Главная / Маданият ва санъат / Сабр кардан бар бало

Сабр кардан бар бало

Сабр кардан бар бало 

Ва дигар аз ахлоқи неку сабр кардан бар бало ва мусибат аст. Сабр аз хислатҳои пайғамбарон аст. Ҳақ таъоло ҳабиби худ Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва салламро ба , сабр фармуд.

Сабри ҳақиҳӣ се аст: сабр бар тоату сабр аз маъсияту сабр бар бало ва меҳнат. Ҳар ки сабр кунад бар мусибат, Ҳақ таъоло ӯро сесад дараҷа каромат кунад, зеро сабр калиди ҳама кушоишҳо аст.

Эй бародару хоҳари азиз, бидон ки ҳар бало ва меҳнате, ки ба банда мерасад, аз тақдири худованд аст. Чунончи Худованди бузург дар каломи маҷиди худ аз он ҳол хабар медиҳад, ки нарасад ҳеҷ мусибате аз мусибатҳо дар замин, яъне аз наборидани борон ва кам рӯидани зироатҳо ва кам гирифтани меваҳо ва на дар нафсҳо, яъне касалиҳо ва мурдани фарзандон, магар он навишта ва сабт гардонида, яъне қазо ва ҳукм кардааст онро Худованд ва сабт кардааст дар лавҳи маҳфуз, пеш аз халқи халоиқ ва пеш аз халқи он мусибат.

Ҳар ки дар мусибат доду фарёд мёкунад ё рӯйканӣ ва’мӯйканӣ мекунад, чунон аст, ки бо Ҳақ таъоло ҷанг мекунад. Доду фарёд кардан бало ва мусибатро дур намекунад, лекин музду савоби сабрро дур мекунад.

Абдуллоҳ ибни Муборак мегӯяд, ки мусибат яке аст, чун соҳиби мусибат нола ва фарёд кунад, он мусибат ду мусибат мешавад. Яке мусибат ва яке рафтани музду савоб ва ин мусибати калонтар аст аз мусибати аввал. Савоби собирон беҳисобаст, яъне ғайр аз Худованд касе музду савоби собиронро надонад.

Илоҳи ҳамаро тавфиқи сабр бар бало каромат фармоӣ ва балоҳои охири замонро аз уммати ҳабиби худ дур гардонӣ, омин.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …