Главная / Гуногун / САЙЁРАИ ЗАМИН – ГАҲВОРАИ ИНСОНИЯТ

САЙЁРАИ ЗАМИН – ГАҲВОРАИ ИНСОНИЯТ

Замине, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, бисёр калон аст. Одамон инро ҳанӯз аз замонҳои қадим дарк карда буданд. Воқеан, ҳар қадар куҳҳои баланди фарогир, ҳамвориҳо, пастиҳо, баҳрҳои бехуду уқёнусҳо мавчуданд, онҳо ҳама як қисми Заминро ташкил медиҳанд. Одамон Заминро аз рӯи андозааш ба хеҷ чиз муқоиса намекарданд. Аз ин рӯ, чунин мешумориданд, ки Замини аз ҳама калону вазнин беҳаракат аст. Онҳо тавасаввур мекарданд, ки дар гирди он Офтоб, Моҳ ва дигар ситораҳо давр мезананд.

Чунин тасаввурот дар бораи Замин ҳамчун маркази олам, дар тӯли асрҳои зиёд вуҷуд доштанд. Дар нимаи асри XVI олими лаҳистонй Николай Коперник (1473- 1543) ҳаракати ҳамаи ҷирмҳои осмониро марбут ба он медонист, ки Замин дар гирди меҳвари худ ва Офтоб давр мезанад.

Танҳо пас аз ин Заминро сайёра меномидагй шуданд. Галилео Галилей бори нахуст осмонро тавассути телескоп назора намуда, омӯхта назарияи Коперникро тасдиқ кард.

Галилей сабаби тағйир ёфтани фазаҳои сайёраи Ноҳидро кашф кард. Вай собит сохт, ки фазаҳои Ноҳид ҳангоми гирди Офтоб, на гирди Замин давр задани он, дигар мешаванд. Галилей дар сатҳи Моҳ куҳҳоро кашф карда, баландии онҳоро чен кард. Вай ҳамчунин мушоҳида кард, ки байни Замин ва дигар ҷисмҳои осмонӣ фарқи чандон хос мавҷуд намебошад. Таври мисол, куҳҳое, ки ба куҳқои дар Замин мавчудбуда монанд мебошанд, дар дигар ҷисмҳои осмонй низ мавчуд мебошанд. Аз ин чунин бармеояд, ки Замин яке аз чунин ҷисмҳои осмонй ба пгумор меравад.

Галилей дарёфт, ки Муштарй дорой 4 ҳамсафар мебошад. Давр задани онҳо дар
гирди Муштарй он нуқтаи назарро, ки дар маркази давр задан танҳо Замни қарор до­рад, рад кард.

Галилей дар сатҳи Офтоб доғҳои торикро дарёфта, аз рӯи ҳаракати ин доғҳо дар диски Офтоб ба чунин хулоса омад, ки Офтоб дар гирди меувари хеш давр мезанад.

.Агар тавассути телескоп ба Роҳи Каҳкашон нигоҳ кунем, маълум аст, ки вай аз ситораҳои хурди сершумор иборат аст.

Замин – сайёраи кабуд

«Зебогии ҳайратангез!..» Ин суханонро бори нахст дар кайҳон 12-уми апрели соли 1961 Юрий Гагарин гуфта буд. Он вақт вай дар рӯзномааш чунин навипгга буд: «Вақте ман ба уфуқ нигоҳ кардам, интиқоли пуртазодро аз сатҳи рӯшани Замин ба осмони батамом сиёҳ, бармало дидам. Сайёраи мо гӯё бо хиргоҳи рангаш кабуд иҳота шуда буд. Сипае ин рах батадриҷ тирагун туда, бунафшаранг ва сипас сиёҳ мегардад. Ин гузариш бисёр зебо буда, бо сухан онро ифода кардан мушкил аст…». Дар идома Гагарин чунин сатрҳоро менависад: «Замин ҳангоми гузаштан аз киш- тии кайҳонӣ аз тарафи соядори Замин рӯзона чунин менамуд. Аввал рахи рӯшани норанҷӣ меояд. Сипас вай бисёр ноаён боз ҳама ба ҳамон ранги барои мо шиноси кабуд гузашта, сипас дубора ба ранги бунафши тира ва қариб, ки ранги сиёҳ мегуза- рад. Манзара бо он хама маҷмуъи рангҳо тасвирнашаванда аст. Вай барои муддати тулонй дар хотира боқй мемо над…» (расми 67).

gagarin

Кӯшиш мекунем, то ранги осмони Заминро, ки аз ранги кабуд ба қариб сиёҳ ме- гузарад ва онро кайҳоннавард таъкид кардааст, шарҳ бидиҳем.

Барои ин мо тасаввур мекунем, ки ба ракета нишаста, рост ба боло парвоз кар- даем (расми 68).

Он вақт Замин дар паси тирезаи ракета боқӣ мемонад. Ақрабакҳои асбобҳои марбута баландиро нишон медоданд… 1 километр… 2 километр… Асбоб баландии 3 километрро нишон медиҳад. Абрҳо моро аз ҳар тараф иҳота кардаанд. Онҳо зебо, сабук ва фаххосӣ мебошанд. Аз байни абрҳо биноҳо, дарахтони сатҳи Замин намоён мешаванд. Аз чунин баландӣ онҳо ба бозичаҳои хонашакл монанд мешаванд.

… Баландии 10 километр.

Абрҳо аз мо хеле поён мондаанд. Акнун онҳо ба қабати барф монанд шудаанд. Аз байни абрҳои Замин қариб ки ҳеҷ чиз, ҳамчунон ҳангоми меҳ, намоён нест. Да- рахтонро аз биноҳо фарқ кардан номумкин аст. Танҳо доғҳои сафед дида мешаванд. Инҳо бешазор, саҳроҳо, кӯлҳо ва шаҳрҳо мебошанд. Осмон дар болои мо хеле тоза буда, акнун кабуд набуда, ба худ ранги обии тирагунро гирифтааст.

…Баландӣ 40 километр.

Дар ин баландӣ осмон мисли шаб, қариб ки сип-сиёҳ гардида буд. Ҳатто си- торагон намудор ҳастанд. Ва дар ҳар куҷо Офтоб рӯшноӣ мебахшад. Рӯзона авҷ мегирад. Дар ин ҷо ситораҳо дар пахдӯ карор доранд. Он осмони кабуд, ки мо онро дида будем, куҷо шуд? Дар боло вай нонамоён аст. Дар тарафҳои чапу ростҳам дида намешавад. Шояд вай поён рафта бошад? Ба поён нигоҳ мекунем.

Замин дар ҷояш аст. Абро болояш қарор доранд. Ҳамаи онҳо, чй Замин ва чй абрҳо бо дуди кабуд иҳота шудаанд. Маълум мегардад, осмони кабуд танҳо дар сатҳи Замин мавҷуд мебошад.

Осмони кабуд ин ҳаво аст. Ҳавои одй, ки мо нафас мекашем, ба он ҳангоми пар- вози хеш боли паррандагон ва ҳавопаймоҳо такя мекунанд. Ҳаво шаффоф аст, вале на батамом. Вай ҳамеша чанги бисёр дорад.

Дар торикй ин чанг дида намешавад. Шабона мо онро намебинем ва ба назар чунин мерасад, ки дар болои мо ҳатто ҳаво низ вуҷуд надорад. Вале рӯзона ҳаво бо шуъҳои офтоб рӯшан мешаванд. Ҳар як гарду ғубори ҳаво рӯшноиро паҳну парешон мекунад ва рӯшан мегардад. Ҳаво тира мегардад. Ба ёд оред, ки ҳангоми ба хона аф- тодани пгуъои рӯшной, таври дақиқ гарду ғубори майдаро дидан мумкин аст.

… Баландии 10000 километр.

Ситораҳо ҳар кадар наздик нашаванд, Замин пурра намоён мешаванд. Маълум аст,ки кураи замин аз ҳар тараф ба як порчаи борики кабуд печонида шудааст. Барой онҳое, ки дар даруни ин «порча»-и Замин зиндагй мекунад, ин осмони кабуд аст.

Бад-ин тартиб, ба сайёраи кабуд- Замин баргаштем.

Супориш

  1. Тарҷумаи ҳоли аввалин каqҳонавард- Юрий Гагаринро биомӯзед.
  2. Дар бораи парвози кайҳонии Солиҷон Шарипови ҳамдиёрамон маводро ҷамъоварӣ намоед.
  3. Дар бораи саёраи Замин- гаҳвораи инсоният ниншо нависед.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

maxresdefault

Истиқлолияти Муғулистон

Тобистони соли 1911 ҳаракати зиддиманҷурӣ боз ҳам пурзӯртар мешавад. Дастгирии Русия барои эълон карда шудани …