Главная / Гуногун / Ришвахурӣ – Мақола

Ришвахурӣ – Мақола

Ҳангоми тулўъ аст.
Чашми рўз мекафид.
Субҳ меомад.
Субҳи нав.
Субҳи тозаю озода.

Хуршеди тобон аз паси кўҳ сар мекашад. Рў ба рўи ман аст. Табассум мекунад. Ба ман илҳом мебахшад. Бо қаламу қоғаз ҷур мешавам. Рўз сафед мешавад, рўи қоғаз сиёҳ.

Дар урфият “соле ки накўст, аз баҳораш пайдост” мегўянд. Накўии соли 2007 аз зимистонаш айён гашт.

– Сол-соли муборак аст, – гуфт пирамарде, – зеро зимистони ҳақиқӣ шуд.

rishvaБале, аз рўзи аввали зимистон барф якмаром меборид. Вале барфи зиёд танҳо хурдсолону наврасонро шод кард. Камчинии барқу газ табъи калонсолонро хира гардонд. Аммо он рўзи сард дўстам Сафар хушҳол менамуд, гуна-гуна ҳазлу шўхиҳо мекард. Ҳатто суруд ҳам мехонд.

– Барқ омад?

– Не.

– Газро доданд?

– Не.

Бо ҳайрат ба ў дида дўхтам.

– Тахтачўби лаҳад…

Аз ин сухани ў моту маҳбут мондам.

– Ана, фаромони Президент, – ў рўзномаро ба ман нишон дод.

Дар он фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов таҳти рақами 143 аз 10 январи соли 2007 “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чоп шуда буд.

– Агентии мазкур барои ришвахўрон тахтаи лаҳад аст, – бо ҳаяҷон суханашро идома дод Сафар. – Ҳа, ҳа, ман ба ин боварӣ дорам.

Дар ҳикмате омада: “Агар ҳар рўз як навид шунавӣ, умрат як рўз тўлонитар мегардад”. Қобили тазаккур аст, ки ин навид навиди оддӣ нест.

Ин навид, навиди нур алайҳи зулмат аст!

Ин навид, навиди набарди субҳ алайҳи шаб аст!

Ин навид, навиди тақдирсоз аст!

Аз ин рў шодӣ дар сина ба танг меояд. Мехурўшаду берун мезанад.

– Хайрият, ки кори дунё яксон намонд.

Он рўз ҳама ҷо гапи ин навид буд!

Он рўз – рўзи таърихӣ буд…

Шоҳиди гуфтугўи ду мард гаштам. Яке мегуфт, ки пеш ришва набуд. Дигаре мегуфт, ки буд. Сўҳбати онҳо ба баҳсу талош печид:

– Набуд! – нидо кард якумӣ.

– Не, буд! – паст наомад дуюмӣ.

– Набуд!

– Буд!

Ниҳоят якумӣ тан дод:

– Хайр, буду кам буд.

Бале, буд ва кам ҳам набуд. Вале мо онро моли Ғарб ҳисобида, нодида мегирифтем. Дар асл он моли Ғарб набуд. Решааш аз ғешии андешаи худамон буд. Барҳақ: “Аз мост, ки бар мост!”.

Қобили зикри махсус аст, ки коррупсия дар асри бист морбача буд. Имрўз бо таассуф бояд иқрор шуд, ки дар асри бисту як он ба аждаҳор табдил ёфтааст. Барои дарки ин ба матбуоти даврӣ як назар андохтан кифоя аст.

“…Вобаста ба ҷой доштани ҳолатҳои ришваситонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермаҳмад Шоев мисол овард, ки соли гузашта судяи суди шаҳри Ваҳдат Давлатов ва судяи суди ҳарбии вилояти Хатлон Ҷобиров ба мўҳлатҳои гуногун ҳабс шуданд…”.

“…Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов бо изҳори таассуф илова намуд, ки сабаби дигари афзоиши молу маводи пастсифат дар бозорҳои кишвар ин аст, ки баъзе кормандони Агентӣ аз соҳибкорон ришва месистонанд ва ба камбудиҳо чашм мепўшанд. Ў гуфт, ки соли 2006 бо ин сабаб 14 корманди Агентӣ, ки баъзеи онҳо роҳбарон, аз кор ронда шуданд…”.

“…50 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ барои ришваситонӣ дастгир шудаанд…”.

“…Ба ақидаи 53 фоиз фасодкорӣ бештар миёни кормандони БДА реша давондааст. Кормандони хадамоти андозро (41,4 фоиз) низ аз ин шумор медонанд…”.

“…Назар ба гуфти худи ҷабрдида, гўё вазифа ба маблағи хеле калон ба савдо рафт.

Ин овозаҳо ва ғайбатҳо бар пояи ҳақиқат низ рост меистанд. Зеро вақтҳои охир ба вазифаҳои баланд ва сермаҳсул таъин шудани шахсони тасодуфӣ ва ноўҳдабаро мушоҳида мешавад…”.

“…Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов дар бораи зуҳуроти номатлуби ришваситонӣ ва тадбирҳои кам кардани он сухан ронда, зикр кард, ки ин падида танҳо хоси муҳити мактабҳои олӣ нест ва хусусияти глобалӣ дорад…”.

Чунон ки мебинем дар Тоҷикистон ягон ташкилот ё муассисаеро пайдо кардан мушкил аст, ки онро коррупсия фаро нагирифта бошад. Яъне коррупсия ба авҷи аъло расида ва касе андеша намекунад, ки оқибаташ чӣ мешавад. Бигузор гўр сўзаду дег ҷўшад. Беихтиёр ғазали машҳури хоҷа Ҳофиз ба хотир меояд: “Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам…”.

Умуман коррупсия чист?

Коррупсия аз калимаи лотинӣ “corruptIo” гирифта шуда, маънои ришва, бо пора харида гирифтан ва фурўхта шудани ходимони ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибмақомонро дорад. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (Москва, 1969) чунин омадааст: “Ришва (ришват) – пуле ё чизе, ки ба шахси соҳибмансабе барои ба нафъи пул ё чиздиҳанда, иҷро кардани ягон кори ғайриқонунӣ ё ноҳақ дода мешавад, пора”.

Ришвахўронро соҳибмансабон ташкил медиҳанд. Мизу курсӣ барои онҳо баҳонаи хидмат аст. Сари вазифа ба зоҳир дўсти мардум; мелофанд, ки ҳадафе ҷуз хидмати халқ надоранд.

Охир, дўст доштан дар дил аст, на дар забон!

Ин қабил дўстдорони забонӣ ба ботин аждаҳоранд. Аз ҷониби дигар ҳам Шоҳанд ва ҳам Гадо. Раҷаб Мардон менависад: “Ин ришвахўрон чӣ медиҳанд? Ҳамааш шуда як имзои сиёҳ. Як паи зоғи рафта дар лой. Гадоаанд, ин ришвахўрони соҳибмансаб… Рўсиёҳони таърихи миллатанд. Агар маблағе, ришвае пеши чашми ў, болои мизаш монӣ аз гадо ҳам бечоратар мешавад”.

Ва боз суол садо медиҳад: Ришва чист?

Дар посухи ин садо гўё аз тамоми гўшаю канори кишвар нидоҳо баланд гардида, заминро ба ларза меоваранд:

– Бало аст! Дев аст! Вабо аст!

Ришва зояндаи дурўғ аст, кина аст, риёву фитна аст!

Ришва инсофу адолат, фазлу хирадро ба хоки роҳ яксон мекунад!

Мардиву ғурур, шаҳомату ҷавонмардӣ пеши ришва ҳеҷ – як дарза хасу хошок аст!

Ба қавли Саттор Турсун “ришватситонӣ – теша задан ба решаи давлат аст, арра кашидан ба курсии ҳокимият аст!”.

Бале, ришва миллатро хароб мекунад!

Бале, ришва ҳама арзишҳои маънавии моро бераҳмона ба коми худ фурў мебарад. Устод Урун Кўҳзод онро “эрозияи инсон” номида гуфтааст: “Ин аст эрозияи инсон, ки ба эрозияи табиат ва ахлоқ сахт пайваст мебошад”. Низом Қосим “исён”-и шоирона намуда, дар шеъри “Пора” бо як оҳанги ҳам дардолуду ҳам таънаомез одати нанговару беномусонаи ришвахўриро дар ҷомеаи мо мазаммат менамояд.

…Пора дода,

пора бигрифта,

пора-пора кардаанд онҳо ҳақиқатро,

пора-пора карданд онҳо адолатро,

пора-пора карданд ин халқу давлатро…

Алҳақ адолату ҳақиқат пора-пора шуд ва рўҳҳои муқаддас аз мо инсонҳо ранҷиданд. Ва ин ранҷишрро устод Бозор Собир чунин ба қалам додааст:

…Ранҷид рўҳи Бурхи Валӣ аз мо,

Ранҷид рўҳи Буалӣ аз мо,

Ранҷид рўҳи Рўдакӣ аз мо,

Ранҷид рўҳи Хоҷа Камол,

Ранҷид рўҳи ҳазрати Иқбол…

Сабаби ривоҷ ёфтани ришва дар чист?

Тибқи маводи маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 81 фоизи иштирокчиёни тадқиқот сабаби вуҷуд доштани коррупсияро дар таназзули ахлоқии ҷомеа донистаанд.

Коҳиши ахлоқ бисёриҳоро “ҷасур” карда, аз доираи одамгарӣ баровардааст. Аз савлату ҳайбаташон ҳатто даҳони шоҳи ҳайвонҳо – Шер раг мекашад. На аз Худо метарсанду на аз бандааш. Зеро онҳо тобеи нафс шудаанд. Нафс бошад ҳеҷ серӣ надорад. Барои қонеъ гардонидани нафс аз ҳеҷ чиз рўй намегардонанд. Баъзе мухбирон ва ҳатто журналистони варзида бошад онҳоро дар ВАО қаҳрамон ва фаришта нишон медиҳанд. Баъд мебинӣ, ки он қаҳрамон паси панҷара қарор дорад. Баъзеҳо – онҳое ки пора додаанд бо таассуф мегўянд:

– Худо ҷазояшро дод!

Ва бо ҳамин фаромўш мекунанд. Ва боз Аҳмади порина. Порадеҳ пора медиҳаду порагир пора мегирад.

Соҳибмансабон корро то ба ҷое расонидаанд, ки дигар мардум ҳикмати: “В-агар замона ба гурге диҳад инонашро, бар ў зи баҳри саломат салом бояд кард”-ро шиор кардаанд. Аммо дар ривоҷи ришвахўрӣ мардум ҳам моҳи беайб нестанд. Пора медиҳанду таъкид мекунанд: “Хотирҷамъ бошед, ман аз қабили: “Уштура дидӣ? Не! – ҳастам”.

Боз як ишорае ба таъкид ниёз дорад. Аксари мардум аз қонунҳо хуб огоҳ нестанд. Танҳо як мисол.

Боре ба наздам як дўстам омад. Нигоҳаш ғамноку хаёлолуд, ранги рўяш заъфарон. Чашмонаш чўкида ва суп-сурх гашта буданд.

– Ба хайр, дўстам? – ҳайрати худро ниҳон дошта натавониста пурсидам.

– Э напурс, дўстам. Дар ғами хоҳарам обу адо шудам. Бечора аз шавҳар наосуд. Боз ўро аз ҷои кор ҳам маҳрум карданд.

– Чӣ хел маҳрум карданд?

– Ана ҳамин хел! Ихтисор карданд. Вай бошад чор моҳ пас таваллуд мекунад. мефаҳмӣ?…

Дар чашмаш об чарх зад.

– Исто, исто… Чӣ, магар зани ҳомиларо аз кор рондаанд?

– Ҳа, ихтисор карданд. Дигар каси ихтисор мекардагӣ набудааст. Чӣ илоҷ. Осмон баланду замин сахт…

– Охир, ин ғайриқонунист. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки зани ҳомиларо аз кор биронад.

– Наход?! Рост?… Дар қонун ҳаст?

– Албатта!

– Нишон бидеҳ.

Нишон додам ва ба куҷо муроҷиат карданашро ҳам фаҳмондам. Пас аз чанд рўз дўстам хурсандона хабар расонд, ки:

– Ҳамааш ҷо ба ҷо шуд. Хоҳарамро барқарор карданд. Дар ҳақиқат: “Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад”.

“Боре аз вазири Анўшервони Бузургмеҳри хирадман суол карданд:

– Қиматтарин чиз барои инсон чист?

– Хиради модарзодӣ.

– Агар ин набошад чӣ?

– Дониш ва маърифат омўхтан.

– Агар ин ҳам набошад чӣ?

– Бойигарӣ, ки ҳама айбҳоро мепўшонад.

– Агар ин ҳам набошад?

– Ахлоқ ва хиради ҳамида.

– Ин ҳам набошад чӣ?

– Марг беҳтар аз чунин ҳаёт: ин ҳам ба худаш сабукӣ меорад ва ҳам ба атрофиёнаш, – дар охир гуфт Бузургмеҳри хирадманд”.

Ахлоқ сармояи инсон аст. Дар олам ягон кас бе ахлоқи ҳамида кас нахоҳад шуд. Танҳо ахлоқ инсонро дар доираи одамгарӣ нигоҳ медорад.

Ахлоқ гарави осоиши ҷомеа ва пешрафти он мебошад.

Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов соли 2005 дар баромади худ дар ЮНЕСКО гуфт: “Тақозои асри XXI – тақозои ахлоқ аст”. Ва боз мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов кушоду равшан ва қатъӣ амал карда, “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таъсис дод.

Хушбахтона роҳу равиши Агентии навтаъсис равшан ба назар мерасад. Агентии мазкур ният дорад, ки теша ба решаи ришва бизанад. Хеле ва хеле нияти хуб. Саривақтӣ, оқилона ва одилона. Ва чӣ хуш, ки номзади интихобкардаи Сарвари давлат ба вазифаи роҳбарии Агентии мазкур – Шерхон Одинаевич Саоимов – ба ақида ва мушоҳидаҳои ман аз бисёр ҷиҳат арзанда ва сазовор мебошад.

– Ман ўро хуб мешиносам, – мегўяд дўстам Сафар. – Як фардест покиза, як инсонест дасту дилаш ҳалол.

– Шояд турфае бо тамсхур мегўяд: “Ҳеҷ гап не, ўро ҳам мехаранд”.

– Не, наметавонанд! – ҷиддӣ мегуяд Сафар. – Рўзи ришвахўронро сиёҳ мекунад!

Пас аз каме андеша илова мекунад:

– Ҷасорат дорад.

Мо ҳам ба ҷасорати ў шубҳа надорем. Аммо як ҷасорати ў басанда нест. Ҳатто Агентии навтаъсис ва сохтори ҳифзи ҳуқуқ аз ўҳдаи мубориза бо корупсия баромада наметавонанд. Онҳо ба ҳамкории ҷомеаи шаҳрвадӣ ва давлат ниёз доранд.

Чашм мебандаму саманди хотира маро бо Усто Юсуф рў ба рў мекунад. Устои чирадасти заводи “Тоҷикгидроагрегат” дар баёни маънии бикр устухон надошт. Ў боре гуфта буд:

– Ман ба муаммои зиндагӣ ҳеҷ сарфаҳм рафта наметавонам. Инсон якбор ба дунё меояд ва умраш хеле кўтоҳ аст. Ва дар ҳамин умри кўтоҳ барои худ чоҳ меканад.

Ва ин лаҳза байти шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода ба ёдам меояд, ки навиштааст:

Дар ҷаҳон насли одам одамвор,

Зиндагӣ мекунад фақат як бор…

Модоме, ки ин тавр аст, чаро одамвор зиндагӣ намекунем? Ва боз чаро гуфтаи халқро, ки шоир Сайдаллӣ Маъмур ба риштаи назм кашидааст аз ёд мебарорем:

Одам ба одам зиндааст,

Эй одамон, эй одамон!

Бале, мо ҳам бе ҳам ҳеҷем, бо ҳам муқтадирем. Ба ҷуз худи мо касе пеши роҳи ин балоро гирифта наметавонад. Мебояд ҳама якҷоя пеши ришва сипар гардем.

То ки дар гирдоби ин фасод ғарқ нашаем!

Дар акси ҳол мо наметавонем ошиқона зиста, рўзгори шоиставу зебое дошта бошем.

Кӣ намехоҳад, ки чунин зиндагӣ дошта бошад?

Ҳеҷ кас!

Ё ки не?

Пас чӣ бояд кард?

Пеш аз ҳама бояд бо тамоми вуҷуд дарк намуд, ки бо ришва ганҷ ба даст оварда намешавад. Танҳо бо меҳнати ҳалолу заҳмату ранҷ метавон дури мақсуд ба каф овард. Ана ҳамин аст ганҷи Қоруну ҳамин аст хазинаи Қубод. Зеро ки гуфтаанд:

Ганҷи беранҷе куҷо ояд ба даст,

Фикри ранҷе кун, ки ганҷ ояд ба даст.

Сониян бояд рў ба фарҳангу хирад овард. Бале, танҳо фарҳангу хирад метавонад моро наҷот диҳад. Охир, устод Рўдакӣ бесабаб нафармудааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рав туву ин ганҷ неҳ.

Ва ё ҳаким Фирдавсӣ фармуда:

Хирад раҳнамову хирад дилкушой,

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

Мо бояд дорои дили бедору ақли пойдор бошем. Дар он сурат ватанамон ободу хазинаи давлат пур, мардумамон орому осуда зиндагӣ мекунанд. Набояд фаромўш кард, ки кори як касу ду кас нест. Тамоми табақаҳои ҷамъият бояд ҷидду ҷаҳд намояд.

Ақли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,

Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.

Шояд таклифи Фирдавс Одинаев ҷон дошта бошад: “Биёед бо фармони дилу роҳнамои виҷдон соли 2007-ро ҳар яке дар замири худ соли сарвати маънавӣ эълон кунем”.

Ба қавли Бозор Собир:

…Яъне, ки покшўӣ шавад барпо,

Монанди покшўии тилло,

Аз касофати дарё…

Мо бояд талош кунем, дар майдони мубориза бошем. Вале ҳамаи ин ба осонӣ ба даст намеояд. Мушкил аст, басо мушкил аст. Вале вақт чораю тадбир талаб мекунад. Сустӣ мекунӣ? Мунтазир мешавӣ? Худдорӣ мекунӣ? Роҳро холӣ кун! Набошад боди табдил туро чун коҳ рўфта мебарад. Ва дар хирман танҳо дон – одамони оянда, созандагон, ки фотеҳу пояндаанд, боқӣ хоҳанд монд!

Ҳангоми ғурўб аст.

Хуршеди тобон сари кўҳ қарор дорад. Сурхрў. Орому осуда. Қаноатманд. Табассум мекунад. Гўё аз ман сад дар сад розӣ аст.

Дар он тулўъро мебинам. Ва дар ин тулўъ самои софу беғубор ва огандаи нуру зиёро рўшантар мебинам.

30 январи соли 2007

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …