Главная / Ҷуғрофия / РЕЛЕФИ ҚАЪРИ УҚЁНУСИ ОЛАМ

РЕЛЕФИ ҚАЪРИ УҚЁНУСИ ОЛАМ

Қаъри уқёнус монанди сатҳи Замин релефи гуногун дорад. Шакли асосии редефи каъри уқёнусро ҳамвориҳо, теппаҳо ва кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ҳамворӣ ва теппаҳои қаъри уқёнус дар чуқуриҳои 3000-6000 метр васеъ паҳн гардидаанд. Онҳо 40 фоизи масоҳати Уқёнуси Оламро ишғол менамоянд. Баландии теппаҳо 50-500 метрро ташкил медиҳад. Чунин теплаҳо хусусан дар каъри Уқёнуси Ором зиёданд. Дар ин ҷо зиёда аз 1,5-3 млн. теппа дида мешавад.

Кӯҳҳо, ҳамворию теппаҳо пай дар ҳам якдигарро иваз мекунанд. Ғайр аз ин, дар қаъри уқёнусҳо новаҳои чуқур ҳам мавчуданд. Миқдори онҳо  зиёд нест. Ҳоло 7-тои онҳо маълум аст. Новаҳои аз ҳама чуқур дар Уқёнуси Ором ба мушоҳида мерасанд. Онҳо  қад-кади ҷазирахои Алеут, Курил, Япония, Фнлиппин ва ғайра тӯл кашидаанд. Аз ҳама чуқуртарини онҳо  новаи Мариана (11 022 метр) мебошад.

Омӯхтани қаъри Уқёнуси Олам. Одамон аз давраҳои қадим барои омӯхтани уқёнус ва чуқурии он мароқ зоҳир мекарданд. Ба ин мақсад онҳо таноби пӯлодии дар нӯгаш саққои вазнини оҳанй пайвастаро истифода мебурданд. Аммо бо ин асбоб фақат ҷойҳои тунукобаи уқёнусро чен мекарданд. Он барои чен кардани чуқуриҳои 5-10 километр истифода бурда намешавад. Барои он ки ҷараёни об саққои оҳаниро бо худ бурда, барои аниқ муайян намуданн чуқурӣ имконият намедод. Баъзан дарозии таноби пӯлодй аз чуқурии ченшаванда ду маротиба зиёд бошад ҳам, ба қаъри уқёнус рафта намерасид. Баъд асбоби дигарро ихтироъ карданд, ки онро умқсанҷи Брук меноманд.

Он аз найчаи оҳании ба он сакои чӯянӣ гузаронда иборат аст. Вақте ки найча ба қаъри уқёнус мерасад, ба таври автоматӣ саққо аз он ҷудо шуда, найча бо тахшини бо худ гирифта ба осонӣ ба об мебарояд. Аз рӯи таҳшини даруни найча «фаҳмиданд, ки вай ба қаъри уқёнус расидааст. Ғайр аз ин, дар найча ҳароратсанҷ ҳам мегузоштанд. Баробари чен кардани ҳар як чуқурӣ ҳарорати об ва таркиби таҳшини Каъри уқёнусро низ мефаҳмиданд. Вале чен кардани чуқурӣ ин умқсанҷ вақти зиёдро талаб мекард. Дертар барои чен

расида, акс мешавад. Акси садоро умқсанҷи садоӣ дарк менамояд. Садо кардани чуқурӣ умқсанҷи садоиро истифода мебурдагӣ шуданд. Он дар таги киштӣ шинонда мешавад.

Аз он ба қаъри уқёнус садо мефиристанд. Садо ба қаъри уқёнус  дар об дар як сония бо суръати 1 500 метр ҳаракат мекунад. Агар садои ба қаъри уқёнус фиристод; баъди 8 сония баргардад, маълум мешавад, ки вай ба қаьри уқснус дар 4сония расидааст. Маълум мешавад, ки чуқурии уқёнус дар он ҷо чанд метр будааст.

Ҳодо асбобҳоеро истифода мебаранд, ки дар рафти ҳаракати киштӣ тағтийироти чуқуриро худ муайян намуда менависад. Баро омӯхтани қаъри уқёнус инчунин аз асбобҳои аксбардор телевизор ва мияи фулузй истифода мебаранд. Дар асоси маълумоти онҳо харитаи релефи каъри уқёнусро тартиб медиҳанд.

Кӯҳҳои каъри Уқёнуси Олам. Дар каъри уқёнус кӯҳҳои гуногун воқеъ гардидаанд. Онҳо бо тарзи ҷойгиршавӣ дароз баландй ва васеъгии (бар) худ аз якдигар фарқ мекунанд. Одата кӯҳҳои каъри уқёнусро ба се гурӯх ҷудо менамоянд: кӯҳҳо! тоқа, қаторкӯҳҳои алоҳида ва силсилакӯҳҳои байниуқёнусӣ.

Кӯҳҳои тоқа ҳар ҷо-ҳар ҷо ҷойгир шуда, тамоми қаьи уқёнусро фаро гирифтаанд. Дарозй, бар ва баландии онҳо  онқадар зиёд нест. Онҳо дар каъри Уқёнуси Ором ба шакл, кӯҳҳои алоҳидаи вулқонӣ вомехӯранд. Қуллаи онҳо  хамвор мебошад. Кӯҳҳои каьри уқёнус дар чуқурии 200-2500 м вокеъ гардидаанд.

Қаторкӯҳҳои алоҳида нисбат ба кӯҳҳои тоқа ба масофа зиёд тӯл кашидаанд. Бари онҳо  васеъ ва қуллаҳояшон баланд мебошад. Қаторкӯҳҳои зериобии Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ  соли 1948 тадқиқотчиёни шӯравӣ кашф намудаанд, аз қабили чунин қаторкӯҳҳо мебошанд. Аз ҷумлаи онҳо  яке қаторкӯҳи Ломоносов, дигаре қаторкӯҳи Менделеев аст. Қаторкӯҳи Ломоносов 1800 метр дарозӣ ва то 200 метр паҳной дорад. Баландии он нисбат ба маҷрои уқёнус 3,5 километрро ташкил медиҳад.

Тадкиқот ва ченкуниҳои даҳсолаҳои охир силсилакӯҳҳои мобайни уқёнусро муайян намуд. Онҳо системаи ягонаро ташкнл карда, тамоми уқёнусҳоро дар бар мегиранд (Аз харитаи табиӣ онҳоро ёбед). Дарозии ин силсилакӯҳҳо 70 ҳазор километр буда, 1702 километр паҳноӣ ва 3-4 ҳазор метр баландй доранд. Қисми аз ҳама баланди онҳо  аз сатҳи баҳр баланд буда, ҳар ҷо – ҳар ҷо чазираҳоро ташкил намудаанд. Масалан, Ҷазираи Исландия, ҷазираҳои Азор, Сейшел ва ғайра, ки аз ҷинсҳои магматикй ва вулқонй ташкил ёфтаанд.

Аз ҷиҳати бузургӣ силсилакӯҳҳои байниуқёнусй аз бисёр қаторкӯҳҳои сатҳи хушкӣ афзалият доранд. Яке аз он силсилакӯҳҳо қаторкӯҳҳои мобайни Атлантика мебошад. Он аз системаи қаторкӯҳҳои Кордилеру Анд якчанд маротиба калон аст. Ин силсилакӯҳҳо аз шимол ба самти ҷануби шарқ тӯл кашида, ҳамвории каъри уқёнусро ба ду хамии бузург ҷудо мекуианд. Ин силсилакӯхдо серҳаракаг буда, релефи мураккаб доранд. Дар ин ҷо водиҳои чуқур ва танги байникӯхӣ, ҳавзаҳои кӯҳй (паҳнии онҳо 20-30 километр), тарқишҳо вулқонҳо  ва чашмаҳол гарм дида мешаванд. Ин водиҳо аз 100 то хазорҳо километр дарозӣ доранд. Ҳаракати магма ва заминҷунбӣ дар ин ҷо ҳодисаи муқаррарй мебошад.

Дар мобайни Уқёнуси Ҳинд қаторкӯҳӣ Хинд аз шимол ба Ҷануб тӯл кашида, ба ду шоха ҷудо мешавад. Яке аз онҳо  ба самти ҷануби ғарб, дигаре ба ҷануби шарқ тӯл кашидааст. Қаторкӯҳҳои байниуқёнусӣ дар канори шарқии Уқёнуси Ором ҳам вуҷуд доранд. Онҳо аз қаторкӯҳҳои байниуқёнусии Атлантика бо мавҷуд набудани водиҳои чуқури байникӯҳӣ ва Релефи начандон мураккаб фарқ мекунанд. Силсилакӯҳҳои байниуқёнусӣ асосан аз базалт ташаккул ёфтаанд. Сатҳи онхоро таҳшинҳо андаке пӯшондаанд ё тамоман напӯшондаанд. Баробари аз қуллаи каторкӯҳҳо ба поён ҳаракат кардан ғафсии таҳшинҳо меафзояд.

Савол ва супориш

  1. Дар каъри уқёнус кадом шаклҳон релеф васеъ паҳн гардидаанд?
  2. Ба тавассути кадом асбобҳо ва воситаҳо чуқурӣ ва релефи қаъри уқёнусро меомӯзанд?
  3. Дар каъри уқёнус кӯҳҳо бо кадом ҷиҳатҳо аз якдигар фарқ мекунанд?
  4. Аз ҷиҳати ҷойгиршавй кӯҳҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
  5. Силсилакӯхҳои байниуқенусиро номбар карда, аз харита нишон диҳед.
  6. Қуллаи силсилакӯҳои мобайни уқёнус аз сатҳи об боло барояд, онро чӣ мегӯянд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …