Главная / Ҷамъият / РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, мод. 245; с. 2001, № 4, мод. 212;с.2008, №12, қ.1, мод. 983) 

 БОБИ 1.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

raypursi

Моддаи 1. Мафҳуми раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқи оиди масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад.

Ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо  бо роҳи раъйпурсӣ тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд.

Қарорҳое, ки раъйпурсии умумихалқӣқабул менамояд, эътибори  олии ҳуқуқи дошта, ба ҳеч гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд  ва иҷрои онҳо дар тамоми каламрави Тоҷикистон хатмист.

Моддаи 2. Масъалаҳое, ки мавзӯи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд

 

Мутобиқи  моддаи 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии   Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд ва воҷиби ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузоштан намебошанд.

Масъалаҳои  оид ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз, буҷет, тақсимоти маъмурии марзи, дидани ҷораҳои фавкулоддаю   фаврии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сиҳати ва амнияти  шаҳрвандон, тағйир додани мақом ва тамомияти арзии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон  хамчунин масъалаҳои вобаста ба таъин ва озод кардани шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистон дахл доранд, инчунин масъалаҳое, ки бо иҷрои ухдадориҳо аз руи шартномаҳои байналмилалӣҷумҳури вобаста  мебошанд, наметавонанд ба раъйпурсии умумихалқӣгузошта шаванд.

Моддаи 3. Ҳуқуқи дар раъйпурси иштирок кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар раъйпурсӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки синашон ба 18 расидаасту мувофиқи қонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Дар раьйпурсӣ шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили  амал донистааст ва е бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ  дошга мешаванд ҳуқуқи иштироқ кардан надоранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №458)

Ҳама гуна маҳдудкунии бевосита ва е бавоситаи ҳуқуқи иштироқи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣманъ аст ва мувофиқи Қонун ҷазо дода мешавад.

Моддаи 4. Принсипҳои умумии раъйпурсӣ

 

Шаҳрвандон дар раъйпурсӣ озодона, бевосита ва шахсан иштирок мекунанд.

Овоздиҳи  дар раъйпурсӣ пинҳони сурат мегирад, назорат ба изҳори хоҳишу иродаи  шаҳрвандон манъ аст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои дар раъйпурсӣ дар маҳалли зисти доимӣ ва ёмуваққатии худдар асосҳои баробариштирок мекунанд. Ҳар шаҳрванд  як овоздорад.

Моддаи 5. Қонунгузорӣ дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузори дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Моддаи 6. Ошкорбаёнӣ дар вақти тайёр кардани раъйпурсӣ

Дар рафти тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ ошкорбаёнии васеъ ва иштироки аҳли ҷамъият таъмин карда мешавад.

Ҳизбҳои  сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, идтиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун ба қайд гирифта шуданд, макомоти давлатию ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва  гузаронидани раъпурсӣ ширкат меварзанд,  ба таври кушод ва ошкоро бо риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ба дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои  меҳнатӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқи ба тарафдорӣ ё муқобили масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташаванда таблиғ намудан кафолат дода мешавад.

Дар рӯзи овоздиҳӣтарғибот манъ аст.

Қарорҳои вобаста ба раьйпурсӣ ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд, бояд дар воситаҳои ахбори оммаи расмӣ дар муддати даҳ рӯзи баъди аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданашон интишор ёбанд.

Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсиро иникос мекунанд, ба намояндагони онҳо кафолат дода мешавад, ки дар ҳамаи маҷлису ҷамъомадҳои марбут ба раъйпурсӣ бемамоният ҳузур дошта бошанд ва ахбори дахлдорро дастрас намоянд.

Комиссияҳои раъйпурсӣ аҳолиро дар бораи ҳайати худ, маҳал ва вақти кор, ташкили участкаҳои овоздиҳӣ ва рӯйхати шаҳрвандоне, ки  ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, сари вақт хабардор мекунанд.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷати ваколатнок дар рӯзи раъйпурсӣ дар маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣҳангоми ҳисоби овозҳо ва муайян кардани натиҷаи раъйпурсӣ иштирок намоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида барои анҷом додани мушоҳида дар рӯзи раъйпурсӣ дар ҳар як участка якнафарӣ мушоҳидони миллиро таъин намоянд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиходияҳои ҷамъиятӣ дар бораи намояндагони худ ба комиссияҳои дахлдори раъйпурсӣна дертар аз панҷ рӯз пеш аз раъйпурсӣбо таври хаттӣ хабар медиҳанд.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории раъйпурсӣ мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.

Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ тибқи Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим мегардад.

Мушоҳидони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи раъйпурсӣ фиристода мешавад.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣӯҳдадоранд Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя ва хулосаи худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳиди байналмилалӣҳуқуқ медиҳад, ки ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсиро мушоҳида намояд.

Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошанд.

Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мустақилона ва озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти онҳо аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.

Дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.

Мушоҳидони милалӣ ва байналмилалӣҳуқуқ доранд:

-бо рӯйхати шаҳрвандони дар раъйпурсӣ иштироккунанда шинос шаванд;

-дар бинои овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавӣҳузур дошта бошанд;

-ба раъйдиҳандагон додани бюллетенҳои овоздиҳиро мушоҳида намоянд;

-ҳисоб кардани овозҳои раъйдиҳандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;

-бо протоколҳои комиссияҳои участкавӣ оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ дар бораи натиҷаи раъйпурсӣ шинос шаванд;

-ба намояндагони комиссияҳои раъйпурсӣ бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаи худашон иттилоъ диҳанд;

-аз қарор ва амали (беамалии) комиссияҳо ба комиссияи болоӣ ва ё суд шикоят намоянд.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣҳуқуқ надоранд:

-бюллетенҳои овоздиҳиро ба раъйдиҳандагон супоранд;

-бо хоҳиши раъйдиҳандагон барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд ва ё онро пур кунанд;

-ба раъйдиҳандагон таъсир расонанд, ба ҷараёни раъйпурсӣ дахолат намоянд ва дигар амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;

-бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссия анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;

-амале содир намоянд, ки ба кори комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдор оид ба гузаронидани раъйпурсӣ иштирок намоянд;

-мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти раъйпурсӣ вобаста нест, истифода баранд.

(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

 

Моддаи 7. Таъминоти моддии раъйпурсӣ

Ҳароҷоти вобаста ба тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ аз лаҳзаи қабули қарори таъини он аз ҳисоби буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо ба ихтиёри комиссияҳои раъйпурсӣбино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ лозиманд, бепул медиҳанд.Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаю ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои раъйпурсӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

БОБИ 2.

ТАЪИН КАРДАНИ РАЪЙПУРСӢ

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсӣ

Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунанд.

Моддаи 9. Пешниҳоди таклиф дар бораи раъйпурсӣ

Ташаббуси пешниҳод  оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ё ҳадди акал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи раъйпурсӣ ба ғайр аз масъалае, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ба на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Моддаи 10. Тартиби амалӣ намудани ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ

 

Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешииҳод карда мешавад.

Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ бояд инҳоро дар бар гирад: асоснок кардани зарурати гузаронидани раъйпурсӣ, возеҳ ифода намудани масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд ва имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бошад, имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд.(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои воридшударо оид ба  гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз шаш  моҳи баъди ворид шудани талабномаи гузаронидани раъйпурсӣ  барраси менамояд.

Моддаи 101. Тартиби баррасии масъалаҳо оид ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 10 рӯз пас аз ворид шудани ҳуҷҷатҳо ва маводҳои замимашуда дар бораи раъйпурсӣ онҳоро барои хулоса ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ мешавад.

Баррасии масъалаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи қабули қарори Суди конститутсионӣ дар бораи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ва масъалаҳои фарогири он қарор қабул менамояд.

Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набудани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ҳамаи расмиёте, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, қатъ мегарданд.

(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

Моддаи 11. Қабули қарор аз рӯи таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таклифи гузаронидани раъйпурсӣҳак дорад бо назардошти хулосаю мулоҳизаҳои кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдор, инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин қарорҳоро қабул намояд:

а) дар бораи таъини раъйпурсӣ, санаи гузаронидани он ва тадбирҳои он;

б) дар хусуси рад намудани таклиф дар бораи таъини раъйпурсӣ;

в) дар хусуси қабул кардани қонун ёқарори дигар, ки дар  таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ пешниҳод  шудааст бе гузаронидани раъйпурсӣ;

Қарори оид ба масъалаи гузаронидани раъйпурсӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12-уми ҳаминҚонуни конститутсионӣ пешбинишуда қабул карда мешавад, агар ба тарафдории он беш аз нисфи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода бошанд.

 

Моддаи12. Қабули қарор аз рӯи таклиф дар бораи дохил кардани тагйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қарор дар бораи қабули таклиф оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президент ё на камтар аз нисфи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қарор дар бораи гузаронидани раъйпурси оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Таклифҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешаванд.

Агар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда  бошад, он на пештар аз як сол такроран ба миён гузошта мешавад.

Моддаи 13. Мӯҳлати гузаронидани раъйпурсӣ

 

Раъйпурсиро пештар аз ду моҳ ва дертар аз чор моҳи баъди рӯзи қабул кардани қарор дар бораи гузаронидани он гузаронидан мумкин нест.

Ин мӯҳлат аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад.

БОБИ 3.

ТАЙЕРӢ БА РАЪЙПУРСӢ

 

Моддаи 14. Ҳавзаю участкаҳои раъйпурсӣ

 

Ҳавзаҳои раъйпурсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳудудиноҳия, шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят барпо менамояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавзаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои он ташкил дода машаванд. Агар ноҳия дар тобеияти маъмурии Маҷлиси шаҳрии вакилони халққарор дошта бошад, ба як ҳавза дохил карда  мешавад.

Рӯйхати ҳавзаҳо бо зикри ҳудуду маҳалли воқеияти комиссияҳои ҳавзавӣ аз ҷониби Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъини раъйпурсӣ чоп карда мешавад.

  Участкаҳои раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии раъйпурси  аз рӯи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 21, 22-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда мешаванд.

Дар сурати дар муҳлати ду моҳ гузаронидани раъйпурсӣ участкаҳои раъйпурсӣ на дертар аз рӯзи биступанҷуми баъд аз таъини раъйпурсӣ барпо мегарданд.

 Дар ҳолати дар як рӯз бо интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани раъйпурсӣ,  участкаҳои интихобот дар як вақт участкаҳои раъйпурсӣ низ мебошанд.

Моддаи 15. Комиссияҳои раъйпурсӣ

 

Барои омода кардан ва гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои эайл ташкил карда мешаванд:

а) Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ;

в) Комиссияи участкавии раъйпурсӣ.

Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ аз лаҳзаи ташкили онҳо ба вуҷуд омада, баъд аз гузаштани як моҳ аз лаҳзаи чопи  натичаҳои раъйпурсӣқатъ мегардад.

Моддаи 16. Ташкили коммиссияҳои раъйпурсӣ

 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун мақоми доимоамалкунанда мутобиқи моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил мегарад.

Комиссияҳоиҳавзавии  раъйпурсӣҶумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 13Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегарданд.

Комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ мутобиқи моддаҳои 16 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда мешаванд.

Дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ вазифаҳои раиси комиссияи участкавии раъйпурсиро роҳбари намояндагӣ иҷро мекунад.

Моддаи 17. Салоҳияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1)дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои ҳамин Қонуни конститутсионӣ назорат карда, татбиқи яксони онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ дастурҳо нашр карда, ин Қонуни конститутсиониро тавзеҳ медиҳад.

2)ҳавзаҳои раъйпурсиро ташкил мекунад;

3)комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро ташкил менамояд ва дар бораи маҳалливоқеи онҳо маълумот чоп мекунад;

4)кори комиссияҳои раъйпурсиро ба роҳ мемонад, тартиби тағйир додани ҳайати онҳоро муайян менамояд, мустақилона ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон карорҳои   комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро бекор мекунад, агар ин қарорҳо хилофи ҳамин Қонуни конститутсионӣ бошанд;

5)масъалаҳои ба ҳавзаи раъйпурсӣ мансуб кардани участкаҳои раъйпурсиеро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мешаванд;

6)маблағро ба комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ тақсим мекунад, аз биноҳо, нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин гардидани комиссияҳои ҳавзавиро назорат менамояд, дигар масъалаҳои таъмини моддию техникии раъйпурсиро  баррасӣ мекунад;

7)шакли бюллетенҳои раъйпурсӣ, рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба иштирок дар раъйпурсӣҳақ доранд, протоколҳои маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, дигар ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, намунаи қуттиҳои овоздиҳӣ ва мӯҳрҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои раъйпурсиро муқаррар мекунад;

8) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори маҳаллӣ ва хориҷиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд;(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

9)гузориши роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодия хои ҷамъиятиро аз рӯи масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ мешунавад;

10)натиҷаи раъйпурсиро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд;

11)натиҷаи раъйпурсиро муқаррар  намуда, дар матбуот чоп мекунад;

12)аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои раъйпурсӣ баррасӣ менамояд;

13)дигар ваколатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад.

Моддаи18. Салоҳияти комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ

 

Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1)назорати иҷрои ҳамин Қонуни конститутсиониро дар ҳудуди ҳавза амалӣ менамояд;

2)участкаҳои раъйпурсӣ ташкил медиҳад, рақамҳои онҳоро муқаррар мекунад, комиссияҳои участкавии раъйпурсиро ташкил ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;

3)гузориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳоро,новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ мешунавад;(ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

4)маблағро дар байни Комиссияҳои укастквӣ тақсим карда, аз биноҳо, нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин гардидани комиссияҳои участкавиро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза баррасӣ менамояд;

5) тартиб додани руйхатҳои шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, назорат менамояд ва руйхатҳоро шиносоии умум мегузорад;

6) комиссияҳои участкавии раъйпурсиро бо бюллетенҳои овоздиҳӣ таъмин мекунад;

7) натиҷаи раъйпурсии ҳавзаро муқаррар намуда, онро ба комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупорад;

8) арзу шикоятҳои аз хусуси қарору амалӣ комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ дохилшударо баррасӣ намуда, оиди онҳо қарор  қабул  мекунад;

9) мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои дигарро низ анҷом медиҳад.

Моддаи 19. Салоҳияти комиссияи участкавии раъйпурсӣ

 Комиссияи участкавии раъйпурсӣ корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1) доир ба участка рӯйхати шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, тартиб медиҳад;

2) шаҳрвандонро бо рӯйхат шинос менамояд, аризаҳоро дар бораи ғалату носаҳеҳии рӯйхат қабул карда, баррасӣ менамояд ва масъалаи  ба онҳо дохил кардани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

3) аз шаҳрвандоне, ки имконият надоранд рӯзи раъйпурсӣ дар чои сукунати худ бошанд ва дар раъйпурсӣ ширкат варзанд, қарори дар лифофа муҳршудаи онҳоро мегирад ва махфияти изҳори иродаи интихобкунандагонро таъмин менамояд;

4) аҳолиро аз маҳалли воқеияти комиссияи участкавӣ, вақти кори он, ҳамчунин аз рӯзи раъйпурсӣ ва чои овоздиҳӣ огоҳ  мекунад;

 5) таҳияи хонаҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои бюллетенандозӣ ва дигар таҷҳизотро таъмин менамояд;

6) дар рӯзи раъйпурсӣ дар участка овоздиҳиро ташкил мекунад;

7) овозҳои дар участка додашударо ҳисоб мекунад;

8) аз рӯи масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ, ташкили овоздиҳӣ аризаву шикоятҳоро баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо  қабул менамояд;

9) мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои дигарро низ анҷом медиҳад.

Дар сурати дар як вакт гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти комиссияҳои участкавии раъйпурсиро комиссияҳои участкавии интихобот анҷом медиҳанд.

Моддаи 20. Узвият дар комиссияҳои раъйпурсӣ

Узви комиссияи раъйпурсӣҳангоми иҷрои ваколатҳои хеш бояд бетараф ва объективӣ бошад.

Узви комиссия аз рӯи аризааш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз салоҳияташ метавонад аз иҷрои вазифаҳояш озод кард шавад.

Дар сурати талабҳои ҳамин Қонуни конститутсиониро риоя накардани узви комиссия ё мудом ба инобат нагирифтани вазифаҳои худ мақоме, ки комиссияро ташкил кардааст, ҳак дорад ӯро аз салоҳияташ маҳрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссия мувофиқи тартиби  муқаррарнамудаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ таъин карда мешавад.

Як шахс узви танҳо як комиссияи раъйпурсӣ буда метавонад.

Моддам 21. Ташкили кори комиссияҳои раъйпурсӣ

 

Маҷлиси комиссияи раъйпурсӣҳамон вақт комилҳуқуқҳисоб меёбад, ки  дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок дошта бошад. Қарори комиссия бо овоздиҳии кушодаи аксарияти шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзоёни комиссия, ки бо қарори он розӣ нестанд, ҳак доранд фикри махсуси худро баён кунанд, ки  он дар шакли хаттӣ  ба протокол замима мегардад. Дар сурати тақсим шудани овозҳо, овози раисикунанда ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

Иҷрои  қарори комиссия, ки дар доираи салоҳияташ қабул шудааст, барои комиссияҳои поёнӣ, инчунин макомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо,новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон,ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

Мақомоти давлатӣ ва макомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд ба комиссияҳои  раъйпурсӣ дар иҷрои салоҳияташон мадад расонанд, маълумотҳои барои  корашон заруриро пешниҳод намоянд.

Комиссияи раъйпурсӣҳақ дорад аз рӯи масъалаҳои вобаста  ба тайёр кардану гузаронидани раъйпурсӣ ба мақомоти давлатӣ, иттиходияҳои ҷамьияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо,новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор   муроҷиат намояд, ки онҳо вазифадоранд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссия дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., № 458)

Раис, муовини раис, котиб ё аъзои дигари комиссияро бо қарорион дар давраи тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё худ хизматӣ бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнаташ аз ҳисоби  маблағе, ки барои гузаронидани раъйпурсӣҷудогардидааст, озод кардан мумкин аст.

Моддаи 22. Баррасии шикоятҳо аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ

Аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ,мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба комиссияи болоии раъйпурсӣ ё суд дар давоми даҳ рӯзи қабул шудани Қарор шикоят кунанд. Аз хусуси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабул шудани Қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди дохил шуданашва агар то рӯзи раъйпурсӣ камтар шаш рӯз монда бошад, фавран баррасӣ гардад.

Моддаи 23. Рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣҳуқуқ доранд

Тартиб додан, барои шиносоӣ гузоштан ва аниқ кардани рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштироқ дар раъйпурсӣҳуқуқ доранд, инчунин аз хусуси, он шикоят намуда, бо ҳамон тарзе сурат мегирад, ки мутобиқи моддаҳои 23,24 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рӯйхати  интихобкунандагон  муқаррар карда шудааст.

Ҳангоми  дар як вақт гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳам интихобот ва ҳам раъйпурсӣ рӯйхати ягона тартиб дода мешавад.

Моддаи 24. Таъмини ҳуқуқӣ дар раъйпурсӣ иштироқ кардани шаҳрвандон дар сурати иваз намудани маҳаллӣ истиқомат

Дар давраи  баъди барои шиносшавии умум гузошта шудани рӯйхати шаҳрвандоне, ки ҳуқуқӣ дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд ва то рӯзи раъйпурсӣ шаҳрванде, ки рӯзи раъйпурсӣ имкон надорад, дар чои сукунати худ бошад (сафари хизматӣ, фиристода шудан ба муассисаи табобатӣ ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳақ дорад шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиққунандаи шахсияташро нишон дода, аз комиссияи участкавӣ бюллетени овоздиҳиро гирад, оид ба масъалаҳо ба бюллетен дохилшуда ба қароре омада, ин бюллетенро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи овоздиҳӣ супорад. Комиссияи участкавӣ дар ин бобат дар рӯйхат қайди  лозимӣ мекунад. Лифофаи сарбаста дар ҳузуришахси овоздиҳанда мӯҳр карда мешавад. Комиссияи участкавӣ барои ҳифозати ин лифофа ҷавобгар  аст.

Моддам 25. Бюллетени овоздиҳӣ

 

Дар бюллетени овоздиҳӣ матни масъала ё лоиҳаи Қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда ва вариантҳои изҳори иродаи овоздиҳанда: «тарафдор» ва «муқобил» чоп карда мешаванд.

Дар мавриди гузаронидани раъйпурсӣ доир ба лоиҳаҳои қарорҳои гуногун ҳамаи лоиҳаҳои қарорҳои ба раъйпурсӣ пешниҳодшуда дар бюллетенҳои алоҳидаи рангашон аз ҳам фарққунанда чоп карда шуда алоҳида ва новобаста аз якдигар овоз дода мешаванд.

Шакл ва матни бюллетенҳои овоздиҳиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 30 рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ тасдиқ мекунад. Комиссияи марказӣҳамчунин тайёр кардани бюллетенҳо  ва бо онҳо таъмин намудани комиссияҳои ҳавзавиро ба ҷо меорад.

Бюллетенҳои овоздиҳӣ ба забони давлатӣ ва ба забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавза гап мезананд, чоп карда мешаванд.

Комиссияҳои ҳавзавӣ комиссияҳои участкавиро бо бюллетенҳои овоздиҳӣна дертар аз се рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ таъмин менамоянд.

Маълумотро дар бораи додан ва гирифтани бюллетенҳои овоздиҳи раис, муовини раис ё котиби комиссияи ҳавзавӣ ва участкавӣ бо имзои худ тасдиқ мекунанд.

Биное, ки дар он бюллетенҳои овоздиҳӣ нигоҳ дошта мешаванд мӯҳр зада, ба муҳофизати мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.

БОБИ 4.

ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ  НАТИҶАИ РАЪЙПУРСӢ

Моддаи 26. Вақт ва маҳалли овоздиҳӣ

Дар раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ аз соати 6 то 20-и вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Комиссияи участкавӣ дар бораи вақт ва маҳалли овоздиҳӣ шаҳрвандонро на аз 10 рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ хабардор мекунад.

Дар участкаҳое, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, дар санаторияҳо, истироҳатгоҳҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои муолиҷавии статсионарӣ, маҳалҳои маскунии дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, комиссияи участкавӣ дар сурате, ки ҳамаи овоздиҳандагони шомили рӯйхат овоз дода бошанд, метавонанд овоздиҳиро ҳар вақт хатмшуда эълон кунад.

Моддаи 27. Ташкили овоздиҳӣ

Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудокардашудае гузаронида  мешавад, ки онҳо бояд бо миқдори зарурии ҳуҷраҳо ё хонаҳо барои овоздиҳии маҳфӣ таҷҳизонида, ҷойҳои бюллетендиҳӣ муайян ва куттиҳо барои қабулибюллетенҳои гузошташуда бошад. Онҳо бояд тавре гузошта шаванд, ки овоздиҳандагон ҳатман аз ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии махфӣ гузашта, баъд ба назди қуттиҳо биёянд.

Масъулият барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини махфияти изҳори иродаи шаҳрванд, таҷҳизонидани бино ва дар он нигоҳ доштани тартиботи зарури бар души комиссияи участкавӣ мебошад.

Дар рӯзи раъйпурсӣ раиси комиссияи участкавӣ пеш аз саршавии овоздиҳи дар ҳузури  ҳамаи аъзоёни комиссия, инчунин бо иштироки намояндагон (мушоҳидон), воситаҳои ахбори омма, ки дар бинои овоздиҳиҳозиранд, куттиҳои овоздиҳиро аз назар гузаронида, баъд онҳоро тамға ва муҳр мекунад.

Ҳар шаҳрванд шахсан овоз медиҳад: ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Бюллетенҳо аз тарафи комиссияи участкавӣ ва шаҳрвандон дар асоси рӯйхати шаҳрвандони участка бо нишон додани шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд дода мешаванд. Ҳар шаҳрванд барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ба рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣҳақ доранд, дар рӯ ба рӯи фамилияи  худ имзо мегузорад.

Моддаи 28. Тартиби овоздиҳӣ

 

Шаҳрванд бюллетени раъйпурсиро дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии махфӣ пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ба ғайр аз овоздиҳанда ҳузури шахси дигар манъ аст. Шаҳрванде, ки имкон надорад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳак дорад аз рӯи салоҳдидаш ба хуҷра шахси дигарро, ки узви комиссияи участкавӣ набошад, даъват намояд.

Иштирокчии раъйпурсӣ яке аз ҷавобҳои дар бюллетен навишташуда «тарафдор»  ё «муқобил» – ро хат мезанад.

Агар дар раъйпурсӣ якбора якчанд масъала гузошта шуда бошад овоздиҳандагон аз рӯи ҳар яки он бюллетен пур мекунанд.

Овоздиҳанда бюллетени пуркардаашро ба қуттии овоздиҳӣ меандозад.

Дар мавриде, ки шаҳрвандони алоҳида бинобар аҳволи саломатиташон ё бо сабабҳои дигар ба маҳалли овоздиҳӣ омада наметавонанд, комиссияи  участкавӣ бо хоҳиши онҳо ба аъзоёни алоҳидаи комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои воқеъбудаи ин шаҳрвандон ташкил намояд, ки дар ин хусус дар рӯйхати шаҳрвандон қайд карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил нагардидаанд, дар асоси ҳуҷҷати  тасдиқкунандаи шахсият ва маҳалли зисти онҳо ба замимаи рӯйхати шаҳрвандон дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Ҳисоби овозҳо

Баъди аз хусуси анҷоми овоздиҳӣ хабар додани раис дар ҳузури аъзоёни комиссияи участкавӣ ба даруни қуттиҳои овоздиҳӣ лифофаҳои сарбастаи бюллетендоре, ки ҳангоми овоздиҳии пешакӣ истифода шудаанд андохта мешавад. Пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳи комиссияи участкавӣҳамаи бюллетенҳои истифоданашударо ҳисоб карда бекор менамояд ва дар ин бора протокол тартиб медиҳад.

Баъди анҷоми овоздиҳиро эълон кардани раискомиссияи  участкавӣқуттиҳои овоздиҳиро дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссия мекушояд.  Кушодани қуттиҳо пеш аз анҷоми овоздиҳӣ манъ аст.

Дар асоси рӯйхатҳои овоздиҳӣ, аз ҷумла рӯйхатҳои иловагӣ, бо назардошти аризаҳои шаҳрвандон дар бораи овоздиҳии пеш аз мӯҳлат ва аризаҳо дар бораи овоздиҳӣ дар хона комиссия шумораи умумии шаҳрвандони участка, инчунин шумораи шаҳрвандони бюллетенгирифтаро ҳисоб мекунад. Бюллетенҳои дар қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ буда алоҳида ҳисоб карда мешаванд. Дар ин маврид миқдори бюллетенҳо бо миқдори  аризаҳои хаттӣ бо хоҳиши овоздиҳӣ дар хона муқоиса карда мешаванд. Аз рӯи шумораи бюллетенҳои дар қуттиҳои овоздиҳӣ буда комиссия  инҳоро муқаррар мекунад:

шумораи шаҳрвандоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд;

шумораи овозҳое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;

шумораи овозҳое,  ки ба муқобили масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;

шумораи бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд.

Бюллетенҳое, ки дар онҳо ҳеҷ кадоме аз вариантҳои ҷавоб хат зада нашудааст, ё ҳар ду вариант хат зада шудааст, инчунин бюллетени намунааш тасдиқнашуда  беэътибор дониста мешаванд. Дар мавридипайдо шудани шубҳа дар бораи ҳақиқи будан ё набудани бюллетен комиссияи участкавӣқарор қабул намуда, шумораи чунин бюллетенҳоро дар протокол қайд мекунад.

Натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳар участкаи овоздиҳӣҳисоб карда мешавад. Агар дар раъйпурсӣ дар як вақт якчанд масъала монда шуда бошад,  ҳисоби овозҳо оид ба  ҳар кадоми онҳо алоҳида сурат мегирад.

Моддаи 30. Протоколи натиҷаи овоздиҳӣ

Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавӣ тафтиш ва муҳоқима гардида, ба протоколе, ки ду нусха тартиб меёбад, дохил карда мешавад.

Протокол бо ранг ё ручкаҳои шарикдор пур карда шуда, ҳамаи аъзои комиссияи участкавӣ ба он имзо мегузоранд ва он бо муҳр тасдиқ мегардад.

Нусхаи аввали протокол ба комиссияҳои ҳавзавӣ супурда, нусхаи дуюм  барои нигоҳдорӣ дар комиссияи участкавӣ монда мешавад.

Комиссияи ҳавзавӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавӣ маълумотҳои гирифтаашро ҷамъбаст мекунад, онҳоро тафтиш менамояд  ва баъди муҳокима протоколи ҷамъбастиро дар ду нусха тартиб дода, ба он раис, муовини раис ва котиб имзо мегузорад ва он бо муҳр тасдиқ карда мешавад. Нусхаи аввалии он фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода ё ба тарзи дигар интиқол  карда  мешавад.

Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ баъди ҳисоб кардани овозҳо нусхаҳои протоколҳо ва бюллетенҳои сарбастаи муҳршударо аз ҷумла бюллетенҳои бекоршударо ба ҳукуматҳои дахлдор месупоранд, ки дар он ҷо муддати ду моҳ нигоҳ дошта шуда,  баъд агар дар ин муддат оид ба натиҷаи раъйпурсӣ эътироз нашуда бошад  онҳоро нобуд  мекунанд.

Маълумот оиди натиҷаи раъйпурсӣ дар ҳавза аз тарафи комиссияи дахлдори ҳавзавӣ дар муҳлатҳои муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад. Дар маълумот шумораи умумии шаҳрвандони дар рӯйхати ҳавза дохилгардида , шумораи шаҳрвандони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, шумораи ҷавобҳои «тарафдор» ва шумораи ҷавобҳои «муқобил», ки алоҳида бароиҳар як саволи ба раъйпурсӣ гузошташуда дода шудааст, шумораи бюллетенҳои беэътибор донисташуда нишон дода мешаванд.

Моддаи 31. Ҷамъбасти натиҷаи раъйпурсӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои  ҳамаи комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ инҳоро муайян мекунад;

теъдоди шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд;

теъдоди шаҳрвандоне, ки бюллетен гирифтаанд;

теъдоди шаҳрвандоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд;

теъдоди овозҳое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;

теъдоди овозҳое, ки ба муқобили масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;

теъдоди бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд.

Агар дар овоздиҳӣ камтар аз нисфи шаҳрвандоне ширкат варзанд, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд, раъйпурсӣ барпонашуда дониста мешавад. Дар ин сурат раъйпурсӣ оиди ҳамин масъала метавонад на пештар аз ду сол доир гардад.

Қарор дар бораи масъалаҳои ба раъйпурсӣ гузошташуда, дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба  Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабулшуда ҳисоб меёбад, агар ба тарафдории он зиёда аз нисфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсӣ иштирок кардаанд, овоз дода бошанд.

Агар ба раъйпурсӣ вариантҳои алтернативии қарор дохил шуда бо­шанду ягонтои онҳо миқдори зарурии овозҳоро нагирифта бошанд, ҳамаи вариантҳо радшуда дониста мешавад ва такроран ба раъйпурсӣ гузоштани онҳо камаш баъд аз як сол сурат мегирад.

Натиҷаи раъйпурсӣ бинобар вайрон карда шудани ҳамин Қонуни конститутсионӣ дар рафти раъйпурсӣ ё ҳангоми ҳисоби овозҳо, ки ба натиҷаи  овоздиҳи таъсир расонидааст, метавонад беэътибор дониста шавад. Дар сурати ошкор намудани чунин вайронкориҳо аз хусуси натиҷаи раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолати аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шудани натиҷаи раъйпурсӣ дар мӯҳлати ду моҳтибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ такроран раъйпурсӣ  гузаронида мешавад.

Моддаи 32. Нашр ва эътибор пайдо кардани қароре, ки дар раъйпурсӣқабул шудааст

Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи раъйпурсиро аз тариқи воситаҳои ахбори омма на дертар аз даҳ рӯзи анҷоми овоздиҳии маълумотроба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад.

Дар сурати дар ягон ҳавза ё участка беэътибор дониста шудани натиҷаи овоздиҳӣКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳак дорад ба комиссияи дахлдор супориш диҳад, ки дар давоми ду ҳафта дар ҳамин ҳавза ва ё участка овоздиҳии такрорӣ гузаронад. Аз хусуси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мумкин аст ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муддати як ҳафта аз рӯзи қабули он шикоят карда шавад.

Қарори дар раъйпурси қабулшуда на дертар аз ҳафт рӯзи овоздиҳии охирини оиди масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташуда нашр мешавад ва аз рӯзи нашр шуданаш эътибор пайдо мекунад, ба шарте ки дар худи қарори раъйпурсӣ мӯҳлати дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 33. Тағйир додан ва бекор кардани  қарори қабул кардаи раъйпурсӣ

Қарореро, ки дар раъйпурсӣқабул шудааст, фақат тавассути раъйпурсӣ тағйир додан ё бекор кардан мумкин аст.

Моддаи 34. Масъулият барои вайрон кардани қонунгузории раъйпурсӣ

 

Шахсоне, ки бо роҳи зӯроварӣ, фиреб, таҳдид, бо ришва харидан ё дигар монеи озодона амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд,   инчунин мансабдорони мақомоти давлатӣ, масъулини иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, аъзоёни комиссияҳои раъйпурсӣ, ки ба сохториҳуҷҷатҳо, изофанависӣ, дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овозҳо роҳ дода,  махфияти овоздиҳиро вайрон кардаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ба ҷавобгарӣкашида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №458)

Президенити

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Э.РАҲМОНОВ

ш. Душанбе, 4 ноябри соли 1995,

№ 106

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …