Главная / Гуногун / РОҲИ БИҲИШТ (МАҚОЛА)

РОҲИ БИҲИШТ (МАҚОЛА)

Ҳар як роҳ ибтидо дорад. Роҳи мо ба сўи роҳ меравад. Ин роҳ шоҳроҳи Кўлоб – Дарвоз – Қулма аст. Ва он аз хонаи радио оғоз ёфт. Ҳанўз субҳ надамида шоирони шинохта Салимшо Ҳалимшо, Алӣ Бобоҷон, Баҳриниссо, нависанда Карим Давлат ва банда ба он ҷо ҳозир шудем. Офтоб оҳиста-оҳиста аз паси кўҳ сар мекашид. Партави он саҳни обзадаи хонаи радиоро ҷило медод. Боди серун вазида, бўи алафу гулҳоро ба димоғ мезад. Баробари рўшан шудани ҳаво атроф софтар ва гўё васеътар мешуд. Дарк намудам, ки ҳама хурсанду масруранд. Ин табиист, албатта. Охир, чунин сафар шояд дар умри инсон як бор ба вуқўъ ояд.

bihishtИнак, раиси маркази тадбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шикев – Зиғар, Нурулло Наимов, худ дар паси фармони мошин ба хидмати мо мерасад.

– Падари ман ҳам шофёр буд, – шитобон гуфт Салимшо Ҳалимшо ва хушҳолона табассуме кард.

Ҳама ба ў дида дўхтем, гўё нигоҳамон мегуфт, ки: « Хайр чӣ?»

– Шофёрон духтаронро бинанд тормозро зер мекунанд, мардонро бинанд газро, – боз бо ҳамон шукуфтаҳолӣ гуфт Салимшо Ҳалимшо.

– Ман ин хел не, – гуфт Нурулло ва дар бораи сохтмони роҳ маълумоти мухтасар дод.

Ин қитъаи роҳ аз деҳаи Шикев оғоз ёфта, дар деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз анҷом меёфтааст. Дарозии он сиюҳашт километр буда, барои он сиюду миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст. Роҳро фирмаи туркии «ОЯК-Иншаат» месозад. Сохтмон тирамоҳи соли 2003 оғоз ёфта будааст.

Ҳоло дар он 250 нафар мутахассисони туркӣ ва 450 нафар коргарони маҳаллӣ заҳмат мекашидаанд.

Инак, мошини мо ба роҳ мебарояд. Тўли роҳ Нурулло ягон бор лаб ба сухан во накард. Ба пурсиши мо чунин посух дод:

Ҳоло ман ронандаам ва бехатарии шумо барои ман муҳимтар аст.

Узри ўро пазируфта, ману Карим Давлат барои кўтоҳ кардани роҳ ба нақли латифаю воқеаҳои хандаовар пардохтем. Бештар Карим Давлат гап мезад. Вай инро чунин шарҳ дод:

– Субҳона нахўрдаам, гушнаам.

Чун ба Норак расидем, мошинро доштем, то як пиёла чой бинўшем. Духтаракони қобил тез ба хидмати мо расиданд.

– Гўштбирён, сихкабоб, моҳибирён дорем. Чӣ мефармоед? Ҳама бо аломати савол ба якдигар нига­ристем.

– Гўштбирёну сихкабобро дар Душанбе ҳам хўрда метавонем. Беҳтараш ба мо моҳибирён биёред.

Ин таклиф ба ҳама маъқул афтод. Пас аз тановули моҳибирён боз ба роҳ баромадем. Акнун Карим Давлат гўё ба даҳон об гирифта буд.

– Каримҷон, кошкӣ шиками шуморо сер наме­кардем, – ҳазломез гуфтам ман. – Аз нақл мондед.

– Ман ин зиёфатро ҳалол кардам, – гуфт ў. –Акнун то гурусна монданам ором мешинам.

– Тўли роҳ мо ба чанд иқлим рў ба рў омадем. То ноҳияи Шўробод тобистон буд. Дар Шўробод бошад, гўё баҳор ҳукм меронд. Чун аз Шўробод гузаштем осоиши мо коҳиш ёфт. Акнун мошини мо оҳиста ва такон хўрда мерафт. Ин дам худро мисли касе эҳсос мекардем, ки аз ободию саҳнаҳои пуршукўҳи баҳорӣ ба биёбони хушк, хатарнок ва бераҳме гирифтор шудааст. Бо вуҷуди ин мо аз манзараҳои нотакрори табиати гирду атроф чашм намекандем. Аз тарафи чап теппакўҳҳои сабзу хуррам мисли махмал назаррабоӣ мекарданд. Поёнтар аз теппакўҳҳо киштзорҳо ва боғистонҳо як-як пеши назар пайдо мешуданд. Баҳриниссо, ки дар курсии пеши мошин менишаст, ҳайратзада гуфт:

– Мо дар пойтахт зиста, намедонем, ки Тоҷикистон чунин манзараҳои аҷибу пуршукўҳ дорад.

Роҳи мо лаб-лаби дарёи Панҷ идома дорад. Аз тарафи чап кўҳ, кўҳ ва боз кўҳ. Кўҳҳои сар ба осмон­кашида хомўшу сад роз дар ниҳод менамуданд. Дарёи пуроб равон, сар ба сангҳо мезанад, талотум мекунад. Сигор дуд медиҳад Салимшо Ҳалимшо ва чашм аз дарё намеканад. Баъд худ ба худ механдад. Сипас ба мо мегўяд:

– Ман боре устод Мўъмин Қаноатро танқид кардам. Гуфтам, ки аз Панҷ об хўрдию рафта «Мавҷҳои Днепр»-ро навиштӣ.

– Нахо-о-од? – бо ҳайронӣ гуфтам ман. – Ва ба шумо ҳеҷ чиз нагуфтанд?

– Эй бародар! – бо садои хоси худ гуфт ў. – Ба гапи ҳақ чӣ ҳам мегуфтанд?!

Инак, мо ба мавзеи Яхчи Поён ва баъдтар ба роҳи қирпўши бараш ёздаҳметраи чун кафи даст ҳамвор дохил мегардем.

Акнун мошин чуноне мерафт, ки мо худро дар бағали роҳати модар ҳис мекардем. Беихтиёр мисраҳои устод Гулназар ба ёдам меояд:

Ин роҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,

Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар вуҷудам ҳаловати тозае медамад, рўҳам по­лоиши дигаре дармеёбад, гўё ин лаҳза ба фарози кўҳи баланде баромада бошам, ки аз он ҷо рў ба рўям биҳишти Худо, олами пок падид меомад.

– Девдара дур аст? – бетоқатона мепурсем аз Ну­рулло Наимов. – Не, қариб омадем, – мегўяд ў ва пас аз чанде мошинро медорад. – Ана Девдара!

Диламон тапид ва сахт ба ҳаяҷон омадем. Вале аз он Девдарае ки ба тани одам мурғак медавид, ному нишон пайдо накардем. Ба хорокўҳи ба осмон сарка­шида ва ғори пуркардашуда нигариста, то чӣ андоза даҳшатнок будани ин мавзеъро тасаввур кардем. Ва боз ҳам тасаввур кардем, ки коргарон ин ҷо чӣ далерию қаҳрамоние нишон додаанд. Ин буд, ки ҳама баробар:

– Ўҳў! – гўён, хитоб намудем.

Девдараро Салимшо Ҳалимшо нағз медонис­тааст.

– Пеш аз ин ҷо мегузаштӣ-ӣ, – бо ҳамон садои хоси худ гуфт ў, – дилат меларзид.

Сипас як хандаи аҷибе карда, илова намуд:

– Акнун дилам роҳат кард.

Вақте ки сохтмон оғоз меёбад, баъзеҳо мегўянд: «Бо думи шер бозӣ нашояд». Вале бо зўри бозуи одамон, бо зўри бозуи мардуми меҳнатии тоҷик, бо зўри бозуи дўстӣ Девдара обод гашт.

Воқеан ҳам Девдара ба Гулдара табдил ёфта буд!

– Ин аз мўъҷиза ҳам зиёдтар аст, – ба ваҷд омада гуфт Алӣ Бобоҷон.

Ба фикрам, бисёр нағзу дуруст гуфт!

Мо ба созандагони он аҳсану офарин хондем ва мошин боз ба роҳ афтод. Чун ба деҳаи Зиғар расидем, гўё ки дар ягон мамлакати хориҷӣ бошем. Роҳ чун кафи даст ҳамвор. Дар ин қитъаи роҳ шаш купрўк сохта шудааст, ки ба қавли баъзеҳо аз тамошояш сер намешавӣ. Барои пиёдагардҳо аз ду тараф пайроҳа сохта, истгоҳҳои замонавӣ низ бунёд ёфтаанд.

Инак, мо ба маҳаллаи сохтмончиён, ки дар де­ҳаи Хостав воқеъ будааст, ворид мегардем. Деҳаи Хос­тав 70 хоҷагӣ дошта, ба ҷамоати деҳоти Нулван таал­луқ доштааст. Дарахтони гуногун, ки ба осмон қад каши­даанд, бо чанд шохи дар нўки худ дошта, бо нури офтоб талош меварзиданд. Онҳо аз вазидани шамол алвонҷ хўрда, шавшуви лаби баҳрро ба хотир меовар­данд. Дар даромадгоҳи маҳалла байрақи Тоҷикистон партавфишонӣ мекард. Аз ин моро ҳисси ифтихор фаро мегирад.

Маҳалла дар як селраҳаи вайрона бунёд ёфта, ба сони як шаҳрчаи ободу зебо назаррабоӣ мекард. Атроф ҳама сафо, зебо ва пурҷило буду нур аз дида мерабуд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз Муҳаммад­набӣ Назиров, раиси ҷамоати деҳоти Нулван Мирзоалиев моро бисёр хуш пешвоз гирифтанд.

Аз шодии дидор, илтифоту меҳрубонӣ, аз дўшамон бори гарони афсурдаҳолии роҳи даҳсоата фурў рехт.

Ин лаҳза борон борид.

– Ҳар рўз меборад?

Яке бошитоб ҷавоб дод:

– Не, ин ба шарофати пою қадами шумо.

Дар хонаҳое, ки тамоми шароиташ муҳайё буд, ҷой гирифтем. Борон ҳамоно меборид. Қатраҳо ба шишаи тиреза ангушт мезад. Дили ман лабрези эҳсосоти ширин мегардад. Зери лаб худ ба худ мехонам:

Мезанад борон ба шиша,

Тора-тора, ришта-ришта…

Ҳамчу ангушти фаришта…

Пас аз каме дам гирифтан, моро ба хўроки шом таклиф намуданд.

– Мо шуморо нороҳат сохтем, маъзарат мехо­ҳам, – гуфтем мо.

– Меҳмон дўсти Худо аст, – хушҳолона гуфт Муҳамаднабӣ. – Таомули мо ҳаминро тақозо мекунад. Низомӣ фармудааст:

Ҳар кӣ омад, лаҷомгир шуданд,

Ба худаш меҳмонпазир шуданд.

Дар даромадгоҳи ошхонаи коргарӣ чанд нафар коргарони турк моро иҳота карданд. Чеҳраҳои офтоб­хўрдаашон аз хурсандӣ гул мекард. Онҳо бо як шодию ифтихор бо забони кандаи русиву тоҷикӣ ба мо арзи матлаб мекарданд. Ба сўҳбат коргарони маҳаллӣ ҳам­роҳ шуданд. Чанде аз онҳо сип-сиёҳ шуда. Гўё дуд мекар­данд.

– Мо аз онҳо касб ёд гирифтем. Ҳатто забони тур­киро омўхтем, – бо қиёфаи рўшан ва пурэҳсос гуфт яке.

– Ин тур бошад, нуран ало нур! Дўстии худро қавӣ гиред. Дар олам бе дўст будан мушкил аст. Дўст, ёру ҳамдам будан неъмати Худо аст. Шумо бояд аз ин фахр намоед. Зеро устод Мирзо Турсунзода – рўҳашон шод бод! – чӣ хуб гуфтаанд:

Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.

Бо сокинони деҳаи Хостав вохўрдем, сўҳбат кардем. Мардум басо ризоманд, шоду мамнун буданд. Сохтмони ин роҳ ба мо бахт овард, ҳаёти ширину осуда овард, мегуфтанд онҳо. Пеш аз ҳама соҳибкорӣ тараққӣ кард. Занҳои маҳаллӣ соҳиби кор шуданд. Мардум маҳсулоти худро дар ҳамин ҷо мефурўшанд. Бо як меҳру муҳаббати хосаву беандоза номи сарвари давлат Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро мегирифтанд. Мегуфтанд, ки ў Худодод аст, дар чеҳрааш нури Худо дорад. Гаштаву баргашта дуо мекарданд, ки сиҳату саломат бошанд.

Ва ин лаҳзаҳо мисраҳои шоир Мирзо Файзалӣ ба ёдам омаданд:

Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,

Дуъои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард,

Ҳама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,

Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард,

Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,

Ватан обод бо ин раҳбари фарзона бояд кард.

Вақте ки аз ошхона баромадем, офтоб дар паси амвоҷи қуллаҳои кўҳ ба ғуруб мерафт. Ба уфуқ шарора ва шаъшаъаи гулобӣ мепошид ва атрофро басо ҷаззоб зебо мегардонд. Мо аз тамошои манзараҳои афсонавии гирду атроф ҳеҷ серӣ надоштем. Дар васфи ин гўшаи диёрамон ҳазорон шоирон беҳтарин чакомаҳои дилангези худро сурудаанд. Чӣ хуш фармудааст Лоҳутии ширинсухан:

Бадахшон чатри симини замин аст,

Табиатро дар ангуштар нигин аст.

Ниҳоят, торикӣ фаро расид. Шаб серун буду хуш­ҳаво. Дар сукути шаб гўё тамоми садоҳои олами зулмот ба гўш мерасид. Асрори шаб кашф мешуд. Барои мо дар берун мизе гузошта, чой оварданд. Сари пиёлаи чой аз сўҳбати ҳамдигар лаззат мебурдем. Ин дам моҳи мунир баромада, гўё ба замин шир меполид. Осмон нақши уқёнуси лоҷувардиро мемонд, ки дар вусъати он ситораҳо мисли моҳиҳо шиновар буданд. Аз ин манзара илҳоми Салимшо Ҳалимшо ва Алӣ Бобоҷон ҷўш зад магар, ки ба нақли ҳикояту ривоятҳо пардохтанд.

Бад-ин минвол як пос аз шаб гузашт.

Ва боз… поси дигар аз шаб сипарӣ гашт.

Дидам, ки ҳикояту ривоятҳои онҳо то рўз ҳам та­мом намешавад. Лекин саҳар чорабиниҳои асосӣ ин­тизор. Бояд аз хоб намонем.

– Хайр, устодон, ба фикрам шакара камаш нағз. Акнун хоб кунем.

Субҳи рўзи нав, рўзи якшанбе дамид. Ҳаво салқину гуворо ва тару тоза. Басо зебо буд атрофу акноф. Гулу гиёҳи аз донаҳои борони дирўза ҳалқабаргўш нур аз дида мерабуд. Насими атромез рўҳу равонро навозишкунон ба кас тавоноӣ мебахшид. Шилдир-шилдири оби дарёчаи Хостав оҳанги гўшнавози махсус дошт.

Оре, ҳусни ҷаззоби нотакроре дошт табиат!

Ва мо ҳар яке аз тамошои атроф маъниҳои навро ба таври худ кашф мекардем.

Боз роҳи мо ба сўи роҳ буд. Ва ҳазор андеша дар хаёламон рў мезад, гирд мегашт. Хуршед нур кашида, қатраҳои боронро мечинд. Моро раиси лоиҳа, фарзанди халқи турк, сохтмончии касбӣ Суха Доган роҳнамоӣ мекард. Вай ҷавонмарди сивушашсолаи миёнақад буд. Чеҳраи зебои мардона, дилкаш ва назаргир дошт. Риши пасти сиёҳаш дар манаҳи кўтоҳаш хеле муносиб афтода буд. Ботамкину ором ва пурилтифоту нармсухан, ба ҳамаи саволҳои мо аниқу кўтоҳ ҷавоб медод.

Суха Доган кори ширкати худро бо софдилӣ, ҳавсала ва хушкориҳо иҷро намуда, ба боварии мардуми таҳҷоӣ соҳиб шудааст. Аз ин ҷост, ки байни онҳо як тамосу алоқаи ногусастанӣ, ҳамрозию ҳамкорӣ ва ба якдигар об хўрдан пайдо шудааст. Вай Дарвозро ватани худ мешуморад.

– Толеъ ба ман мадад кард, – гуфт ў бо хуш­ҳолӣ.

Аз қадим боз одамон тан ба кушодани ин роҳ дода буданд, аммо муяссар нашуданд. Дар замони Ҳукумати Шўравӣ ҳам ин орзу ҷомаи амал пўшида натавонист. Ба бунёди ин роҳ Фарҳоди афсонавӣ ҳам қодир нест. Лекин шумо афсонаро ба ҳақиқат табдил додед. Оллоҳ ба сари шумо борони раҳмат меборад. Савоби ду ҷаҳон насибатон мешавад.

Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Вақте фаҳмидем, ки ширкат бар зарари худ кор мекунад ва ин зарар даҳ миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар тааҷҷуб мондем.

– Бо вуҷуди ин сохтмонро идома дода истодаед? – пурсидам аз Суха Доган.

– Чӣ тавре мегўянд: «Ал ваъдаву дайн», – дарҳол ҷавоб дод ў. –  Қавли ҷентелмен қонун аст!

– Охир, ин муқобили қонунҳои бизнес-ку? – бо ҳайронӣ пурсидам аз ў.

– Бале, ин гапатон рост, – бо тамкин ҷавоб дод ў. – Вале аввалан барои хотири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва сониян барои обрўи ширкат мо ин сохтмонро ба охир мерасонем.

Дар ҳоле, ки баҳри дилам кушода шуда буд, аз ў суол кардам:

– Хуб, забони тоҷикӣ ба шумо маъқул аст?

– Чаро не? – бо шавқу хурсандӣ посух дод ў ва ситоиш намуд: – Бисёр забони ғанӣ, нарм ва шево аст.

– Охир, забони мо, забони назми оламгир аст!

– О, рост, – табассуми шавқангез карда гуфт ў. – Ман орзу дорам, ки забони шуморо омўзам.

– Боварӣ дорам, ки комёб мешавед. Ман ба мардони хушқавл эҳтиром ва эътиқод дорам. Шайх Саъдӣ фармудааст:

Бе азми дурусту саъйи комил

Касро нашавад мурод ҳосил!

– О, хуб фармудааст! – масрурона гуфт Суха Доган.

Мо ба яке аз қитъаҳои роҳсозон омадем. Бо ҳама вохўрдию ҳолпурсӣ кардем.

– Монда нашаветон!

– Саломат бошед!

– Коратон бобарор бод!

– Раҳмат!

Дар ҳамин ҷо Суха Доган дарди дилашро ка­фонд.

– Коргарони тоҷик каме танбал ҳастанд,– гуфт ў. – То тори сарашон наистӣ кор намекунанд.

– Ба қаҳрамонҳои Азиз Несин монанд будаанд-да,– дафъатан гуфт Карим Давлат.

Маънидор чашмак зад Суха Доган ва гул-гул шу­куфта хандид. Сипас гуфт:

– Не, ҳоло корро ёд гирифтаанд. Мо ба онҳо ҳат­то идораи техникаи махсусро ҳам боварӣ мекунем.

Мо дар ин ҷо бо коргари пешқадам Гулҳусайн Давлатҳусайнов, ки ду сол пеш аз деҳаи Ушхарф омада будааст, шинос шудем. Вай дар бораи худ гап назад, ситоиши Суха Доганро кард.

– Хушахлоқ аст, – гуфт Гулҳусайн. – Гуфтору кирдораш ба ҳам мутобиқ. Сар то по ҳунар аст. Ва ин ҳунарро ба мо меомўзонад.

Ба километри 47-ум, яке аз қитъаҳои вазнини сохт­мони роҳ омадем. Дар ин ҷо лаби дарёи Панҷи нооромро симбандӣ мекардаанд. Вале аз коргарон нишоне наёфта, ҳайрон мондем. Ногоҳ дидем, ки онҳо як-як паси ҳам аз кўҳ мефароянд.

– Аз деҳаи Арзишки Афғонистон паронданд, намемонанд, ки кор кунем, – фаҳмонд яке. – Гўё ки аз кори мо оби дарё хеста хонаҳои онҳоро зер мекарда бошад.

Ростӣ ба ин чандон бовариамон наомад.

– Бовар намекунед? – пурсид ў. – Ана ҳоло худ шоҳид мешавед.

Ва онҳо ба кор шурўъ карданд. Лаҳзае пас садои тир ғул-ғула андохт. Тир ба тани кўҳ расида, чангу хок ва сангпораҳоро ба ҳаво хезонд. Ин лаҳза раиси ноҳияи Дарвоз Саидҷон Носиров расида омаданд. Ва ин воқеаро чунин шарҳ доданд:

– Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ки таваҷҷўҳи ҳукумати худро ҷалб кунанд.

Ба бригадаи сохтмончиёни Тозаҷон Маҳмудов омадем. Кори онҳо ба номи бригадирашон мутобиқ буд. Басо тозаву озода кор мекарданд. Тозаҷон бо чашмони дурахшон даст дароз кард ва дастамро фишурд. Дастонаш шахшўл ва қавӣ буданд. Тозаҷон ду сол пеш ба ин ҷо омада будааст. То ба ин ҷо омаданаш ба нафақа баромада, давлати пирӣ мерондааст. Ба ростӣ, чашмони ҷозибадору рухсораи чун анор сурх ва гуфтору ҳаракатҳои чусти ўро дида, бинанда ҳеҷ гумон намебарад, ки шастусесола аст. Ба назар чашмонаш механдад, чеҳрааш механдад.

Онҳо қариб, ки беистироҳат кор мекардаанд.

– Мо ҳаргиз ба хастагӣ ва яъс эътиқод надорем, – гуфт Тозаҷон.

«Одамизод – гавҳари қобил» гуфтани пирони рўзгордида бегап набудааст. Мегўянд, ки агар азм кунад, кўҳу дарёҳоро чаппа мекунад.

Мо кори онҳоро мушоҳида намуда, ба ин заррае шубҳа накардем!

– Охир, ин сўхтан аст-ку?!

Як гулў афшонда, калта-калта сулфиду гуфт:

– Бале – «То насўзӣ насозӣ!» – гуфтаанд. Ҳофизи Шерозӣ гуфта?

«Дило бисўз, ки сўзи ту корҳо бикунад».

Сўҳбати мо ҳеҷ қўр намегирифт. Вай дар бораи худаш сухане намегуфт.

– Кори мо пеши назаратон, – гуфт ў. – Агар ягон кори арзандае карда бошам, қатори дигарон кардаам.

Бале, «Мушк он аст, ки худ бибўяд…»

Кори онҳо чун нури офтоб ба чашм мехўрад. Ва ба дилу дида нуру зиё меоварад.

– Суха Доган мард аст, – гуфт ў. – Дар мусибату тангдастӣ ғамхорӣ мекунад.

Пеш аз рафтан ба ў суол додам:

– Ба ҷавонон чӣ таманнову орзу доред?

– Пеш аз ҳама аз сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмонов ибрат бигиранд. Вақтро чун ў қадр кунанд ва аз гузашти умр ғофил намонанд.

Ғофил машав, ки умр чун киштии дар об

Истода менамояду чун тир меравад.

Дар километри 42-уми роҳ ба мўъҷизаи табиат рў ба рў омадем. Кўҳи азимеро дидем, ки аз қуми каб-кабуди топ-тоза иборат буд. Трактори махсус бе ягон душворӣ, тез ва моҳирона онро ба мошинҳо бор мекард. Мошинҳо ин қумро бурда ба роҳ мерехтанд.

– Ин толеъи баланди мо, – хушҳолона гуфт Суха Доган.

Обмўриҳое, ки сохта мешуд, моро ба дарёи ҳайрату тааҷҷуб ғарқ намуд.

– Наход, ки барои як ҷўйча об чунин иншоот сохта шавад? – гуфт касе аз дастаи «Дарё». – Ҳамин қадар оҳану бетонро сарф кунанд?

– Обмўрӣ бояд, ки ҷавобгўи илми имрўзаи роҳсозӣ бошад, – дар ҷавоб гуфт Суха Доган. – Дар акси ҳол об роҳро дар як сол вайрон мекунад.

– Умуман ба ин роҳ чанд сол кафолати корӣ медиҳед? – пурсидам аз Суха Доган.

– Сӣ сол, – ҷавоб дод ў. – Вале агар роҳ хуб истифода шавад, метавонад садсолаҳо хизмат кунад.

Ба километри 35-ум, қитъаи вазнинтарини сохтмон омадем. Дар ин ҷо бояд синаи кўҳи хороро шикофта туннел месохтанд. Аммо бар асари қимматӣ аз он даст мекашанд. Ва қарор медиҳанд, ки кўҳро тарконанд. Вале деҳаи Ғумайи Афғонистон, ки рў ба рўи ин қитъа қарор дорад ба ин имкон намедиҳад. Аз ин рў маҷбур мешаванд, ки кўҳро сантиметр ба сантиметр тарошида гиранд. Барои ин вақти бисёре лозим мешавад. Ва сохтмони роҳро кашол медиҳад.

*       *      *

Соати дувоздаҳи рўз базми сохтмончиёну аҳли эҷоду санъат оғоз ёфт. Гўё замин кафида одам рўида буд. Базмро раиси ноҳияи Дарвоз Саидҷон Носиров ифтитоҳ бахшид.

Рўзи оддӣ ба рўзи саид мубаддал гашт!

Нахуст санъаткорон бо таронаҳои диловези худ рўҳи мардумро болида гардонданд. Баъд риштаи суханро шоири шинохтаи тоҷик Салимшо Ҳалимшо ба даст гирифт.

– Инсонҳо биҳиштро орзу мекунанд. Вале роҳи биҳиштро шумо ёфтед, – бо чунин суханон баромади худро оғоз намуд Салимшо Ҳалимшо ва баъд ба хондани шеърҳои худ пардохт.

Ин лаҳза офтоб ба болои сарҳо рост шуда, чунон тасфид, ки гўё ҳама мавҷудоти оламро сўхта хокистар кардан мехост. Вале касе ба ин аҳамият намедод. Ҳама ҳушу гўш шуда буданд. Ба ин манзара дида дўхта, ба ёдам мисраҳои Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ омаданд:

Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,

Ба мардум намонад ба ҷуз гуфтанӣ.

Раҳми табиат омад, ки рўи офтобро пораи абре пўшонд. Соя доман кашид. Ҳофизони дастаи «Дарё» бисёр дилнишину дилчасп месуруданд. Аз завқу шавқ коргарон ба рақс мебаромаданд. Аз сидқи дил мерақси­данд.

Баромади дастаи «Ғарибшо-компания» ҳам хеле шавқовар буд.

Баъд шоира Баҳриниссо шеърҳои тозаи худро қироат намуд. Пас аз баромади санъаткорон сухан ба банда дода шуд:

– Чӣ саодати бузургест, ки имрўз мо ба хидмати шумо расидем. Ин лаҳзаҳо чунин мисраҳо ба ёдам меояд:

Ватанам,

Эй Ватани майдаи мардони калон!

Бале, Ватани мо хеле хурд бошад ҳам мардони калон дорад. Ва он мардони калон шумоед. Зеро бо ранҷу заҳмати худ чунин шоҳроҳи бузургро бунёд мекунед. Гўё устод Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳаққи шумо гуфта бошанд:

Боиси ободии олам – туӣ,

Ранҷбаро, маънии одам – туӣ.

Ман аминам ки ин корнамоиҳои шумо дар саҳифаи китоби дўстии Тоҷикистону Туркия бо хатҳои заррин сабт хоҳад ёфт. Ва эҷодкорони мо васфи шуморо сароида, асарҳои сазовор хоҳанд навишт. Чуноне, ки устод Боқӣ Раҳимзода – рўҳашон шод бод! – гуфта буданд:

Васфи туро сароям, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.

Шоири шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон ишоратан ба Суха Доган гуфт:

– Дўсти азиз! Ин базми тоҷиконаю туркона аз рафоқати халқҳои мову шумо гувоҳӣ медиҳад. Ман ба азму иродаи шумо, ки аз сарзамини хеле дур ба мадади Тоҷикистон омада, бо шогирдони сершумори худ аз дили кўҳсор шоҳроҳ мекушоед, бепоён ҳамду сано мегўям.

Мўҳтарам Суха Доган! Мехоҳам дар ин лаҳза хотири шуморо бо якчанд шоҳбайти шоирони классики тоҷик болида гардонам. Халқҳои мо аз қадимулайём бо ҳам қудову анда буданд. Бубинед, нобиғаҳои назми машриқзамин Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Шамсиддин Шоҳин қаробати халқҳоямонро бо чӣ абёти муҳаббатомез ситоиш кардаанд:

Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрон,

Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.

*       *       *

Забони ёри ман турк асту ман туркӣ намедонам,

Худоё, кош мебудӣ забонаш дар даҳони ман.

*       *       *

Шаб ки гул дар табақу бода ба соғар кардам,

Базми туркона ба ёди рухи дилбар кардам.

Директори лоиҳа Суха Доган шоирро барои чунин суханони самимона бо расму ойини миллӣ бародарвор ба оғўш гирифт.

Аз савту тарона ва рақсу саҳнаҳои ҳунармандони тоҷик ронандаи турк Ёшул Авҷу илҳом гирифта, таронаҳои туркӣ ва тоҷикӣ хонд. Хеле гарму дилнишин суруда, ҳамаро ба шўру шавқ овард.

Дар охир Суха Доган гуфт:

– Пеш аз ҳама ба Президенти Тоҷикистон Эмо­малӣ Раҳмонов изҳори ташаккур менамоям. Ин қисмати роҳро роҳи Турку – Тоҷик меномем. Он ҳамеша аз мо ёд хоҳад овард.

Мо аз омадани худ ба ин сохтмон бисёр шоду мамнун будем. Бо сохтмончиён хайрухуш накардем.

– То боздид! – гуфтем ва ба роҳ баромадем.

Офтоб сўзон гашт карда, ба уфуқ моил мешуд. Оҳиста-оҳиста атрофро торикӣ фаро гирифт. Аммо дили мо равшан буд. Ба мо гуфтанд, ки бадахшониён ин роҳро роҳи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам мегўянд.

Ба фикрам, бисёр нағзу дуруст мегўянд!

Ва мо ҳам бо камоли ифтихор ва ғурур метавонем бигўем:

– Роҳи Эмомалӣ Раҳмонов – роҳи биҳишт аст!

5 июли соли 2005

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …