Главная / Гуногун / РАВОБИТИ МИЁНИ ИМОН ВА АМАЛ

РАВОБИТИ МИЁНИ ИМОН ВА АМАЛ

Агар инсон дар дил имон дошта, қонунҳои Шариатро эътироф намояд, вале онҳоро риоя накунад, кофир дониста намешавад. Барои иҷро накардани фармонҳои Парвардагори олам у гунаҳгор ҳисобида мешавад. Одаме, ки гуноҳи азим содир намуда, бо баҳонаҳои мухалиф ба амру фармонҳои Аллоҳ Таъоло беэътиноӣ мекунад, ҳамчун шахси боимон мемонад. Вале у барои амру фармони Аллоҳ Таъолоро ба ҷо наоварданаш гирифтори ҷазои сангин мегардад.

Одами гунаҳгор боз имкон дорад, ки барои гуноҳҳояш тавба намояд. Аллоҳ Таъоло Агар хоҳад метавонад дар Охират гуноҳҳои уро бибахшад, барои шафоати у имкон диҳад ва инчунин Аллоҳ Таъоло қодир аст, ки барои амалҳои бадаш ба у ҷазои саҳл муайян кунад. Вале, билохир, аз он хотир, ки дар дили ин инсон имон аст, Худованд уро иҷозати дохили Биҳишт шудан медиҳад. Оятҳое мавҷуданд, ки исбот месозанд, ки одамони гуноҳи азим намуда, ба айр ширк ва куфр, одамони бо имон дониста мешаванд.

Масалан: «Эй касоне, ки имон овардаед, дар бораи куштагон бар шумо қасос муқаррар шуд».

Дар ин оят дар бораи отилон чун имоновардагон гуфта мешавад.

Дар ояти дигар омадааст:

«Ва агар ду гурӯҳ аз муъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ андозед».

чи тавре, ки мо мебинем, одамони ҷангкунанда чун имоноварда ном бурда мешаванд.

Дар дигар оят низ гуфта шудааст:

«Эй муъминон, ба суи Худо тавбаихолис кунед!».

Дар ин оят сухан дар бораи гуноҳи азими кардаи имондорон меравад, ба ҳар навъ ба онҳо чун одамони имоноварда муроҷиат карда шуда, барои тавбаи гуноҳҳояшон даъват карда мешаванд. Ин далели он аст, ки муъмин гуноҳи вазнин намуда, мусалмони гунаҳгор шиноха шуда, кофир дониста намешавад.

Одами гуноҳи азим намуда, мусалмон ба ҳисоб рафта, баъди фавташ намози ҷанозаи у хонда мешавад. Ба хотири он ки гуноҳҳои у аз чониби Худованд бахшида шаванд, инчунин барои у намозу дуо хонда, хайру садақа мекунанд. Ва чунин буд дар замони “асри хушбахт” ва низ идома дорад то ин замони мо. Одами гунаҳгор сазовори ҷазои Аллоҳ Таъоло аст. Модоме, ки у ба Аллоҳ Таъоло имон дорад ва амру фармони Шариатро инкор намекунад, мусалмон мемонад. Ибодат имонро ҳифз ва қавӣ мегардонад. Ибодат шахси боимонро аз чазои ин дунё ва ҳам дунёи дигар (баъди фавт)  ҳимоят намуда, уро ба ҳадяи Биҳишт наздик мегардонад. Адо накардани ибодат боиси заиф ва хомушгардии рушании имон мегардад. Ибодат монанди шиша оташро дар чароғ ҳифз ва нигоҳ медорад. Инсон намоз гузошта, руза дошта ва дигар намудҳои ибодатро ба ҷо оварда, имонро ҳифз ва мустаҳкам гардонида, намегузорад, ки он “хомуш” шавад. Инсони имонгумкарда аз Ҷаннат маҳрум мегардад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Занони аробакаши Точик

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон занони тоҷик ба аробакашӣ машғул шуда то …