Главная / Гуногун / Рутубати ҳаво чист?

Рутубати ҳаво чист?

Савол: Рутубат чист? Ченаке, ки мавҷудияти бути обиро дар атмосфера муайян мекунад, рутубати ҳаво меноманд. Ин яке аз нишондиҳандаҳои шароити обуҳаво мебошад, ки дар мавҷудияти растаниву ҳайвонот ва ҳаёт ва рӯзгори одам аҳамияти бузург дорад.

Ҳангоми паст будани рутубати ҳаво, бухоршавии об на танҳо дар обанборҳо, балки дар ҷисмҳое, ки дар таркибашон об ҳаст, суръат пайдо мекунад.

vlaznost_vozduhaТаври мисол, ҳангоми обу ҳавои хушк сабзавот зуд тарнокии худро аз даст дода, пажмурда шуда, барои истифода нодаркор мегарданд. Дар сатҳи Замин дар муддати як сол ба хисоби миёна 577000 км3 об бухор меравад. Об аз сатҳи уқёнуси Олам, кӯлҳо, дарёҳо, обанборҳо бухор мешавад. Растаниҳо қисмати зиёди обро бухор мекунанд. Гандуме, ки дар як гектар замин кошта шудааст, аз сабзиш то ба пухтан 2000 м3 обро, як офтобпараст 100 л обро бухор мекунад. Об бухор шуда, ба ҳолати газшакл мегузарад ва дар атмосфера дар шакли буғ ҳифз мешавад. Молекулаҳои буғ бо ҳавои хунук бархӯрда, ҳаракати худро сует карда, ба оҳистагӣ қатраҳои кӯчаки обиро ташкил медиҳад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …