Главная / Гуногун / Салоҳияти Президент аз кадом иборат аст?

Салоҳияти Президент аз кадом иборат аст?

Президент ҳамчун шахси олии мансабдори давлатӣ салоҳияти зиёде дорад ва салоҳияти ў аз мавқеи конститутсионии вай дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бармеояд. Салоҳияти Президент инчунин аз мундариҷаи савганди ў бармеояд, чунки дар матни савганд мавқеи Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ба таври маҷмўӣ муаяйн шудааст.

Салоҳияти Президент асосан дар моддаи 69-уми Конститутсия ва баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст, ки шартан ба чунин соҳаҳо ҷудо мешавад:

  1. Намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар. Президент Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Оид ба намояндагии Президент дар дохили кишвар бояд қайд кард, ки ба Тоҷикистон мунтазам меҳмонони хориҷӣ меоянд. Аз рўи мақомашон онҳоро аввал Президент пазироӣ мекунад, сўҳбатҳо мегузаронад ва шартномаҳо мебандад.

Дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо Президент равобити иҷтимо ию иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ мемонад. Ў на фақат дар муносибат бо дигар давлатҳо, балки бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Президент ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, ба қарордоду созишномаҳои байналмилалӣ имзо мегузорад ва онҳоро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро шахсан қабул мекунад.

  1. Таъсис ва барҳам додани мақомоти давлатӣ, таъин ва озод кардани шахсони мансабдори давлатӣ.

Дар ин самт ба Президент ваколатҳои зиёд дода шудааст. Ў вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам дода, дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад.

Президент Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, муовинони Сарвазирро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, фармонро дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд.

Президент номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд. Бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ўро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Бо пешниҳоди Шўрои адлия судяҳои Суди ҳарбӣ, судҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъин ва озод менамояд.

  1. Имзо гузоштан ба қонунҳо, боздоштан ва бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ.

Ваколати ба қонунҳо имзо гузоштани Президент бо принсипи боздорию мувозинати рукнҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буда, ҳамкории Президентро бо Маҷлиси Олӣ дар соҳаи қонунгузорӣ таъмин мекунад. Президент санадҳои мақомоти идораи давлатиро ҳангоми мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад.

Масалан, мувофиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар сурати ба Конститутсия ва қонунҳо мувофиқ набудани онҳо аз тарафи Президент бекор карда мешавад ё амали онҳо боздошта мешавад. Мувофиқи моддаи 10 – уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» Президент дар ҳолатҳои нишондодашуда метавонад санадҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва раисони ҳукуматҳои маҳаллиро бекор намояд.

  1. Харҷи сармояи захиравӣ ва муайян намудани низоми пул. Президент ба сармояи захиравии Тоҷикистон масъул буда, хароҷоти мақсадноки онро назорат мекунад. Дар хусуси ҷорӣ кардани низоми пули нав ё ба он даровардани тағйирот ба палатаҳои Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад.

5.Масъалаҳои ҳарбӣ ва таъмини амнияти давлатӣ. Президент мувофиқи вазифаи худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармондеҳони қўшунҳои ҳарбиро таъин ва озод мекунад. Барои ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти давлат Шўрои амниятро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ менамояд. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷанг эълон намуда, фармонро ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Дар саросари давлат ва ё дар минтақаҳои ҷудогонаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро дар ин хусус фавран ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол менамояд. Барои хизматҳои шоиста шахсони масъулро ба унвонҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад.

6.Ҳалли масъалаҳои додани паноҳгоҳи сиёсӣ, додани шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазо. Президент ҳақ дорад, ки масъалаи шаҳрвандиро ҳал намояд, яъне шахсони алоҳидаро ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намояд, шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ эълон кунад, инчунин аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум гардонад.

Ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазо низ дар салоҳияти Президент аст. Ў бо фармони худ ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад. Ин ваколати Президент аз санадҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ бармеояд.

  1. Мукофотонидани шаҳвандон. Президент мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон шаҳрвандонро бо ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад.

Президент тибқи моддаи 58-уми Конститутсия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доштан маънои онро дорад, ки Президент дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо иштирок мекунад ва он лоиҳаҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Мувофиқи моддаи 70 дар бораи

вазъи мамлакат ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад ва масъалаҳои муҳимро ба муҳокимаи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.

Бояд қайд кард, ки ваколатҳои номбаршуда ҳамаи ҳуқуқҳои Президентро дар бар намегиранд. Дар қонунҳои Тоҷикистон боз ваколатҳои дигари Президент пешбинӣ шудаанд, ки аз вазъи конститутсионии ў бармеоянд. Масалан, мувофиқи Қонуни ҶТ аз 4-уми ноябри соли 1995 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи амният» аз 28 декабри соли 1993» Президент кафили Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, фаъолияти мутобиқгардида ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, риоя гардидани қарордодҳои байналмилалии ҶТ мебошад.

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мувофиқи банди 10 моддаи 69 – уми Конститутсия Президент Дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад.

Асоси ҳуқуқии фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президентро Низомномаи махсус ташкил додааст. Дастгоҳи иҷроияи Президент ба Ҳукумати ҶТ низ дахл дорад, зеро Президент дар як вакт Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент дар хосту пешниҳодҳоро оид ба нақшаи корӣ ҷамъбаст ва мувофиқа намуда, онро ба тасдиқи Ҳукумат пешниҳод мекунад. Мувофиқи Низомнома Дастгоҳи иҷроияи Президент масъалаҳоро ба воситаи Раёсати Ҳукумат ба баррасии маҷлиси Ҳукумат пешниҳод мекунад.

Шўъбаи дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат, ки ба муҳокимаи Ҳукумат пешниҳод мешаванд, маълумотнома тайёр мекунад, ки дар он сабабҳои таҳия шудани лоиҳа, доираи масъалаҳо, бо кадом вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқа шудани он зикр карда мешаванд. Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат бо ҳама шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент мувофиқа карда мешаванд.

Дар маҷлиси Ҳукумати ҶТ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва муовинони ў, мудирони шўъбаҳои он иштирок менамоянд. Қарорҳои Ҳукумат дар «Маҷмўи қарорҳои Президент ва Ҳукумати ҶТ» нашр карда мешаванд.

Cанадҳои Президент ва масъалаҳои таъминоту ҳимояи ў Мувофиқи моддаи 70-уми Конститутсия Президент дар доираи салоҳияти худ фармон ва амр медиҳад. Ин санадҳои Президент дар тамоми қаламрави Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд. Дар асоси бандҳои 3 ва 5 моддаи 55 ва банди 10 моддаи 57-уми Конститутсия як қисми фармонҳои Президент ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд.

Фармони Президент санади зерқонунӣ буда, бояд бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дошта бошад. Дар асоси банди якуми қисми сеюми моддаи 89-уми Конститутсия мувофиқат доштани санадҳои ҳуқуқии Президентро ба Конститутсия Суди конститутсионӣ муайян менамояд.

Қарор ва хулосаи Суди конститутсионӣ дар хусуси бо Қонуни асосӣ мувофиқ набудани санади Президент амали онро бозмедорад ё бекор мекунад.

Дар низоми қонунгузории ҶТ фармонҳои хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доштаи Президент қувваи хеле баланди ҳуқуқӣ доранд. Фармону амрҳои Президент барои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳатмӣ буда, таъмини иҷрои қатъии онҳо вазифаи ҳокимияти иҷроия мебошад. Дар ин хусус ҳам дар Конститутсия, ҳам дар Қонун «Дар бораи Ҳукумати ҶТ», Қонун «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва баъзе санадҳои дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.

Президент шахси олии мансабдори давлатӣ буда, барои иҷрои ваколатҳояш ба таъминоти махсус ва чораҳои махсуси ҳимоя эҳтиёҷ дорад. Ҳамаи ин масъалаҳо, яъне масъалаҳои дахлнопазирӣ, вақт ва музди кор, таъминот бо манзил, нақлиёт, муолиҷаи тиббӣ ва санаторӣ, нафақа, амнияти шахсӣ ва аҳли оила дар Қонуни ҶТ аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи таъминот, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд.

Ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи Президент таҳти ҳимояи қонун қарор дорад. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент сўиқасд мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.

Дар ин қонун давомнокии умумии вақти кор, муддати рухсатии меҳнатии ҳарсола ва музди кори Президент муайян шудааст.

Президент ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ бо бинои истиқоматӣ ва бўстонсарои давлатӣ таъмин шуда, баъди хатми мўҳлати иҷрои вазифа онҳо ба Ҳукумати ҶТ баргардонида мешаванд. Собиқ Президент бо бинои истиқоматии бепули коммуналӣ таъмин карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бо нақлиёти автомобилӣ, тайёра, чархбол ва дигар намудҳои нақлиёт таъмин карда мешавад ва аъзои оилаи ў низ ҳуқуқи бепул истифода бурданро аз тамоми намудҳои нақлиёт доранд. Собиқ Президент умрбод бо нақлиёти шахсӣ таъмин карда мешавад.

Президент ба таъминоти бепули тиббӣ ва муолиҷаи ҳарсолаи санаторию курортӣ низ ҳуқуқ дорад. Ў дар давраи ваколати худ ва баъди як соли анҷоми он бо суғуртаи махсуси ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешавад.

Президент сарфи назар аз синну сол ҳангоми ба охир расидани мўҳлати ваколаташ ба таъмини нафақа ҳуқуқ дорад, ки онро Маҷлиси миллӣ муқаррар мекунад.

Амнияти Президентро муҳофизони шахсӣ бо воситаҳои махсуси алоқа, нақлиёт, таъминоти маишию тиббӣ, нигахдории тартиботи ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои махсуси ҳимоявӣ дар қасри Президент ва ҳангоми сафарҳояш ба амал мебароранд. Ба Президент ва аъзои оилааш кормандони мақомоти амният хизмат мерасонанд. Амнияти сарвари давлат дар ҷои истиқомати ў низ таъмин карда мешавад. Пас аз анҷоми мўҳлати ваколат Президент ва ҳамсари ў бо муҳофизати якумра таъмин карда мешаванд.

Маблағгузории тадбирҳо вобаста ба таъминот, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президент ва дигар хароҷот барои мақсадҳои намояндагӣ дар дохили кишвар ва сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои қабулгардидаи байналхалқӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Саволҳо:

  1. Сабабҳои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
  2. Бори аввал дар кадом санади ҳуқуқӣ оид ба таъсиси мансаби Президент ақида баён шудааст? 3. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва бо кадом роҳ таъин ё интихоб шудааст? 4.Давраи аввал ва дуюми ислоҳоти конститутсиониро дар кишвар ҷудо намоед.
  3. Раъйпурсии охирин оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кай сурат гирифт ва мақсади гузаронидани он аз чӣ иборат буд?
  4. Матни савганди Президентро ба фаҳмиши худатон шарҳ диҳед. 7. Салоҳияти Президент дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст.
  5. Ваколатҳои Президент дар муносибатҳои байналмилалӣ аз иҷрои кадом кору амалҳо иборат аст?
  6. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент чӣ маънӣ дорад? 11.Дастгоҳи иҷроияи Президент чӣ гуна фаъолиятро анҷом медиҳад?
  7. Санадҳои Президент кадомҳоянд? 13. Масъалаҳои таъминоту

ҳимояи Президент дар кадом қонун пешбинӣ шудаанд? 14. Ба фикри шумо, чаро ба Президент дар масъалаи ҳимоя ва таъминоти гуногун имтиёзҳои зиёд дода шудааст? 15. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …