Главная / Без рубрики / РӮЗҲОИ ИД ДАР ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ ИД ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684; №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 с., №1390; аз 30.05.2017 с., №1437)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362) 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:

– Соли нав – 1 январ;

Рўзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 10 январ;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1390)

– Рӯзи кормандони мақомоти гумрук – 22 январ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 25 январ; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №917)

– Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23 феврал;

– Рӯзи Модар – 8 март;

– Рӯзи матбуот – 11 март;

Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура – 14 март; (ҚҶТ аз 8.08.15с., №1218; ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Иди Сада – якшанбеи дуюми моҳи март;

– Рӯзи фарҳанг – 20 март;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1437)

– Рӯзи зиёиёни эҷодкор – 20 март;

– Иди байналмилалии Наврӯз – 21-24 март;

– Рӯзи иқтисодчиён – 8 апрел;

– Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ – 10 апрел;

– Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва  фарҳангӣ – 18 апрел;

– Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе – шанбеи сеюми  моҳи апрел;

– Рӯзи илми тоҷик – якшанбеи сеюми моҳи апрел;

– Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ – 26 апрел;

– Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 май;

– Рӯзи кормандони мақомоти андоз – 4 май;

– Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа – 7 май;

– Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 май;

– Рӯзи Шашмақом – 12 май;

– Рӯзи байналмилалии оила -15 май;

– Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май;

Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология – 25 май; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1104)

– Рӯзи адвокатҳо – 26 май;

– Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ – 28 май;

– Рӯзи кимёгарон – якшанбеи охири моҳи май;

– Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон – 1 июн;

– Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 5 июн;

– Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ – якшанбеи якуми моҳи июн;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук – якшанбеи дуюми моҳи июн;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн;

– Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия – 6 июл;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи маъюбон – 8 июл;

– Рӯзи моҳипарварон – якшанбеи дуюми моҳи июл;

– Рӯзи металлург – якшанбеи сеюми моҳи июл;

– Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ – 25 июл;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ – 30 июл;

– Рӯзи варзишгарон – 10 август;

– Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон – якшанбеи дуюми моҳи август;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ – 17 август;

– Рӯзи кормандони роҳи оҳан – 17 август;

– Рӯзи кормандони соҳаи тиб – 18 август;

– Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон – якшанбеи сеюми моҳи август;

– Рӯзи ангиштканон – якшанбеи охири моҳи август;

– Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ – 1 сентябр;

– Рӯзи дониш – 1 сентябр;

– Рӯзи авиатсия – 3 сентябр;

– Рӯзи Гвардияи миллӣ – 3 сентябр;

– Рӯзи китоб – 4 сентябр;

– Рӯзи кормандони саноати нафту газ – якшанбеи аввали моҳи сентябр;

– Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр;

– Рӯзи мелиораторон – 13 сентябр;

– Рӯзи роҳсозон – якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

– Рӯзи кормандони ҷангал – якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

– Рӯзи Рӯдакӣ – 22 сентябр;

– Рӯзи мошинсозҳо – якшанбеи охири моҳи сентябр;

– Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ – 29 сентябр (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1341);

– Рӯзи Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ – 30 сентябр;

– Рӯзи куҳансолон – 1 октябр;

– Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр;

– Рӯзи омӯзгорон – якшанбеи якуми моҳи октябр;

– Рӯзи кишоварзӣ – 8 октябр;

– Рӯзи Фалак – 10 октябр;

– Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва суд – якшанбеи дуюми моҳи октябр;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи соҳибкорон – 14 октябр; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1187)

– Рӯзи кинои тоҷик – 16 октябр;

– Иди Меҳргон – якшанбеи сеюми моҳи октябр;

– Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон –  6 ноябр;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи театри тоҷик – 7 ноябр;

– Рӯзи милитсия – 10 ноябр;

– Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1320);

– Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр;

– Рӯзи кормандони мақомоти молия – 7 декабр;

Рӯзи геологҳо – 9 декабр; (ҚҶТ аз 3.07.12с., №834)

– Рӯзи ҳуқуқи инсон – 10 декабр

– Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон – 18 декабр;

– Рӯзи энергетика – 22 декабр;

– Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ – 28 декабр;

– Иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Иди Қурбон – ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362) 

Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ 

Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:

– 1 январ – Соли нав;

– 8 март – Рӯзи Модар;

– 21-24 март – Иди байналмилалии Наврӯз;

(сархати 4 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1390)

– 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

– 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

– 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

– Рӯзи иди Қурбон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

Моддаи 4. Афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рӯзҳои ид

Дар рӯзҳои ид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Моддаи 5. Чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рӯзҳои ид

  1. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои  ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
  2. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ дар рӯзҳои ид бо тартиби муқарраргардида  гузаронида мешаванд.

Моддаи 51. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)

Моддаи 6. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи рӯзҳои ид» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 237; с. 1998, №10, мод. 125; №23-24, мод. 338; с. 1999, №5, мод. 76; №12, мод. 308; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 191; мод. 194; мод. 197; с. 2003, №4, мод.132; №8, мод. 449; №12, мод. 678; с. 2004, №5, мод. 350; №12, қ. 1, мод. 697; с. 2005, №3, мод. 131; №12, мод. 658; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 9; №3, мод. 188; №12, қ. 1, мод. 988; с. 2009, №5, мод. 319; №7-8, мод.493; №11, мод. 698; мод. 699; с. 2010, №7, мод. 544; мод. 548) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011,

№ 753

 

Инчунин кобед

Хонаи фуруши дар Вахдат

Ҳавлии фурушӣ дар н Ваҳдат (маҳалаи Дайробод) 170 кв = 650 000 с

Ҳавлии фурушӣ иборат аз 8 сотиқ ё худ 170 квадрат бинои сохтмонӣ дорад. Ин аст …