Главная / Гуногун / САХТТАРИН ҶАЗО

САХТТАРИН ҶАЗО

Боди дайду худро ба ҳар сўй мезад ва хасу хошокро чошу пош медод. Вале одамон ба он заррае аҳамият надода, маъюсу ғамзада, интизор буданд. Интизорӣ тўл кашид. Ғами онҳо афзуд. Ба гирдоби андеша афтиданд. Ғурроси мошин фикри онҳоро чошу пош дод. Мошини ҷинояткоркаш омада, назди бинои суди ноҳия қарор гирифт.

Иҷозат дода шуд, ки одамон ба толор дароянд.

– Хезед, суд меояд!

cred700Одамон чун як тан аз ҷо хестанд. Ба толор судя, зани хомфарбеҳи қадпасти миёнаумр, бо ду ёрдамчиаш ворид гашта, ҷойҳояшонро ишғол карданд. Одамон ҳамоно чун мактаббачаҳо рост меистоданд. Судя як онҳоро аз назар гузаронду:

– Шинед, – гуфт.

Пас аз ин одамон ба ҷойҳои худ нишастанд.

Ҷинояткор, гўё воқеае рўй надода бошад, оромона менишаст. Судя ба ў дида дўхт. Ва ў якбора аз ҷояш бархосту нидо намуд:

– О суди олӣ! Бигузор ҳақиқат ғалаба кунад!

Судя ҷиддӣ ба ў гуфт:

– Шин!

Вале ў нанишаст.

– Шин! – дўғ зад судя.

Вай рўй турш карда нишаст.

– Хуш-ш, – абрў ба ҳам кашида, папкаашро кушод судя. Ва як ба қоғаз нигаристу боз ба ў рўй овард:

– Хез!

Шубҳаомез ба ў нигарста, дудила шуд.

– Хез, хез!

– Яке шин, яке хез, – норозиёна ғур-ғуркунон оҳиста бархост ў аз ҷояш. – Шин… Хез…

– Шуд! – дўғ зад судя ва сипас пурсид: – Худро гунаҳкор мешуморӣ?

Ҷинояткор ба замин чашм дўхта, андаке хомўш монд. Баъд гулў тоза карда, нидо намуд:

– Не!

– Охир…

– Не, не ва боз ҳам не!

Судя ба додситон дида дўхт: яъне ҷилави сухан ба дасти ту. Додситон марди тоссари пакана, саросема нашуда, аз қоғази сап-сафеди оҳарӣ “тўфдон” сохта, даҳонашро аз нос холӣ кард.

“Мағзи сараш тоза шуд!” – хурсандона дар дил нидо намуд судя.

Додситон аз ҷояш хест. Аввал ба судя, баъд ба толор дида дўхт. Аз башараи бадхашмонаи ў ба тани чанд кас мурғак давид. Нигоҳи додситон ба ҷиноякор ғеҷид. Теғи нигоҳи ў ба ҷинояткор заррае кора накард. Вай дам ба дарун гирифта, оромона менишаст. Ниҳоят додситон лаб ба сухан боз кард:

– Ў симои одамиро гум кардааст ва сазовори ҷазои сахттарин аст!

– Наход? – ҳайрон шуд судя. – Хайр, равшантар гап занед.

Додситон дигар чизе нагуфт, ба даҳон об гирифт.

Ҷинояткор аз ҷояш бархост. Вай марди гандумгун, харобу қадбаланд, гўшт ба рўи устухон буд.

– Э, ҳой! Аз Бальзак ҳам гузарондед-ку. Бист том навиштед-а. Бас будагист. Тезтар ҳукматонро бароред. Диҳед бисту панҷ сол. Аз интизорӣ куки чашмам канд-ку?!

Чеҳраи судя гўё шукуфт. Оҳи сабуке кашид. Аз додситон пурсид:

– Хуш, мешавад?

– Чӣ “мешавад”?

– Бисту панҷ сол.

– Не, намешавад!

– Намешавад? Магар бисту панҷ сол ҷазои сахт нест?

– Не, ин ҷазо не, ин роҳхат ба курорт аст.

– Роҳхат ба курорт? – абрў ба ҳам кашид судя. – Чӣ хел курорт?! Фаҳмотар гап занед!

– Мефаҳмонам, – гуфт додситон. – Агар ўро қама кунем, соҳиби кор, ҷои хоб, сару либос, се вақт хўроки бепул мешавад. Мешавад?

Судя ҳарфе назад.

– Не, мешавад? – боисрор пурсид додситон.

– Ҳа, албатта, мешавад, – ниҳоят ҷавоб дод судя. – Охир ин ҳамаро давлат таъмин менамояд.

– Ҳо, бале! – гуфт додситон. – Давлат таъмин менамояд. Магар ин барои ў курорт нест?!

Судя лаҳзае ба додситон нигоҳ карда, ба андеша афтод. Баъд ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифта пурсид:

– Пас ҳукми қатл?

– Чӣ? Қатл? Ин ҷазо не, мукофот.

– Чӣ хел мукофот?

– Охир, бо як тир аз ин дунёи пурғавғою пурҷафо халос мешавад. На мебинаду на месўзад.

Судя дасту по хўрда, лаҳзае чӣ гуфтанашро надониста монд. Баъд ба худ омада, бо ҳайрат гуфт:

– О, аз ҳукми қатл ҳам ҷасои сахттар ҳаст?

– Ҳаст!

– Ҳаст? Чӣ?! Гўед!

– Озодӣ!

– Не-е…

– Ҳа! Аз ин рў таклиф мекунам, ки вай озод карда шавад.

– Чӣ?! Озод карда шавад?

– Ҳа, аз ҳамин ҷо, аз толри суд озод карда шавад!

Ҷавоби додситон чашми судяро аз қолаб баровард. Вай лаҳзае аз забон монд.

Дар толор хомўшӣ ба вуқўъ омад.

Дар берун резаборон меборид.

Ҷинояткор безобита гашта, як хесту боз гашта нишаст.

Судя абрў чин намуда, ранҷишомез гуфт:

– Мазоҳ мекунед?

– Ҳеҷ! – бо салобот нидо намуд додситон. – Ҷиддӣ мегўям.

– Охир… охир… – забон хоид судя. – Ин ҷазо не-ку?

– Не, ин сахттарин ҷазо! – бо ҳамон оҳанг нидо намуд додситон. – Имрўз аз ин сахттар ҷазо нест! Ҳа, нест!

– Наход? – ҳайрон шуд судя. – Хайр, фаҳмонед.

Толор ба ҷунбиш омад. Ғалоғулаю садоҳои “Тавба!”, “Чӣ-ӣ?”, “Ана ин ҷазо?!” ба гўш мерасид. Судя толорро ба хомўшӣ даъват намуда, ба додситон рўй овард:

– Фаҳмонед.

– Мефаҳмонам! – қаноатмандона бовиқор гуфт додситон. – Агар ўро ба озодӣ сар диҳем, на кор меёбаду на сарпаноҳ, на хўрокаю на либоса. Гурўсна, овораю дар ба дар. Ҳолаш аз саги дайду ҳам бадтар мешавад. Магар ин сахттарин ҷазо нест?!

Толорро сукути сангин ба асорати хеш даровард.

Дар берун резаборон ба сел табдил ёфт.

4 январи соли 1993

5 марти соли 2002

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …