Главная / Гуногун / РУБОЪИҲОИ АЗ РЎДАКӢ

РУБОЪИҲОИ АЗ РЎДАКӢ

Ҳоло дар ҳудуди 40—42 рубоъӣ ба қалами Устод Рўдакӣ мансуб дониста  мешавад. Xолиқ  Мирзозода бо номи  «Рўдакӣ ва такомулоти шакли назми рубоъӣ» мақолаи хосе нигошта,153 дар рисолааш «Абўабдуллоҳи    Рўдакӣ — асосгузори адабиёти классикии тоҷик» фикри худро дар ин мавзўъ хеле тавсиъа додааст.154 Аммо Саъид Нафисӣ роҷеъ  ба   рубоъиҳои  Устод  Рўдакӣ   алоҳида  таваққуф накарда, дар охир 43 рубоъиро, аз он ҷумла 7 рубоъии   нопурраро, ба номи Рўдакӣ гирд    оварда, дар поварақ ишора   мекунад:   «Бештари  ин  рубоъиҳо  дар  сафинаҳову китобҳои мутааххирин омадааст ва ба ҳамин ҷиҳат дар интихоби    онҳо ба  Рўдакӣ шак дорам,    чунон ки дар порае аз онҳо каламоту таркиботу маъоние ҳаст, ки ба сухани Рўдакӣ намемонад, аммо чун роҳи таҳқиқ бастааст, наметавон ҳукми қатъӣ кард».155

Сарфи назар аз он, ки асли рубоъиҳое, ки ба номи Устод Рўдакӣ ҷамъ оварда шудаанд, масъалаҳои гуногуни зиндагӣ,  ишқу ҷавонӣ, ҳусну зебоӣ, васлу ҳиҷрон, лаззати нотакрори  чунин    ҳиссиёт,  васфи    баҳору  шароб    ва тарғиби одамгарӣ, ҳиммат, талқини хушгузаронии рўзгор  ва  ситоиши  бузургии  инсонро  бо  алфози  ибратомўз, лаҳни  гуворо ва тобиши зебо  таҷассум  мегардонанд:

Ай аз гули сурх ранг бирбурдаву бў,

Ранг аз пайи рух рабуда, бў аз пайи мў!

Гулранг шавад, чу рўй шўйӣ, ҳама ҷў,

Мушкин гардад, чу мў фишонӣ, ҳама кў!

Сухандони фарзона фақат аз истимоъи номи маҳбубаи хеш чунон ба ваҷд меояд, ки як курта гўшт мегирад, дигар сўҳбат дар ҳар бобат боиси малоли хотири ў мешавад:

Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад,

Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад!

В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,

Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад!

Ба фикри Шамси Қайси Розӣ, Рўдакӣ    нахустин ихтироъкунандаи вазни рубоъӣ будааст, ки менависад:   «Ва яке  аз  мутақаддимини шуъарои Аҷам, пиндорам, Рўдакӣ… аз навъи    аҳрам ва  ахраби    ин баҳр  (яъне баҳри ҳазаҷ —А. А.) вазне тахриҷ кардааст, ки онро вазни рубоъӣ хонанд».156 Музофиқи ҳамин ривоят, Рўдакӣ дар Ғазнин бачагонеро мебинад, ки чормағзбозӣ мекарданд. Чолоктарину нишонгиртарини онҳо бо нидои «ғалтон-ғалтон ҳамеравад то буни гавз» ҳамаро  мебурд. Шоъирро вазни  ҷумлаи мазкур мақбул омад. Онро вазни рубоъӣ қарор дод.

Аммо нахустин ихтироъкори рубоъӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ будани Рўдакӣ ба ҳақиқати таърихӣ рост намеояд, зеро рубоъӣ пеш аз Рўдакӣ, ҳатто дар адабиёти қадими форсизабонон, вуҷуд дошт. Вале Устод Рўдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс гўяндаи рубоъиҳои устодонаест,  ки дар  чаҳор  мисраъ як ҷаҳон маънӣ, хусусан маъниҳои ҳакимона ва ошиқонаро ҷой медиҳад. Рубоъиҳои Рўдакӣ дар зебоӣ, ҳаётдўстӣ, халқият, самимият ва маҳкамии худ ҳамто надоранд:

 Бе рўйи ту хуршеди ҷаҳонсўз мабод,

 Ҳам бе ту чароғи оламафрўз мабод!

Бо васли ту кас чу ман бадомўз мабод,

Рўзе, ки туро набинам, он рўз мабод!

Рубоъии зеринро шоъир бидуни истифодаи феъле сохтааст, вале дар он    ба воситаи ягон-ягон пайдо шудани ашёи тасвиршаванда ва ташбеҳи онҳо ба чизҳои дигар ҳаракати муназзам ҳис карда мешавад:

Рўят-дарёи ҳусну лаълат-марҷон,

Зулфат-анбар, садаф-даҳан,  дур-дандон!

Абрў-киштию чини пешонӣ-мавҷ,

Гирдоби бало -ғабғабу чашмат-тўфон!

Барҷастагии маънӣ, ҳаракати гуворо ва мазмуни пурраи шеър дар рубоъии поён ба воситаи саволу ҷавоб чун лаҳзаи драмавӣ дар шакли дилписанд ва басо динамикӣ ифода гардидааст:

Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар!

Тарсанда. Зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар!

Додам-ш ду бўса. Бар куҷо? Бар лаби тар!

Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!

Намунаи рубоъиҳои ҳакимонаи Устод ин аст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!

Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Абадияти ҳастӣ, фалсафаи некбинонаи ҳаёт ва панду андарз мундариҷаи ғоявии як бахши муҳимми рубоъиҳои Устод Рўдакиро ташкил мекунад. Вале шоъир ҳеҷ гоҳ зудгузар будани айёми фараҳу айшро аз хотир намебарорад:

Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме,

Ноёфта аз ҳусни ҷамолат коме,

Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме,

К-аз хуми фироқ нўш бодат ҷоме!

Андешаҳои Устод Рўдакӣ дар рубоъиҳояш ба василаи таъбирҳои мардумӣ, бозиҳои халқӣ ва мафҳумҳои роиҷ инъикос мегардад. Масалан. дар рубоъии зайл ба воситаи бозии кача (качабозӣ) аз бемурувватиҳои фалаки каҷрафтор лаб ба шиква кушодани шоъир ба мушоҳида мерасад:

Чархи каҷабоз то ниҳон сохт кача,

Бо неку бади доира дарбохт кача.

Ҳангомаи шаб гузашту шуд қисса тамом,

Толиъ ба кафам яке наяндохт кача!

Азбаски  атрофиёни шоъир нисбат ба тақдири ў бепарво,   чарх дағобозу муҳит носолим аст, қаҳрамони лирикии шоъир ба вартаи ғаму андўҳ афтода, ғусса мехўрад,   ноилоҷ ба  сарнавишти  яъсовари  хеш  тан  медиҳад ва ҷони хештанро гирифтори ҳасрат мебинад:

Чашам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,

Бар чеҳра  ҳазор гул зи розам бишукуфт.

Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,

Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт!

Ў эътироф мекунад, ки дар ишқи ҷонона сабру ақлу дилашро бохтааст, аммо аз ғами ошиқ, ки мисли кўҳи Қоф гарон аст, дили ба санги хоро монанди маъшуқа заррае ҳам ташвиш намекашад:

Дар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,

Бе рўи туам на ақл барҷост, на дил!

Ин ғам, ки марост, кўҳи Коф аст, на ғам!

Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил!

Ошиқи шефта, бо ин ки ҷафову бераҳмии маъшуқаро таҳаммул мекунад, шод аз он аст, ки ҳатто ҳиҷрони ёр ўро шодибахшу фараҳфазост, агар висоле ўро насиб гардад, чун бошад? Вай инро дар тасаввури худ гунҷонда ҳам наметавонад. Бинобар ҳамин, нидо дармедиҳад:

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,

Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост!

Бўйи ҷигари сўхта олам бигирифт,

Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост!

Ғами ҳаҷру фироқу шодмонии висол тору пуди рубоъиҳои Устод Рўдакиро ташкил мекунад. Ба андешаи шоъир, ғами маҳбуба аз шодиву васли ў ҷонбахштар буда, худи ишқ ҳиссиёти наҷибест, ки ғаму фироқи он ҳам ба каси ошиқ лаззат мебахшад:

Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрат хун аст,

Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст!

Андеша кунам ҳар шабу гўям: — Ё раб,

Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!

Бале, Устод Рўдакӣ дуруст мефармояд, ки  ситами оламро ошиқи бечора мекашад:

Дар манзили ғам фитода мафраш моем

В-аз об ду чашм дил пуроташ моем!

Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,

Дасти хуши рўзгори нох(в)аш моем!

Бо вуҷуди ҷавру ҷафои ҳамешагии дилбар, ошиқ аз ғайри ўро дўст доштан кори дигаре надорад:

Дил сер нагардадат зи бедодгарӣ,

Чашм об нагардадат, чу дар ман нигарӣ.

Ин турфа, ки дўсттар зи ҷонат дорам,

Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ!

Панду ҳикмат ва андарз, масоили ахлоқиву фалсафӣ мазмуни дигар рубоъиёти Устод Рўдакиро ташкил мекунанд:

Бо дода қаноъат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!

Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махўр,

Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!

Мулоҳизаи чанд рубоъӣ моро бар он медорад, ки Рўдакиро аз устодон ва суннатгузорони рубоъӣ дар назми форсу тоҷик шуморем.

Шеъри Рўдакӣ ба эътибори мазмун, ғоя, оҳангнокӣ, самимият, шаклу услуб, забон ва воситаҳои бадеъӣ ба адабиёти лафзии халқ қаробат дорад. Шоъир аз ин ганҷ, дар ҳакиқат, фаровон истифода мебарад. Ў «Калилаю Димна» ва «Синдбоднома» барин асарҳои халқиро ба риштаи назм кашидааст. Гуфторашро бо ибораю таъбирҳои халқӣ, мақолу зарбулмасалҳо зеб медиҳад. Бисёр ҳикматҳои ў ҳукми зарублмасалу мақолро гирифта, ба хазинаи эҷодиёти халқ ворид шудаанд. Рўдакӣ таъриху асотири халқи моро хуб медонад. Ҳамаи инро барои образофаринӣ ва таъсири рўҳонии шеъри худ чун восита кор мефармояд.

Ҳаминро низ гуфтан лозим аст, ки чистон навъи адабии соф фолклорист. Рўдакӣ аввалин намунаҳои хуби китобии онро додааст. Масалан, дар чистони зайл бо мазоҳу ташбеҳҳо аломатҳои назарраси қаламро чунон баён мекунад, ки кас онро зуд ёфта метавонад:

Ланги раванда-ст, гўш нею суханёб,

Гунги фасеҳ аст, чашм нею чаҳонбин!

Тезии шамшер дораду равиши мор,

Колбади ошиқону гунаи ғамгин!

Хулоса, аз абёти парокандаи боқимондаи Рўдакӣ рангин будани эҷодиёту воло будани маҳорати шоъирии ў ҳувайдо мегардад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …