Главная / Илм / Салавоти нория ва хосиятҳои он

Салавоти нория ва хосиятҳои он

Имом Қуртубӣ мефармояд, ки: «Агар касеро мушкиле ва ё муҳимме пеш ояд ва ё аз барои дафъи душмане оҷиз бошад «Салавоти нория»-ро 4444 бор бихонад, бо фармони Аллоҳи таоло ва бо сабаби ин дуруди муборак он шахс ба муроди худ хоҳад расид ва дари хайру баракат бар рӯйи ӯ кушода мегардад». Касе, ки «Салавоти нория»-ро хоҳад, ки 4444 бор бихонад, барои ин кор вақти зиёде лозим аст ва хонанда метавонад дар се рӯз ин микдорро ба итмом расонад. Ва ё ин ки дар шакли ҷамъ чанд кас метавонанд ҳамроҳ бихонанд.

Ва агар касе дар рӯзе ин дурудро ҳазор бор вазифаи худ созад, ба дараҷаи аълои маънавӣ хоҳад расид ва ин амал яке аз аъмоли писандида аст дар назди Худованди мутаол.

Олимони Ислом муътақиданд, ки шахсе, ки ин дурудро сад бор дар рӯзе бихонад, дар аъмоли ҳасанаи ӯ фазилати зиёде ҳосил хоҳад шуд.

Имом Қуртубӣ менигорад, ки: «Ҳар кадом шахсе, ки “Салавоти нория”-ро дар ҳар рӯзе 41 бор бихонад, аз ғаму андӯҳ ва азобу ранҷу бемориҳо саломат хоҳад монд. Ва ҳамчунин сафои дил ӯро ҳосил гашта, хайру баракат дар зиндагиву рӯзии ӯ падид меояд».

Муҳаммади Тунусӣ мефармояд, ки: «Ҳар касе дар ҳар рӯзе 21 бор «Салавоти нория»-ро вазифаи худ созад, ризқи ӯ монанди борон аз осмон ва монанди сабза аз замин пайдо хоҳад шуд ва дари роҳату осоиш бар рӯйи ӯ кушода мегардад».

Имом Динурӣ чунин мефармояд, ки: «Ҳар шахсе, ки аз паси ҳар намозе 11 бор «Салавоти нория»-ро вазифаи худ созад, ҳамаи асбоби рӯзӣ барояш омода хоҳад шуд. Ва ризқи аҳлу аёл ба осониву баракат падидор мегардад».[1] Салавоти нория ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли салотан комилатан ва саллим саломан томман ало сайидино Муҳаммадини-л-лазӣ танҳаллу биҳи-л-уқаду ва танфариҷу биҳи-л-курабу ва туқзо биҳи-л-ҳавоиҷу ва тунолу биҳи-р-рағоибу ва ҳусну-л-хавотими ва юстасқа-л-ғамому биваҷҳиҳи-л-карими ва ало олиҳи ва саҳбиҳи фӣ кулли ламҳатин ва нафасин би адади кулли маълумин лак.[2]

Тарҷума: Эй Аллоҳ, дуруди комил ва саломи вофир нозил фармо бар сардори мо Муҳаммад (с), ки аз баракати онҳо мушкилот ҳал мегардад ва ба зариаи онҳо таколифу тангӣ дур мегардад ва ҳавоиҷ пурра мегардад ва чизҳои марғуб ҳосил мегардад ва ба анҷоми нек мерасад ва сероб мегарданд абрҳо дар тасдиқи онҳо ва бар авлоди ӯ ва бар асҳоби ӯ дар ҳар ламҳаву ҳар нафас ба андозаи маълумоти хеш, дуруд мефиристем.[3]

[1] «Муқаддас ойлар ва мустажоб дуолар». Саҳ. 61.

[2] «Муқаддас ойлар ва мустажоб дуолар». Саҳ. 60.

[3] «Маҷмӯаи вазоиф». Саҳ. 426-427.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …