Главная / Гуногун / Ривоят оиди Абӯлайси Самарқандӣ

Ривоят оиди Абӯлайси Самарқандӣ

Марде аз фақеҳ Абӯлайси Самарқандӣ (paҳ) пурсид, ки:

  • Падару модар доштам, фавтида буданд, намедонам, ки аз ман розӣ бошанд ё не?

Фақеҳ Абӯлайси Самарқандӣ (paҳ) гуфтанд:

  • Баъд аз вафот падару модарро бо се чиз розӣ карда мешавад: Аввал, фарзанде, ки солеҳ бошад ва ҳеҷ чиз бар падару модар дӯсттар аз он набошад. Дуввум, ба ақрабои падару модар ва дӯстони онҳо муҳаббат кардан. Сеюм, ба падару модар бо дуои фотиҳа омурзиш талабида, аз барои онҳо садақа додан аст.[1]

[1] «Кашкӯли Салимӣ». Саҳ 119.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …