Главная / Маданият ва санъат / Тарз ва тартиби пора кардани сабзавот

Тарз ва тартиби пора кардани сабзавот

Коркарди сабзавот мафҳуми (аз лой, қум, баргу пӯчоқ) тоза ва пӯст кандан, пеш аз пӯст кандан ва баъди он шустан, реза кардан ва пухтани онро ифода менамояд. ҳангоми иҷрои ин кор ба тарзи истифодаи корд, ба бехатарии он ва асбобҳои гармибахш, қоидаҳои беҳдошту беҳдор риоя карда, мувофиқи харитаи дастурдиҳию расмҳои зерин амал намоед.

Бехмеваҳо (картошка, бехпиёз, сирпиёз, сабзӣ, лаблабу, шалғам, шалғамча, Турб ва ғайра)-ро аз ифлоси тоза карда, баргу пояи зиёдатиро бурида мешӯем пӯсташро мегирем, баъди пӯст кандан бори дигар мешӯем.

Тарз ва тартиби пора кардани сабзавот

Кабудиро аз алафи бегона ҷудо карда, ҷои нолозимаро буридаву тоза шуста, болои сачоқ, гузошта, обашро таровидан лозим аст. Ҳар намуди сабзавот алоҳида ба таври махсус, масалан бехпиёз дар шакли ҳалқачаҳо, сабзиву картошкаро дар шакли доирачаҳо, тилимчаҳо, наргисӣ, кубику ба намуди гулҳо, ситорача ва ғайра пора карда мешавад.

Тарзи пора кардани сабзавот ва ороиши он. Сабзавот барои ороиши хўришу таомҳои дигар фаровон истифода мешавад.

Бехпиёз ё дигар навъҳои сабзавоти мудаввашаклро гирифта, мешӯем ва лозим бошад, пӯст мекунем ва аз мобайн чуқур бо хатҳои дандонадор мебурем. Сабзавоти буридаро ду қисм мекунем, ки ниҳоят шакли гул мешавад. Аз бехпиёз шалғамча ва помидор гулҳо бурида мешаванд.

Растаниҳои буттагӣ ҳам барои ороиш хеле мувофиқанд. Пиёзи сабзро гирифта, ҳалқавор мебуррем ва ба ду ҳисса тақсим мекунем, ба паҳлӯ ё болои хўриш гузошта, ҳар ҷо ҳар ҷо гулҳои аз бехпиёз, шалғамча ё помидор тайёр намударо мегузорем, аз болояш кабудии резакарда мепошем. дар ороиши хўриш аз тухм низ хуб истифода мебаранд.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kulob-shar

ШАҲРИ КӮЛОБ (Ноҳияи Кӯлоб)

Кӯлоб як ноҳияи калон ва дар он замон шаҳр бо аҳолии зиёда аз 200 ҳазор …