Главная / Ҷамъият / ОМОДАГИИ САДАМАВӢ ВА МУҲОФИЗАТИ РАДИАТСИОНӢ

ОМОДАГИИ САДАМАВӢ ВА МУҲОФИЗАТИ РАДИАТСИОНӢ

БАРНОМАИ ОМОДАГИИ САДАМАВӢ ВА МУҲОФИЗАТИ РАДИАТСИОНӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017 

Муқаддима

  1. Барнома омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ (минбаъд – Барнома) барои таъмини эътинонамоии фаврии муттафиқона ва якҷояи мақомоти идоракунӣ, қувва ва воситаҳои функсионалӣ ва ҳудудии зернизомҳои Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Низом) дар мавриди таҳдид ё баамалоии ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ пешбинӣ гардидааст.
  2. Барнома бо дарназардошти талаботи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ, дар асоси Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хавфи офатҳо барои солҳои 2010-2017 таҳия гардида, қисми таркибии Нақшаи миллии омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи давлатии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, аз ҷумла марбут ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ мебошад.

radiatsii

1. Ҳолати қонунӣ ва мушкилоти асосӣ

  1. Дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳамоҳангсозии баҳодиҳии хатарҳо, огоҳкунӣ ва ҳамкории тамоми ташкилотҳо, ки ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ эътино менамоянд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми танзимгар дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар доираи “Лоиҳа оид ба таҳкими имкониятҳои эътино ба офатҳои табиӣ” аз ҷониби Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират бо дастгирии Ҳукумати Япония анҷом дода шудааст, нишон медиҳад, ки масоили эътинонамоии фаврӣ ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ, нуқтаҳои алоқа (огоҳонӣ), ки огоҳонӣ ва эътиноро ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ амалӣ менамоянд, ба пуррагӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян нагардидааст.

Дар банди 13 Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда оварда мешавад, ки “дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ” Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалиёти фаврӣ дар мавриди баамалоии хавфи ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ё рафъи оқибатҳои он ваколат надорад. Бо вуҷуди он салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Қонуни мазкур қайд нагардидааст, ҳол он ки бояд қайд мешуд.”.

Дар банди 14 Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда оварда мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ” салоҳияти махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро пешбинӣ намекунад, инчунин ҳолатҳои фавқулоддаро ҳангоми раванди истифодаи энергияи атомӣ ва мутаносибан ваколати мақомоти давлатиро дар ин ҳолат пешбинӣ наменамояд. Салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истинод ба қонуни дахлдор қайд нагардидааст.”.

Умуман як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавкулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” ва хулоса бароварда шуд, ки раванди ягона барои сафарбаркунии қувва ва воситаҳои Низом мавҷуд нест.

  1. Меъёрҳо ва қоидаҳо оид ба масъалаҳои сатҳи ҳадди имкомпазири шуъохўрӣ ва ифлосшавӣ ҳангоми ҳолатҳои садамавӣ, аз ҷумла маводи озуқа ва меъёрҳо ҳангоми оғози эвакуатсияи аҳолӣ ва анҷоми он таҳия нагардиданд. Аз рўи барномаҳои махсуси таҳияшуда омўзиши мутахассисон ва аҳолӣ дар асоси тавсияҳои ҳозиразамони Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳо гузаронида намешавад. Машқу тамринҳои махсус дар иншоот дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ гузаронида намешаванд. Дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо нақшаҳои омодагӣ ва эътино дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ таҳия нагардидаанд. Вазифаҳои мутаххасис вазорату идораҳои дахлдор дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ муайян карда нашудааст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

  1. Барнома бо мақсадҳои зерин таҳия шудааст:

– таъмини Низом бо санадҳои меъёрии хукуқии алоҳида, такмили қонунгузорие, ки хусусияти банақшагирии омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсиониро ба эътибор мегирад;

– ҳамоҳангсозии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи эътинои садамавӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад, бо замимаи меъёрию ҳуқуқии давлатҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва бо дарназардошти талаботи умумии қабулгардидаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ ҷиҳати банақшагирии омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ, ки аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ қабул шудааст;

– ташкил намудани зернизоми омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ.

3. Натиҷаҳои манзурии Барнома

  1. Натиҷаи асосӣ ва муҳимтарини Барнома таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии Низом оид ба масъалаҳои омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ дар назар дошта мешавад.
  2. Нуқтаи алоқа (огоҳонӣ) бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ки барои омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ масъуланд, муайяинкарда мешавад.
  3. Мутахассисони соҳаи омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо тайёр карда мешаванд.
  4. Сатҳи мудохила ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ мутобиқи талабот ва тавсияҳои байналмилалӣ таҳия карда мешавад.
  5. Дар иншооте, ки фаъолияти амалӣ вобаста ба технологияҳои радиатсионӣ ва ё радиатсионию ядроӣ иҷро мегардад, дараҷаи хатарнокии иншоот муайян карда мешавад.
  6. Дар асоси Нақшаи намунавии рафъи садамаҳо, ки аз тарафи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои таҳия мегардад, нақшаҳои рафъи садамаи иншооти дорои дараҷаи гуногуни хатарноки таҳия карда мешавад. Дар иншооти дорои дараҷаи гуногуни хатарнокӣ дар нақшаи рафъи садамаҳо низ нақша ва рўйхати огоҳинамоӣ дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ муайян ва пешбинӣ карда мешавад.
  7. Маркази идоракунии ҳолатҳои бўҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳайати кормандон барои эътино дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ таъмин мегардад.
  8. Барои иҷрои кафолатнок ва асосноки талаботи дахлдори Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атом ва Барномаи мазкур аз тарафи тамоми ташкилоту корхонаҳо низоми танзимкунонӣ ва нозирӣ муқаррар гардида, аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои нақшавӣ ва ногаҳонии ҳолатҳои омодагӣ ва эътино дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ дар иншоот, мақомоти ҳудудӣ ва функсионалӣ ташкил карда мешавад.

4. Механизм ва марҳилаҳои татбиқи Барнома

  1. Марҳилаи 1. Таҳкими заминаи конунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ.

Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар соҳаи омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ таҳия ва такмил ё таҷдиди назар мешавад.

  1. Марҳилаи 2. Банақшагирии омодагии садамавӣ
  2. Бо мақсади эътинонамоии саривақтӣ дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ва истифодаи чораҳои мушаххас оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо нақшаҳои эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ таҳия карда мешаванд, ки онҳо ба навъҳои зерин ҷудо мешавад:

– нақшаи омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ дар сатҳи давлатӣ;

– нақшаҳои омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ зернизомҳои ҳудудии Низоми сатҳи ҷумҳуриявидошта;

– нақшаҳои омодагии садамавии ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ зернизомҳои функсионалии Низоми сатҳи минтақавидошта;

– нақшаҳои омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионии зернизомҳои ҳудудии Низоми сатҳи маҳаллидошта;

– нақшаи рафъи садамаҳо дар иншоотҳо, ки фаъолияти амалии худро вобаста ба технологияҳои радиатсионӣ ва радиатсионию ядроӣ амалӣ менамояд.

  1. Марҳилаи 3. Ташкили қувва ва таъмини воситаҳои эътино дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ дар ҳама зинаҳо.
  2. Қувва ва воситаҳои эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ташкил ва дар холатҳои омодагии доимӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла:

– Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ дар доираи шумораи муқарраргардидаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва таҳким меёбад;

– дар заминаи Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои он, инчунин гурўҳҳои ёрии таъҷилӣ, хадамоти оташнишонӣ гурўҳҳои эътинонамоии аввалин дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ташкил, омода на ҷиҳозонида мешавад;

– барномаҳои махсуси омўзишӣ дар соҳаи омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии ядроӣ ва радиатсионӣ таҳия карда шуда, синфхонаи тамринии лабораторияи мазкури Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳҳаз гардонида мешавад;

– дар заминаи донишкадаҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба омода ва такмили тахассуси мутахассисони соҳаи радиология, духтурони умумикасбӣ, духтурони беҳдошти радиатсионӣ ва эътинонамоӣ таъсис дода мешавад;

– дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии фалокатҳо таъсис дода мешавад;

– дар заминаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба такмили ихтисоси ҳайати кормандон ва масъулини соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва ҳамчунин масъулин дар соҳаҳои ташкил ва идоракунии дастгоҳу таҷҳизоте, ки манбаи афканишоти ионофарро дар ҷабҳаҳои гуногуни иқтисодиёт истифода мебаранд, таъсис дода мешавад.

5. Маблағгузории Барнома

  1. Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби кўмакҳои бебозгашти ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои буҷет, ки ҳамасола ба назорату идораҳои дахлдор ҷудо мегарданд, амалӣ карда мешавад.
  2. Баҳри амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур, ба ғайр аз маблағҳои вазорату идораҳои истифодабарандаи иттилооти махсус ва фаврӣ, инчунин кўмаки молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешавад.
  3. Ҳамагӣ дар солҳои 2012-2016 аз ҳисоби:

– буҷети давлатӣ 5 млн. 934,5 ҳазор сомонӣ;

– буҷетҳои маҳаллӣ 4 млн. 004,7 ҳазор сомонӣ;

– маблағҳои худӣ 9 млн. 065,5 ҳазор сомонӣ;

– кўмаки байналмилалӣ 1 млн. 587 ҳазору 682 доллари ШМА пешбинӣ мешавад.

Рабство

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

shafran

Духтурон аз Ҳинудстон ба ш. Душанбе санаи 29-уми октябр меоянд

Барои аксари ҳамватанон табобат дар хориҷа монанди парвоз ба кайҳон  аст, яъне. чизе аз доираи хаёлот. …