Главная / Гуногун / Салавот ба тариқи назм

Салавот ба тариқи назм

Бояд ки салавоти ҳузуриро умматони мувофиқ ва толибони содиқ ва рафиқони мушфиқ дар маҷлиси тараб ба ҳусни адаб аз роҳи ниёз ба сӯзу гудоз ба иродат ва таҳорат ба мушки азфар ва ба уду анбар, ба савти ҳазин ва ихлосу яқин ба рӯҳи Ҳазрати Сайидулмурсалин алайҳи мина-с-салавоту афзалуҳо ва минаттаҳийёти акмалуҳо даргузаронанд, то футуҳи абвоби[1] раҳмати Илоҳӣ гардад ҷалла шонаҳу ва амма наволаҳу би авниҳи ва иноятиҳи.[2] Салавоти мутабарракоти Ҳазрати Расули коинот (с) ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Бишунав зи ман саломе, салавот бар Муҳаммад,

Бирасон зи ман паёме, салавот бар Муҳаммад.

Дари Каъба боз кардам, ба Ҳарам намоз кардам,

Ба Худой роз кардам, салавот бар Муҳаммад.

Дари тавбаро гирифтам, ба Мақому Рукн рафтам,

Ба Сафову Марва гуфтам, салавот бар Муҳаммад.

Ҳараму Ҳатиму[3] Замзам, Арафоту Ҳилли[4] аъзам,

Пайи гуфтугӯст бо ҳам, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад,

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Зи ман, эй сабо, равонӣ, зи манаш варо бихонӣ,

Зи ман, эй Худо, расонӣ, салавот бар Муҳаммад.

Манам он гадои кӯяш, ҳама дам ба ҷустуҷӯяш,

Нигарам ба рӯю мӯяш, салавот бар Муҳаммад.

Ба чаман гули шукуфта, буни худ ба гил нуҳуфта,

Ба забони ҳол гуфта, салавот бар Муҳаммад.

Ба риёзи ҷаннати ӯ, пури нур турбати ӯ,

Ту бигӯй уммати ӯ, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Ҳама хокиёни дунё, ҳама муқрибони аъло,

Ҳама дам ба шӯру ғавғо, салавот бар Муҳаммад.

Лаби Ҷабраил гӯяд, дами Исрофил гӯяд,

Дили Микоил гӯяд, салавот бар Муҳаммад.

Пари Ҷабраил рақсад, ки магар расад ба мақсад,

Бирасонад ӯ ба ашҳад, салавот бар Муҳаммад.

Зи capo ило[5] сурайё, дили зарраҳои ашё,

Ҳама ҷаҳру хуфя[6] гӯё, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Рахамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Ба биҳишти адн бигзар, ки навиштаанд бар дар,

Ба зару забарҷад, анвар, салавот бар Муҳаммад.

Мақарат чу рӯҳу райҳон, шавад, эй тани мусалмон,

Чу бигӯӣ аз дилу ҷон, салавот бар Муҳаммад.

Ғаму гуссаи гаронро, дили реши муҷримонро,

Чӣ давост осиёнро, салавот бар Муҳаммад.

Гарат аз ғами маосӣ, шуда тира рӯзи софӣ,

Ту бихон ҳурузи шофӣ[7], салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

На Сафиву Нӯҳ гӯяд, на тани Насӯҳ гӯяд,

Ҳама аҳли рӯҳ гӯяд, салавот бар Муҳаммад.

Зи Сафиву Нӯҳ бингар, ба Халили ибни Озар,

Ба Забеҳу теғи акбар, салавот бар Муҳаммад.

Дили Мусӣ асту Ҳорун, зи пайи русум мафтун,

Гузарон ба лаҳни маҳзун, салавот бар Муҳаммад.

Бинигар ба Ибни Марям, ба само шуда мукаррам,

Ба лабон-ш исми аъзам, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Чу Ҳақаш салом гӯяд, дигараш чӣ сон нагӯяд,

Лаби инсу ҷон бигӯяд, салавот бар Муҳаммад.

Зи само буроқаш омад, зи худӣ фироқаш омад,

Маданӣ висоқаш омад, салавот бар Муҳаммад.

Ба ду дида дида якро, зи миён зидуда шакро,

Зада бар маҳак маъакро, салавот бар Муҳаммад.

Ту мадон, ки ӯст мурда, гарав аз миён бибурда,

Ду ҷаҳон ба ӯст зинда, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад

Зи санои ӯ надонам, ки чӣ сон кунад забонам,

Дилу мағзу ҷисму ҷонам, салавот бар Муҳаммад.

Чу Худо худоияшро бинамуд ошкоро,

Ба туфайли ӯст ашё, салавот бар Муҳаммад.

Набудӣ агар Муҳаммад, нашудӣ ҳисоби аб ҷад,[8]

На қабул будӣ овард, салавот бар Муҳаммад.

Ба туфайли ӯст инсон, ба туфайли ӯст ин ҷон,

Ба туфайли ӯст имон, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Салавоти бар таҳийят, бари аҳлу оли Ҳазрат,

Ба саҳобаҳои уммат, салавот бар Муҳаммад.

Ба Имому Шайхи акбар, шуда ноиби Паямбар,

Пас аз ӯст чун ки Умар, салавот бар Муҳаммад.

Бикунам ба меҳри Усмон дилу ҷони хеш қурбон,

Пас аз ӯ ба Шоҳи  мардон, салавот бар Муҳаммад.

Ба шаши дигар биҳиштӣ, шуда душмани куништӣ,

Ба канор бурда киштӣ, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Ба чаҳор ёри яктан, ба чаҳор моҳи  равшан,

Ба чаҳор рукни гулшан, салавот бар Муҳаммад.

Ба рафиқу ёри ғораш, ба Имоми даррадораш,

Ба Ғании номдораш, салавот бар Муҳаммад.

Ба Валӣ-Алии Ҳайдар, зада зарби худ ба Антар,

Бишикаста боби Хайбар, салавот бар Муҳаммад.

Ба Батули бинти Кубро, ки лақаб варост Заҳро,

Ба Ҳасан, Ҳусайн шаҳидо, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Ба Имом Зайни обид, шабу рӯз буд соҷид,

Бари Боқири муҷоҳид, салавот бар Муҳаммад.

Ба Имом Мирҷаъфар, бари Мӯсии мунаввар,

Ба гулобу уду анбар, салавот бар Муҳаммад.

Ба Алӣ Ризои Козим, ки ба Тӯс гашта ноим,

Ба Тақӣ, Нақии олим, салавот бар Муҳаммад.

Ба вуҷуди Шоҳи Аскар, ба Имом Маҳдӣ acғap,

Ба ҷамеи оли Сарвар, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.

Чу равӣ, сабо, ба кӯяш, ба тавофи хоки кӯяш,

Зи ман ин салом бигӯяш, салавот бар Муҳаммад.

Ки зи сӯйи шарқи дунё, зи макони деҳи  Яҳё,

Ба умед гуфт аз он ҷо, салавот бар Муҳаммад.

Ки ба ном Саъдуддин аст, зи ту доғ бар ҷабин аст,

Шабу рӯз зикраш ин аст, салавот бар Муҳаммад.

Назаре бикун ниҳонаш, саги кӯйи худ бихонаш,

Дигар аз дарат маронаш, салавот бар Муҳаммад.

Салавот бар Муҳаммад, баракот бар Муҳаммад.

Раҳамот бар Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад.[9]

[1] Футӯҳи  абвоб – кушоиши дарҳо.

[2] «Девони Шӯри ишқ». Саҳ. 152.

[3] Ҳатим – санги Каъба мобайни Рукн ва Замзам.

[4] Ҳил(л) – равон шудан ва аз эҳром берун омадан.

[5] Ило – ба сӯйи, то.

[6] Ҷаҳру хуфя – ошкоро ва пинҳонӣ.

[7] Ҳурузи шофӣ — таъвизоти шифо.

[8] Аб ҷадд – падар ва бобо.

[9] «Девони Шӯри ишқ». Саҳ. 152-155.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …