Главная / Гуногун / САҒИРАПАРВАР

САҒИРАПАРВАР

Замони мактабхонии мо дар мактабҳои Шӯравӣ расме буд, ки давлат соле як бор ба баччаҳои бесаробон са- рулибос медод. Шояд ин расми хуб бошад, вале ростӣ хеле ба шеваи бад анҷом мешуд. Як ҳамсинфи мо модар надошт, мегуфтанд, ки дар кӯдакӣ модараш аз дунё гузаштааст. Ҳар сол ба ана ҳамин ҳамсинфи мо як сарупо либосро ба синф оварда, ӯро ба назди тахта хонда, дар ҳузури ҳама мепӯшонданд. Бачаи бечора ҳар сол, вақти ин амал гиря мекард.

духтарони дехтиДар Панҷрӯд кӯдакони бе падару модар мондаро «сағира» меноманд ва ҳама бо дилсӯзӣ бо онҳо муносибат мекунанд, ки худи ҳамин муносибат ба он бачаҳо хеле сахт мерасид. Бовар дорам, худашон мехостанд, ки ба онҳо низ ҳамчун ба ҳамсолони дигарашон муносибат карда шавад. Ҳамин сарулибоспӯшонии хориовар дар ин маросим хеле барҷаста ва дар ҳузури ҳама ба намоиш гузошта мешуд. Ман ин маросимро хеле бад медидам, вале баъдан донистам, ки дар Шӯравӣ муносибати хеле бадтаре ба бачаҳо низ вуҷуд доштааст.

Дар Шӯравӣ ибораи «душмани халқ» рӯи кор буд. Онро ба касоне мечаспонданд, ки ба баъзе гуноҳҳои вазнин, аз ҷумла хиёнат ба Ватан айбдор мешуданд. Дар бораи он ки чӣ касоне душмани халқ эълон мешуданд ва исботу додгоҳи онон чӣ гуна баргузор мешуд, бисёр навиштаанду гуфтаанд ва ҷои баҳсаш ин ҷо нест.

Фарзандони ана ҳамин одамон низ «фарзанди душмани халқ» дониста мешудаанд ва инро доим ба онҳо ёдрас мекарда- анд. Масалан, дар мактаб пеш аз саршавии дарс он кӯдакро ба пеши қатор бароварда, рӯбарӯи аҳли синф рост карда, «ҳайфи ту!» мегуфтаанд ва ҳама ба сӯяш туф мекардаанд. Хушбахтона, замони мактабхонии мо вақти ин қабил аҳмақиҳо гузашта буд.

Боре дар филме дидам, ки муаллима бачаҳоро қатор кар- да, аз байнашон талабаеро пеш хонд ва як торсакӣ ба рӯяш зада, галстуки пионериро аз гарданаш кашида гирифт ва «ту ҳам мисли падару модарат душмани халқӣ!» гуфт ва сипас ба бачаҳо фармон дод:

– «Ҳайфи» ту! бигӯед. Бачаҳо баробар бо овози баланд се бор «Ҳайфи ту!» гуфтанд ва пас аз он бо дастури муаллима ба рӯи он талаба туф карданд.

Худоё, инсон, он ҳам муаллим ва он ҳам зан (!) метавонад ин қадр бераҳм бошад?!

Тақдири баъдии ин баччаҳо хеле талхтар будааст. Аксари онҳо дар мактабу урдугоҳҳои ГУЛАГ талаф шудаанд, онҳое ҳам, ки аз он «дӯзах»-ҳои рӯи замин зинда баромадаанд, дигар ҳеч гоҳ қобили эътимод дониста намешудаанд, доим зери шубҳа мемондаанд ва ҳар кадом парвандаи махсус доштаанд. Ростӣ, дасти одам аз навиштани ин сатрҳо меларзад. Охир он кӯдаки маъсум чӣ гуноҳ дорад?! Ӯ, ки падару модар ва замону макони ба дунё омаданро интихоб накардааст!!!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Занони аробакаши Точик

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон занони тоҷик ба аробакашӣ машғул шуда то …