Главная / Маданият ва санъат / Ризо ба қазо додан

Ризо ба қазо додан

Ризо ба қазо додан

Бидон, ки розӣ будан ба қазои Аллоҳ таъоло аз мақомоти авлиё аст ва ҳар гоҳ, ки банда аз Худованд розӣ бошад, ин аломати он бошад, ки Худованд низ аз вай розӣ бошад.

Ҳоли аҳли ризо аз ҳоли ҳамаи кас хуштар аст.

Дар китобҳои осмонӣ омадааст, ки Ҳақ таъоло фармуд: ҳар касе сабр накунад бар балои ман ва шукр накунад бар неъматҳои ман ва розӣ нашавад ба қазои ман, пас берун шавад аз рӯи замин ва таҳти осмонӣ ман ва Худои дигар талаб кунад, ғайри ман.

Ҳикоят. Урва бини Забирро касали гандае дар пояш пайдо шуд. Ӯро гуфтанд, ки агар иҷозат диҳӣ, поятро бибурем.

Ӯ иҷозат дод.

Гуфтанд: – Туро доруе бояд хӯрд, то беҳуш шавӣ ва аз буридани пой огоҳӣ наёбӣ.

Гуфт: – Шумо мехоҳед, ки маро аз музду савоб маҳрум гардонед? Не, ман ҳушёр меистаму сабр мекунам.

Табиб оварданду пои ӯро буриданд. Ӯ тасбеҳу тахлил мегуфт ва ҳеч оҳе аз вай барнаёмад. Фарзанде дошт, дар он ҳоле, ки пои падараш мебуриданд, бар балои бом рафта буд, то азоби падар набинад. Пояш хато хӯрду аз бом бияфтоду ҳалок шуд.

Урваро дӯсте буд, даромаду гуфт: – Аҷр диҳад, туро Худои таъоло беҳтарин аҷр.

Гуфт:  Агар маро пурсиш аз барои пой мекунӣ, ба таҳқиқ  ин навишта шудааст, барои ман дар азал.

 

Мард гуфт:  Туро пурсиш аз баҳри фарзанд мекунам, ки аз бом биафтоду ҳалок шуд.

 

Гуфт: “мо ин ҷо барои Худоем ва мо ба сӯи Худо боз мегардем” ва мо худро супоридаем ба ҳукми Худо ва ризои  Худо ва ба қазои Худо. Имон овардан ба тақдири некӣ ва  бадӣ ҳама аз ҷониби худои таъоло аст.

 

Илоҳо, ба ҳурмати аҳли ризо моро бар он дор, ки ризои ту  дар он аст ва чунон дор, ки ба қазои ту розӣ бошем, омин.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …