Главная / Гуногун / РОҒУН – Мақола

РОҒУН – Мақола

Ҷаҳони муосир, ки кишвари мо низ як ҷузъи он маҳсуб меёбад, ба марҳилаи тоза ворид гардид. Ва имрўз барои мардуми тоҷик имтиҳони нангу номус, ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ оғоз ёфт. Ин имтиҳон оғози сохтмони бузурги аср – Нерўгоҳи барқи обии Роғун мебошад. Чунон ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон, 5 январи соли ҷорӣ гуфтанд: «Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрўзу фардои мост! Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!»

rogunskaya-ges-1024x622Бале, на кам, на зиёд!

Яъне Роғун бе ягон чуну чаро бояд сохта шавад!

«Дар акси ҳол истиқлолияту соҳибихтиёрӣ чун ҳарфҳои гўшнавоз рўйи коғаз мемонанду мову шумо ин неъмати бебаҳоро аз даст медиҳем».[1]

Халқ дар якҷоягӣ ба иҷрои ҳама гуна корҳои азим қудрат дорад. Аз ин рў, бе ягон шакку шубҳа Роғун сохта мешавад. Ва дар ин ҷода саҳми адибон бағоят муҳим аст. Зеро эшон бо сухан сару кор доранд. Сухан бузургтарин аслиҳа аст.

        Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

        Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомўш аст.

Мо аз дурии замонаҳо ба имрўз расидаем.

Гуфтаанд: «Агар теғи олам биҷунбад зи ҷой, Набурад рагеро, нахоҳад Худой». Бале, ҳамин тавр аст. Шукр Худоро, ҳазор бор шукр, ки ба неъмати бебаҳо – истиқлолияти сиёсӣ расидем. Тўли ҳаждаҳ сол дар ин фазо зиндагӣ намуда, рўз ба рўз ниёзи ҳарчи бештари моро ба худшиносии воқеии миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва оинӣ ошкор месозад. Ва мо дар ин масир ҷидду ҷаҳд дорем, ки тақдири худро ба дасти худ бинависем. Бетардид дар ин маврид абёти машҳури Аллома Иқболи Лоҳурӣ ба ёд меояд:

             Худо он миллатеро сарварӣ дод,

             Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

             Ба он миллат сару коре надорад,

             Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Миллати тоҷик бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз як имтиҳони сангин – ҷанги шаҳрвандӣ берун омада, парчами сулҳу салоҳро барафрохт ва бақои таърихии худро таъмин намуд. Мояи хушҳолӣ аст, ки бо туфайли файзу баракати истиқлол рўйдодҳои муҳим ва хотирмон дар ҳама соҳаҳои кишвар ба назар мерасанд.

Зиндагонӣ тавлиди дигар, рангу мазмуни дигар ёфт!

Афсона ба ҳақиқат табдил гардид!

Тамоми дастовардҳоямонро агар дар як вожа баён созем, он чунин аст: «Корнамоӣ!»

Бале, корнамоӣ!

Албатта, ин корнамоӣ адибони тоҷик, фарзандони бовафо ва ҷонфидои ватани азиз – Тоҷикистонро бетараф нагузошт. Аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мисли оби рўдҳои кишвар хурўшон гашта, мададгору шифобахшу давои ватан шуданд. Ба қавли Муҳаммад Ғойиб: «Агар фикри ватан дар сар набошад, сар чӣ кор ояд». Ва дар ин радиф мисраъҳои Мирзо Файзалӣ ба ёд меоянд:

           Эй, ки мепурсӣ: «Чӣ додӣ бар Ватан?»,

           Додани доди сухан моро бас аст.

rogunskaya-ges-10Тўли ҳаждаҳ сол барои очеркнависони тоҷик давраи озмоишҳо буд. Зеро онҳо ба тундравиҳои замон нигоҳ накарда, набзи даврон, яъне ҳақиқати зиндагиро ҳаққонӣ ба тасвир гирифтанд. Ҳар чӣ ки офариданд, некбинона ва бо нияти накўкорӣ, тантанаи адолати зиндагӣ офариданд.

Дафъатан бояд тазаккур дод, ки очеркнависон таърих меофаранд. Ва бузургворе гуфтааст, ки: «Таърих сиёҳнавис надорад». Дар ҳақикат ҳам наметавон солномаи сарнавишти халқро дигар кард ва ё ислоҳе даровард. Ин нуқта бениҳоят муҳим аст. Зеро таърих роҳи зиндагӣ, ганҷи нодири маънавиёт аст. Он барои имрўзиён василаи ибрат бошад, барои ояндагон чароғи фардост. Таҷрибаи рўзгор худ кушояндаи муаммо ва раҳнамои инсон буда, баҳрабардорӣ аз он ба суди шахс аст: «Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд». Мо бояд шукр кунем ва аз он ҳама чизе ки гузашт, сабақ гирем. Дарси ҳаёт давоми мантиқии дарси муаллим аст. Оре: «Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор, Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор!»

Қобили қайд аст, ки очерк ҳамқадаму ҳамнафаси замон буд ва ҳаргиз дар ҳолати бўҳронӣ қарор надошт. Баракс дар баробари дигар жанрҳои адабиёт пешрафт дорад ва солҳои охир болу пари нав кушодааст. Ба ёд овардани танҳо номҳои Бахтиёри Муртазо, Раҷаб Мардон, Равшани Ёрмуҳаммад, Иноят Насридин, Раҷабалӣ Аҳмадов, Ҷамолиддин Тошматов, Холназар Муҳаббатов, Худойназар Асозода, Маҷид Салим, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Муҳаммадҷон Мирзошоев кофист, ки онҳо бо очеркҳои худ шўҳратманданд.

Лозим ба ёдоварист, ки устодони насри муосири тоҷик Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамиди Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Саттор Турсун, Урун Кўҳзод, ки асарҳояшон ба даҳҳо забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудаанд, бо сахтгирӣ ва фидокории хеш натанҳо дар ривоҷу равнақи жанри публисистика, балки дар тарбияи маънавии мардум, рушду нумўи ҷомеа саҳми арзандаву босазо гузоштаанд. Онҳо бештар мақолаҳои публитсистии худро ба мавзўъҳои муҳим, тақдир, қадру манзалат ва рисолати инсон, ба адабиёт, сиёсат ва ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии замон бахшидаанд. Ин адибони шинохта мушкилоти офаридаҳои худро огоҳона, бо баёни покиза ва ҷаҳонбинии фарох пешкаши хонанда гардонидаанд. Ва мардум, новобаста ба вазъияи иқтисодӣ, маишати рўзгор ва монанди инҳо, ба адибон боварӣ доранд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат бори дигар атрофи бурду бохти адибон, асарҳои нав ва фаъолияти Иттифоқи нависандагон дар солҳои истиқлолият суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд: «Имрўз барои хонанда асарҳое лозиманд, ки арзиши истиқлолияти давлатӣ, ғояи худшиносии миллӣ, ватанпарастиву инсондўстӣ, меҳнати ҳалолу зиндагии бошарафона, арзишҳои миллӣ ва умумибашариро талқин намоянд».

Соли 2006 маҷмўаи дастҷамъӣ – «15 баҳори Истиқлол», соли 2008 – «Дарвозаи тиллоӣ», соли 2009 – «Достони Ваҳдати миллат», соли 2010 – «Тоҷикистон нурборон мешавад» нашр шуда, ба дасти хонандаҳо расид.

Ин китобҳои пурарзиш очерк, эссе, қайдҳо ва манзумаву шеърҳои шоиру нависандагони муосирро фаро гирифта, дар боби ватану ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, корномаҳои бинокорони сохтмонҳои азим, ободиҳои кишвари маҳбуб, ки ҳама аз файзи Истиқлол аст, ҳикоят мекунад.

Инчунин, китобҳои «Норак – шаҳри нур», «Қаҳрамони Нурофарон» ва «Бунёдкорони Сангтўда»-и Ҷамолиддин Тошматов, «Роғун-бахти рўзафзун» ва «Қудрати Роғун»-и Раҷабалӣ Аҳмадов  нашр шуда, ба дасти хонандаҳо расид, ки таълифоти солҳои охиранд ва ҳаёти имрўзаи бунёдкоронро дар худ таҷассум намудаанд..

Имрўз барои очеркнависон давраи озмоиши нав оғоз гардид. Ин озмоиш оғози сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун мебошад, ки дар чанд соли пеш ин ба назар коре ғайриимкону орзуе дастнорас менамуд. Иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаи саршор аз ҳисси дилсўзиву миллатдўстии ў ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз дар мавриди бунёди Нерўгоҳи Роғун пирўзии хирад бар ҷаҳл аст.

Роғун иншооти тақдирсоз буда, майдони бузурги миллатофаринист. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими хатми корҳои асосии нақби Анзоб, 26-уми июли соли 2006, гуфтанд: «Дар таърихи адабиёти чандҳазорсола ва муштараки мо Фарҳоди кўҳкан бо кандани фақат як ҷўи об барои Ширини худ умри абад ёфтааст».

Барои қаламкашоне, ки шоҳиди сохтмони бузурги аср мешаванд, бахти баланд аст. Бе ягон муҳобот Нерўгоҳи Роғун манбаи илҳом буда, қаламро ба ҷунбиш меорад. Аз ин рў, баробари оғози сохтмон шоиру нависандаҳо паёпай ба Роғун омаданд. Ҳадаф аз мулоқотҳо бо сухан дар корзор рўҳбаланд кардани сохтмончиён буд.

Дар як муддати кўтоҳ бо иштироки нависандагон Равшани Ёрмуҳаммад, Раҷаб Мардон, Бахтиёри Муртазо, Иноят Насриддин, Нозир Ёдгорӣ, Раҷабалӣ Аҳмад дар «Шабакаи аввал» ва «Сафина» панҷ намоиш тайёр карда, пешкаши тамошобинон намудем. Ногуфта намонад, ки ҳар намоиш се-чор бор такроран намоиш дода шуд. Инчунин, адибон понздаҳ очерку мақолаи публитстисти офариданд, ки дар матбуот чоп гардид.

Ва, инак, маҷмўаи дастҷамъӣ – «Наврўзи Роғун» нашр шуда, ба дасти хонандаҳо расид. Дар он маҳсули эҷоди қариб 90 адиби муосири тоҷик фароҳам омадааст. «Наврўзи Роғун» дастагулест ва табиист, ки ҳар гул рангу бў ва таровату назокати хоссе дорад. Дар маҷмўа дар баробари шеърҳои 75 шоир, инчунин, панҷ очерк, нўҳ мақолаи публитсисти ва як мусоҳиба ҷой дода шудааст. Китоби «Наврўзи Роғун» аз чанд ҷиҳат нодир мебошад. Аввалан, он баробари оғози сохтмони нерўгоҳ ба табъ расид. Сониян, дар асарҳо орзуву ормонҳои мардум, назару андеша ва ихлосу меҳру муҳаббати адибон баён гаштааст. Ва, ахиран, ин китоб метавонад барои офаридани асарҳои калон ҳамчун замина хидмат бикунад.

Дар ҳама очерку мақолаҳо тавсифи иқдоми Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Албатта, ин табиист. Зеро маҳз бо ташаббуси Сарвари давлатамон сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун эҳё гардид.

Дар мадди назар ва маркази диққати адибон одам меистад. Албатта, ҳанўз муяссар нашудааст, ки қаҳрамони фаъол, мубориз, бунёдкори ҳаёти нав ва ҷоннисорро биофаранд. Вале кўшидаанд, ки ба ботини мураккаб ва пурасрори инсон ворид гардида, ўро дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ тасвир намоянд.

Бузургии инсон ва сирру асрори ниҳонии ўро кашф намудан осон нест. Барои инсонро шинохтан бо ў як пуд намак хўрдан ҳам кам аст.

Чандест, ки дар доираҳои коршиносӣ ва журналистии кишвар баҳси хатар доштани пайвастани ваҳдату ғурури миллӣ бо сохтмони НБО-и Роғун пайдо шудааст. Ва оё пайвастани ваҳдату ғурури миллӣ бо сохтмони НБО-и Роғун дуруст аст? Ба ин савол мақолаҳои публитсистии Назри Яздонӣ «Роғун ва камолоти худшиносӣ», Фотеҳ Абдуллоҳ «Роғун – имтиҳонгоҳи номус ва ҳамбастагии миллӣ» ҷавоби саҳеҳ медиҳанд: Бале, дуруст аст! Зеро аз сар гирифта шудани сохтмони НБО-и Роғун аз муттаҳид шудани мардуми тоҷик дарак медиҳад. Ва агар ифтихоре аз худ намедоштему ғурури миллии мо намебуд, ҳаргиз чунин иқдоми бузургро дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ намегузоштем.

Мақолаи таҳлилӣ-публитсистии Холназар Муҳаббатов «Роғун ва мушкилоти тақсимоти об дар Осиёи Марказӣ» хеле ҷиддӣ ва пурмўҳтаво мебошад. Муаллиф тавонистааст беҳудагии иддаоҳои Ўзбекистон дар бораи асароти НБО-и Роғунро нишон диҳад. Ва оё пас аз мутолиаи мақола метавон бовар кард, ки роҳбарияти ҷумҳурии ҳамсоя кўчактарин дарку тасаввур ё парвое аз муҳити зист дорад?

Албатта, маҳсули қалами адибонро наметавон асари комил номид. Зеро онҳо ифодаи сатҳии воқеоти як рўзу ду рўзанд. Имрўз майли адибон ба омўхтану дарки моҳияти амал, донистани махсусияти сохтмон, ба майдон омадани бунёдкори нав бо ихтисоси нав зиёд гардид. Онҳо азми қавӣ доранд, ки асарҳои бештар назаррас эҷод кунанд. Аммо ин осон нест. Ин ҷо мехоҳам аз хотироти нависандаи шинохта Муҳиддин Хоҷазод порае биёрам: «Дар вақти муҳокимаи романи «Об-рўшноӣ», ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардида буд, соли 1965 дар қатори як гурўҳ адибони варзида Мирсаид Миршакар гуфтанд: аз романи «Об-рўшноӣ» бўи Норак меояд».

Барои аз асарҳои адибон бўи Роғун омадан онҳо бояд ҳама ҷабҳаҳои сохтмонро бо чашми худ бубинанд, бо мардум ҳамкору ҳамсўҳбат шаванд, ботини онҳоро омўзанд, гардиши тафаккури онҳоро бисанҷанд.

Бештар адибон бо дастаҳои ҳунарӣ сафар мекунанд. Яъне адибон рў ба рў нею аз саҳна ба одамон сўҳбат мекунанд. Дар ин ҳолат мушкил аст, ки адиб ба мақсадаш расад. Албатта, ҳама ба рақсу суруд таваҷҷўҳи бештар медиҳанд.

Баъд шаш-ҳафтнафарӣ ба сохтмон мераванд. Ба касе оромона сўҳбат карда намешавад. Албатта, майдони сохтмон ҷои сўҳбат нест.

Бо бунёдкорон диду боздид осон нест.

Кор ҷўш мезанад. Муҳорибаи шаъну шараф. Кранҳою булдозерҳо кор мекунанд. Мошинҳои боркашон рафтуо доранд.

Имконияти ба саволҳо пурра ҷавоб додан нест.

Бо онҳо сўҳбат карда намешавад. Дил намехоҳад. Виҷдон намебардорад. Аз рўи талаботи техникаи бехатарӣ ҳам ҷоиз нест. Аз ин рў сафар чун экскурсия мегузарад. Ва навиштаҳо ҳам чун репортаж ҳастанд.

Нависандагон Бахтиёри Муртазо ва Ҷамолиддин Тошматов озод ки ҳастанд бештар сафар мекунанд, одамонро мешиносанд. Дигарон вазифа доранд, сардор доранд. Шоир Убайдуллои Ширин мегўяд, ки ман се шеър навиштам, аммо қонеъ нагаштам. Дилам мехоҳад ба Нерўгоҳи Роғун биравам, ҳамнафаси сохтмончиён бишавам. Вале корам чунон бисёр аст, ки берун баромада наметавонам.

Бояд коре кунем, ки ҳар як мулоқоти адибон бо сохтмончиён ба як тантанаи азим ва хотирмон табдил ёбад.

Ногуфта намонад, ки на ҳар кас ба Роғун рафта метавонад. Хуб мебуд агар ба адибоне, ки бо ин сохтмон сарукор доранд, рухсатномаи махсус дода мешуд.

Зимнан, ҳамин ҷо як нуқтаро гўшрас кардан мехоҳам, ки барои ба Роғун рафтан маблағ зарур аст.

Жанри очерк ҳолати рўҳии инсони воқеиро дар сари кору фаъолият инъикос мекунад. Яъне қаҳрамон очерк бофтаи хаёл нест, аммо ин маънои онро надорад ки ўро танҳо мусбат биофарем. Бе айбу гуноҳ танҳо Худованд аст. Бандаи хокӣ аз ҷурму гуноҳ ҳеҷ вақт орӣ нест.

Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки кор бе камбудӣ намешавад, ҷое ки кор аст, камбудӣ низ ҳаст. Бинобар ин ошкор сохтани норасоиҳо танҳо ба фоидаи кор мебошад.

Роҳи зиндагӣ чун кўҳ шебу фароз ва пастию баландиҳои бешумор дорад. Тоҷикистонро бе кўҳ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Кўҳ барои мардуми тоҷик азизу муқаддас аст. Нерўгоҳи барқи обии Роғун дар синаи кўҳ не, дар қалби кўҳ сохта мешавад. Аз ин рў, бо кўҳ ҳамтану ҳамҷон мегардад. Ва мисраъҳои Ғоиб Сафарзода ба ёд меоянд:

                  Кўҳҳо чу одами дардошно

                  Якдигарро пуштибонӣ мекунанд.

Ин мисраъҳо гўё имрўз эҷод шудаанд. Шоир ба мо хитоб мекунад, ки дардошноиро аз кўҳҳо биомўзем.

Роғун ҳамчун идеяи миллӣ ҳамаро ба ҳам овард.

Соиби бузург дар вақташ суруда: «Доштем аз ҳам хабар, дар ҳар куҷо будем мо». Саидҷон Ҳакимзода ҳам гуфта: «Дўстӣ мустаҳкам аз бисёр дидан мешавад, Аз ҷудоӣ рафта-рафта дўст душман мешавад».

Он рўз дур нест, ки адибони тоҷик бо асарҳои арзандаи худ бўйи Нерўгоҳи барқи обии Роғунро дар ҷаҳон паҳн карда, номи бунёдкорони онро ба саҳифаҳои заррини таърих ворид месозанд.

20 марти соли 2010

[1] Аз суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар ифтитоњи сохтмони туннели Анзоб, 20 майи соли 1999.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …