Главная / Гуногун / Риштаи Нур

Риштаи Нур

Парда Ҳабиб бо нахустмаҷмўаи ашъораш “Қаламчаи ток” (1990) ҳамчун шоири андешаманду борикбин ва ҷўянда арзи вуҷуд кард. Ин буд, ки тайи як муддати кўтоҳ мухлис ва ҳаводорони зиёде пайдо намуд. Вале чанд сол хомўшӣ ихтиёр кард. Дар ин бора шоир Низом Қосим менависад: “Баъдан ў хомўшӣ ихтиёр кард ва муддатҳо аз шоирии худ дараке надод. Дар ин миён бамаҷоз марди солореро мемонд, ки ҳарфи солҳо дар дилаш ғуншударо бо басо тамкину худдорӣ иброз доштааст ва акнун, дар интизории посухи ҳамрозаш, сар ба зонуи андеша бурдаву сукут кардааст.

Оре, ў, гўш ба посухҳои гоҳ-гоҳи ҳамрозаш, сукут дошт. Чӣ посухҳо шунид ба розҳои дилаш? Метавон гуфт, ки аслан суханҳои дилбардоре оиди нахусткитоб – розномааш ва изҳори умедҳо аз хомаву номаҳои шоиронааш. Бе даъвою ғавғо, барои розномаи нахуст узви Иттифоқи нависандаҳо шуданаш низ посухе буд гарму гуворо”.

unnamed

Хушбахтона баъди сукути пурандешаи тўлонӣ китоби дувуми худ “Шеъри оштӣ”-ро пешкаши хонандаи дилошно мекунад. Низом Қосим менависад: “Аз ин сўҳбаташ аён аст, ки он чанд сол Парда Ҳабиб танҳо ба зоҳир хомўш буда; дар асл ҳамеша бо худу бо дили худ гуфтугўҳо дошта ва ҳарфи шуниданиаш кам нест”.

Бале, ў ҳарфҳои шунидании бисёре дорад ва китобҳои дигараш “Пораи вақт” (2001) ва “Риштаи нур”, ки соли 2005 ба хонандаи худ ҳадя кардааст, гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

 Чун китобро боз мекунем, ин сатрҳоро мехонем: “Дар ин китоб шеърҳои тозае гирд омадаанд, ки муҳаббати шоирро ба ёру диёр ва печутобҳои эҳсоси як ҳамзамони ҳассосу дилсўзи моро ифода намудаанд”.

Ҳангоми мутолиаи маҷмўъа аён мешавад, ки шеърҳои шоир аз ҳамин сарчашмаҳо об хўрдаанд. Бале, шоир ба рўҳи замон омехта, ниҳонгоҳҳои мармузи зиндагии инсонро кашф намуда, дарду алам ва сўзу гудози ўро ҳақбинонаю холисона ба қалам додааст.

Маҷмўъа бо шеъри “Рўдакӣ” сар мешавад, ки ин табиӣ ва рамзист. Зеро каломи намакину шаккарогини устоди шеъри форсӣ ҷовидонӣ ва ҳақ ба ҷониби Рашидии Самарқандист, ки нигошта:

         Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоъирӣ,

         Рўдакиро бар сари он шоъирон зебад сарӣ.

Шоири бузург ва абадзиндаи мо устод Мирзо Турсунзода бо ҳамон бузургӣ бо ҳаяҷон гуфтаанд:

         Кошкӣ табъи равон медоштам,

         Рўдакиқудрат забон медоштам,

         Менавистам ҳусну алтофи туро,

         Рўи накўву дили софи туро.

Ё ки устод Лоиқ чунин фармуда:

    Шеъри мо ҳар қадр лангардору шевотар шавад,

    Захмҳои пушти Айнӣ он қадар ёбад шифо,

    Чашмҳои Рўдакӣ он қадр бинотар шавад.

Гулрухсор низ чунин мегўяд:

         Атри “Ҷўйи Мулиён”-у накҳаташ,

         Мо зи шеъри Рўдакӣ бўйидаем.

         Мо ҳама аз оби Рўдак хўрдаем,

         Мо зи дарди Рўдакӣ рўйидаем!

Низом Қосим ҳам дар канор намонда:

      Баҳри ҷову ҷоҳ андар шеър кам даъво кунед,

      Ҳар қадар ҷое бувад дар шеър, ҷои Рўдакист.

      Нест пайдои ману мо шеърҳои хуби мо,

      Шеърҳои хуби мо гумкардаҳои Рўдакист!

Ва Парда Ҳабиб ҳам иқрор мешавад, ки бунёди ў аз шеъри гуҳарбори устод Рўдакӣ оғоз мегирад. Ба ин хотир мегўяд:

         Ҳазорсолаи бунёдсўзии мо буд,

         Ҳазор байти ту бунёдсозии мо буд.

Каломи пур аз дурру гавҳари устод Рўдакӣ дар дили Парда Ҳабиб чароғи орзуи шеъргўиро фурўзон мекунад, завқи бадеӣ ва эътиқоду бовар мебахшад. Ин аст, ки ў хома ба даст мегираду ба шеър чун ба як маъбади муқаддас рў меорад ва эҳтиром мегузорад. Ва бешакку шубҳа бар ҳурмати сухан заҳмат кашиданро дўст медорад. Худи ў бо забони ҳол мегўяд:

         Ангушти қалам вале пур аз обилаҳо

         Бар ҳурмату бо ёди сухан меоӣ.

Парда Ҳабиб дар шеъри “Чанги сапеда” чунин менигорад:

         Бинҳода ба бом тахтапушти худ,

         Гўё, ки ба рўи пахта пушти худ.

         Осудаву бардавом мехуфтем,

         Тифлона, ба завқи том мехуфтем.

Аз маънии ин мисраъҳо пайдост, ки шоир зодаи деҳ, бачаи деҳқон аст, ҳаёти мардуми деҳкадаро хеле хуб медонад. Аз ин рў ашъораш сухану дарду ҳарфи мардум буда, мўъҷазу кўтоҳ ва бо забони сода, равону дилкаш эҷод гаштааст. Ҳамзамон бо ҷиддияти том кўшидааст сухани тозаро бо санъатҳои бадеӣ оро бидиҳад. Албатта ин корест хеле сахту сангин ва худи ў низ чунин иброз медорад:

         Роҳи шоир мисоли сатри шеър

         Печутобеву нуқтаҳо дорад.

         Роҳи ў беш аз дигар ҷода

         Изтиробеву сактаҳо дорад.

Вале Парда Ҳабиб бидуни ҳеҷ шикваву нолиш, шўру валвала ва додхоҳӣ ба пешаи худ содиқ мемонад. Якраҳу якдил, бо дили огоҳ ба роҳи интихобкардаи худ меравад. Ҳунари вай аз ин мисраҳо маълум мешавад:

     Ҳамеша гўш медодам ба оҳувоҳи халқи худ,

     Дар охир, ҳамзамоно, аз пайи як оҳи худ рафтам.

Бале, шоир аз халқи худ ҷудо нест, ки оқибат оҳи ў ба оҳи халқаш мепайвандад ва ҳамин пайвастагӣ раҳнамои дунёи ормонҳои вай мегардад. Халқи тоҷик таърихи мудҳиш ва қаҳрамонона дорад. Ин дар шеъри “Марзу қисмат” иникос ёфтааст. Ҳарчанд, ки душманон бо тиру камони ранга хостанд қомати халқро бишкананд, натавонистанд. Халқаш бар дўш қомати кўҳстонро бардошта, қаҳрамониҳо нишон дод. Бад-ин рў:

         Гаҳ халқ дар ин диёр гар кам мегашт,

         Ҳар пуштаи он қабат-қабат зам мегашт.

Парда Ҳабиб Тоҷикистонро аз дилу ҷон дўст медорад, мояи нозу ифтихор дониста, манфиатҳои ватани хешро муқаддас мешуморад. Ҳамин маъниро дар пораи зер чунин ба қалам додааст:

         То сўзи дил аст, созгори Ватанам,

         Аз рўзи ман аст рўзгори Ватанам.

         То кам зи ҳама гиёҳу хори Ватанам,

         Ман мояи нозу ифтихори Ватанам.

Ин нукта ҷалби таваҷҷўҳ мекунад, ки Парда Ҳабиб ҳикмату фалсафаи ниёгонро бо ҳақиқати имрўза ба ҳам оварда, таъкид мекунад, ки ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, зеро хавфу хатар ҳоло ҳам боқист:

         Моро то тоҷи ирсӣ аз гуҳар боқист,

         Ҳамчунон хавфу хатар боқист.

Ва дар шеъри “Дарвозаи манзар” шоир тавассути баёни мармуз суханҳои пурдарди дили хешро хеле нишонрас ифшо менамояд:

         Гарчи дар таърихи тоҷик

         Пештоқе бекитобат нест,

         Дидаам: дар пештоқи он ягон хат нест.

         Барфу борон шуста онро.

         Ҳамчунон аз хотири мо.

         Ҳамчу чашми одами зинда

         Як замон пўшида во мешуд.

         Инак, аз он чашм монда кўки канда.

         Қалъае афтодаю дарвозае монда.

         Аз ҳама буду набуд овозае монда.

         Аз дарун холист он, ҳам аз бурун холист.

         Ҳамчу шаҳри сарнагун холист.

         Чун китобе ҷилдҳо дорад, варақ нест.

         Ин замон дарвозаро ҳар ду табақ нест.

         Лек фикре медиҳад дилро тасалло:

         Мулк бедарвоза набвад.

         Халқ бесоҳибдарак нест…

Агар ба сурати асли зиндагӣ нигарем, ҳар чӣ дар вусъати он ҷараён мегирад, дар иртибот бо зан аст. Парда Ҳабиб ба суханони устод Лоиқ эътимод ҳосил менамояд, ки гуфтааст:

     Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

     Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Аз ин рў симои зан дар шеъри Парда Ҳабиб мақоми хоссае дорад. Чеҳраи зани тоҷик дар шеъри ”Зан” бо забони соддаву ширин, вале ибораҳои наву тоза ва пурбор тасвир ёфтааст:

         Рў мисоли субҳи наврўидаву рўшан.

         Беҳтарин ҷон, беҳтарин дил, беҳтарин тан.

         Домани худро зи гарду гурди дунё

         Метавонад сўи покиҳо кашидан.

Шоир шеъро бо чунин сатрҳо анҷом мебахшад, ки аз он бузургии зан хеле саҳеҳ эҳсос мегардад:

         Он ки мебахшад савоби хеш бар мо,

         Боз мегирад вуболи мо ба гардан…

Дар шеъри “Меҳроби ёд” ранҷу заҳмат кашидани модарро дар тарбияти фарзанд ба риштаи тасвир кашида, ҳурмату эҳтиром намудани ўро таъкид менамояд. Дар баробари ин хору зор будани модаронро фаромўш намекунад. Онро дар шеъри “Сўзани ёд” чунин  иброз медорад:

         Модарон буданд рўи дашту саҳро хору зор,

         Сарваронро лек афзуда нишони ифтихор.

         Пахтаҳои мўи модарҳо саросар мешукуфт,

         То саросар мешукуфтӣ ғўраҳои пахтазор.

Шоир ба мавзўъи ишқу муҳаббат таваҷҷўҳ намуда, сўзу гудози онро дар ашъораш бо оҳанги махсус тараннум кардааст. Пеш аз ҳама шоирӣ барои ў ишқ аст, ишқи бузург. Ва ин ишқ буд, ки ўро шоир кард. Ҷои ишқ дар дил аст. Шоир дилро ҳамнишину дилнишини худ, меҳрубону дўстдори худ, каҳкашону чархи барини худ медонад. Дилро бар алайҳи нешҳо нўшофарин, бар алайҳи қаҳрҳо меҳрофарин мехонад. Худро аз дил боло магир, посдори дил бош, ба қадраш бирасем, зеро:

        Бувад сайёра бо буду набуди хеш бори дил.

        Мадори осмонҳову замин буда мадори дил.

Шоир бо боварӣ ва эътимод изҳор мекунад, ки мо агар дилро комил карда, кори худро аз таҳи дил анҷом диҳем, ками мардум беш мешавад, зиндагӣ ранги дигар мегирад. Вале сад афсўс, ки на ҳама чунин рафтор мекунанд. Бад-ин рў шоир ба онҳо хитоб мекунад:

        Мо дили худро, ки инсонгар бувад.

        Пас чаро исёнгару қотил кунем?

Ва бисёр ҳам табиист, ки шоир ишқро ба мавҷу шўри дарё ташбеҳ медиҳад.

        Тўӣ, эй шўри дарё, шўри дарёи дили ошиқ,

        Тўӣ, эй мавҷи дарё, авҷи маҷрои дили ошиқ.

Ва ба офтоб хитоб мекунад:

        Ало хуршед, манзил соз дар ҷои дили ошиқ.

Вале бо ин ҳама ишқро осон намегирад ва дар шеъри “Поравақт” сўзу гудози ишқу ошиқӣ чунин садо медиҳад:

        Ишқи ман дар кўчабоғи рўзгор

        Хориҳои интизорӣ мекашид.

        Ҳар замон бар сина хоре мехалид,

        Аз фиребу кина хорӣ мекашид.

Парда Ҳабиб мегўяд, ки мо чӣ кор мекардем, магар лоиқи худ мешудем, агар Лоиқи дилсўзу ҷонфидо намебуд. Ва ў эҳёи шеъри дилангезро аз Лоиқ мебинаду чун арзи сипос чанд шеър ба ў мебахшад.

        Шеъри мо эҳё намегардид чун асли қадим,

        Зинда кай мемонд то фардо, агар Лоиқ набуд.

Бидуни ҳеҷ шубҳа пешаи асосии шоир ба эҷодиёти ў бетаъсир намемонад. Парда Ҳабиб, ки худ рўзноманигор аст, паҳлуҳои зиндагии рўзноманигорро бо бешу камаш ва шодиву ғамаш ба риштаи назм кашидааст. Дар ҷону дили рўзноманигор сўзу дарди мардум, дар раҳу ҷодаҳои шаҳру деҳ умре пиёда мегардад. Мушкили рўзгори мардумро шарҳу тавзеҳ медиҳад, вале зиндагии худаш беҳ намегардад. Болои сўхта намакоб, аз нокасу кас танбеҳ мебинад. Вале шукр мекунад, худро соҳибиқбол меҳисобад, зеро нони ҳалол мехўрад.

        Бо маоше, ки сар ба нўг кунад

        Ҳар каму кости аёлашро,

        Аз тамоми ҳаром медонад

        Беҳтар ў луқмаи ҳалолашро.

Чун Парда Ҳабиб фарзанди замон аст, дардҳои носури миллати азизашро бо шеъри синасўзу дилнавоз ва созанда иброз медорад.  Аз ҷумла дар шеъри “Панҷаи рўиш” ки аз вабои аср – наъшамандӣ баҳс мекунад, ҷавонони роҳгумзадаро хушдор медиҳад. Шумо нашъи гулу гармии дилро намедонед, аз ному номаи миллат баҳра набурдаед. Аз ин рў огоҳ нестед, ки чи қурбу манзалат доред. Агар шумо сафои умр мехостед, он гаҳ:

        Шумо бар ҷустуҷўи ишқ мерафтед,

        Шумо дар гуфтугўи ишқ мебудед.

Ва дар охир бо дарду алами сўзон хитоб мекунад:

        Шумо, эй хўрда об аз кундаи Сосон,

        Чунин ҷон медиҳед осон?

Дар ашъори шоир байтҳои хотирнишин кам нестанд.

        Мешавад дар тобадонаш равғани зард об.

        Дар вуҷудаш равғани дард об.

Ё худ:

        Тобу таб бигзашту он лабҳои нобўсида монд,

        Обрў мехостем монем, оби дида монд.

Ва ё боз:

        Бодҳои тирамоҳ,

        Додҳо… фарёдҳо…

        Баргҳоро аз дарахтон мекананд,

        Баргҳо дар рўи раҳ ҷон мекананд…

Ғояҳои эътирозӣ низ дар эҷодиёти ў ҷой доранд.

        Беш дар байни шоирони асил

        Сухан аз асли шеър агар рафта,

        Лек дар асл гуфтаҳошон, ҳайф,

        Бар басо гўш беасар рафта.

Шоир дар қатори дигар жанрҳои шеърӣ ба дубайтӣ низ даст задааст. Дубайтиҳои маҷмўа тозаву хотирнишин буда, эҷодиёти шоирро боз ҳам пуробуранг сохтааст.

        Агар дар осмон ахтар насўзад,

        Диле дар рўи баҳру бар насўзад.

        Чароғон нест ҳаргиз ошёне,

        Чу шамъи кулбаи модар насўзад.

Розномаи шоир бо ин мисраҳо анҷом меёбад:

        Лек ман хешро нахоҳам ёфт

        Дигар аз байни тўдаи мардум.

        Ҳар қадар кофтам, вале афсўс,

        Хешро дар миёна кардам гум…

Бале, шоир ба оҳу воҳ ва дарду алами мардум мепайвандад ва ба ёди ман мисраҳои Баҳор меояд:

“Шеър донӣ чист?

Марвориде аз дарёи ақл…”.

Ва мо дар пайравӣ аз ин мисраъҳо мегўем, ки марворидҳои дарёи ақли Парда Ҳабиб тозаву ҷилодор аст. Ва ба дилҳо нуру зиё мебахшад. Чунончи худи ў гуфта:

        То уфуқи дуру наздикам яке

        Риштаи нуре зи кайҳон мерасад,

        Чун хати рўшан аз он ҳафт осмон

        Партави шодии Яздон мерасад.

2 феврали соли 2006

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …