Главная / Маданият ва санъат / Дастуруламали Расулуллоҳ (с) дар мавриди маҳфуз мондан аз зулми золимон

Дастуруламали Расулуллоҳ (с) дар мавриди маҳфуз мондан аз зулми золимон

Ҳазрати Абӯрофеъ (paҳ) мефармояд: Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (раз) маҷбур гардид, то духтарашро ба никоҳи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф дарорад, аммо духтарашро гуфт:

– Ҳар гоҳ Ҳаҷҷоҷ ба назди ту ояд, ин дуоро бихон:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Лo илоҳа иллаллоҳу-л-ҳалиму-л-Карим, Субҳоналлоҳи Рабби-л-Арши-л-азим ва-л-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин.

Тарҷума: Ба ғайр аз Аллоҳ, маъбуде нест ва Ӯ Ҳакиму Карим аст. Худованди Пок ва Парвардгори Арши азим аст ва ҳамаи таърифот барои Аллоҳ ҳастанд ва ӯ Парвардгори ҳамаи ҷаҳониён аст.

Ҳазрати Абдуллоҳ (раз) фармуд:

– Ҳар гоҳ барои Расулуллоҳ (с) мушкили хосе пеш меомад, ҳамин дуоро мехонд.

Ровӣ мегӯяд: Духтари Ҳазрати Абдуллоҳ (раз) ин дуоро хонд ва бар асари он Ҳаҷҷоҷ натавонист ба ӯ наздик бишавад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …