Главная / Гуногун / РИВОҶИ МУСИҚИИ АҲД

РИВОҶИ МУСИҚИИ АҲД

 Асрҳои IX—X дар соҳаи мусиқӣ  низ дастовардаҳои муҳиммеро соҳиб буданд. Як силсила комёбиҳои ин асрҳо дар назария ва амалияи мусиқӣ барои давом ёфтани он дар асрҳои баъдина чун заминаи хубе хизмат карданд. Аввалан, ромишгарӣ, созандагӣ, навозандагӣ ва ширинкорӣ дар доираҳои гуногуни ҷамъияти он замон ривоҷ дошт. Сурудҳои базмию размӣ, маросимӣ ва кўчабоғӣ хеле паҳн шуда буданд. Дар ҳамин давр пояи мустаҳками «Дувоздаҳмақом» гузошта шуд. Мусиқии амалӣ бо роҳи таълими устод ба шогирд омўзонда мешуд. Абулаббоси Бахтиёр, ки Рўдакиро низ мусиқӣ ёд дода буд, шогирдони зиёде дошт. Дар дарбори Сомониён дастаҳои мусиқӣ ҳунарнамойӣ мекарданд. Асбоби мусиқие, ки зиёд кор фармуда мешуданд, барбату уд, чангу руд, рубобу танбўр, сурнаю карнай, найанбон, шайпуру бўқ, дафу таблак ва ғайраҳо буданд. Шоҳрудро Абўҳафси Суғдӣ дар ҳамон замон ихтироъ карда будааст. Дар ҷомиъаи Сомониён ҳатто асбоби мусиқии юнонӣ лур (лира) ва арғунун (орган) ниҳоят маъмулу маълум будааст.

Як хусусияти муҳимми мусиқии аҳд он аст, ки дар савту нағмаҳо ва навою мақомҳо омезиш (синтез)-и мусиқию таронаҳои халқӣ, савтҳои меросӣ, оҳангҳои размӣ ва навоҳои халқҳои ҳамсоя ҳусни онҳоро афзун мегардонд. Хусусияти дувуми ба назар намоёни мусиқии давр қаробату вобастагии наздики  он бо шеър будааст. Бисёр шоъирон, мисли Рўдакию Дақиқӣ, дар мусиқӣ низ комил будаанд. Оҳангҳои «Хусравонӣ», «Наврўзӣ», «Ушшоқ», «Сипоҳон», фаҳлавиёт (таронаҳои мардумӣ) хеле машҳур будаанд.

Назарняи мусиқӣ чун ҷузъи математика омўзонда мешуд, зеро баландию пастии овозҳо (зеру бами навоҳо), садои пардаҳо ва мувофиқати онҳо бо ченакҳои мате­матикӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Доир ба назарияи мусиқӣ бисёр касон асар навиштаанд, ки биҳтарини онҳо ба қалами Форобӣ ва Абўалии Сино тааллуқ дорад. Азбаски соли 742 забону хатти арабӣ барои коргузорони идораҳои маъмурии Хуросону Мовароуннаҳр ҳатмӣ эълон шуд, забони идораҳои давлатӣ ва илмии кишвар арабӣ гардид.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …