Главная / Без рубрики / Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон

Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

с.2002, №11, мод. 717; с.2012, №8, мод. 823; с.2014, №3, мод. 147)

 Қонуни мазкур статус, асосҳои ҳуқуқии ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби назоратро ба фаъолияти он муайян менамояд.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – разведкаи ҳарбӣ) қисми таркибии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бояд амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз хатари беруна бо истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои муайянкардаи ҳамин Қонун муҳофизат намояд.

Моддаи 2. Фаъолияти разведкавӣ

Фаъолияти разведкавӣ – ин маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарбӣ тавассути инҳо амалӣ гардонда мешавад:

– ба даст овардан, таҳлилу коркард ва ба роҳбарияти сиёсии кишвар ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани итгилоот дар бораи имкониятҳои воқеӣ ва неругӣ, амалиёт, нақшаҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳо ва шахсон (минбаъд – ахбороти разведкавӣ), ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд;

– расонидани кӯмак дар татбиқи чорабиниҳое, ки давлат ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти разведкавӣ

Фаъолияти разведкавӣ дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:

– тақсими ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ки ба ҳайати қувваҳои таъмини амнияти давлат дохил мешаванд;

– қонуният;

– эҳтироми ҳуқуқ ва риояи озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– пинҳонкорӣ;

– бо ҳам пайвастани усул ва воситаҳои аёнӣ ва махфӣ.

 

Моддаи 5. Мақсади фаъолияти разведкавӣ

Мақсади фаъолияти разведкавии разведкаи ҳарбӣ аз инҳо иборат аст:

– таъмини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ахбороти разведкавӣ, ки ба онҳо барои қабули қарорҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиа, илмию техникӣ ва экологӣ зарур аст;

– таъмини шароитҳое, ки барои татбиқи бомуваффақияти сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният мусоидат менамоянд;

– расонидани кӯмак ба инкишофи ҳарбию иқтисодӣ, пешрафти илмию техникии мамлакат тавассути аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба даст овардани ахбороти ҳарбӣ – иқтисодӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла дар шакли ҷассум пешниҳод намудани он ба мақомоти давлатӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Фаъолияти разведкавӣ наметавонад барои ноил шудан ба мақсадҳои зиддибашарӣ ва инчунин расидан ба мақсаде, ки дар ҳамин Қонун пешбини нашудааст, анҷом дода шавад.

 

Моддаи 6. Ваколати мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Барои ба даст овардани мақсади фаъолияти разведкавӣ ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ваколатҳои зерин дода мешаванд:

– дар асоси махфӣ муқаррар кардани муносибатҳои ҳамкорӣ бо шахсоне, ки хоҳиш изҳор намуда ба ин ихтиёрона розигӣ додаанд;

– ба амал баровардани чораҳо оиди рамзнависӣ кардани ҳайати кадрҳо ва ташкили фаъолияти он бо истифодаи мансубияти дигари идоравӣ ба ин мақсадҳо;

– ба мақсади пинҳонкорӣ истифода бурдани ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти кормандони ҳайати кадрҳо, мансубияти идоравии ҷузъу томҳо, ташкилотҳо, биноҳо ва воситаҳои нақлиётии мақомоти разведкаи ҳарбиро рамзнависӣ шудаанд;

– ҳамкори бо мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти разведкавӣ ва зиддиразведкавиро анҷом медиҳанд;

– дар рафти анҷом додани фаъолияти разведкавӣ тибқи қарордод ё розигии шифоҳӣ истифода бурдани биноҳои хизматӣ, амволи муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин биноҳои истиқоматӣ ва uайриистиқоматӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи шахсони алоҳида;

– бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани созишномаҳое, ки барои анҷом додани фаъолияти разведкавӣ заруранд;

– ҳамкорӣ бо хадамоти разведкавӣ ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун;

– барпо кардани муассисаҳои махсуси таълимӣ оиди баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо;

– ташкил ва истифодаи баҳисобгирии оперативӣ, системаи иттилотӣ ва бойгониҳое, ки ҳалли вазифаҳои разведкавӣ ва ташкилиро таъмин менамоянд, чопи нашрияҳои махсус;

– таъмини амнияти худӣ;

– барпо кардани сохторҳои ташкилӣ (ҷузъу томҳо), ки барои амал кардани мақомоти разведкаи ҳарбӣ заруранд.

 

Моддаи 7. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ки барои мудофиа ҷудо карда мешавад, сурат мегирад.

Мақомоти разведкаи ҳарбӣ метавонанд фонди манзили хизматӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, дошта бошанд.

 

Моддаи 8. Ҳифзи маълумот оид ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизмат ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ дохил мешаванд, инчунин шахсоне, ки ба маълумоти оиди мақомоти разведкаи ҳарбӣ роҳ дода мешаванд, аз тартиби ба расмиятдарории иҷозат ба маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, мегузаранд, агар қонун тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Ҳуҷҷатҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ, ки дар бораи ҳайати кадрҳои онҳо, шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ пинҳонӣ кӯмак мерасонанд (расондаанд), инчунин дар бораи усул ва воситаҳое, ки ин мақомот истифода мебарад, маълумот доранд, танҳо дар бойгониҳои разведкаи ҳарбӣ маҳфуз дошта мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои бойгониҳои разведкаи ҳарбии қимати таърихӣ ва илмӣ дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда мешаванд, барои маҳфуздории доимӣ ба хадамоти давлатии бойгонӣ супорида мешаванд.

 

Моддаи 9. Робитаи мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо аҳди ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои огоҳии аҳли ҷомеа оид ба фаъолияти худ мақомоти разведкаи ҳарбӣ, кормандони он тавассути хадамоти дахлдоре, ки дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин мақсад таъсис дода мешавад, бо созмонҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон робита менамоянд.

Маводе, ки оид ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори умум пешниҳод мегардад, бояд дорои маълумоти марбут ба сирри давлатӣ набошад.

Иттилооти ба зиндагии шахсӣ, шаъну шараф ва шахсияти шаҳрвандон дахл дошта, ки дар ҷараёни фаъолият ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ маълум шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд ифшо карда нашавад.

Нашр кардани мавод оид ба разведкаи ҳарбӣ аз тарафи воситаҳои ахбори умум, ки сирри давлатро ташкил мекунанд, боиси масъулияти пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ мегардад.

 

БОБИ 2.

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ

Моддаи 10. Таъсиси мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Фаъолияти разведкавӣ ҳам аз ҷониби мақомоти мустақили разведкаи ҳарбӣ, ҳам мақомоти разведкаи ҳарбие, ки ба сохтори дигар вазорату идораҳо дохил мешавад, ба амал бароварда мешавад.

Таъсис, аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳам додани мақомоти мустақили разведкаи ҳарбӣ ва мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар ҳайати вазорату идораҳоро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари вазорату идораҳои дахлдор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.

Низомномаро дар бораи мақомоти мустақили разведкаи ҳарбӣ, инчунин дар бораи вазорату идораҳое, ки ба ҳайати он мақомоти разведкаи ҳарбӣ дохил мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 11. Соҳаи фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Разведкаи ҳарбӣ дар доираи салоҳияти худ фаъолияти разведкавиро дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ ва экологӣ амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 12. Роҳбарӣ ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумӣ мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Вазифаҳои стратегии фаъолияти разведкавиро муайян менамояд;

фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбиро назорат ва мутобиқ мекунад;

оид ба масъалаҳои вобаста ба разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мувофиқи мақсад будани бастани шартномаҳои дорои хусусияти байниидоравии байни мақомоти разведкаи ҳарбии давлат ва хадамоти разведкавӣ ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷӣ қарорҳо қабул менамояд;

роҳбари разведкаи ҳарбиро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад.

 

Моддаи 13. Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкавӣ

Дар раванди фаъолияти разведкавӣ мақомоти разведкаи ҳарбӣ усул ва воситаҳои аёнӣ ва махфиро истифода бурда метавонад, ки хусусияти хоси онҳоро шароити фаъолияти мазкур муайян менамояд.

Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкавӣ набояд ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар расонанд.

Мақомоти разведкаи ҳарбӣ барои расидан ба мақсадҳои фаъолияти разведкавӣ ҳуқуқ доранд системаҳои иттилоотӣ, сабти видео-аудио, суратгирӣ, аз каналҳои техникии алоқа гирифтани ахборот, инчунин дигар усул ва воситаҳоеро, ки ба талаботи қисми дуюми ҳамин модда ҷавобгӯ мебошанд, истифода барад.

Тартиби истифода бурдани усул ва воситаҳои махфии фаъолияти разведкавиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти разведкаи ҳарбӣ муайян мекунанд.

Мазмуни санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи усул ва воситаҳои фаъолияти разведкавӣ сирри давлатиро ташкил медиҳад.

 

Моддан 14. Пешниҳод кардани иттилооти разведкавӣ

Иттилооти разведкавӣ ба Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба мақомоти давлатии муайянкардаи ӯ пешниҳод карда мешавад.

Роҳбарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаққонӣ, объективона будани ахбороти разведкавӣ ва сари вақт пешниҳод шудани он масъулияти шахсӣ доранд.

Роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоте, ки маълумоти разведкавии номбурдаро гирифтаанд, барои фош кардани маълумотҳои дар он мавҷудбуда, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд ё манбаъҳои ин ахборотро ошкор менамоянд, бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 15. Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо хадамоти махсуси Ҷумҳурии

                      Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти разведкаи дигар давлатҳо

Ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои разведкаи ҳарбӣ ва дигар хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрии дохилиидоравӣ асос ёфта, тибқи созишномаҳои дуҷонибаи байни вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда муайян мегардад.

Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо хадамоти разведкаи дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо вазоратҳо,

                      идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар фаъолияти разведкавӣ ба таuйири самтҳои асосии фаъолияти онҳо алоқаманд набошад, ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмак менамоянд.

Тартиби ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мусоидат ҷиҳати анҷом додани фаъолиятҳои разведкавӣ бо ин мақомот дар асоси санадҳои меъёрии байниидоравӣ сурат мегирад ва дар созишномаҳои дуҷониба, ки байни роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баста мешавад, муайян мегардад.

 

БОБИ 3.

ВАЗЪИ ҲУҚУҚӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ

ВА ШАХСОНЕ, КИ БА ИН МАҚОМОТ КӮМАК МЕРАСОНАНД (РАСОНДААНД)

 

Моддаи 17. Кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни ҳайати кадрҳо ва инчунин хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёну коргарони ба ҳайати кадрҳо дохилнашаванда, ки ихтиёрӣ мутобиқан ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ ё ба кор ба ин мақомот даромаданд, дохил мешаванд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифатҳои маънавию руҳӣ ва корӣ, синну сол, маълумот ва вазъи саломатӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда қобил аст, корманди мақомоти разведкаи ҳарбӣ буда метавонад.

Адои хизмати ҳарбӣ дар мақомоти разведкаи ҳарбӣ аз рӯи даъват ва ихтиёрӣ сурат мегирад.

Ба хизматчиёну коргарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва имтиёзҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд.

Хизматчиёни ҳайати кадрҳо ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарбӣ, хизматчиёне, ки ба ҳайати кадрҳо дохил намешаванд ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ узви ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, буда наметавонанд.

 

Моддаи 18. Ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбии ба вазифаҳои дахлдор таъиншуда ва хизматчиёни мақомоти разведкаи ҳарбӣ, ки ӯҳдадориҳои вазифагии онҳо бевосита ба амалӣ гардондани фаъолияти разведкавӣ алоқаманд аст, дохил мешаванд.

Маълумотҳо дар бораи мансубияти шахсони мушаххас ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла кормандони аз ин мақомот озодшуда, сирри давлатӣ мебошанд.

Кормандони ҳайати кадрҳо барои иҷрои вазифаҳояшон метавонанд мутобиқи талаботи ҳамин Қонун бидуни кушодани рамзи мансубияташон ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳоро ишuол намоянд.

Ба кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ иштироки махфӣ дар кори мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ (намояндагӣ) ё судӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣбо мақсади расонидани таъсир ба хусусияти фаъолияти онҳо манъ карда мешавад.

Кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, агар ба ин зарурати хизматӣ набошад, бо фаъолияти дигари музднок машuул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмӣ, муаллимӣ ва эҷодӣ, ки бо розигии роҳбари мақомоти дахлдори разведкаи ҳарбӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 19. Шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби махфӣ кӯмак мерасонанд (расондаанд)

Барои ноил шудан ба мақсадҳои фаъолияти разведкавӣ мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар асоси беподош ё подошнокбо шахсони синнашон болиu, қобили амал, ки барои расондани кӯмаки махфӣ ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ихтиёрӣ розигӣ додаанд, муносибатҳои ҳамкорӣ муқаррар карда метавонанд. Тартиби муносибатҳои ҳамдигариро бо чунин шахсон санадҳои меъёрии ин мақомот, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, муайян менамоянд.

Маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ махфӣ кӯмак мерасонанд (расондаанд), сирри давлатиро ташкил медиҳанд ва бинобар ба охир расидани мӯҳлати ҷоизи зиёдтарини махфӣ доштани маълумотҳое, ки сири давлатиро ташкил медиҳанд, набояд ошкор карда шаванд. Ба ин маълумотҳо танҳо ба кормандони барои он ваколатдори мақоми дахлдори разведкаи ҳарбӣ ҳуқуқи иҷозат дода мешавад.

Барои таъмини амнияти шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфӣ мерасонанд (расондаанд) ва аъзои оилаҳои онҳо метавонад чорабиниҳои муҳофизатие гузаронда шаванд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон накунанд.

 

Моддаи 20. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ вазифаҳояшонро иҷро менамоянд ва дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар қонун барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Ҳангоми ба хизматӣ ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарбӣ дохил шудани мутахассисони ихтисоси баланд дошта, ки ба онҳо мақомоти разведкаи ҳарбӣ муҳтоҷанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии ин мақомот, ки то мавриди дар амал ҷорӣ намудани Қонуни мазкур ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, собиқаи меҳнатии онҳо ба мӯҳлати хизмати ҳарбие, ки барои таъин намудани нафақа ва иловапулии собиқаи хизматӣ лозим аст, ба андозаи ду соли собиқаи умумии меҳнатӣ ба як соли хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни uайринизомии мақомоти разведкаи ҳарбӣ маоши вазифавӣ (ставкаи тарифӣ) барои хизмат (кор) дар мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба андозаи 25 фоиз баландтар муайян карда мешавад.

Хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиён ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар ҳимояи давлат мебошанд. Ҳеҷ кас, ба uайр аз мақомот ва шахсони мансабдоре, ки барои он қонун ваколатдор кардааст, ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти хизматии онҳо дахолат намояд.

Муҳофизати ҳаёт ва саломатӣ, шараф ва шаъну эътибор, инчунин амволи кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо аз суиқасдҳо ва таҳдид бинобар амалӣ кардани фаъолияти разведкавӣ аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Нисбат ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ муқаррароти дахлдори санадҳои қонунгузорӣ оид ба адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти истиснои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои аз ҷониби онҳо иҷро намудани вазифа (душвории кор, дараҷаи тахассусӣ, махфият, донистани забонҳои хориҷӣ) татбиқ мегардад.

 

Моддаи 21. Ҷавобгарии кормандони мақомоти разведкаи ҳарби барои ҳуқуқвайронкунӣ

Кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар душ масъулият доранд.

Мансубият ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва алоқамандӣ дар анҷом дидани фаъолияти разведкавӣ корманди мақомоти разведкаи ҳарбиро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулият озод намекунад.

Статуси корманди мақоми разведкаи ҳарбӣ ба мақсадҳое, ки ба ӯҳдадориҳои вазифагии ӯ мувофиқ нест, истифода шуда наметавонад.

 

Моддаи 22. Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо

 

Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 1.08.12с., № 886)

 

Моддаи 23. Ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки ба мақоми разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфӣ

                      мерасонанд (расондаанд)

Шахсе, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфӣ мерасонад (расондааст) ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, мумкин аст бо дархости ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

Давраи ҳамкории шахси ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда бо мақоми разведкаи ҳарбӣ ба собиқаи меҳнатии ӯ дохил карда мешавад. Ҳифзи иҷтимоии чунин шахсон мутобиқи моддаҳои 14-16, 21 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1072)

 

БОБИ 4.

НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ

 

Моддаи 24. Назорат ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ

Назорати умумиро ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

 

Моддаи 25. Назорати прокурорӣ

Назоратро аз рӯи иҷро намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти разведкаи ҳарбӣ Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он ваколатдор ба амал мебароранд.

Маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кӯмаки махфӣ мерасонанд (расондаанд), инчунин дар бораи ташкил, усул ва воситаҳои амалӣ гардондани фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба соҳаи назорати прокурорӣ дохил намешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 2 декабри соли 2002

№ 78

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Меҳмонхона дар Шаҳри Норак воқеъ дар маркази шаҳр қарор дорад кии борат аз 4 ошёна буда метавонад дар як замон то 100 нафар меҳмонро дар худ ҷой намояд

Меҳмонхонаи Норак

Меҳмонхона дар Шаҳри Норак воқеъ дар маркази шаҳр қарор дорад кии борат аз 4 ошёна …