Главная / Ҷамъият / Рухсатӣ чист (меҳнати корӣ) ?

Рухсатӣ чист (меҳнати корӣ) ?

Рухсатии меҳнатӣ чист?

Рухсатӣ ин давраи муваққатан аз давраи корӣ озод будан бо сабабҳои муайян мебошад. Рухсатиро тибқи Кодекси меҳнат танзим карда мешавад ва моддаҳои мутаалиқ дар поён оварда шудааст.

Намудҳои рухсатӣ

1. Рухсатӣ аз намудҳои зерин иборат аст:
– рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
– рухсатиҳои иҷтимоӣ;
– рухсатии бемузди меҳнат;
– рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок;
-дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз инҳо иборат мебошанд:
– рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин;
– рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;
– рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола.
3. Рухсатиҳои иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:
– рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
– рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак;
– рухсатӣ барои таҳсил;
– рухсатии эҷодӣ.
4. Рухсатиҳо бо санади корфармо ба расмият дароварда мешаванд.

woman relaxing in an innertube at tropical paradise
woman relaxing in an innertube at tropical paradise

Моддаи 91. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ

1. Кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
2. Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад.
Моддаи 92. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда
Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.
Моддаи 93. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин
1. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рўзи тақвимиро ташкил медиҳад.
2. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад.
3. Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, аз 24 рўзи тақвимӣ зиёд намояд.
4. Рўзҳои иди ғайрикорӣ, корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд.
5. Ҳангоми рост омадани рўзҳои иди ғайрикорӣ дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рўзҳои иди ғайрикорӣ дароз карда мешавад.

Моддаи 94. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

1. Ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти уҳдадориҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
2. Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад:
– ба кормандони ташкилотҳои илмӣ – аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар китобхонаҳо – аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандон – омўзгорони шуъбаҳои рўзона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла доир ба тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ – аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандони муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ – аз 28 то 42 рўзи тақвимӣ;
– ба ҳамшираҳои тиббӣ, ки ба тарбияи кўдакони то сесола машғуланд, мураббияҳои гурўҳҳои ширхораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ва хонаи кўдакон – 42 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал – 28 рўзи тақвимӣ;
– ба варзишгарон – на камтар аз 30 рўзи тақвимӣ;
– ба рўзноманигорон – на камтар аз 30 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандони синни то ҳаждаҳ, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ (таълими истеҳсолӣ) қабул шудаанд – 30 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандони маъюби гурўҳҳои I ва II- 42, гурўҳи III- 35 рўзи тақвимӣ;
– ба кормандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд – на камтар аз 28 рўзи тақвимӣ;
– ба дигар гурўҳҳои кормандон тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Номгўйи ташкилотҳо, касб ва вазифаҳо, ки дар сархатҳои аз якум то панҷуми қисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 95. Рухсатиҳои иловагии ҳарсола

Корфармо уҳдадор аст ба шахсони зерин рухсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад:
– ба кормандоне, ки дар корҳои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд;
– ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад;
– ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд;
– ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда;
– дар мавридҳои дигаре, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 96. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат

1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кўҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кўҳӣ, буриш ва карерҳо, дар минтақаҳои аз ҷиҳати радиоактивӣ олуда, дар дигар корҳои ба саломатии инсон зарарнок кор мекунанд, ки дорои омилҳои номусоиди физикию кимиёвӣ, биологӣ ва дигар омилҳо мебошанд.
2. Номгўйи истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳое (мансабҳое), ки кор дар онҳо ба рухсатии иловагии ҳарсола барои шароити меҳнати ба саломатӣ зарарнок ва вазнин ҳуқуқ медиҳад, инчунин давомнокии рухсатӣ, тартиб ва шароити додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Рухсатии иловагии ҳарсола танҳо тибқи яке аз асосҳои дар номгўй пешбинигардида дода мешавад.
Моддаи 97. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор
1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор бо давомнокии на камтар аз 3 рўзи тақвимӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои хусусияти махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.
2. Номгўйи касбу вазифаи (мансаби) кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагӣ барои хусусияти махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 98. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ
1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
2. Давомнокии мушаххаси рухсатии иловагии ҳарсола ва шарти додани онро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян мекунанд.

Моддаи 99. Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда

1. Ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории муътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловагӣ на камтар аз 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
2. Давомнокии мушаххаси чунин рухсатӣ барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони дигар ташкилотҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо тибқи созиши тарафҳои шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
3. Номгўйи кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар ташкилотҳо бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё дигар санади меъёрии дохилии (локалии) ташкилот муқаррар карда мешавад.
Моддаи 100. Рухсатии иловагӣ барои собиқаи кории давомнок
1. Ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
2. Номгўйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои собиқаи кории давомнок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 101. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

1. Давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола бо рўзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Рўзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, мувофиқи моддаи 89 Кодекси мазкур ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
3. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии меҳнатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки муҳлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
4. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.
5. Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рўзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рўз ба инобат гирифта намешавад.

Моддаи 102. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад

1. Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил мешаванд:
– вақти кори воқеӣ дар давоми соли корӣ;
– вақте, ки корманд воқеан кор накардааст, вале ҷойи кораш (мансабаш) барои ў нигоҳ дошта шудааст;
– вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;
– дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.
2. Агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:
– вақти бе сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набудани корманд;
– вақти рухсатиҳои барои нигоҳубини кўдак то ба синни муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани ў;
– вақти рухсатиҳои бемузд, ки бо хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рўзи тақвимӣ дода шудааст.
3. Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои меҳнатии иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …