Главная / Маданият ва санъат / Ришта (ресмон) барои дӯхтани либос

Ришта (ресмон) барои дӯхтани либос

Дар бурудӯз ғайр аз ин асбобу анҷом боз ресмонҳои гуногунро истифода мебаранд. Ресмонҳо вобаста ба таъиноташон дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, руфӯгарӣ мешавад.

Ресмонҳоро аз нахҳои пахтагӣ пашмин, абрешимӣ, табиӣ (пила) катрнӣ, кимиёӣ мересанд. Ресмонҳо гуногунранг (сафед, сиёҳ, сабз, кабуд, бунафшӣ зард) ва борику ғафс мешаванд.

Борикию ғафсии ресмонро бо рақам ишора мекунанд. Ресмонҳо аз №10 то №80 ишора карда мешавад (№10, 20, 30, 40, 50, 60, 65, 70, 80). Рангҳои гулдӯз, мӯина, абрешимӣ, ирис ва ғайраанд.

rishta

Асбобу анҷоми бурудӯзро дар қутича ё халтачаи махсус нигоҳ бояд дошт. Барои босифат дӯхтани маснуот шартҳои зарурӣ гузаронидани ришта ба сӯзан ва кор бо ангуштпонаро донистан лозим аст. Дарозии ришта дар вақти дарздӯзӣ бояд ба 60-80 см баробар бошад.

Риштаро ба сӯрохии сӯзан аз тарафи аз ғалтак кандагиаш гузаронед ва гиреҳ кунед, дар ин ҳолат ришта дар вақти дарздӯзӣ моил ҳалқа нашуда, ҳаракат мекунад. Пеш аз риштаро ба сӯзан гузаронидан охири риштаро бо панҷаҳои ишоратӣ ва ангушти калон тоб медиҳанд. Тоб додани охири риштаҳои пахтагин аз тарафи худ буда, риштаҳои абрешиминро ба тарафи худ тоб диҳед.

Сӯзанро бояд байни ангушти калон ва ишоратӣ дошта, гӯшаки онро ба тарафи ришта медоранд. Бо дасти чап риштаи тобдодаро ба гӯшаки сӯзан дохил карда, ба 2/3 дарози мекашонад. Охири риштаро барои он ки чок баромада тит нашавад, гиреҳ медиҳанд.

Дарзҳои дастӣ чунин иҷро мешаванд. Ҷузъи коркардамешударо ба рӯи миз мегузоранд, ки коркарди чап мувозӣ ба канори миз мувофиқ ояд ва ба дӯзанда наздик бошад.

1.Дасти чап бояд ба рӯи матоъ (дар саршавии чок) бо ангуштҳо ба миз зер карда истад.

Тайёр кардани сӯзан ба кор

  1. Ресмонро бояд бо дарозии муайян мекананд.
  2. Тарафи ресмони кандагиро бо даст тоб медиҳанд.
  3. Ҷои кандаи риштаро аз ғалтак ба сӯзан гузаронед.
  4. Охири ресмонро тугун намоед. Аввал бояд ду маротиба ресмонро гирди лелак печонед ва тоб диҳед ва тугунро кашед.
  5. Сӯзан ба кор тайёр шуд.

Бо дасти рост ба чап бо сӯзан аз боло бо матоъ сӯзанро ба боло ва пеш мебаранд. Гӯшаки сӯзанро бо ангуштпона тела медиҳанд ва бо панҷаҳои ангушти дасти рост аз гӯшак ба нӯги сӯзан гузаронида, онро мекашанд. Дасти чап матоъро нигоҳ медорад. ҳамин тариқ чок пайдо мешавад ва ин раванд якчанд бор иҷро шуда, гиреҳҳои дастӣ ба вуҷуд меояд. Дар вақти дӯхтани маснуот бояд ба қоидаи техникаи бехатарии кор бо сӯзан, сарсӯзан ва қайчи аҳамият дод.

Дар вақти дӯхтани либос онро бо гиреҳҳо ва дарзҳо мустаҳкам менамоем, дарзҳои дасти ва мошинагӣ. Пеш аз дӯхтан дар мошинаи дарздӯзӣ бояд дарзу гиреҳҳои дастиро иҷро бояд кард.

Вобаста ба таъиноташон кӯку дарзҳо ба техникаю ороишӣ ҷудо карда мешаванд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …