Главная / Ҷамъият / РУШДИ КОРИ БОЙГОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2018

РУШДИ КОРИ БОЙГОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2018

Бо дарназардошти зарурати ҳар чӣ зудтар ҳал намудани масъалаҳои муҳими ҳалталаб оид ба рушди минбаъда ва такмил додани кори бойгонӣ, баланд бардоштани нақши ҷамъиятию сиёсии бойгониҳои давлатӣ дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти давлати соҳибистиқлоли тоҷик вазифаи аввалиндараҷаи таъхирнопазири тамоми муассисаҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои амалии зерин ҳисобида шаванд.

Мақсадҳои асосии Барнома иборатанд аз:

– ҳамчун яке аз унсурҳо ва нишонаҳои муҳимтарини давлатдории тоҷик ва қисми таркибии осори таърихию фарҳангӣ, иттилоотӣ ва зеҳнии халқи тоҷик нигоҳ доштан ва ғанӣ гардонидани Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– такмили заминаҳои қонунгузорию меъёрӣ, андешидани маҷмўи чорабиниҳои ташкилии пешгирикунандаи хатари амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ;

– таъмини шахсият, ҷамъият ва давлат бо маълумоти бойгонӣ, ки барои кор ва фаъолияти ҳаётии муваффақонаи онҳо, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки аз ҷониби давлат таҳия ва қабул гардидаанд, гирифтан, истифода бурдан ва паҳн намудани маълумоти бойгонии дар онҳо мавҷудбуда зарур мебошанд;

– амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳое, ки бе иҷозат дастрас намудан ва истифода бурдани иттилооти бойгонии дорои сирри давлатӣ, шахсӣ ва ҳаёти оилавӣ, сирри тиҷоратӣ ва дигар сирри аз тарафи давлат ҳифзшавандаро истисно менамоянд.

Вазифаҳои аввалиндараҷа иборатанд аз:

– татбиқи чорабиниҳо оид ба мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии бойгониҳо, фароҳам овардани шароитҳои меъёрии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгониҳои давлатӣ;

– анҷом додани маҷмўи корҳо оид ба беҳбуди ҳолати физикии ҳуҷҷатҳо, дар навбати аввал ҳуҷҷатҳои ниҳоят арзишнок, нусхабардории эҳтиётӣ ва тармими онҳо;

– такмил додани кори баҳисобгирии давлатии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва ташкил намудани системаи автоматиконидашудаи мутамаркази баҳисобгирии давлатии фондҳои бойгонӣ ва ҳуҷҷатҳои нодир;

– минбаъд васеъ намудани дастрасӣ ба фондҳо ва ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, инкишоф додани дастгоҳи илмию иттилоотии бойгониҳо;

– ташкили нашри сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ оид ба проблемаҳои муҳими таърихи ватанӣ, кор оид ба истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ бо мақсадҳои фарҳангию маърифатӣ;

– беҳтар намудани ҳайати сифатии кадрҳои муассисаҳои бойгонӣ, ташкил намудани системаи муттасили такмили ихтисоси кормандони онҳо, васеъ намудани амалияи коромўзӣ ва мубодилаи таҷриба дар байни бойгониҳо, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангии ватанӣ ва хориҷӣ.

Барои маблағгузории чорабиниҳои барномавӣ истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ пешбинӣ мешаванд. Чорабиниҳои барномавиеро, ки дар бойгониҳои давлатӣ ба амал бароварда мешаванд, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ маблағгузорӣ менамояд. Ҳангоми маблағгузории ҳарсолаи Барнома сатҳи таваррум ба ҳисоб гирифта шавад.

1 .Ҳаҷм ва сохтори хароҷот барои иҷрои Барнома

Сол Буҷети ҷумҳуриявӣ (ба ҳисоби ҳазор сомонӣ) Маблағҳои махсуси (ба ҳисоби ҳазор сомонӣ) бойгониҳо
2009 16
2010 386 11
2011 395 20
2012 435 26
2013 333 17
2014 280 23
2015 215 22
2016 268 6
2017 330
2018 322
Ҷамъ 2980 125

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 373

тасдиқ шудааст

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …