Главная / Ҷамъият / Роҳат Бош – шеър

Роҳат Бош – шеър

Даме бошад макун фикре, каме роҳат, фароғат кун,
Табассум кун, машав ғамгин, фақат шукри саломат кун.
Тасаллои дили худ кун, агар бадтинате ранҷонд,
Ба кунҷи хилвате бошу Худоро зикру тоъат кун.
Тиҳи мағзу даҳанбадбӯ дилатро гар сиёҳе кард,
Ҷавобашро мадеҳу як нафас сабреву тоқат кун.
Маранҷ аз ҳар ҷаҳолатдил, матарс аз ҳайбату ваҳмаш,
Ба одоби мусалмонӣ, ба роҳи Ҳақ, шафоат кун.
Агар ё хушкмағзе, хушкдимоғе обрӯят рехт,

rohat-bosh
Гуноҳатро Худо резад, машав ғамгин, ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге ҳақорат кард,
Надоди бар ҷавобаш муштро, худро маломат кун.
Ба нохунҳои лафзаш дилхароше гар харошид дил,
Ба гулгаште бирав, аз бӯи гул дилро табобат кун.
Агар сангиндиле санги мусибатро ба сӯят зад,
Бидон, ин кори Аллоҳ аст, бирав хайру саховат кун.
Машав ғамгин, Басирӣ, умри беҳосил равад рӯзе,
Машав дилдодаи дунё, фақат фикри Қиёмат кун.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …