Главная / Ҷамъият / Сакароти мавт ва омадани шайтон бо косаи об

Сакароти мавт ва омадани шайтон бо косаи об

Сакароти мавт ва омадани шайтон бо косаи об

Чун ҷони банда наздики синабирасад, бандаро сакароти мавт ғолиб шавад. Дар вақти баромадани рӯҳ шайтони лаъин васваса кунаду ба гӯши банда расонад ва бигӯяд, ки ту худ медонӣ, ки гуноҳони беандоза кардаӣ? Туро нахоҳанд бахшид ва аъзои туро хоҳанд сӯхт.

Бандаи бечора чӣ донад, ки ин шайтон асту ноумедии бандаро мехоҳад.

Аз Ҳазрати Худованди бузург фармон мерасад мар фариштаро, ки бирав дар гӯши бандаи ман ҳафт бор салом бигӯй, ки он мудаъӣ аст, дурӯғ мегӯяд, бедил машав.

Боз овардаанд, ки чун вақти баромадани ҷон шавад, инсон бисёр ташна шавад, дар ин ҳол шайтони лаъин бо косае аз оби яхин назди сари вай ояд. Пас меҷунбонад косаи обро барои ӯ. Мӯъмин гӯяд: -Бидеҳ маро аз ин об.

Ӯ намедонад, ки вай шайтон аст. Пас шайтон ба ӯ гӯяд: – Бигу, ки нест Сонеъ мар оламро, яьне бигу, ки нест Худо, то туро аз ин об бидиҳам.

Агар мӯъмин ҷавоб надиҳад, шайтон ба тарафи ду пои вай биёяд ва биҷунбонад косаро.

Мӯъмин боз гӯяд: – Бидеҳ маро аз ин об.

Пас шайтон ӯро гӯяд: – Бигӯ, дурӯғ гуфтанд Пайғамбарон, то бидиҳам туро аз ин об.

Касе, ки бадбахт бошад, бар ташнагӣ тоқат наоварда, ба шайтон мувофиқи гуфтаи ӯ ҷавоб диҳад ва аз дунё кофир берун шавад. Худо паноҳ диҳад.

Касе, ки некбахт бошад, суханони шайтонро рад кунад ва фикр кунад он чӣ дар пеши ӯ аст.

Ҳикоят шудааст, ки Абу Закариёи Зоҳид чун ба ҳолати марг расид, пас омад назди ӯ ошнои вай ва ӯ дар сакароти мавт буд. Ӯ барояш калимаи таиба “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р- расулуллоҳ”-ро гуфт.

Абу Закариёи Зоҳид аз вай рӯй гардонид.. Пас дӯсти вай бори дуюм гуфтани калимаи таибаро талкинаш кард. Ӯ боз аз вай рӯй гардонид. Бори сеюм ба гуфтани калимаи таиба даъваташ кард. Абу Закариё гуфт, ки намегӯям.

Пас дӯсти вай аз охири кори вай тарсид.

Баъди як соат, чун Абу Закариё сабукӣ аз ҳоли аввал ёфту чашм кушод, аз дӯсташ пурсид: – Оё Шумо ба ман чизе гуфтед?

Гуфтанд: – Оре, бар ту калимаи таибаро се бор арз кардем. Ту рӯй гардонидӣ ду бор аз гуфтан ва бори сеюм гуфтӣ, ки намегӯям.

Абу Закариё гуфт, ки назди ман шайтон омада буд. Косаи об дар даст дошт. Ӯ аз тарафи рости ман истода косаро ҷунбонида маро гуфт: – Оё ҳоҷат дорӣ ба об?

Гуфтам: – Оре.

Гуфт: – Бигӯ, Исо писари Худост. Пас рӯй гардонидам аз вай. Пас аз он омад аз тарафи пои ман ва маро ҳамчунин гуфг. Боз рӯй гардонидам аз вай. Дар карати сеюм маро гуфт:  – Бигӯ, нест Худо.

Гуфтам; – Намегӯям.

Пас зад косаро бар замин ва пушаймон шуда баргашт. Пас  ман рад карда будам бар шайтон, на бар Шумо. Инак гувоҳӣ медиҳам бо ин ки нест маъбуде магар Худои таъоло ва гувоҳӣ  медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи ӯст ва фиристодаи ӯст.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …