Главная / Гуногун / САМАРҚАНД

САМАРҚАНД

Дар замони донишҷӯӣ роҳи мо – донишҷӯёни панҷекатӣ ба Душанбе дар фасли зимистон аз Самарқанд мегу- зашт. Роҳи гарданаи Анзоб зимистонҳо баста мешуд ва мо ба Самарқанд рафта, аз он ҷо бо қатор ё ҳавопаймо ба Душанбе меомадем. Борҳо роҳам аз тариқи Самарқанд гузаштааст, вале гарчанде Самарқанд дар ҳайати Ӯзбакистон бошад ҳам, ҳеч гоҳ чунин ҳиссиёте, ки Ватанро тарк мекунам, надоштам. Аслан, дар замони шӯравӣ ноҳияи Панҷекат расман тобеи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) бошад ҳам, тамоми кору бори мардуми ноҳия бо Самарқанд буд. Ба Самарқанд мисли шаҳри худа- шон рафтуо мекарданд, он ҷо раванд, бо забони худашон гап мезаданд, бисёриҳо хешу табор доштанд. Ҳатто дар Панҷрӯд чунон ки гуфта шуд, як оилаи самарқандӣ зиндагӣ мекард. Ҳеч зарафшонии Тоҷикистон худашро дар ин шаҳри қанд берун аз Ватан ҳис намекард.

Самарканд

Дар Самарқанд ман худро ҳамеша ҳамчун дар хонаи худ ҳис мекардам, дар ҳоле, ки солҳои аввали донишҷӯӣ дар Душанбе эҳсоси роҳат намекардам. Баъдҳо ин ҳиссиётро дар шаҳрҳои Шерозу Исфаҳон низ доштам. Намедонам, ба чӣ сабабе дар ин шаҳрҳо ҳамеша як ҳиссиёти хоссе, ки гӯё ман дар хонаи худ бошам, доштаам.

Дар Самарқанд – шаҳри сирф тоҷикӣ, он замон тиҷорат хеле ривоҷ дошт. Канори хиёбонҳои атрофи Регистон аз мағозаву ошхонаҳо ҷои холӣ надоштанд. Ошхонаву кабобпазиҳои зиёд навъҳои гуногуни хӯроку кабобро ба намоиш мегузоштанд, ки иштиҳои роҳгузаронро меовард. Бозорҳои шаҳр пур аз молҳои гуногун буд. Анбӯҳи одамон ҳамеша дар хиёбону растаҳо равуо ва савдо мекарданд. Ман дар растаҳои атрофи Регистон сайр карданро дӯст медоштам. Лаҳҷаи хоси «самарқандча»-ро гӯш карда, лаззат мебурдам.

Як зимистон мо ҳамроҳи Абдулҳаким баъд аз таътили зи- мистониро дар Панҷрӯд гузарондан, ба Душанбе бармегаштем. Бозорҳои Самарқанд нисбат ба Душанбе сермолтар буд. Мо ба бозор рафтем, то кафш бихарем. Растаҳои савдогаронро мегаш- тем ва кафш медидем. Нархи як кафшро пурсидем. Кафш- фурӯш гуфт:

  • Нуздаҳ сӯм.
  • Шонздаҳ, – савдо карданӣ шудам ман.
  • Мулло-ака, шонздаҳсӯмӣ биёред, худам мегирам, – гуфт фурӯшанда. Дар Самарқанд ба шахсе, ки номашро надонанд, «Мулло-ака» гуфта, муроҷиат мекунанд.
  • Агар биёрам чӣ? – мазоҳ кардам ман.
  • Биёред, намеёбед, – ҷиддӣ ҷавоб дод савдогар.
  • Чанд ҷуфт биёрам мегиред? – ва идома додам шӯхиро – биёрам аз гапатон нагардед?
  • Гапи мард якто, – даст дод фурӯшанда.

Мо бозорро чарх зада, ба хиёбон баромадем. Ногоҳ дар канори роҳ як умдафурӯшро дидем, ки мизе гузошта буду аз ҳамон кафшҳо мефурӯхт. Наздик шуда дидем, ки ҳамон кафш- ҳоро 15 сӯмӣ мефурӯшад.

  • Чанд сӯм арзон мекунед? – аҷабам омада пурсидам ман.
  • Чордаҳӣ гиред, – гуфт ӯ. Ман ба интихоби кафш андармон шуда, куҷо рафтани Абдулҳакимро надида мондам. Баъд аз фурсате ӯ пайдо шуда маро канор кашиду гуфт:
  • Ман рафта гапзанон кардам, даҳ ҷуфт мегирад, – тез-тез нафас кашиданаш аз давиданаш дарак медод.
  • Киро гапзанон кардӣ? – сарфаҳм нарафтам ман.
  • Ҳамон фурӯшандаро, понздаҳунимӣ, – чашмонаш барқ мезаданд.

Ман ба умдафурӯш рӯй овардам:

  • Бисёр гирам чандӣ медиҳед, мулло-ака?
  • Чордаҳ ҷои шудаш, ҳамон ҳам барои Шумо! – ҷавоб дод ӯ.
  • Агар арзон мекардед, даҳ ҷуфт мегирифтам, – оҳанги раф- тан кардам ман. Дар бозор агар нархро арзон кардан хоҳед, ба мол хеле рағбат нишон надиҳед.
  • Чандӣ мегиред? – маро раҳо карданӣ набуд умдафурӯш.
  • Сездаҳӣ, – ба сездаҳуним розӣ будам ман.
  • Майлаш, сездаҳунимӣ гиред, – хости дили маро гуфт ум- дафурӯш.

Мо даҳ ҷуфт кафшро сездаҳунимӣ харида, ҳамон ҷо понз- даҳунимӣ фурӯхта, пули билети қаторро дар як они воҳид кор кардем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …