Главная / Гуногун / РУСИЯ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

РУСИЯ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

Сохти иқтисодии Расия. Шикаст дар ҷанги Қрими солҳои 1853 – 1856 нишон дод, ки Русияи як вақтҳо жандарми Европабуда ба давлати ақибмонда табдил ёфтааст. Ба ин пеш аз ҳама мавҷудияти тартиботи крепостнойии Русия сабабгор буд. Инро шоҳи нави Русия Александри II, ки соли 1855 ба тахт нишаст, хуб мефаҳмид. Бинобар ин 19 феврали соли 1861 ҳуқуқи крепостнойиро “аз боло” бекор кард. Баъди ин Русия ба роҳи сармоядорй даромад. Деҳконони аз асорати крепостнойй озодгардида барои пешравии саноат манбаи арзони меҳнати кироя гардиданд.

Сармоядорон ва соҳибкорони Русия бештар корхонаҳои калони саноатй месохтанд. Дар ибтилои асри XX корхонаҳое, ки коргарони онҳо зиёда аз 500 нафар буданд, 50 фоизи коргарони Русияро ташкил мекарданд. Аз рӯи марказонидани истеҳсолот Русия дар Европа ба ҷои аввал баромад. Вале аз рӯи дигар нишондиҳандаҳои иқтисодй аз мамлакагҳои мутараққӣ хеле ақиб мемонд.

Дар Русия аввалии инҳисорҳои сармоядорй дар охирҳои асри XIX ба вуҷуд омадаанд. Дар натиҷаи суръати тези марказонида шудани саноат иттиҳодияҳои инҳисорчиён ба вуҷуд омаданд. Шакли маъмули иттиҳодияҳои инҳисории Русия синдикатҳо буданд. Соли 1902 синдикат оид ба фурӯши маҳсулоти маъданкоркунй “Продамет” ташкил ёфт, соли 1904 бошад. синдикатҳои “Продугол” ва “Продвагон” ба фаъолият cap карданд. Онҳо қариб дар тамоми Русия ба истеҳсол ва фуруши маъдану маснуоти маъданй. ангишт ва вагон назорат мекарданд.

Дар Русия дар ин давра мақоми банкҳо баланд шуд. Онҳо барои сохтани корхонаҳои нав ва васеъ кардани истеҳсолот ба соҳибкорон пул қарз медоданд. Худашон ҳам ба саноат маблағ мегузоштанд. Марказонидани сармояи банки ба амал меомад. Ду банки калонтарин – Банки Байналхалқии Петербург ва Банки Русияю Осиёй ва баъзе банкҳои дигар дар тараққиёти саноату тиҷорат саҳми калон гузошта, онҳоро ба зери назорати худ дароварда буданд. Ииҳисорҳои саноатӣ ҳам кўшиш мекарданд, ки дар сармоядории бонкӣ саҳмдор бошанд. Ҳамин тариқ, омезиши ду намуди сармоя саноатй ва банкӣ ба амал меомад.

Русия тавассути сармояи худ саноатй пешқадами мамлакатро бунёд карда метавонист. Барой ҳамин ба воридшавии сармояи хориҷй эҳтиёҷи зиёд надошт.

Дар кишоварзӣ маъмулан тартиботи феодалию крепостноӣ вуҷуд дошт. Сарфи назар аз ин дар ин соҳа ҳам баъди 19 феврали соли 1861 оҳиста-оҳиста муносибатҳои сармоядорну соҳибкорй ба вуҷуд меомаданд. Фаъолияти хоҷагии кулакҳо дар ин бора далолат мекунанд.

Сохти сиёсии Русия. Дар Русия дар сари ҳокимият подшоҳ ва помешикон меистоданд. Дар идоракунии давлат ҳарбиён ҳам мақоми баланд доштанд. Сохти сиёсати давлат мутлақияти подшоҳӣ буд. Ягон мақомоте набуд, ки ҳокимияти подшохро маҳдуд карда тавонад.

Ислоҳоти буржуазии солҳои 60-ум – 70-уми асри XIX ба ҳокимияти марказии Русия тамоман дахл накард. Халқ мисли пештара аз ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳрум буд.

Подшоҳ Николайи II, ки соли 1894 ба ҷои Александри 2 ба тахти подшоҳии Русия нишаст, шоҳи помешикон буд. Ў мамлакатро бештар ба нафъи онҳо идора мекард.

Буржуазияи пешқадами Русия ба ҳокимияти мутлақи подшоҳӣ мухолиф буд, вале аз сабаби камшуморй, надоштани эътимоди баланд дар байни омма, надоштани таҷрибаи муборизаи сиёсӣ ва номуташаккилй алайҳи ҳокимияти мутлақи подшоҳӣ мубориза бурда наметавонист. Вай аз гузашткуниҳои ночизи подшоҳ марбут ба демократиконии ҳаёти ҷомеа ҳам розй буд.

Сиёсати хориҷии Русия. Дар нимаи дуюми асри XIX сиёсати хориҷии Русияи подшоҳӣ чун дар асри XVII ва нимаи аввали асри XIX самтҳои муайян дошт. Дар ин давра он асосан бар зидди Туркия ва Эрон нигаронида шуда буд. Аз ҳамин сабаб дар зарфи каме зиёдтар аз 50 сол Русия бар зидди ин давлатҳо чандин маротиба ҷанг кардааст. Русияи подшоҳӣ мехост, ки Қафкозро ба даст дарорад. Қримро аз они худ кунад, Баҳри Сиёҳро аз Туркия кашида шрифта, барои худ ба Баҳри Миёназамин роҳи обй кушояд ва дар нимҷазираи Балкан мавқеи стратегӣ пайдо намояд. Натиҷаи ҳамин сиёсат буд, ки Русия Қафқозро ба мустамликаи худ табдил дод. Агар Русияи подшоҳй дар самти Қафқоз мавқеи худро мустаҳкам карда бошад, дар Қрим мавқеи ночизе, ки қаблан дошт, дар натиҷаи дар Ҷанги Қрими солҳои 1853 – 1856 аз Туркия сахт шикаст хӯрда онро пурра аз даст дод.

Англия ва Фаронса намехостанд, ки дар шахси Русия рақиби пурзӯри зафарманде дошта бошанд. Барои ҳамин дар Ҷанги Қрим онҳо ба Туркия дасти ёрй дароз карданд ва имконият фароҳам оварданд, ки Русия шикаст хӯрад.

Дар нимаи дуюми асри XIX Русияи подшоҳӣ сиёсати хориҷии худро асосан ба Қрим, Балкан, Чин ва Осиёи Марказй ҷалб намуд. Вай мисли пештара ният дошт, ки Қримро аз Туркия кашида гирад, мавқеи худро дар нимҷазираи Балкан мустаҳкам кунад. Инчунин Осиёи Марказиро ишғол кунад ва дар наздикии Ҷопон барои сипоҳи худ пойгоҳҳои ҳарбй созад, то ки баъд забткориҳои худро аз он ҷо дар Шарқи Дур оғоз намояд. Аз ин рӯ, аз Чин барои аз болои хоки он то нимҷазираи Ляодун сохтани роҳи оханн УКВЖД, ки аз ин давлат иҷора гирифта буд, иҷозат мегирад.

Аз соли 1847 cap карда Русия ба забти Осиёи Марказй даст зада, як гурӯҳи калони лашкарашро ба самти Баҳри Арал фиристод. Лашкари дигари Русия соли 1853 қалъаи Оқмасҷид (Қизил Ӯрдаи ҳозира)-ро ишғол намуд. Вале Ҷанги Қрим самти сиёсати хориҷии ҳукумати подшохиро тағйир дод. Биноан, то соли 1864 Осиёи Марказиро ба ҳоли худ гузошт.

Аз соли 1864 cap карда то соли 1895 Русияи подшоҳӣ паси ҳам қаламрави хониҳои Қӯканду Хева ва Аморати Бухороро забт карда, ба мустамликаҳои худ табдил дод.

Ҳанӯз амалиёти ҷангй дар Осиёи Марказй ба анҷом нарасида буданд, ки таваҷҷўҳи сиёсати хориҷии Русия аз нав ба Балкан ҷалб шуд. Дар ин ҷо халқҳои славянй ва халқҳои дигари сокини ин нимҷазира ба муборизаи миллию озодихоҳии зидди туркҳо бархостанд. Моҳи апрели соли 1877 Русия ба ёрии онҳо шитофта, Дар аввали соли 1878 дар ин ҷо сипоҳиёни Русия бар лашкари

Туркия дастболо шуданд ва 3 март соли 1878  маҳаллаи Сан- Стефанои наздикии шаҳри Константинопол Созишномаи сулҳро ба имзо расониданд. Вале худи ҳамон сол Конгрессы байналхалқиы Берлини бо ташаббуси Германия. Англия ва Фаронса барпогардида музаффариятҳои Русияро дар нимҷазираи Балкан ва Баҳри Сиёҳ ба нестӣ расонид.

Баъди ҳалли “масъалаи Осиёи Марказй” дар охирн асри XIX – аввали асри XX диққати сиёсати хориҷии Русия бештар ба Шарқи Дур ҷалб шуд. Ин вақт Русия дар нимҷазираи Ляодун шаҳр – истеҳкоми ҳарбии Порт-Артурро бо суръатн том месохт ва ният дошт, ки аз ин ҷо сиёсати истилогаронаи хешро дар Шарқи Дур тезтар пиёда кунад. Ҳамин буд, ки вай бо Ҷопони империалистии ҷавон рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷа ҷанги солҳои 1904 – 1905-и Русияю Ҷопон ба амал омад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …