарҷ гардидааст ва ӯ дар ҷаҳон ҳамчун донишманди илми астрономӣ маълум аст.

Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек аз иншооти муҳимтарини асрҳои миёна мебошад, ки дар теппаи Куҳаки атрофи Самарқанд сохта шудааст.

Дар Осорхонаи “Афросиёб” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигораҳои қадимаву нодири ин иншоот шинос шуданд.

Манзилгоҳи — Осорхонаи “Афросиёб” аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар баробари Мароқанд пойтахти Суғдиён қадимтарин ба шумор меравад. Афросиёб тибқи Шоҳномаи Фирдавсӣ шоҳи Тӯрон буд.

Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба таърихи қадимаи ин шаҳри бостонӣ майдон ва ансамбли ёдгории “Регистон”-ро тамошо карданд.

Ин ёдгорӣ аз мадрасаҳои “Улуғбек”, “Тиллокорӣ” ва мадрасаи “Шердор” иборат мебошад ва он имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳон мубаддал гардидааст. Майдони “Регистон” ба асрҳои XV-XVI тааллуқ дорад.

Макони дигари таърихие, ки дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он боздид ба амал оварданд, оромгоҳи Амир Темур мебошад.

Ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони Мақбара, баъди марги нобаҳангоми Султон Муҳаммад, меросхӯри Амир Темур ва набераи дӯстдоштаи ӯ, соли 1403 оғоз гардида буд.

Бунёди мақбараро набераи дигари Амир Темур, Улуғбек ба охир расонид. Дар вақти ҳукмронии Темур, мақбара ба оромгоҳи сулолаи Темуриён табдил ёфт.

Дар ин ҷо оромгоҳи Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ва устоди Темур Мир Саид Барака мавҷуд аст. Дар атрофи он хонаву ҳавлиҳои зиёде сохта шуда буданд.

Девори он бо сангҳои майда-майдаи сафеду кабуди баланд оро дода шудааст, ки аз нурҳои офтоб ҷило медиҳад.

emomali-samarqand

Дар даруни мақбара санги сари қабрии Амир Темур воқеъ аст ва худи оромгоҳ аз санги мармару оникс ва қисми болоии он аз санги яклухти нефрит бунёд шудааст.

Қабри асосӣ бошад, дар қисми поёнии мақбара ҷойгир шудааст.

Дар даромадгоҳи оромгоҳ навиштаҷоти “Мақбараи Амир Темур. Асрҳои XIV-XV” хаккокӣ шудааст.

18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Ташрифи Сарвари давлат дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

farishta

Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асҳоб Абӯмуаллақ буд ва ӯ ба …